НОМАИ ӮЗБАКТАБОРОНИ ТОҶИКИСТОН БА КАРИМОВ
Гурӯҳе аз ӯзбактаборон дар Тоҷикистон дар номае саргушода ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, аз ӯ дархост кардаанд, ки аз мудохила дар тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" даст бардорад. Номаи ин гурӯҳ рӯзи панҷшанбеи 11 феврал дар "Халқ овози", як нашрияи давлатӣ дар Тоҷикистон, ки ба забони ӯзбакӣ мунташир мешавад, чоп шудааст.
Дар оғози ин нома, муаллифон аз шароити ба гуфтаи онҳо хуби зисту зиндагии ӯзбакҳо дар Тоҷикистон сухан гуфта ва сипас ба мавзӯъи ихтилофи ду кишвар бар сари тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" пардохтаанд. Ин нома аз сӯйи 15 нафар, ки худро шоъиру нависандагон, олимону соҳибкорон муъаррифӣ мекунанд, имзо шудааст. Бархе аз нашрияҳои дигар ҳам тасмим гирифтаанд ин номаро мунташир кунанд.
"МОРО БА ҲОЛИ ХУД ГУЗОРЕД..."
Дар ин нома аз ҷумла омадааст: "Тоҷикистон як кишвари дорои қавму миллатҳои зиёд аст. Мо, ӯзбакҳо ҳам, ки дар ин кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем, худро тоҷикистонӣ медонем, чун сарнавишти мо бо ин сарзамин пайванд хӯрдааст."
Муаллифони ин нома аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони "ситорае роҳнамо" ном бурда ва мегӯянд, ки "интихоби роҳи демукротики тавсеъа рӯҳияи мардуми моро боло бурдааст." Бахши дигари ин нома лаҳни шадидтаре ба худ гирифта ва дар он оварда шудааст, ки ӯзбактаборони Тоҷикистон аз бархӯрди раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон бо Тоҷикистон ибрози таъаҷҷуб мекунанд:
Дар нома аз ҷумла омадааст: "Барои чи ҳамсояҳоямон намегузоранд, ки мо орому осуда ва серу пур зиндагӣ кунем? Ба назар мерасад, ки онҳо пешрафти Тоҷикистонро намехоҳанд."
Муаллифон ҳамчунин ба зимистонҳои сахту сарди солҳои ахир ишора карда ва менависанд: "Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон аз сармо ва бебарқӣ азият мекашиданд, Ӯзбакистон нисбат ба онҳо бетафовут буд, интиқоли гози худро коҳиш дод ва аз системи воҳиди энержӣ хориҷ шуд."
Ба навиштаи ин гурӯҳ, сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" замина барои расидан ба истиқлоли энержиро дар Тоҷикистон фароҳам месозад, вале "дар авҷи ҷӯшу хурӯши кор дар ин нерӯгоҳ, раҳбарони Ӯзбекистон аз анҷоми ин кори хайр монеъ мешаванд."
Дар ин нома хитоб ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон омадааст: "Муҳтарам президенти Ӯзбакистон, чи ниёз аст мақомоти кишваре, ки Шумо сарвараш ҳастед, ба худ иҷоза медиҳанд дар корҳои дохилии мо мудохила кунанд? Иқдоми шумо барои ҷилавгирӣ аз сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" бо ҳар гуна далоили беасос, моро водор месозад чунин натиҷагирӣ кунем."
Дар идома онҳо менависанд: "Ҳадаф аз ин номаи саргушода ин аст, ки ба шумо бифаҳмонем, ки агар наметавонед ёрдам кунед, лоақал моро ором гузоред, то худамон тақдири худро бисозем."
КОРЗОРИ ТАБЛИҒОТӢ?
Теъдоди 15 нафар зери ин нома имзо гузоштаанд, вале яке аз муаллифон, Зебуннисо Сатторова, ки пажӯҳишгари таърих аст, дар посух ба ин суол, ки "Оё ин нома баёнгари фикри ҳамиа ӯзбекҳо дар Тоҷикистони аст?" мегӯяд: "Оре, бе ягон шубҳа."
