ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-13
ДАЪВАТ
Пеш аз он, ки Мӯсо (а) ба сӯи Фиръавн биравад дасҳояшро бардошта Парвардигори оламро муҳтоҷона нидо намуд: «Парвардигоро дар ҳақиқат Ту медонӣ, ки ман дар ватанам будам, назди Фиръавн ва фиръавниён, онҳо ҳоли ҳозир маро кофту ков доранд, то моро дар ивази марде, ки куштаам бикушанд. Парвардигоро ман аз он метарсам, ки дар ватанам бирасам ва онҳо (фиръавниён) маро бикушанд ва даъватамро натавонам, ки амалӣ намоям, эй Парвардигори ман: («Дилу синаи маро кушода бигардон, кори маро бароям осон ва саҳл намо»).
«Эй Худованди ҷахон Ту медонӣ, ки забони ман эҳтиёҷ ба кушодагӣ ва фасиҳи дорад, чунки забони ман ва сухангӯиям он қадар хуб нест, маро кӯмак намо то, ки суханам бурро, қавӣ ва устувор бошад». «Эй Худованди ман, бародарам Ҳорунро иҷозат деҳ, ки маро ҳам ҳамроҳӣ кунад ва бо ман ба сӯи Фиръавн равад ва дар даъват ва паёмбарӣ маро ёрӣ расонад, ҳаминро эй Парвардигорам аз Ту умед дорам ва Ту ҳоли маро хуб медонӣ».
Ҳамаи паёмбарон ва расулон аз Худованди мутаъол талаби ёрӣ намудаанд, чунки вазифа ва масъулияти паёмбарӣ кори саҳлу осон нест. Дар ҳақиқат Худованд бандагони мӯъмин ва даъваткунандагони роҳи ҳақро фаромӯш намекунад.
Парвардигори ҷаҳон медонад паём¬барон ҳаргиз аз супориш ва авомири канораги намекунанд, бо ҳамин Худованд онҳоро бо мӯъҷизаҳо қуввату ёрӣ медиҳад. То паёмбарон бо ҳуҷҷату далел бошанд бо вуҷуди ин, ки кофир намехоҳад имон биёрад ва бовар намояд ӯро мӯъҷиза фоида намекунад, агар чанде бо забони худ аз паёмбар мӯъҷизаро талаб намояд.
Барои мо мӯъминон ва уммати Муҳаммади Мустафо (с) мӯъҷизаи доймӣ ва пурқувват ва собиту ҳамешагӣ ва пурратар аз мӯъҷизаҳои дигар паёмбарони гузашта вуҷуд дорад, он мӯъҷизаи охирин Қуръони Карим аст, ки мо таълим мегирем ва меомӯземаш ва бо ӯ дуо ва ҳукм менамоем. Парвардигоро Худовандо моро бо таълимоти Қуръон ёрӣ ва кӯмак намо.
МӮСО (а) УСТОДИ ШУМОСТ
Қиссаи ҳазрати Мӯсо (а) – ро идома медиҳем… дидем, ки Фиръавн соҳирону ҷодугаронро ҷамъ намуд то, ки ба Мӯсо (а) мубоҳиса намоянд, чизеро, ки Фиръавн мунтазир буд руй дод ва соҳирону ҷодугарон ба Парвардигори Мӯсо (а) ва Ҳорун имон оварданд ва Худованди якторо саҷда карданд. Фиръавн дар дил кина гирифт ва хост аз ҷодугароне, ки имон оварданд ва аз Мӯсо (а) интиқом гирад.
Фиръавн ба ҷодугарон рӯй оварда гуфт: Чӣ тавр шумо ба ин ҷодугар имон меоред ва боз мегӯед, ки ӯ паёмбари Худост? Чӣ гуна шумо дигар Худоро ғайри ман парастиш менамоед? Бе иҷозати ман ба Худо имон меоред ва пайравии Мӯсоро менамоед? Мебинам, ки шумо бо Мӯсо (а) иттифоқ кардаед, ҳамаатон бо фиребу найранг зидди ман кор мекунед. Мӯсо (а) устоди шумо мебошад ва шумо мехоҳед маро нобуд созед!
ДАР ҲАҚИҚАТ МО ИМОН ОВАРДЕМ
Фиръавн суханашро идома дода гуфт: Барои имон оварданатон ба Худои дигар ғайри ман, ончунон азобатон хоҳам дод, ки дар ҳаётатон чунин азобро надида бошед, дасту поятонро мебурам, ба дарахтон шуморо ба дор меовезам, дар он ҳол хоҳед фаҳмид ман аз Худои нав гирифтаи шумо боқувваттарам.
Соҳироне, ки имон оварда буданд устуворона бе ягон тарсу ваҳм Фираъвнро чунин ҷавоб доданд: Эй Фиръавн! Мо ягон инсонро болотар аз Парвардигор намедонем ва ҳаргиз туро итоат ва ибодат нахоҳем кард. Ҳар коре мехоҳӣ бикун, моро ягон мусибате аз даститу нахоҳад расид, магар он чизе, ки Худованди таъоло барои мо насибу тақдир карда бошад ва мо ба Худованд имон дорем ва мо ба Парвардигори якто имон овардем то, ки хатову, гуноҳу ҷодугариҳои, ки мекардем аз мо дар гузарад ва бубахшад. Худованд аз ҳама ғолибу беҳтар аст, ва мо ҳаргиз барои имон оварданамон аз ту иҷозат нахоҳем гирифт.
