ЗАЙНАБ АЛҒАЗЗОЛӢ, ЗАНЕ ДАР РОҲИ ХУДО
Зайнаб Алғаззолӣ дар таърихи 2 январи соли 1917 дар яке аз рустоҳои вилояти Албаҳира дар шимоли Қоҳира ба дунё омад. Насаби ӯ аз тариқи падар ба Умар писари Хатоб (р) ва аз ҷониби модар ба Ҳасан писари Алӣ (р) мерасад. Падарбузургаш аз ҷумлаи тоҷирони маъруф ба шумор мерафт. Падараш яке аз олимон ва донишмандони Алазҳар буд.
Падараш аз даврони кӯдакӣ дар вуҷуди Зайнаб дӯстӣ, хайру фазилат ва мубориза барои ҳақро борвар сохт. Ӯ Зайнабро ба баракати номи саҳобияи бузургвор Насиба бинти Каъб садо мезад. Ҳамин буд, ки Зайнаб доим бо шиъори он ки “Ман Насиба духтари Каъб ҳастам”, худро муаррифӣ мекард. Насиба дар таърихи дини Ислом як зани солиҳа ва мубориза шинохта шудааст. Ҳамчунин як воқеъаи таърихии формӯшнашуданиеро дар ҳаёти худ паси сар намудааст.
Ба нигориши таърихнависон, Насиба зане буд, ки дар ҷанги Уҳуд барои мусалмонҳо хидмати арзандаеро ба анҷом расонида буд. Дар ин ҷанг мусалмонҳоро ҳолати бехабарӣ аз ҳуҷуми кофирони Макка фаро гирифта буд. Дар ин ҳангом кофирҳо болои мусалмонон ҳамла карданд. Аз ҷумла онҳо дар ин ҷанг хостанд қасди ҷони Паёмбар (с) намоянд. Насиба дар ин ҳангом барои дифоъ аз Паёмбар (с) талош варзид, ки бар асари талошҳояш 12 зарбаи шамшер ва найзаро таҳаммул кард, то ба Паёмбар (с) осебе нарасад.
Зайнаб мегӯяд, падарам ҳамеша бар рӯи замин давраеро хат мекашид ва маро дар байни он қарор медод. Ҳамчунин шамшери чӯбинеро низ дар дастам медод ва ба ман мегуфт, ту бо ин шамшер душманони Паёмбар (с) – ро бизан. Дар баробари ин душманони Паёмбар (с) – ро аз чапу ростам қарор медод ва ман гӯё чун Насиба душманонро ба қатл мерасондам. Ҳамин тариқ рӯзона кори падарам, маро дар ҷойи Насиба қарордодан буду душманони Паёмбар (с) – ро нест кардан. Ин дӯстдории падарам нисбати саҳобияи Паёмбар (с) то ҷое расида буд, ки маро ҳамеша бо номи ӯ навозиш мекард.
Мубориза барои таҳсил
Пас аз он ки Зайнаб ба синни даҳсолагӣ расид, бо амри тақдир ӯ падарашро аз даст дод. Зайнаб бо модар ва бародаронаш ба Қоҳира озим шуданд ва дар он ҷо сукунат варзиданд. Зайнаб то ин замон назди падар таълим мегирифт ва ба китобхонию илмомӯзӣ шавқи беандоза пайдо карда буд. Вале пас аз даргузашти падар бародарон чун қоидаи меросӣ, ки “Духтарро таҳсил карданаш зарур нест”, ӯро аз омӯзиш ва касби илм манъ карданд.
Зайнаб чун ҷасорату далериро аз падар омӯхта буд, дар муқобили бародари калонии худ, ки сади роҳи таълим шуда буд, ором истода натавонист. Бародари бузургаш Муҳаммад медонист, ки падар Зайнабро ба ҳадде озодӣ дода ва ӯро писарона тарбият кардааст. Бародари дуввум Алӣ бовар дошт, ки мутолиъаи китоб барои Зайнаб ва ояндаи ӯ муҳим аст. Барои ҳамин теъдоде китоб ба ӯ харид, то битавонад мутолиъа кунад. Аммо Зайнаб танҳо ба мутолиъаи китоб иктифо накард.
