ТАРКИ ХУШӮЪ ДАР НАМОЗ
Аз силсилаи посухҳои Юсуф ҚарзовӢ ба суолҳо
Суол:- Хушӯъ дар намоз чӣ ҳукме дорад? Оё фуқдони хушӯъ муҷиби бутлони намоз аст?
Ҷавоб:- Адами хушӯъ дар намоз ба чанд маъно метавонад бошад. Агар хушӯъ ба наҳве бошад, ки намозгузор дар аснои намоз он андоза ҳаракоти зиёдеро анҷом бидиҳад, ки ангор дар ҳоли намоз нест, монанд ин ки баданашро бихорад, ё ба соъаташ нигоҳ кунад ва онро кук (пахш) кунад ва ба ин тараф ва он тараф нигоҳ кунад ва аммома ё шарфи гарданашро мураттаб кунад …, яъне ҳамон тавре, ки назди баъзе аз мардум чунон ҳолатеро мебинем, ин навъ аз адами хушӯъ, ба хотири ҳаракоти бисёр зиёд, намозро ботил мекунад, чунин аъмол абас маҳсуб мешаванд ва аз мусалмоне, ки бо қалб ва андеша ба Худо рӯй оварда ва барои намоз эҳтиром қоил бошад ва арзиш ва баҳои онро бишиносад, чунин аъмоле интизор намеравад.
Аммо агар адами хушӯъ ба ин маъно бошад, ки намозгузор аҳёнан ҳаракоти андакеро анҷом диҳад ё фикри ӯ ба ҷои дигар биравад, ё дар намоз ҳузури қалбӣ надошта бошад, ҳар чанд намозро ботил намекунад, вале рӯҳи намозро аз миён мебарад, зеро ки рӯҳи намоз дар ҳақиқат ҳамон хушӯъ аст, Худованди мутаъол мефармояд: «Ба ростӣ мӯъминоне, ки дар намозашон фурӯтананд, растагор ҳастанд».
Хушӯъ бар ду навъ аст: 1. Хушӯъи қалб - 2. Хушӯъи ҷавориҳ.
Хушӯъи қалб ба ин маъност, ки намозгузор муроқибат ва азамати Худованди мутаолро дар қалби худ эҳзор ва эҳсос намояд ва нисбат ба оятҳои Қуръон, ки худ мехонад ва ё мешунавад, фаҳм ва тадаббури худро бакор бандад ва ба маънои азкор аз қабили такбирот ва тасбиҳот ва «самеъаллоҳу лиман ҳамида» огоҳӣ ва таваҷҷӯҳ дошта бошад ва нисбат ба маъонии ин азкор (дуоҳое, ки дохили намоз хонда мешаванд) ва ҳангоми тиловат ва шунидани оёти қуръонӣ, тадаббур дошта бошад.
Дар ин мавқеъ аст, ки намозгузор амалан эҳсос мекунад дар пешгоҳи Худованди азза ва ҷалла истодааст ва бояд намозашро аз бозӣ ва афъоли беҳуда пироста гардонад. Аз яке аз бузургони салаф ба номи Ҳотами Асам суол шуд, ки чигуна намозашро мехонад, дар ҷавоб гуфт:
«Такбирро ба сурати воқеӣ бар забон меоварам, қироатро бар тартил мехонам, хошиъона ба рукӯъ меравам, залилона ба саҷда меравам, биҳиштро самти рост, дӯзахро самти чап, сиротро зери по, Каъбаро миёни абрувон, малакулмавт (фариштаи марг)-ро болои сар, гуноҳонро муҳит (дар атроф) ба худ, чашмони Худоро нозир ва муроқиби худ мебинам ва ҳар намозро охирин намоз дар умри худ мепиндорам ва ба андозаи тавон дар он ихлосро ба кор мегирам. Салом медиҳам, дар ҳоле, ки шак ва тардид дорам, ки оё Худованди мутаъол ин намозро аз ман мепазирад ва ё мефармояд онро бар пешонии соҳибаш бикӯбед».
Вале агар намозгузор ба намозаш биистад, дар ҳоле, ки тамоми ҳаму ғамми дунё бар ӯ фурӯ резад, худро ба ҳар чизе ҷуз намоз машғул созад, чунин чизе шоистаи ҳеч мусалмонӣ нахоҳад буд. Ба ҳар ҳол ҳамеша чанд амри оризӣ вуҷуд дорад, ки инсонро маҷбур ва мағлуби худ месозад ва дар айни ҳол аз ӯ хоста шудааст, ки он умурро аз мағз ва андешаи худ дур созад ва дар маконе қарор гирад, ки хушӯъ ва тадаббур дар маъонӣ ва тамаркузи ҳавос ба андозаи тавон барои ӯ падид ояд ва ончӣ хориҷ аз тавони ӯ бошад, иншоааллоҳ Худованд меомурзад, ин маънои хушӯъи қалб аст.
Дар канори хушӯъи қалб, хушӯъи ҷавориҳ (андом) вуҷуд дорад, ки дар воқеъ мукаммал ва мазҳари хушӯъи қалб мебошад. Ҳамон тавре, ки дар ривоят омадааст: «Агар қалби ин мард хушӯъ медошт ҷавориҳаш ва андомаш низ хушӯъ медоштанд».
Маънои хушӯъи ҷавориҳ ин аст, ки дар намоз ҳамчун рӯбоҳ ба ин тараф ва он тараф нигоҳ накунад ва кӯдакона ба афъоли беҳуда напардозад ва ҳаракоти изофӣ, ки мухилли хушӯъ ва аз байнбарандаи рӯҳи намоз аст, напардозад, балки намоз хоҳони ин аст, ки инсон бо матонат ва виқор дар пешгоҳи Худованд бистад.
Таҳиякуанда Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/4620-tarki-khushu-dar-namoz.html
-
05.10.2026 08:36
334
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
267
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
192
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
791
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
759
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
741
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
108
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
169
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
155
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
15.09.2026 20:48
424
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
629
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
675
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
06.10.2026 23:47
235
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
166
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:15
206
Пойтахт «ҳушманд» мешавад: Аз чароғакҳои ҳушманд то гузаргоҳҳои дурахшандаи пиёдагард
-
06.10.2026 09:21
232
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
392
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
357
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
282
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
393
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
199
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
10.09.2026 22:44
542
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
539
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
631
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
02.03.2026 23:37
833
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
928
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2293
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
597
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2421
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1483
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
04.10.2026 20:51
305
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
267
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
23.09.2026 20:56
122
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
-
04.10.2026 20:56
317
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
285
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон
-
27.09.2026 20:06
236
Gazzetta di Mantova: Қадимтарин рӯзномаи Италия










































