ҲАФТАИ ВАҲДАТ ДАР ҶАҲОНИ ИСЛОМ
Ба гузориши Оҷонсии хабаргузории «Форс», сафорати Амрико дар Деҳлии нав ва кунсулгариҳои тобеи ин кишвар дар шаҳрҳои мухталифи Ҳиндустон, азҷумла Ҳайдаробд, Чиной, Бомбай, Калкута ба муносибати фаро расидани ҳафтаи “Ваҳдати исломӣ” ба ҳолати омодабоши комил даромаданд. Дипломатҳои Амрико дар Ҳиндустон аз мақомоти Деҳлии нав хостанд, ки рӯзи 16 феврал тадобири шадиди амниятиро дар атрофии сафоратхонаи ин кишвар ва кунсулгариҳои тобеи он дар шаҳрҳои мухталиф Ҳиндустон иҷро кунад. Мусалмонони Ҳиндустон ҳар сола дар оғози ҳафтаи “Ваҳдати исломӣ” муқобили сафорати Амрико ва консулгариҳои тобеи он шиори “Марг бар Амрико” сар медиҳанд.
«Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӢ»
«Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ» аз ҷониби раҳбари Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ соли 1990 дар шаҳри Теҳрон таъсис ёфтааст. Мазоҳиби исломӣ гуфта, масъулини «Маҷмаъ» чунин андеша доранд: “Мақсуд аз мазоҳиби исломӣ он даста аз мактабҳои фиқҳии маъруфи исломие ҳастанд, ки дорои низоми иҷтиҳоди мунсаҷим ва мустанад ба Китобу Суннат мебошанд. Аз назари «Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ» мазоҳиби фиқҳии ба расмият шинохташуда иборатанд аз мазҳаби Ҳанафӣ, мазҳаби Шофеӣ, мазҳаби Моликӣ ва мазҳаби Ҳанбалӣ аз аҳли суннат ва мазҳаби дувоздаҳимомӣ ва Зайдӣ аз аҳли ташшаюъ ва мазҳаби Аббозӣ.”
(Албатта, мазоҳибе ҳастанд, ки ё пайрав надошта ва ё дар яке аз мазоҳиби мазкур ҳазм шуданд ва ё ба шакли орои фардӣ, ки муқайяд ба мазҳаби муайяне нестанду амал менамоянд).
Ал-Азҳари Миср аз мазоҳиби шии зикркардашуда, танҳо мазҳаби дувоздаҳимомиро ҳамчун мазҳаби воқеан исломӣ соле пеш эътироф кард ва дар бораи пазириши дигаронаш то ҳол чизе нагуфтааст.
Ҳадаф аз таъсиси «Маҷмаи мазоҳиби исломӢ»
Дар моддаи 5-и асосномаи он омадааст: «Маҷмаи тақриб» барои расидан ба аҳдофи зер фаъолият мекунад:
- Кӯмак ба амри эҳё ва густариши фарҳанг ва маъорифи исломӣ ва дифоъ аз ҳарими Қуръони карим ва суннати Паёмбари Акрам (с)
- Кӯшиш дар роҳи эҷоди ошноӣ ва тафоҳуми бештар байни уламо, муттафаккирон ва пешвоёни мазҳабии ҷаҳони ислом дар заминаҳои эътиқодӣ, фиқҳӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ.
- Густариши андешаи тақриб байни андешамандон ва фарҳихтагони ҷаҳони ислом ва интиқоли он ба тӯдаҳои мусалмон ва огоҳ кардани онон аз тавтиаҳои тафриқаангези душманон.
- Кӯшиш дар таҳким ва ишоати асли иҷтиҳод ва истинбот дар мазоҳиби исломӣ.
- Саъй дар эҷоди ҳамоҳангӣ ва ташкили ҷабҳаи воҳид дар муқобили тавтиаҳои таблиғотӣ ва таҳоҷуми фарҳангии душманони ислом бар асоси усули мусаллами исломӣ.
- Рафъи бадбиниҳо ва шубаҳот байни пайравони мазоҳиби исломӣ.
Стротегияи «Маҷмаи тақриби мазоҳиб»
«Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ» дар робита ба стротегияиаш дар ҳаракати ислоҳии худ ва анҷоми барномаҳояш ба ин усул ва арзишҳо пойбанд аст:
- «зарурати ҳамкории ҳамаҷониба дар мавориди иттифоқи мусалмонон.
- лузуми мавзеъгирии ҳамоҳанг ва воҳид дар баробари душманони ислом.
- парҳез аз нисбат додани куфр ва фисқу бидъат ба якдигар».
Мо мусалмонон бо пазириши машруъияти иҷтиҳод дар чорчӯби манобеи асили исломӣ бойистӣ лавозим ва табаоти ин аслро ҳам бипазирем ва агар як назари иҷтиҳодӣ аз дидгоҳи мо хато бувад, соҳиби онро ба куфр ва фисқ муттаҳам накунем. Бинобар ин умури ихтилофиро аз рутбаи куфру имон ба рутбаи хато ва савоб бояд таназзул дод. Аз тарафи дигар набояд касеро ба иллати лавозими сухан ё эътиқодаш, ки назари мо ба инкори усусли дин мунтаҳӣ мешавад, такфир намоем, зеро мумкин аст ӯ ба ин лавозим эътиқод надошта бошад.
БархӮрди мӮҳтарамона дар умури ихтилофӢ
Вақте Ислом навъи шикебоии диниро дар муносиботи худ бо соири адён тавсия мекунад ва аз мусалмонон мехоҳад, ки ба муқаддасоти фикрӣ ва эътиқодии ботили дигарон беҳурматӣ нанамояд, ба тариқи авло дар муносибот байни мусалмонон, асли иҷтиноб аз беҳурматӣ ба муқаддасоти пайравони мазоҳиби исломиро мавриди таъкид қарор медиҳад ва ононро ба маъзӯр донистани якдигар дар умури ихтилофӣ даъват менамояд.
Озодии ихтиёри мазҳаб
Асли озодии мазҳабӣ ба унвони як асли куллӣ дар равобити фардӣ ҷараён хоҳад дошт. Пас ҳар фард дар интихоби мазҳаби исломии худ озод аст. Созмонҳо ва давлатҳо набойисти мазҳаберо ба иҷбор ба дигарон таҳмил намоянд, балки бояд ҳамаи мазоҳиби исломиро ба расмият бишносанд.
Юсуф ҚарзовӢ: «Тасомуҳ дар умури ихтилофӢ»
Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, дар як матлаби худ дар робита ба тасомуҳ дар умури ихтилофӣ мегӯяд: «Агар ҳамкорӣ дар умури иттифоқӣ воҷиб аст, тасомуҳ ва нодида гирифтани умури мавриди ихтилоф воҷибтар аст. Бо ин сухан қоидаи тиллоие, ки аллома Муҳаммад Рашид Ризо, масъули маҷаллаи “Ал-Манор” ва нависандаи тафсири “Ал-Манор” ироа кардааст, комил мешавад. Ӯ фармудааст: “Мо дар умури иттифоқӣ ҳамкорӣ ва дар умури ихтилофӣ гузашт кунем”. Шаҳид Ҳасан Банно ҳам дар андеша ва амал ба ҳамин қоида мултазим буд; чунон ки бархе аз шогирдонаш мӯътақиданд, ӯ возеъ (асосгузор)-и ин қоида аст.
Мақсад аз тасомуҳ, таассуб надоштан нисбат ба афкори мазоҳиб дар умури ихтилофӣ аст. Бояд шиори “гузашт дар умури ихтилофӣ”-и соҳиби Ал-Манорро сарлавҳа қарор диҳем». Ҳафтаи “Ваҳдати исломӣ” шурӯъ аз 16-уми моҳи равон, тӯли як ҳафта дар ҷаҳон идома хоҳад ёфт ва ба ин муносибат нишастҳои «Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ» дар аксар кишварҳои исломӣ доир мегардад ва дар ин замина кӯшиш ва талошҳои раҳбари ин Маҷмаъ, Оятуллоҳ Алии Тасхирӣ, чашмрас мебошад.
«Маҷмаъи тақриби мазоҳиби исломӣ» дар аксар кишварҳои исломӣ дафтарҳои худро дорад ва барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ сомонаи интернетиашро бо 16 забони маъруфи дунё, аз ҷумла забони арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, итолиёӣ, русӣ, тоҷикӣ ва ғайраба роҳ монда фаъолона амал мекунад.
Амруллоҳи Низом, "Рӯзгор"
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4482-haftai-vahdat-dar-jahoni-islom.html
-
20.10.2026 15:48
216
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
-
20.10.2026 15:45
233
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
212
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
14.09.2026 04:00
326
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
835
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
23.10.2026 12:51
244
Тоҷикистон ва Урал: Самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва илми муосир
-
21.10.2026 22:11
672
Ҳифзи брендҳои милливу ихтироот: Тоҷикистон фазои патентии худро дар бозори рақамӣ устувор мекунад
-
19.10.2026 22:10
184
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
12.10.2026 00:59
465
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
362
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
454
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:14
319
Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард
-
21.10.2026 22:08
293
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
381
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
21.10.2026 22:17
375
Масъалаи хат ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ дар муқоиса бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон
-
20.10.2026 15:35
469
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
190
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
02.10.2026 13:53
334
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
319
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
431
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
579
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
224
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
264
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
871
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2456
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
387
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