АЗОБ ВА ТАҲҚИР
Соҳироне, ки имон оварда буданд суханҳояшонро идома дода гуфтанд: Эй Фиръавн! Дар ҳақиқат рӯзи қиёмат касе, ки кофиру бедин аст ба азоби дӯзах гирифтор аст, аммо касе, ки мӯъмину хубкору парҳезкор аст биҳишт ҷояш хоҳад буд. Қаҳру ғазаби Фиръавн зиёд шуд ва аскаронашро супориш дод, ки ҳар касе ба Худои Мӯсову Ҳорун имон овардааст, зери азобу шиканҷа гирифта кушта ва ё дор овехта шаванд. Лашкариёни Фиръавн мӯъминонро зери лату кӯб ва азобу шиканҷа гирифта онҳоро мекуштанд ва аз хонаҳояшон меронданд. Ягона гуноҳи онҳо он буд, ки ба Худованди бузург имон оварда ва Худо будани Фиръавнро рад карданд. Худи Фиръавн ва лашкариёнаш низ медонистанд, ки мӯъминонро гуноҳашон он аст, ки ба Худои ягона имон оварданд.
АЗ ХУДО ЁРӢ ХОҲЕД
Вақто, ки азобу шиканҷа болои мӯъминон аз ҳад зиёд шуд, назди Мӯсо (а) омаданд ва аз ӯ хостанд то пеши роҳи Фиръавн ва аскарони ӯро бигиранд. Локин ҳазрати Мӯсо (а) чӣ кор карда метавонист? Дар ҳақиқат ҳар як мӯъмин дар роҳи ақида ва имони худ муддате ба мушкилоту сахтиҳо гирифтор мешавад ва бояд бо сабру бурдбор бошад. Мӯсо (а) ба касоне, ки наздаш омада буданд чунин гуфт: «Аз Худо ёрӣ хоҳед ва басабр бошед».
Мӯсо (а) онҳоро насиҳат намуд ва хоҳиш намуд дар муқобили азобу шиканҷаи кофирон ва золимон бурдбор ва шикебо бошанд ва афзӯд: «Вал ъоқибатул лилмуттақин». Яъне оқибат барои парҳезкорону накукорони бо имон аст. Худованди таъоло онҳоро кӯмак ёрӣ медиҳад ва онҳое, ки дар роҳи дини Худо кушта мешаванд биҳишти ҷовидон ҷояшон хоҳад буд.
МӮСОРО ХОҲАМ КӮШТ
Бар мегардем ба сӯи Фиръавн бубинем чӣ фикру андешаи дигар дорад вақте, ки тамоми дарҳо ба рӯяш баста шуданд ва ягона чизе, ки дар дасташ мондааст ин зури ва қуввааш аст. Фиръавн наздикон ва ҳамроҳони худро як рӯзе ҷамъ мекунад ва аз онҳо мепурсад, роҳи холос ва ҳалли мушкилот бо Мӯсо (а) ва мӯъминони кадом аст, чӣ кор кунем, ки мулк аз дастамон наравад? Устувории ҷодугароне, ки имон овардаанд ва мӯъминон моро хаста кардааст намедонам чӣ кор кунам?
Атрофиёни Фиръавн ҳар кадом доир ба суоли дода ӯ фикрҳояшонро мегуфтанд. Локин Фиръавн фикри ягонтои онҳоро қабул накард ва дар охири маҷлис қарор бароварда гуфт: Мӯсоро ҳатман мекӯшем, роҳи дигар нест, ҳар каре мехоҳад бикунад, ку бубинем Худояш чӣ тавр наҷоташ медиҳад ва аз чанги ман чӣ гуна хулосаш мекунад. Сипас таъкид намуд, «Ҳатман Мӯсоро мекӯшем» Касоне, ки дар он маҷлис будан сукут кардан ва чизе нагуфтанд.
МӮЪМИНЕ АЗ ХОНАДОНИ ФИРЪАВН
Дар охири маҷлис баъди қарори баровардаи Фиръавн касе чизе нагуфт, ногаҳон ғайри чашмдошти Фиръавн яке аз ҳозирин аз ҷояш хеста бо суханони бурро гуфт: Эй мардум… Оё Мӯсоро барои имон оварданаш ба Худои ягона мекӯшанд? Оё шарм намекунед, оё аз азоби Худованд наметарсед?
Ман, ки хешу табори шумо ҳастам ба Худованди таъоло имон овардам, чаро шумо ноадолати мекунед, чаро мардуми бр имон ва мусалмонро азобу шиканҷа медиҳед ва мекушед. Шумо даъво мекунед, ки Фиръавн Худо ҳаст, бо ин даъвои дурӯғатон, ҳамроҳи Фиръавн ба азоби дардноки Худованди таъоло гирифтор мешавед. Ман шуморо бо сӯи дини Худо, дини ҳақ даъват мекунам, ақлҳои худро кор фармоед ва фикр намоед, дар ҳақиқат Мӯсо (а) дар роҳи ҳақ аст ва ҳар чӣ мегӯяд дуруст аст. Аз Худо битарсед ва ба ӯ имон оред.
