ДОВУДХОНИ АБДУХОН: МО ИХТИЛОФИ УЛАМОРО АЗ БАЙН МЕБАРЕМ
РӮҳониён метавонанд ахлоқи нобро рушд диҳанд, агар…
Бо омодани гурӯҳи нав дар Маркази исломии Тоҷикистон, фаъолияти ҳайати кории он ранги дигар гирифтааст. Аз шӯъбаи фатво то расидан ба Раёсати фатво ва бахшҳои фарҳангу таблиғот гувоҳи он аст, ки рӯҳониёни тоҷик аз ин ба баъд бо истинод ба далелҳои ақлию нақлӣ бо мардум сухан гуфтан мехоҳанд. Ҳар ҳарфи гуфта ва фатвои содир кардааашон бо зикри далелҳо аз Қуръону суннат ва фиқҳи исломӣ ҳамроҳ хоҳад буд. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки Раёсати нави фатво то куҷо метавонад ба як ниҳоди посухгӯйи ниёзҳои шаръии мардуми кишвар табдил ёбад. Дар ин росто сӯҳбате дорем бо сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, Довудхони Абдухон.
Муарифинома: Довудхони Абдухон, сардори раёсати Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон. Дастпарвари Донишкадаи исломии Тоҷикистон, дар соли 2009 унвони магистри Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо тахассуси филологияи араб ноил шудааст. Муддати панҷ сол дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон тадрис ва дар вазифаҳои мухталифи ин Донишкада фаъолият кардааст.
-Оқои Довудхон, сараввал раҳбарии ин Раёсатро бароятон табрик мегӯем ва доугӯи онем, ки барои хидмат кардан ба мардум дониш ва вақтро дареғ намедоред.
-Ташакур, мо ин вазифаро барои худ таклиф қабул кардаем ва аз Худо талаб дорем, ки моро муваффақ гардонад.
-Гурӯҳи кории шуморо чанд нафар дар ин Раёсат ташкил медиҳад?
-Алҳол, танҳо дар бахши фатво панҷ нафар машғули кор мебошанд ва фаъолияти бахшҳои дигар то ҳол пурра шакл нагирифтааст, чунки барномаҳои корӣ тоза роҳандозӣ шудаанд.
-Раёсат фатворо бо кадом шакл ва дар муддати чанд рӯз содир мекунад?
-Мӯҳлати посух гуфтан ба суолҳои муроҷиаткунандагон ва содир кардани фатво аз се то ҳафт рӯзро дар бар хоҳад гирифт. Муроҷиаткунанда зимни аризаи худ суолашро пурра нақл мекунад ва мутахассисони Раёсат ба аризаи ӯ ҷавоб мегӯянд. Ҳамзамон ҳангоми содир кардани фатво аризаи муроҷиаткунанда низ дарҷ мегардад. Фатво ба таври «ҳаввола» содир мешавад.
Манзур аз «ҳаввола» ин аст, ки китобоҳое аз қабили «Раддулмухтор», «Алараддилмухтор», «Ҳошияи Ибни Обидин», «Бадоиъусаноеъ», «Фатвои Маҳмудия», «Хулосатулфатво» ва ғайра, ки фатво тибқи фармуда ё қиёс ба фатвоҳои яке аз онҳо содир шуда бошад, зикри ҷилд, матн ва ҳаввола кардан бо он китобҳо ҳамчун манбаъ истифода шуда, фатво содир карда мешавад. Гумон мекунам, ки чунин равиши кор боиси иттиҳоди уламо ва аз байн бардоштани ихтилофот дар Тоҷикистон мешавад. Ин тарзи фатводиҳӣ дар собиқаи шӯъбаи фатвои мо вуҷуд надошт.
-Тавре маълум, алъон мо дар Тоҷикистон чандин донишманде дорем, ки аз ҷониби марказҳои таълимӣ ва исломшиносии кишварҳои исломӣ иҷозати содир кардани фатворо гирифтаанд. Оё Раёсати навтаъсис чунин афродро низ ҷалб кардааст ё хайр?
- Мутахассисони барҷастае, ки салоҳият доштанд, баъзеашон ҷалб шудаааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки назари донишмандони дигар нодида гирифта шавад. Донишмандоне, ки алъон бо мо кор мекунанд, гумон намекунам, ки ҷаҳонбинии динӣ ва исломшиносиашон камтар аз дигарон бошад. Бояд гуфт, ки ба зима гирифтани ин кор барои гурӯҳи кори Раёсати фатво таклиф аст, на ташриф.
-Як бахши фаъолияти Раёсати фатворо кор бо ҷавонон ташкил медиҳад, айни ҳол, ки бӯҳрони ахлоқӣ ҷавонони моро фаро гирифтааст, барои коҳиши бӯҳрон ҳамчун як рӯҳонӣ чӣ гуна нақш бозида метавонед?
