ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-12
БОЗЁФТ
Мӯсо (а) дар шаҳре, ки Маден ном дошт дохил шуда ҷамоъате аз мардумро дид, ки барои чорпоёни худро об додан дар талош буданд ва ҳар касе, ки боқувваттар буд ба зуди зарфҳои худро пур аз обу бузу гӯсфандашро сероб мегардонд. Мӯсо (а) ду ҷавондухтарро дид, ки дар гӯшае бо гӯсфандони худ истода барои об додани гӯсфандон мушкилӣ мекашиданд. Мӯсо (а) хост коре карда он ду ҷавондухтарро ёрӣ диҳад, то гӯсфандонашонро об диҳанд. Мӯсо (а), ки боқувват буд имкон дошт онҳоро ёрӣ диҳад, то мушкилоти онҳо осон шавад. Қувват ва тавоноӣ дӯстони ман, яке аз неъматҳои бузурги Иллоҳист ва онро бояд муҳофизат кард, чунки мӯъмини боқувват ва ҷасур беҳтар ва маҳбуби Худост. Барои пешвоямон Мӯсо (а) Худованд ҷисму қуввати бардам ато кард ва ӯ мехост заъифонро кӯмак намояд. Додари азиз, вақто, ки қуввату илм як ҷо шаванд ин беҳтар аст то, ки қувват дар роҳи ҳақ ва дуруст сарф карда шавад.
ЁРИИ МӮСО (а)
Мӯсо (а) аз ин миён ду ҷавондухтарро аз ҷамъ дуртар дид, ки мехостанд гӯсфандони падарашонро об диҳанд. Ҳазрати Мӯсо (а) пеш рафт аз онҳо пурсид: Мунтазири чӣ ҳастед? Ва чаро ин қадар дур истодаед?
Духтарҳо гуфтанд: Эй мард мо мунтазири он ҳастем, ки мардум чорпоҳояшонро об дода бозгарданд ва атрофи чашма аз мардум камтар шаваду баъд аз он мо гӯсфандонамонро об диҳем. Мо бинобар зарурат омадаем, падарамон муйсафеди пир ва бемор аст. Бинобар ин мо ба ночор гӯсфандонро барои об додан овардаем ва чӣ тавре, ки шумо мебинед бояд мунтазир бошем.
Вақте, ки Мӯсо (а) суханони духтаронро шунид фаҳмид, ки онҳо эҳтиёҷ ба ёрӣ доранд, бинобар ин гӯсфандони онҳоро аз чашма об дод ва боз чорпоёнро ба онҳо баргардонид. Ҷэвондухтарон аз Мӯсо (а) изҳори ташаккур гуфта, бо чеҳраи болида роҳ сӯи манзилашон пеш гирифтанд. Мӯсо (а) бошад дар сояи дарахте нишаста забон ба шукри Худо кушод. Парвардигорам... Ман бандаи фақир ва муҳтоҷи Ту ҳастам, аз Ту ёрию меҳрубонӣ мехоҳам, зеро дар ин сарзамин на хонаву ҷой ва на молу амволе дорам ва на коре карда метавонам.
ДАЪВАТИ ДУХТАРОН АЗ МӮСО (а)
Ба тезӣ баргаштани духтарон ба хона падарашонро дар тааҷҷуб овард ва падар сабабашро аз духтаронаш пурсон шуд. Духтарон ҷавоб доданд, ки марди мусофире онҳоро ёрӣ намуда гӯсфандонашонро об дод ва ӯ феълан нэзди чашма мебошад.
Муйсафед яке аз духтаронашро фиристод то он ҷавонро ба хонаашон даъват намоянд. Яке аз духтарон шармида - шармида ба назди Мӯсо (а) омада гуфт: Падарам туро даъват менамояд то, ки музди заҳмататро диҳад».
Ҳазрати Мӯсо (а) хеле шод шуд. Дар ҳақиқат Худованд дуои ӯро қабул намуд, ин ризқу рӯзие буд аз ҷониби Худованди беҳамто.Мӯсо баъди он ки шарму ҳаёи духтарро дид фаҳмид, ки тарбияи хуб дидааст, бинобар ин ҳамроҳи ӯ ба назди падари духтар равон гашт.
ИЗДИВОҶ
Вақте, ки Мӯсо (а) назди пирамард меравад, пирамард бо Мӯсо (а) суолу ҷавоби зиёде менамояд, аз ҳолу аҳволаш бохабар мешавад ва мефаҳмад, ки Мӯсо (а) марди бо ақлу идрок мебошад, бинобарин ба ӯ мегӯяд: Ғамгин мабош, Ту дар назди мо ҷой ва кору мол меёбӣ. Сипас яке аз духтарон ба падар мегӯяд: падари азиз, ин мард хеле хушахлоқу поку амонатдор менамояд, ман хоҳиш менамоям то ӯро ба кор гирем ва ӯ гӯсфандони моро нигоҳубин намояд ва дар дигар корҳо ёриамон расонад.
Худованди мутаъол Мӯсо (а) -ро фаромӯш накарда корҳояшро осон ва муваффақ гардонид. Пирамард назди Мӯсо омада ба ӯ чунин тиклиф пешниҳод менамояд: Ман мехоҳам яке аз духтаронамро ба никоҳат дарорам ба шарте, ки ту дар назди мо ҳашт сол бимонӣ ва хидмат намоӣ.
Мӯсо (а) пешниҳоди пирамардро хурсандона қабул менамояд ва яке аз духтаронашро ба занӣ мегирад. Бо ҳамин аз лутфи дуои Худованд Мӯсо (а) оиладор ва соҳиби кору макони тинҷу ором мешавад.
ХУДО ҲОФИЗӢ
Вақте, ки муддати кори Мӯсо (а) яъне ҳашт сол сипарӣ шуд. ӯ қасди баргаштан ба ватан намуд. Падарарусаш барои ӯ ва завҷааш гӯсфанду мол ҷудо намуда ба онҳо дод. Ҳазрати Мӯсо (а) молу амвол, чизу чораашро ғундошта ҳамроҳи завҷааш аз пирамард дуои хайр гирифта ба тарафи Миср раҳсипор шуданд. Бо ҳамин Мӯсо (а) ва завҷааш аз сарзамини пирамард ба тарафи шаҳри Миср баромаданд, сафари тӯлонии онҳо шурӯъ шуд.
ОТАШРО МЕБИНАМ
Ғарибӣ ва сафари дуру дароз гӯё бар Мӯсо (а) таъсир расонида бошад, ки дар нимароҳ ҷое, ки (Тури Сино) ном дошт, куҷо рафтанашро намедонист. Гирду атроф ҳама торик буд. Саросемавор ба тарафи росту чап медавид, вале фоидае ҳосил намегашт. Локин Худованд ӯро чуноне, ки аз кушта шудан дар хурдсолӣ ва аз қамбағалию нодорӣ нигоҳаш дошта буд, ин дафъа низ ба кӯмаки ӯ расид. Дар ҳамин ҳол Мӯсо (а) дар назди Тури Сино шӯъла ва равшании оташро мебинад ва зуд ба назди завҷааш рафта мегӯяд: Мунтазири ман бош... Ҳозир аз он ҷое, ки оташ месӯзад чуби сӯхта истодае меорам то равшанӣ намуда роҳамонро идома диҳем.
ИБТИДОИ ПАЁМБАРӢ
Мӯсо (а) хурсандона ба ҷониби равшании оташ шитофт. Вақте, ки он ҷо расид садоеро шунид, ки дар зиндагӣ қаблан чунин садоро нашунида буд. Ин садо ба садои инсон монанд набуд. Бо вуҷуди ин дар атрофаш касеро намедид ва касе ҳам вуҷуд надошт. Мӯсо (а) - ро ҳайрониву тарс фаро гирифта буд, чун онҷо касе набуд ва Мӯсо (а) меандешид, ки Худоё пас ин садо аз куҷост?
Дар ҳоле, ки тарсу ваҳм тамоми вуҷуди ӯро такон медод чунин ҷавоб шунид: «Эй Мӯсо! Натарс»! Дар ҳақиқат сухану калом аз ҷониби Парвардигори оламиён буд. Он зоти пок, аз Мӯсо (а) талаб менамояд, ки ӯро ибодат намояд ва бо ӯ касеро ё чизеро ҳамроҳу шарик накунад... Ин оғози паёмбарӣ ва набуввати ҳазрати Мӯсо (а) буд.
Сипас ҳамон садо аз Мӯсо (а) пурсид: «Чист дар дасти ту эй Мӯсо». Яъне чӣ дар даст дорӣ? Мӯсо (а) чунин ҷавоб дод: Дар даст асо дорам.
Ва Мӯсоро аз асояш пурсид то Мӯсо ваҳм надошта бош, дар ҳақиқат асоят мори калон бо иҷозати ман мешавад, дастат низ бо ирода ва хоҳиши ман сафед нуронӣ мегардад. Аз ин лаҳза пас ту паёмбари Худо ҳастӣ. Ман ба ту ду мӯъҷиза додам - яке мӯъҷизаи асо ва дуюмин мӯъҷизаи дастат, ки нурафшони мекунад то ҳамин ду мӯъҷиза ҳангоми даъват ёрирасони ту бошад.
Эй Мӯсо тарсу ваҳм накун, балки бидон ки амру супориш бо қудрату иродаи Худованди тавоно пурра ва амалӣ мешавад ва туро Худованд ба қавми кофирон ғолибу дастболо мегардонад, матарс чунки паёмбарро Худованд ёрӣ медиҳад.
МӮЪҶИЗА
Дар ҳақиқат иродаи Худованд дар бораи аз асо пурсидани Мӯсо (а) набуд ва чизҳои номбаршудае, ки Мӯсо (а) ҷавоб дод набуд. Парвардигори олам дар бораи он аз асо пурсид, то барои Мӯсо (а) сирру асрори наверо, ки онро намедонад баён намояд:
«Эй Мӯсо асоятро дар замин бипарто!» Мӯсо (а) асоашро дар замин партофт, пас асояш ба як мори калони пурҳайбат мубадал гашт, ки аз ҳаракату калонии он Мӯсо (а) тарсида гурехт. Барои Мӯсо (а) супориш омад: ин мӯъҷиза ва ҳақ аст, натарс ва асоятро бигир мо онро ҳамчунон баъди даст расондан ва гирифтан ба сурати аввалаш бар мегардонем.
Сипас дохил кун дастатро дар бағали худ вақте, ки дастатро аз бағал хориҷ менамоӣ ӯ нурафшонӣ мекунад, ин мӯъҷизаи дуюмест аз ҷониби Парвардигори олам барои ёрӣ доданат дар даъват намудан.
МАТАРС
Худованди таъоло Мӯсо (а) - ро мутмаин намуда барои ӯ баён намуда, он чизеро диди мӯъҷиза буданд... Аз он ду мӯъҷиза тарсу ваҳм надошта бош, дар ҳақиқат асоят мори калон бо иҷрзати ман мешавад, дастат низ бо ирода ва хоҳиши ман сафед ва нуронӣ мегардад.
Аз ин лаҳза пас ту паёмбари Худо ҳастӣ . Ман ба ту ду мӯъҷиза додам - яке мӯъҷизаи асо ва дуюмин мӯъҷизаи дастат, ки нурафшони мекунад то ҳамин ду мӯъҷиза ҳангоми даъват ёрирасони ту бошанд.
Эй Мӯсо тарсу ваҳм накун балки бидон, ки ин амру супориш бо қудрату иродаи Худованди тавоно пурра амалӣ мешавад ва туро Худованд ба қавми кофирон ғолибу дастболо мегардонанд, матарс чунки паёмбарро Худованд ёрӣ медиҳад.
НАЗДИ ФИРЪАВН БИРАВ
Эй Мӯсо бар ту заруру воҷиб аст амру каломи Худовандро амалӣ намоӣ, чунки Ту расули Худо ҳастӣ, мардумро ба сӯи парастиш ва ибодати Худованди якто даъват намо, баъди он ки онҳоро Фиръавн солҳои зиёдест гумроҳ намуда ва ӯро ибодат намуданд. Аввалин кори заруре, ки бояд анҷом диҳӣ назди Фиръавн рафта, ӯро даъват намо ва барои ӯ бирасон, ки ягона Худованди бузург сазовори парастиш мебошад ва Фиръавн ҳамчунон, ки ӯ гумон дорад ва худашро Худо мегирад дар баробари ин эй Мӯсо Ту ду мӯъҷиза дорӣ.
Бо ҳамин ду мӯъҷиза ба сари Фиръавн бирав ва ӯро ба роҳи рост ба дини Худо даъват намо мӯъҷизаҳо туро ёрӣ медиҳанд ва каломатро таъид мекунанд, ба иҷозати Худованд бар мардум ва бар кофире, ки Фиръавнро ибодат ва парастиш мекунанд ғолиб хоҳӣ шуд. Мӯсо (а) сухан ва амру супориши Парвардигоро шунида ва ба сӯи Фиръавн ҳамчун Паёмбар ва Расули Худованди таъоло равон мешавад.
(идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/gunchahoi-umed/1536-kissahoi-kuroni-12.html
-
20.10.2026 15:48
214
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
-
20.10.2026 15:45
232
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
21.10.2026 22:11
559
Ҳифзи брендҳои милливу ихтироот: Тоҷикистон фазои патентии худро дар бозори рақамӣ устувор мекунад
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
358
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
361
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:14
312
Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард
-
21.10.2026 22:08
289
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
326
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
21.10.2026 22:17
366
Масъалаи хат ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ дар муқоиса бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон
-
20.10.2026 15:35
379
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
189
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
02.10.2026 13:53
332
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
319
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
575
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