Як рӯз дар ҳоле ки танҳо 12 сол дошт, аз хона берун баромад ва дар хиёбонҳо гаштугузор мекард. Ногаҳон мадрасаи духтарона ӯро мутаваҷҷеҳи худ сохт. Ӯ наздик рафт ва дари мадрасаро зад. Вақте дарбон аз ӯ пурсид чи кор дорад, гуфт, ман бо мудир кор дорам. Дарбон пурсид, чи кор дори? Ӯ ҳам бо эътимоди нафс гуфт, ман Зайнаб Алғаззолӣ машҳур ба Насиба духтари Каъб ҳастам ва бо мудир мехоҳам сӯҳбате дошта бошам.
Дарбон бо тааҷҷуби зиёд аз тарзи сухангӯии ӯ иҷоза дод, то дохил шавад. Зайнаб назди мудир омад ва бе муқаддима шурӯъ кард, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, ман хонум Зайнаб Алғаззолӣ ҳастам, мулаққаб ба насиба духтари Каъб. Мудир нигоҳе ба ӯ андохт ва бо тааҷҷуб гуфт, хуб хонуми Зайнаб ё Насиба чи мехоҳӣ? Зайнаб дар ҷавоби мудир достони худ ва қазияи бародари бузургашро бо мудир гуфт. Ӯ аз мудир хост, то ӯро дар мадраса сабти ном кунад.
Ҳангоми сӯҳбат бо Зайнаб мудир падарбузарг ва падарашро шинохт ва аз Зайнаб хост, бародари дуввумаш Алиро, ки барои таҳсил кардани Зайнаб розӣ мебошад, барои сабти ном бо ӯ ба мадраса биёянд. Зайнаб пас ворид шудан ба мадраса дар ду имтиҳон тавонист, ки дусола таҳсили мадрасаро дар як сол ба поён расонад. Зайнаб дар ин ҳангом барои такмили дарс ва аз худ кардани улуми динӣ назди шайхҳои Алазҳар сабақ омӯхт. Аз ҷумла назди бузургони Алазҳар, Абдулмаҷид Аллубон ва Шайх Муҳаммад Сулаймони Аннаҷор касби илм кард.
Иттиҳодияи занон
Зайнаб пас аз он ки тавонист дабиристонро ба поён бирасонад, дар яке аз рӯзномаҳо хонд, “Иттиҳодияи занон” бо раёсати Ҳадйи Шаъровӣ тасмим дорад се нафар аз хатмкунандагони дабиристонро барои таҳсил ба Фаронса бифиристад. Зайнаб орзу кард яке аз ин се нафар бошад ва фавран ба маркази Иттиҳодияи занон рафт ва бо Ҳадйи Шаъровӣ дидор кард.
Шаъровӣ пас аз шунидани достони Зайнаб ва суханҳое, ки барои таҳсил азоб кашидааст, фавран ӯро ба узвияти Иттиҳодияи занон даровард. Ӯ барои ба даст овардани Зайнаб кӯшиш кард ва хушҳол ҳам шуд. Зеро Шаъровӣ нафареро, ки дар ҷустуҷӯяш буд, Зайнаб буд. Шаъровӣ ҷасорат ва бузургии Зайнабро дида ҳамон замон ӯро ба ҷойнишинии худ интихоб кард.
Пас аз як моҳ номҳои донишомӯзон барои сафар эълом шуд. Орзуҳои Зайнаб ба ҳақиқат пайваста буданд, аммо як хоб ҳама чизро тағйир дод. Шабе Зайнаб падарашро дар хоб дид. Падараш ба ӯ гуфт, аз рафтан ба Фаронса чашмпӯшӣ кун, Худованд ҷои он дар Миср ба ту беҳтар аз он чи дар Фаронса ба даст меоварӣ ато хоҳад кард.
Ӯ аз падар пурсид чигуна? Падар гуфт, хоҳӣ дид... аммо ҳаргиз ба ин сафар нарав, чун ман розӣ нестам. Зайнаб аз рафтан ба Фаронса узр хост ва дархостҳои Шаъровӣ низ натавонист ӯро аз тасмимаш баргардонад. Аз он ба баъд Зайнаб ба унвони яке аз аъзои боризи Иттиҳодияи занон ба фаъолият машғул буд. Гар чи бархе аз аъзо аз тарзи сухан гуфтани ӯ, ки аз мафҳумҳои исломӣ дар суханрониҳояш истифода мекард, хушашон намеомад ва онро хуб қабул намекарданд.
Дар ин муддат ӯ ба мунозира ва ҷадал бо теъдоде аз уламои Алазҳар, ки бо фаъолиятҳои Иттиҳодияи занон мухолиф буданд, пардохт. Ҳатто теъдоде аз уламои Алазҳар дархост карданд аз суханронии ӯ дар масҷидҳо мумониъат ба амал биёяд. Аммо Шайх Аннаҷор яке аз олимони бузурги Алазҳар бо дархост мухолифат кард ва аз тариқи сӯҳбат бо Зайнаб Алғаззолӣ тавонист назари ӯро дар мавриди бисёре аз афкори Иттиҳодия занон тағйир диҳад.
Тағйири куллӣ дар ҳаёти Зайнаб
Аммо бо тамоми талошҳои бузургони Алазҳар дар пешгирии Зайнаб, ҳодисае боис шуд Зайнаб Алғаззолӣ зиндагӣ ва даъвати худро ба таври комил тағйир диҳад. Нақл овардаанд, ки бар асари таркиши хатти газ, Зайнаб ҷароҳати сахте мебардорад. Вазъияти ӯ рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Ҳатто замоне ӯ дар беморхона суханҳои бародари хешро шунида буд, ки мегуфт, хоҳарам дигар роҳи хубшавӣ надорад ва умедеро хам интизор шудан ғайримкон аст.
Дар ин муддат Зайнаб, ки аз ҳама қатъи умед карда буд, тасмим мегирад ва аз Парвардигораш талаби саломатӣ мекард ва мегуфт: “Парвардигоро, агар балое, ки бар сарам ба хотири пайвастанам ба гурӯҳи Ҳадйи Шаъровӣ аст, ман тасмим гирифтам танҳо дар роҳи Ту ҳаракат кунам..... ва агар хашми Ту ба хотири он аст, ки кулоҳи фарангӣ бар сар гузоштаам, онро бархоҳам дошт ва ҳиҷоб бар тан хоҳам кард.
Бори Илоҳо бо ту аҳд мебандам, агар баданам ба ҳолати гузаштааш баргардад, аз Иттиҳодяи занон истеъфо хоҳам дод ва ҷамоъате барои нашри даъвати исломӣ таъсис хоҳам кард. Занони мусалмонро ба ҳамон роҳу равиши саҳобия даъват мекунам. Барои даъват талош хоҳам кард ва то андозаи тавоноиям дар роҳи он ҷиҳод менамоям”. Худованд калимоти ростини ӯро мавриди иҷобат қарор дод ва раҳмати худро бар ӯ фиристод. Ҳама аз интизори шифои дури ӯ шигифтзада шуд ва табиатан пизишк ҳам бобати шифое, ки дар он нақш надошт пуле дархост накард.
Зайнаб дар либоси ҷадид
Зайнаб бе фосила пас аз саломатӣ ба ваъдаи худ вафо кард. Шурӯъи ӯ бо пӯшидани ҳичоб буд ва имоне, ки қалбашро фаро гирифта буд. Ҳадйи Шаъровӣ тамоми талошашро барои бозгардондани Зайнаб ба кор гирифт. Ӯ дар ҷавоби Шаъровӣ, ки гирякунон ба ӯ мегуфт, ман туро ба унвони ҷонишин пас аз худ интихоб кардаам. Зайнаб дар ҷавоб гуфт, ту чизеро интихоб кардаӣ, аммо Худованд чизи дигаре баро ман дар назар гирифтааст ва ман он чиро Худованд мехоҳад, мехоҳам.
Ҳамин тариқ пас аз муддате Шаъровӣ бемор шуд ва хост то Зайнабро бубинад. Зайнаб ба болинаш ҳозир шуд ва Шаъровӣ дар канори Зайнаб дори фониро видоъ гуфт. Зайнаб Алғаззолӣ дар муддати кӯтоҳ дар авҷи фаъолиятҳои занонаи ғарбӣ даъвате бар асоси нигоҳи исломӣ таъсис кард, то дар баробари тамоми касоне, ки саъй мекарданд, пастравии ҳаёти занҳои мусалмонро ба Ислом нисбат диҳанд муқовимат нишон диҳад ва собит кунад, ки нақши зани мусалмон ҳеҷ гоҳ ба поён нахоҳад расид.
Зайнаб “Ҷамъияти занони мусалмон” – ро дар соли 1937 м, замоне ки 18 сол дошт, таъсис намуд. Ин ҷамъият тавонист 15 масҷид таъсис намояд ва дар муддати каме занони даъватгари зиёде ба ҷомеа муаррифӣ намояд. “Ҷамъияти занони мусалмон” солона ҳудуди 119 ҳамоиш баргузор менамуд ва ҳамчунин маҷаллае ҳам мунташир мекард, ки бо истиқболи фаровоне рӯ ба рӯ шуд. Ҷамъияти мазкур тавонист зарфи муддати кӯтоҳе ҷамъи зиёде аз занон ва ҳатто теъдоде аз сарони инқилобро ҷазб кунад.
Ӯ тайи 53 соли фаъолият бо бисёр аз шахсиятҳои машҳури мусалмон ҳамкорӣ кард ва то ҳадди зиёде таҳти таъсири афкори Шайх Ҳасан Албанно қарор гирифт, то ин ки “Ҷамъияти занони мусалмон” бо пешниҳоди Ҳасан Албанно ва мувофиқати Зайнаб Алғаззолӣ ба Ҷамоати Ихвонулмуслимин пайваст. Масъалаи қобили зикр ин аст, ки дар воқеъ фаъолияти занон дар давъвати исломӣ, ки тавассути Зайнаб шакл гирифт, як фаъолияти комилан мустақил буд. Ҳамзамон бидуни таъсир ва дахолати мардон шакл гирифт ва ҳатто пас аз пайвастан бо Ихвонулмуслимин истиқлоли худро то ҳадди зиёде ҳифз намуд.
Зайнаб дар муқобили шиканҷаҳо
Аз он ҷо ки ҳадафи “Ҷамъияти занони мусалмон” дифоъ аз зиндагии исломӣ ва дархости барпойи шариъати исломиву даъвати мусалмонон ба китоби Худо ва суннати Паёмбараш буд, бо тамоми аҳзоби сиёсии он замони Миср ва ҳукумат инқилоб бархурд кард. Ин бархурд ҳангоме ба авҷи худ расид, ки ӯ аз дидор бо Ҷамол Абдунносир худдорӣ кард.
Пас аз он Зайнаб ва бисёре аз ҳамраъйёнаш дар зиндонҳои Абдунносир дучори шиканҷа ва сахтиҳои фаровоне шуданд. Ӯ тамоми он солҳоро дар хотирааш бо унвони “Айёми ҳаёти ман” ривоят мекунад. Баъдҳо бо подармиёнии Малик Файсал писари Абдулазиз подшоҳи Саъудӣ ӯ пас аз 6 сол дар моҳи августи соли 1981 дар даврони раёсати Анвар Содот аз зиндон озод шуд.
Ӯ ҳамзамон сафарҳои зиёде ба кишварҳои ҷаҳони Ислом анҷом дод ва таҷрибаи зиёде аз мамлакатҳои исломӣ барои худ касб кардааст. Зайнаб ва шахсияти зайнаб барои тамоми занон ва духтарони мусалмон намунаи бисёр зебост. Ҳамин тариқ то охири умр Зайнаб дар муқобили ҳама гуна муқовиматҳои ғарбӣ ва ғайриисломӣ истодагарӣ карда, ҳадафи асосии худро барои мардум пешкаш мекард.
Ҳувайдои Абдуллоҳ-
20.10.2026 15:48
215
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
-
20.10.2026 15:45
232
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
835
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
21.10.2026 22:11
590
Ҳифзи брендҳои милливу ихтироот: Тоҷикистон фазои патентии худро дар бозори рақамӣ устувор мекунад
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
358
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
361
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
453
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:14
313
Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард
-
21.10.2026 22:08
291
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
340
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
21.10.2026 22:17
366
Масъалаи хат ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ дар муқоиса бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон
-
20.10.2026 15:35
404
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
190
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
02.10.2026 13:53
333
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
319
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
575
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна