РОҲИБИ ИФРОТГАРО ДАСТ БА ТАВҲИНИ НАВБАТӢ МЕЗАНАД
Террӣ Ҷонс, роҳиби ифротгарои яке аз калисоҳои иёлоти Флоридаи Амрико, ки чанде пеш дар тасмими густохонаи худ, 11-уми сентябрро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии оташ задании Қуръон” номида буд, дар иқдоми навбатии худ рӯзеро ба унвони “Рӯзи муҳокимаи Қуръон” эълон кардааст. Бар асоси ин гузориш, Ҷонс якшанбе - 20-уми мартро ба ин манзур ихтисос додаст ва дар як навори видеоие, ки тавассути сомонаи интернетии «youtube» қарор додааст, чунин эълон намудааст: “Қуръон дар баробари шоҳидон ва ҳомиёнаш муҳокима хоҳад шуд”.
Ин роҳиби ифротгаро дар ин навори тавҳиномезаш аз мудофиъони Қуръони карим хостааст, ки фардеро барои дифоъ аз он интихоб кунанд ва гуфтааст: “Мо мудофиъони Қуръонро ба чолиш мекашем ва мо аз вакилону ҳомиёни он дифоъӣ амалӣ мехоҳем”.
Дар ҳамин ҳол, Абдулмӯътӣ Бюмӣ, узви маҷмаъи мутолиоти ал-Азҳар, бо радди муҳокимаи Қуръон ба унвони матни Илоҳӣ гуфт: «Мо дар айни ҳол ҳозирем дар мунозираи мавзӯъӣ ва одилона дар бораи маъонии Қуръон ширкат кунем. Мо метавонем он чӣ кӣ дар Қуръон омадаро барои ҷаҳониён шарҳ диҳем».
Ин иқдоми роҳиби масеҳӣ ҷомеаи мусалмононро бетараф гузошта натавонист ва аксар кишварҳои исломӣ расман ин иқдомро маҳкум карданд ва зимни изҳор бо такя ба донишманду муфассирони Қуръон, ки дар ҷомеа доранд, барои посух гуфтан ба ин роҳиб изҳори омодагӣ кардаанд. Ҳамчунин, аз тамомии мусалмонон хостаанд, ки ҳеч гоҳ ба эҳсосот дода нашаванд ва барои дарк ва дуруст фаҳмидану фаҳмонидани маъонии Қуръони карим ҳамеша бо такя ба далелҳои ақлӣ ва нақлӣ талош карда ва дар ҳолати зарурӣ ба олимону донишмандони соҳа руҷӯъ намоянд, то ки аз баъзе бардоштҳои ғалати худ каси дигареро ба роҳи каҷ роҳнамоӣ нанамоянд.
Тоҷикистони азизи мо низ дар ин хусус худро бетараф нагузошт. Ба ҳамин хотир дар робита ба ин хабар, хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» ба раиси Маркази Исломии Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдуқодиров ҳамсӯҳбат шуд, ки фишурдаи он чунин аст:
- Оқои Муфтӣ, Террӣ Ҷонз, кашише, ки қабалан 11-уми сентябрро «рӯзи оташ задании Қуръон» эълон карда буд, рӯзе пеш навореро дар сомонаи «youtube» пахш кард, ки тариқи он рӯзи 20-уми мартро «Рӯзи муҳокимаи Қуръон» эълон кардааст. Дар ҳамин замина пурсидан мехостем, ки шумо ҳамчун олитарин марҷаъи динии Тоҷикистон ва пешвои мусалмонони тоҷик, дар ҳамин рӯз агар лозим шавад касеро пешниҳод карда метавонистед, ки аз Қуръони карим ҳимоят кунад? Ҳарчанд Қуръони карим каломи Худованд аст ва ҳимояти он ҳам ба дӯши худи ҳазрати Ҳаққ (ҷ) мебошад.
- Албатта, ҳозир ҳастем, ки мо худ аз Қуръон дифоъ кунем ва низ ҳозир ҳастем, ки як нафар не, чанд нафар пешниҳод кунем, ки ба пуррагӣ аз ҳикмату фалсафа, манфиъат, башардӯстӣ, ҷомеапарварӣ, ҳидоят ва баракат, ки ҳамаи ин барои пешрафти инсоният аст ва барои худи он ҳамчун китоби осмонӣ ва муқаддас буданаш, исбот кунанд ва ҳимоя кунанд.
-Дар ҳамин хусус, мо дар баробари ин роҳиб гуфта метавонем, агар онҳо Қуръони каримро ба чолиш бикашанд, мо тибқи ояҳои Қуръонӣ метавонем, ки Инҷилро ба муҳокима бикашем? Бо вуҷуди он ки инҷилҳое, ки мо имрӯз дар даст дорем, таърих собит мекунад, тақрибан баъди саду панҷоҳ сол ва то сесад сол тавассути Исои Масеҳ ва ёрони ҳамзамонаш не, балки тавассути афроди дигар навишта шудаанд ва онҳо аз ҳам тафовут доранд.