САФАРИ МӮЪМИНОН
Фиръавну шариконаш он мардумеро, ки имон оварда буданд ва он мардеро, ки дар маҷлисашон онҳоро ба дини ҳақ даъват намуда буд ҳамроҳи дигар мӯъминон зери азобу шиканҷа гирифтанд. Худованди бузург мӯъминонро аз азобу шиканҷа раҳоӣ бахшид. Ба Ҳазрати Мӯсо (а) илҳом кард, ки аз он сарзамин ҳамроҳи мӯъминҳо баромада аз Миср ба Фаластин раванд, ва давлати Исломиро он ҷо барпо намоянд. Мардуми боимон дар он сарзамин азобу шиканҷаи зиёд кашида буданд, бинобарин Мӯсо (а) касонеро, ки имон оварданд ҷамъ менамояд ва барои халос шудан аз ҳакими золиму кофир бо имони ростин ва ақидаи комил ҳиҷрат менамояд.
ФИРЪАВН ОНҲОРО ТАЪҚИБ МЕКУНАД
Фиръавн аскаронашро ҷамъ намуда аз қафои мӯъминон равон шуд, ӯ бо тамоми қуввааш ҳаракат мекард, то Мӯсо (а) – ро бо шариконаш дастгир намуда ва ҳамчуноне, ки ваъда дода буд ба қатл расонад. Фиръавн намехост, ки мӯъминон аз чанголаш халос шаванд, бинобарин ба аскаронаш амр мекард, то ҳар чӣ зудтар мӯъминонро дастгир намуда бикӯшанд. Байни мӯъминон ва лашкари Фиръавн масофаи начандон зиёд монда буд, Мӯсо (а) бо қавмаш ба лаби руди Нил расиданд, дигар онҳо на пеш рафта метавонистанд ва на қафо…
БАҲР ВА ДУШМАН
Дар ҳақиқат мӯъминон дар як вазиъяти хеле мушкил қарор гирифа буданд, аз як тараф баҳр аз тарафи дигар душмани хунхор, агар пеш раванд ҳамаи онҳо ғарқ мешаванд ва агар пас гарданд Фиръавниён онҳоро ба қатл мерасонанд.
ПАС ЧӢ КОР КУНАНД?
Эй Худванди меҳрубон онҳоро кӯмак намо, то аз ин вазиъяти ногувор раҳоӣ ёбанд. Онҳо дар кори худ ҳайрон монда аз Мӯсо (а) талаб намуданд, ки аз Худованд дархост намояд, то онҳоро наҷот диҳад. Мӯсо (а) ба онҳо чунин ҷавоб дод: Каме мунтазир бошед, саросема нашавед, маро Худованд худаш фармуд, ки тарафи дарьё биёям, ва ӯ моро ёрӣ хоҳад расонд. Лашкариёни Фиръавн ба дарьё наздик мешуданд, дигар чизе намондаст, мӯъминонро саропо тарсу ваҳм фаро гирифта буд.
НАҶОТ
Раҳмату меҳрубонии бепоёни Худованди таъоло барои мӯъминон мерасад… ӯ зотест, ки Мӯсо (а) – ро дар ширхорагиаш аз кушта шудан наҷот дод, ӯро аз камбағалию марг мераҳонад ва Мӯсо (а) –ро соҳиби молу мулку завҷаи меҳрубон мегардонад, ӯро аз сеҳру ҷодуи ҷодугарони фиръавн раҳоӣ мебахшад… Оё ҳозир Худованд Мӯсо (а) – ро ҳамроҳи мӯъминҳо дар ин сахтӣ наҷот намедиҳад?
Бале, Худованд Мӯсо (а) амр мекунад, ки асоятро ба дарьё бизан. Ҳазрати Мӯсо (а) асояшро ба об меандозад, оби дарьё ду тақсим мешавад ба андозае, ки замин намоён мешавад ва мӯъминҳо бо шарофати ҳамин мӯъҷизаи Иллоҳӣ аз дарьё мегузаранд.
(идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/gunchahoi-umed/1605-kissahoi-quroni-13.html
...
-
02.09.2026 01:14
721
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
02.09.2026 01:09
447
Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+
-
31.08.2026 10:01
1848
Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ
-
06.05.2026 14:20
626
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
624
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
729
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
21.08.2026 11:04
469
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
328
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
273
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
575
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1193
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1120
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
02.09.2026 01:12
335
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
471
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
19.08.2026 18:29
1194
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
-
02.09.2026 12:56
327
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
259
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
28.08.2026 11:20
550
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
-
16.08.2026 14:01
576
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
397
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
264
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
449
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
349
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
309
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
799
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2172
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2336
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
487
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2297
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1376
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
376
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
303
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
404
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
358
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
411
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
437
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?









































