МУЪҶИЗАҲОИ АДАДӢ ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ
Имрӯзҳо олимони исломӣ кашф намуданд, ки Қуръони Карим аз ноҳияи адади дорои мӯъҷизаҳои аҷибе аст, ки барои каломи Худованд будани он далелҳои мустаҳкам мебошад. Қуръони Карим китоби Худованди ягона дорои мӯъҷизаҳаи фаровоне аст, ки барои кашфи онҳо ақлу донишу тадаббур зарурат дорад.
Он ақлу донише, ки нури Ислом барои истифодаи он тарғибу ташвиқҳои зиёде намудааст. Зеро Худованди якто дар Қуръони Карим чунин фармудааст: «Оё Қуръонро бо диққат мутолиа намекунед?» Пас касе ин китоби мӯъҷизаосоро бо диққат ва тадаббур мутолиа кунад бар ҳақиқатҳои шигифтовари он пай хоҳад бурд. Пай хоҳад бурд, ки Қуръон навиштаи махлуқ набуда, балки китобест танзимкунандаи тамоми шууни башарият дар ҳама асру замон, ки аз ҷониби Офаридгори ҷаҳони ҳастӣ фиристода шудааст.
Аз ҷумлаи мӯъҷизаҳои Қуръон ин мӯъҷизаҳои ададӣ дар Қуръон аст. Аз муҳимтарин фоидаҳои таҳқиқот ва баррасии Қуръон ин аст, ки ба афроди шаккок ва бедин исбот мекунем, ки ин ҳар ҳарфе ки дар Қуръон аст, аз ҷониби Худованд аст. Ҳоло дар зер намунае аз мӯъҷизаҳои ададии Қуръонро зикр хоҳем кард ва боқӣ аз шумо мехоҳем ақлро ба кор баред ва фикр кунед. Як намунае аз мӯъҷизаҳои адади дар Қуръон ин аст, ки калимаи (شهر) яъне «моҳ» дар Қуръони Карим 12 бор ба теъдоди моҳҳои сол такрор шудааст.
Калимаи (يوم) яъне «рӯз» дар Қуръон 360 бор мувофиқи рӯзҳои як сол такрор шудааст. Касе мехоҳад барраси кунад, марҳамат ба Қуръон муроҷиа кунад. Диққат фармоед азизон! Чӣ гуна Худованд дар китобаш калимаи «моҳ»-ро 12 бор ном бурдааст, ки ба теъдоди моҳҳо дар як сол баробар аст. Оё ин мувофиқат тасодуфи омадааст? Ҳар кас, ки ин ояҳои Қуръонро бо тафаккур мехонад дар меёбад бисёр дорои як низоми аҷибест. Бародарон! ба ин ояти аз Қуръони Карим таваҷҷуҳ кунед. Худованд фармудааст:
(قُلْ لَئِنِ اجْتَمَعَتِ الْإِنْسُ وَالْجِنُّ عَلَى أَنْ يَأْتُوا بِمِثْلِ هَذَا الْقُرْآَنِ لَا يَأْتُونَ بِمِثْلِهِ وَلَوْ كَانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيرًا ( سورة الإسراء : ۸۸ .
«Бигӯ, агар тамоми инсонҳо ва ҷинҳо бо ҳам ҷамъ шаванд, то монанди ин Қуръонро биоваранд ҳаргиз монандашро нахоҳанд овард, ҳатто агар ҳама ҳамроҳ ва пуштибони ҳамдигар шаванд»
Диққат фармуда калимаҳои ин оятро бишуморед. Дар ин оят 19 калима аст ва 76 ҳарф. Боз аҳамият дода нигоҳ кунед, дар ин оят фақат 19 ҳарф аз ҳарфҳои араби зикр гардидааст. Албатта ба истиснои такрор, ки он ҳарфҳо инҳоянд:
(ق ل ي ا ج ت م ع ن س و ب ث هـ ذ ر ك ض ظ )
Он чи назари моро ҷалб мекунад ин аст, ки мо дар баробари се навъ аз шаклҳои ададӣ дар ин оят ҳастем. Он се навъ инҳоянд:
1- Теъдоди калимаҳо дар ин оят =19 калима
2- Теъдоди ҳарфҳо дар ин оят = 76 ҳарф
3- Теъдоди ҳарфҳои истифода шуда аз алифбои арабӣ ба истиснои такрор=19 ҳарф
Андеша кунед дустон, чаро Худованд ин теъдодро дар ин оят интихоб фармудааст ва чӣ иртиботе бо Қуръон дорад?! Зеро ин оят инсонҳо ва ҷинҳоро ба мубориза мехонад ва аз онҳое, ки мегӯянд Қуръон навиштаи башар аст, талаб мекунад, ки монанди ин Қуръон биоваранд агар қудрат доранд. Ҳангоме, ки ин се шакли дар боло зикр шударо ҷамъ кунем баробар бо теъдоди сураҳои Қуръон мешавад. Масалан;
19+76+19=114 ки ин адади сураҳои Қуръон аст. Қуръони Карим ҳамагӣ аз 114 сура иборат аст. Субҳоналлоҳ! Оё ин нишонаи мӯъҷизаи Қуръон нест. Оё имкон дорад, ки чунин коре тасодуфӣ бошад?
Манбаъ: Cомонаи Тураҷонзодаҳо
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/2607-2010-07-05-05-24-13.html
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
200
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
321
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
175
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
209
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
437
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
183
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
195
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
172
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
247
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
232
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
414
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна