БАҲСИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ ИМОМХАТИБОНИ МАСОҶИД ТО ЧӢ АНДОЗА РӮЗМАРРА ҲАСТ?
Маркази исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои барои имомхатибон ва рӯҳониёни кишвар либоси ягона пешниҳод намояд. Сайидмукаррам Абдулқодиров, раиси Маркази исломии Тоҷикистон ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» гуфт, айни ҳол барои таҳияи тарҳи ягонаи либос кор карда истодааст.
Ҳоло тарҳи ин либос чи гуна хоҳад буд, муайян нест. Сайидмукаррам Абдулқодиров мегӯяд, ба гумони ғолиб, тарҳе, ки барои имомхатибон ва рӯҳониён пешниҳод мегардад, бо шакли беҳтар ва баргирифта аз тарҳи либосҳои суннатии рӯҳониёни тоҷик (аз ҷумла: ҷелак, дастор ва риши суннатӣ) хоҳад буд.
Ин тасмим амали нав нест. Зеро кормандони ҳар соҳа дар аксар кишварҳо барои худ либоси махсус доранд. Барои мисол, кормандони мақомоти қудратӣ як навъ либоси ягонаеро ба бар мекунанд, ки аз дигар мардум ва кормандону ходимон кишвар фарқ дорад. Қариб дар тамоми дунё табибон низ дорои либоси ягона мебошанд. Дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар кишварҳои Аврупо, рӯҳониёни масеҳӣ либоси вижаи худро доранд, ки аз рӯҳонӣ будани онҳо дарак медиҳад.
Дар кишварҳои исломӣ низ ин раванд аз қабл вуҷуд дошт. Ҳанӯз дар Андалӯс-Испания, ки наздик ба шаш сад сол мусалмонон дар он ҳукумат доштанд, муаллимон ба монанди шиму костюм дорои либоси махсусе буданд. Дар замони муъосир низ имомхатибони баъзе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла: Миср, Туркия Арабистони Саъудӣ ва ғайра лисобҳои суннатии худро доранд, ки мардуми ин кишварҳо либосҳои худро бо тарҳҳои нав ва моделҳои пешрафта тарроҳӣ кардаанд.
Маркази исломии Тоҷикистон низ тасмим гирифтааст, ки барои имомхатибон ва рӯҳониёни тоҷик як тарҳи либоси вижаеро интихоб карда, пӯшидани онро ба рӯҳониён тавсия бидиҳад, ки дар зоҳир ин амали эшон кори баде нест. Аммо вақте ки ҷомеаи Тоҷикистон пур аз мушкилҳои дигар ва доғтар аз тарҳи як либоси ягона аст, андеша кардан рӯи ин тарҳ, ки ҳам вақту ҳам зеҳн машғулсозӣ ва ҳам харҷҳои иловагиро талаб мекунад, рӯи чунин тарҳ фикр кардан барвақт аст.
Агар ин Маркази исломӣ барои истиқлоли фикрии имомхатибон дар минбару меҳроб ва андешаронии онҳо дар вақти таълим ва тарбия мардум, рӯи ягон тарҳи ҷадиде кор мекард, ин беҳтар буд. Вақте ин Марказ дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин озодии фикрӣ ва андешаронии имомхатибонро, дар минбару меҳроб ва дар рӯзи ҷумъа, бо таҳия як рисола, маҳдуд месозад, онҳоро тавсия медиҳад, ки бояд аз рӯи ин рисола амал намоянд, ин чиз нигаронкунанда аст.
Чунки бо Кониститутсия (Сарқонуни) кишвар мухолифат дорад. «Сарқонуни кишвар озодии баёнро кафолат додааст, тариқи ин рисола, маҳдудсозии озодии баён дар вақти мавъизахонӣ бо талаботи замону макон созгор нест»-, гуфт, дар сӯҳбат бо мо Сайид Ҳусейни Худоёр, собиқ хатмкардаи Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон.
Азизҷони Ҷамолиддин, сокини 28-солаи пойтахт, мегӯяд: «Дар ҳоле, ки Маркази исломӣ як расонаи мустақими иртиботӣ бо мардум барқарор накардааст, бо далели ин, ки талаботи мухотабони худро қонеъ намесозаду яке аз қафомондатарин ниҳодҳои ҷомеа маҳсуб мешавад, чун минбари худӣ надорад ин Марказ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест».
Ин дар ҳолест, ки Маркази исломии Тоҷикистон даъвои марҷаъи олии динӣ дар ҷомеаро дораду мехоҳад барои тамоми рӯҳониён як тарҳи либоси ягонаро пешниҳод созад. Рӯи тарҳи он либос соатҳо фикр кардан маънои онро дорад, ки ин Марказ, ҳанӯз на худашро ва на салоҳиятҳояшро шинохта натавонистааст.
Агар Маркази исломӣ худашро мешинохту аз чигунагии салоҳиятҳояш бохабар мебуд, дасти кам дар як моҳ як маротиба тариқи яке аз телевизионҳои давлатӣ барномаи мустақимеро роҳандозӣ мекард ва нафъи ин барномаи мустақими динӣ ҳазор маротиба бештар аз рӯи даст гирифтани тарҳи либоси ягона барои имомхатибон ва рӯҳониёни кишвар мебуд.
Самеъуллоҳи Шафеъ, таҳсилкардаи мадориси кишварҳои исломӣ, гуфт: «Аз рӯи даст гирифтани тарҳи либоси ягона барои имомхатибон ва рӯҳониён дида, таъсис телефони мустақим барои посухгӯӣ ба суолҳои мардум, авлотар буд. Марказ метавонист ба бисёре аз суолҳои мухотабони худ посух бидиҳад ва ниёзҳои маънавии онҳо бароварда созад. Аммо чун илму дониш ва ҷасорату иродаи қавӣ дар онҳо дида намешавад, рӯ овардани масъулин ин Марказро ба тарҳҳои дараҷаи дуввум, яъне либосу…набояд мавриди муохиза қарор дод.
Бо ин вуҷуд, агар онҳо бихоҳанд ва талабашон барои хидмат кардан ба мардум қатъӣ бошад, ҳукумат низ барои онҳо монеъае эҷод нахоҳад кард ва метавонанд ҳадди аққал як маҷаллаи интернетӣ таъсис дода бо мардум иртибот барқарор кунанд ва бо ин роҳ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ба вижа рӯҳониёну имомхатибон тарҳи либоси ягонаро бо беҳтарин ваҷҳ ва осонтарин роҳ ва камхарчтарин тарҳ, матраҳ намояд. Он гоҳ метавонист ошкоро ҳамаро бифаҳмонад, ки барои мо ду навъи лисоб як либоси «шариъатӣ» ва дигаре ғайри «шариъатӣ» вуҷуд дорад.
Дар ривоёт саҳеҳ мехонем, ки Расули Худо (с) ба ёронаш борҳо талқин ва таъкид карда мегуфт, ки ҳангоми намози ҷумъа бо беҳтарин либоси худ ба намоз бишитобед».
Бо ин вуҷуд чун дар баробари анвоъи мухталифи либосҳо тарҳи махсуси либосҳои «шариъатӣ» ва «ғайришариъатӣ» вуҷуд дорад. Либосҳои шариъатӣ баргирифта аз тарҳи омӯзаҳои исломӣ ва динӣ мебошанд ва либосҳои «ғайри шариъатӣ» то андозае ба ин навъи либосҳо мухолифат дорад. Аммо Қуръон мегӯяд, ки либоси Тақво беҳтар аст. Ӯ таъоло мефармояд: «Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд!» (Аъроф, ояи 26). Ва мефармояд: «Аз Худо битарсед. Худо шуморо таълим медиҳад ва ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст!» (Бақара, ояи 282).
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
23.10.2026 12:48
268
Субот ва амнияти минтақавӣ: Мулоқоти дипломатҳои Тоҷикистон бо роҳбарияти САҲА дар Душанбе
-
20.10.2026 15:48
225
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
-
20.10.2026 15:45
240
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
14.09.2026 04:00
333
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
840
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
800
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
24.10.2026 13:16
440
Аз Берлин то Душанбе: Ҳайати тиҷоратии Олмон бо технологияҳои нави коммуналӣ ва саноатӣ ба Тоҷикистон меояд
-
24.10.2026 13:14
448
Аз Душанбе то Батуми: Уфуқҳои нави тиҷорат, нақлиёт ва амнияти иқтисодӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон
-
24.10.2026 13:09
321
Хатлон — меҳвари ҷалби сармояи ҷаҳонӣ: Аз агрологистика ва занони деҳот то инқилоби нассоҷӣ
-
12.10.2026 00:59
472
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
370
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
467
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:14
331
Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард
-
21.10.2026 22:08
309
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
517
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
21.10.2026 22:17
436
Масъалаи хат ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ дар муқоиса бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон
-
20.10.2026 15:35
772
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
198
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
02.10.2026 13:53
340
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
326
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
438
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
12.10.2026 01:06
407
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
355
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
592
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
229
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
268
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
877
“Ранҷи модар”
-
12.08.2026 23:15
1068
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
642
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2462
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
19.10.2026 12:04
232
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
452
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
324
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
491
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
403
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
394
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна