20:26:35 15-уми Июни 2026 сол

Ёди рӯзгори ширин

БАРХЕЗ, АҲМАД! 28.06.2020 08:48 1346
Бархез Аҳмад, ба чашмам Зоҳир шав! Барои фасонаи ҷашни мавлуд бигӯям. Замоне буд – айёми тозаҷовониям. Сахт зебопараст будам. Чеҳраи зебо ва суруди фораму гулгулаангезат ба дилҳо мавҷи тӯфони муҳаббат мезад. Мисли ҳар як ҷавони 35-соли қабл.
«ХОТИРАИ ҶОВИДОНАИ АҲМАД ЗОҲИР» 13.06.2020 22:04 1146
Он рӯзи наҳсро бо гузашти 41 сол ҳеҷ аз хотир намебарорам. Он рӯз санаи 14-уми июни соли 1979 табиати нотакрори деҳи мо, як деҳи беҳад зебои куҳистонӣ, деҳи Қалъаи Ҳусайни ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар оғуши файзбори табиати басо зебои баҳорӣ қарор дошт.
Аҳмад Зоҳир: «Бохабар бош, бохабар!» 19.08.2019 10:04 1987
Оҳанги «Бохабар бош, бохабар» бо садои дилангези Аҳмад Зоҳири нотакрор. Ин суруд ба шакли тамрини хонда шуда ва то ҳанӯз сабти мукаммали он дастраси мухлисону алоқамандони суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир – алмоси Шарқ нест. Аҳмад Зоҳир тасмим дошт то зудтарин фурсат ин оҳангро такмил намуда ва дар радио сабт кунад.
Дуруди ҷони ҷонҳо - Аҳмад Зоҳир 07.08.2019 15:25 1436
Ин филм зиндагиномаи Аҳмад Зоҳирро дарбар мегирад, ки бо садои падари раҳматиам, (Худованд биҳиштро насибашон гардонад), Султони Ҳамад сабт шудааст. Филм 18-уми июни соли 2016 –се сол қабл аз даргузашти ҷонгудозашон таҳия шудааст.
Аз мусоҳибаҳои мондагори Аҳмад Зоҳир 14.06.2019 19:42 1418
(Ба ёди Аҳмад Зоҳир ва гиромидошти равони поки пажӯҳишгари тавонойи осори ҳунарманди садойи ҷодӯӣ – Султони Ҳамад ки чанд рӯз монда ба рӯзи солгарди даргузашти Аҳмад Зоҳир зи мо раҳиду ба малакути аъло пайваст). Ёдаш гиромиву хонаи охираташ обод.
«Аҳмад Зоҳир садои ишқасту дилтангӣ» 07.06.2018 20:03 1869
Китоби навбатии Султони Ҳамад дар бораи хунёгари машҳур Аҳмад Зоҳир таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир садои ишқасту дилтангӣ» дар арафаи таҷлил аз 72-юмин зодрӯзи Аҳмад Зоҳири шаҳид омодаи чоп шуд.
Гулназар Келдӣ: «Аҳмад Зоҳир шоир ҳам буд!» 07.04.2018 20:24 2290
Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин шоирони таронанависи кишвар аст. Дар Тоҷикистон нест овозхони маъруфе, ки бар пояи шеърҳои ин шоири ширинкалом таронае нахонда бошад.
«Аҳмад Зоҳир ва худшиносии миллӣ» 12.06.2017 23:12 2472
Дар таърихи хунёгарӣ ва овозхонии мардуми порситабор шурӯъ карда аз давраи пеш аз Борбад ва ворисони ҳунарманди ин қофиласолори риштаи сарояндагии ориёиҳо чун Гесӯ, Саркаш, Накисо ва садҳо нафари дигар ҳунари сарояндагиро дар марзи паҳновари импературии Сосониён, давлати пуриқтидори Сомониён ...
Аҳмад Зоҳир ҳафтодсола шуд 14.06.2016 14:20 2794
Аҳмад Зоҳир имрӯз 70-сола шуд. Ва ҳеҷ гуфтан намехоҳам, ки аз маргаш дуруст ҳамин рӯз 37-сол гузашт. На, охир ӯ барои ман ва садҳо, ҳазорҳо чун мани шефтаи садои малакутиаш намурдааст. Зеро тӯли ин 37 сол рӯзе набуд, ки ӯ бо мо роз нагуфта бошад.
Сайре дар «Осорхонаи Аҳмад Зоҳир» 05.06.2016 19:16 2740
Шаш сол муқаддам Ғаниҷон Мӯминов, яке аз алоқамандони сарсахти садои Аҳмад Зоҳир, дар деҳаи Амоншайхии дараи Ромит, дар ҳавлиаш ҳуҷраеро барои ашёе ихтисос дод, ки ҳамагӣ дар иртибот бо ин нобиғаи олами мусиқӣ буданд. Яъне аксҳои ӯ, диску кассетаҳои таронаҳояш, китобу мақолаҳо дар борааш ва боз чизҳои дигар.
Ёде аз Аҳмад Зоҳири ҷовидонзоҳир 22.06.2015 00:31 2754
14-уми июни соли 2015, ба муносибати 69-умин солгарди зодрӯзи хунёгари бемисл Аҳмад Зоҳир бо ибтикори Маҳфили ғайрирасмии дӯстдорони садои ин хунёгари машҳур ва бо дастгирии раҳбарияти Кумитаи Марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ...
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯст... 13.06.2014 09:57 4167
Саломи самимонаи худро ба сармуассиси ҳафтаномаи фарҳангии "Рӯзгор" Султони Ҳамад ва тамоми кормандони ин коргоҳ мерасонам. Аввалан устод ва тамоми алоқамандони мусиқии нобро бо фарорасии 68-умин солгарди зодрӯзи хунёгари бузурги Машриқзамин, талқинкунандаи забони ноби дарӣ-тоҷикӣ ...
Дуруди ҷони ҷонҳо, Аҳмади Зоҳир 19.06.2013 12:04 11033
14-уми июни соли 2013 дар тамоми қаламрави забони форсӣ, яъне дар он гӯшаву канори олам, ки забони ширину шевои форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ танинандоз аст, аз 67-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир - маъруфтарин овозхони форсигӯ дар даврони мо таҷлил ба амал омад. Агар касе ба ин гуфтаҳои мо шубҳа дорад ҳамагӣ ним соат ....
ЁДЕ АЗ АҲМАД ЗОХИР ВА ШОҲВАЛӢ ВАЛИИ ТАРОНАСОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН 03.07.2012 09:21 12109
Ҳар сол 14-уми июн, ки баробар аст ба 23-и моҳи ҷавзои солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, дар Афғонистон иддае аз мухлисони Аҳмад Зоҳир солрӯзи марги муфоҷои ӯро, ки соли 1979-мелодӣ ё худ 1357- ҳиҷрии хуршедӣ ба вуқӯъ пайваста аст, ҳамчун маросими урс таҷлил ...
ЧАРО АҲМАД ЗОҲИР БАРОИ НАСЛИ МАН МУҲИМ АСТ? 15.06.2012 19:33 8651
Паскӯчаи тангу дароз масири ҳар обиреро (раҳгузареро) ба утоқе мунтаҳӣ мекунад, ки аз фарти дуруфтодагӣ бачаҳо онро "ҷазира" ном ниҳодаанд: потуқи (ҷойи) шоъирон ва нависандагони бекору сархӯрда.Ин ҷазира ҷойи чандон муҳимме нест.