-Албатта, яке аз ҳадафҳои шариъат ва фарҳанги исломӣ боло бардоштани ахлоқ ва маънавиёти пайравони он мебошад, аз он ҷумла ҷавонон. Ба ин хотир гумон мекунам, ки Маркази исломии Тоҷикистон ва нақши Раёсати фатво ва бахши фарҳангии ин Раёсат низ барои боло бардоштани фарҳанг ва маънавиёти мардум, ба хусус ҷавонон равона шудааст ва барои бартараф намудани дардҳои маънавие, ки дар ҷомеа пайдо мешаванд, даво меҷӯянд. Рӯҳониёни мо метавонанд бо роҳи таълиму тарбият, фаҳмондадиҳӣ ва нашри мақолаҳо фарҳанги ноб ва ахлоқи исломиро дуруст инъикос намоянд, то ки ин мушкил аз ҷомеа бардошта шавад.
-Шумо ҳамчун як рӯҳонӣ ва имоми масҷид гуфта метавонед, ки рӯзона дар панҷ вақти қабул ва гусел кардани мардум дар вақти намоз онҳоро тарбият карда метавонед?
-Ба ҳадаф ва асоси бунёди масҷидҳо аз нигоҳи Қуръону аҳодиси Расули акрам (с) ва таърих, ба хусус аз нигоҳи сирати Паёмбар (с) назар андозем нақши муҳим ва созандагиро дар тарбияи мардум иҷро мекунад ва боиси рушди ахлоқи мусалмонон аст. Масҷид натанҳо ҷои ибодат аст,балки масҷид ҷои таълим ва тарбия аст. Шогирдони хушахлоқе чун Абӯбакру Умар ва Усмону Алӣ(р) ва дигар саҳобагон, ҳама дар масҷид таълими хуб гирифтаанд.
Ба ин хотир мо метавонем гуфт, вақте хатиб ё имоми масҷиде, ки воқеан фарҳанги исломро дар меъёрҳое, ки шариъат талаб мекунад, агар ба роҳ монад ва аз ҳикмат кор гирифта, мавъизаи ҳасана ва бо муҷодилаву сӯҳбатҳои накӯ бо мардум бирасонад, маънои онро дорад, ки доъиёни мо, имомони масҷиди мо бояд бо мардум муъомалаи накӯ дошта бошанд. Масҷид ҷои инсонсозӣ аст, на инсонсозие, ки аз гӯшу бинию чашм иборат бошад, балки инсонро дар қолабе, ки Худованд ӯро халқ кардааст, воқеан талаботи Қуръону суннатро рӯи кор гирифтааст. Масҷид бевосита нақши созанда ва муҳиме дар ахлоқу маънавиёт ва тарбияи ҷавонони мо дорад. Рисолати масҷид ва имомхатибону имомони масоҷиди мо тарбия насли имрӯз аст ва ин вазифаи муқаддас ва ҷонии рӯҳониён аст.
-Агар гуфтаҳои шумо воқеан дуруст бошад, пас бӯҳрони ахлоқие, ки ҷомеаро фаро гирифта аст, бозгӯкунандаи он нест, ки имомони масоҷид дар ин муддат нақши худро дуруст адо карда натавонистанд, чунки ахлоқи мардум ба хусус ҷавонон коста ва масҷидгурез шудаанд?
-Ҷалб кардани мардум ва таъсир гузоштан ба ахлоқи онҳо ба дониш ва фарҳанги ҳар як имоми масҷид тааллуқ дорад. Яъне, он донишманде, ки хираду фаҳмиши баланд дорад ва воқеан аз фарҳанги дини мубини ислом бархӯрдор аст, ҷамоъати қавмашро пароканда намекунад, ба ибораи аҳли тасаввуф роҳёфтаест, ки дигаронро роҳ нишон медиҳад ва мардуми маҳалро тарбия ва ҷавононро ба хушрафторӣ ҷалб мекунад.
Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3954-2010-12-23-05-28-07.html
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
200
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
320
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
175
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
208
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
437
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
183
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
194
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
171
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
247
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
231
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
414
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
az Khudoi pok talab dorem to az in ham
darajahoi boloro baroi shumo arzoni dorad va salomat boshed islom ba peshshshshshshs hshshshshshshsh
Назари гуш!!!мисли ту бародар Довудхон дар миср 10-15сол набуд илмро гирифт ба ватвн баргашт хизмат дорад ту бе номус назари гуш!!! бисёр лак лак накун!!!авал тарзи навиштанро омуз бе савод.
Назарак!!!ягон манфиатат на ба Ислому на ба Миллат нарасидаст забонат 4-мет мелаки!!!Ахсан бародари азиз Довудхон худованд умратро дроз кунад дар амони Худо боши!!!
Бародар Назар....
Таҳсил дар донишгоҳи ал-Азҳар ин шараф аст на ор... ва мо бояд дастгири чунин кадрҳо бошем, то чунбише дар сатҳи динни чумҳури пойдо гардад. Агар илму Шумо пуратар бошад, шояд пешсаф мегардед....
RSS Обуна