- Албатта, мо ҳуқуқи муҳокима кардан, сӯзонидан ва ё таҳқир кардани Инҷилро надорем. Мо эътиқод дорем, ки Инҷил ҳам китоби осмонӣ ҳаст, аммо худи олимон ва мутахассисони соҳа ё дин худ эътироф кардаанд, ки борҳо дар ин Инҷил тағйирот ва иловаҳо ворид шудааст. Масалан, панҷ намуд аз Инҷил, аз қабили Мато, Луқо ва ғайра, ки вуҷуд доранд, онҳо бо ҳам мувофиқ нестанд. Бо вуҷуди он ки асли ин китоб бе тағйирот ба ҳазрати Исои Масеҳ нозил шуда буд ва мо ба он Инҷил эътиқод дорем. Ҳамчунин, аз фитрати инсони солим ва мусалмони комил ҳам нест, ки иддае аз мардум ба он китобе эътиқод доранд, мо онро ба сӯзиш бикашем, таҳқир кунем, муҳокима намоему пайравонашро таҳқир кунем. Чаро ки Қуръон ба мо мегӯяд, ки мо бояд муомилаи нек дошта бошем. Ин аст аз фитрати солими мусалмонӣ ва ақлу фаросати инсонӣ.
- Шумо аз фитрати инсонӣ ва ақли солим сухан кардед, ба ақидаи Шумо, шахсе, ки Қуръонро ба муҳокима кашиданӣ ҳаст, дар ақли худ нуқсон дороад?
- Ман як чизро ошкору равшан бояд бигӯям, ки таассуб инсонро кару кӯр мекунад. Вақте ки инсон ба таассуб меравад, ҳеч ҳақиқатеро дида ва ҳеҷ ҳақиқатеро шунида наметавонад. Ман фикр мекунам, он шахсияте, ки ба ин кор даст зада истодааст, гирифтори бемории васвос аст ва мутаассибе ҳаст, ки ҳам кар асту ҳам кӯр. Қуръон дар хусуси ин намуди одамҳо чунин мегӯяд: ҳам гунг ҳастанду ҳам кӯр ва ҳам кар ҳастанд, ки ақлро истифода карда наметавонанд. Ин шахс, ки дар Ғарб бори дуввум чунин иддао мекунад ва изҳорот медиҳад, яъне аз зумраи шахсиятҳои мутаассибе ҳаст, ки ҳамон таассубаш ӯро ҳам кару ҳам кӯр ва ҳам гунгу ботилбину ноҳақбин кардааст.
-Оқои муфтӣ, гурӯҳе, ки дар боло зикр кардед, агар лозим шавад теъдоди онҳо то даҳ нафар аз мутахассисону донишманд шуда метавонад, ки аз Қуръон ҳамчун аз китоби Илоҳӣ ҳимоя кунанд ва ояҳои онро ба мардум тавре, ки мебояд, шарҳ бидиҳанд?
- Бале, гурӯҳи мо зиёда аз даҳ нафар мебошанд ва омодаанд, ки аз Қуръони карим дар мавридҳои лозима ҳам чун китоби осмонӣ ҳимоят кунанд.
-Ташаккури зиёд барои ин маълумотҳо барои ишғоли вақт узр!
-Саломат бошед, Худо баракат диҳад!
Гуфта мешавад, ки дар замони нозилшавии Қуръон, мардуми араб, ки бо фасоҳату балоғати калом хеле шӯҳрат доштанд, борҳо ба сиҳҳат доштани ин китоби осмонӣ садо баланд карда буданд, аммо Худои карим тавассути паёмбараш Ҳазрати Муҳаммад(с) аз онҳо хост, ки агар шумо ба китоби Илоҳӣ будани Қуръон шакку шубҳа доред, пас ҳаммонанди вай китобе биоред. Онҳо оҷиз монданд, дубора хост, ки агар наметавонед як сура биоред ва дар навбати охир аз онҳо хост, ки як оят биоред, аммо аз он ҳам оҷиз монданд ва натавонистанд. Ҳадди ақал як оя ҳам монанди Қуръон аз худ бигӯянд.. ва дар вақти нузулаш Худои пок ҳифз ва нигоҳубини китобашро ба зиммаи худ гирифт ва он замон то кунун дар Қуръон ҳеч тағйир ва иловае касе ворид накардааст ва ҳамоно то қиёмат тавре нозил шуда буд, боқӣ хоҳад монд!
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4243-2011-01-24-13-37-16.html
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
200
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
320
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
175
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
208
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
437
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
183
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
194
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
171
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
247
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
231
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
414
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ












