Ба гуфтаи хонуми Сатторова, ҳадаф аз нашри ин нома нишон додани мавзеъгирии узбактаборони Тоҷикистон ба ҳукумат аст: "Ӯзбаку тоҷик тӯли қарнҳои зиёд бо ҳам дӯст буданд ва мо хоҳони ҳарчи зудтар бартараф шудани ин мушкил ҳастем."
Аммо оё ин нома мушкилро ҳал мекунад? Ба ин савол хонуми Сатторова чунин посух дод: "Номаҳое, ки ду нахуствазир ба ҳамдигар навиштанд, моро ба навиштани ин нома водор сохт. Агар номаи нахуствазири Ӯзбакистон дар расонаҳо чоп дода намешуд, гап дигар буд. Агар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" боъис шавад, ки корхонаҳои мо фаъол шаванд, ба хонаҳоямон рӯшанӣ ояд, фарзандонамон ҷойи кор пайдо кунанд, мо албатта, тарафдори сохтмони "Роғун" мебошем."
Апаи Зебуннисо мегӯяд, ки ин нома бидуни ҳеч гуна таҳдиде аз боло навишта шудааст. Ҳарчанд дар маҳаллоти узбакнишин гоҳу ногоҳ ин хабар ҳам, ки раҳбарони маҳаллӣ гуё тоҷирони ӯзбакро таҳдид мекунанд, ки "Каримов мухолифи "Роғун" аст ва ту ҳам узбак ҳастӣ" ба гӯш мерасад.
Бо ин ҳол, бархе аз сисёсатшиносон дар Тоҷикистон дар бораи муносибати Ӯзбакистон бо тарҳи "Роғун" назароти дигаре доранд. Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, мегӯяд: "Сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш бо сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" комилан мухолиф нест, балки мехоҳад садди ин обанбор пасттар сохта шавад."
Дар ҳамин ҳол, бархе аз зиёиёни узбак муътақиданд, ки ин нома ба хотири "тамаллуқ ва худширинкунӣ" ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Онҳо мегӯянд, ки ин нома равобити ду кишварро тиратар хоҳад кард ва аз ин кор танҳо мардуми одӣ ранҷ мебаранд.
Бархе аз соҳибназарон ҳам муътақиданд, ки чопи номае аз ӯзбактаборони Тоҷикистон ҷузъи корзорҳои таблиғотиест, ки сиёсатмадорони ду кишвар алайҳи ҳамдигар ба роҳ андохтаанд. Зимнан, ӯзбакҳо ва ӯзбактаборон шумори қобили мулоҳизае аз ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Бархе аз манобеъ теъдоди онҳоро чаҳоряки ҷамъияти ин кишвар медонанд. Шумори тоҷикон низ дар Ӯзбакистон зиёд буда ва гуфта мешавад бахши аъзаме аз аҳолии шаҳрҳои бузурги Бухорову Самарқанд ва манотиқи дигари ин кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд, ҳарчанд бар асоси омори расмӣ шумори онҳо аз панҷ дарсад бештар нест.
Мустаҳкам Тангриёрова, Би-би-Си, Душанбе
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1740-2010-02-13-10-55-37.html
-
05.10.2026 08:36
338
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
269
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
193
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
796
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
765
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
747
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
116
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
175
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
159
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
04.10.2026 21:01
282
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
427
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
633
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
10.10.2026 12:39
123
Аз Қатъномаи СММ то Конфронси Душанбе-2027: Гузориши ҳайати Тоҷикистон дар САҲА
-
06.10.2026 23:47
240
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
172
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:21
237
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
395
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
362
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
283
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
395
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
203
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
17.09.2026 21:27
315
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
547
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
542
Таваллуди Паёмбар (с)
-
02.03.2026 23:37
838
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
930
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2296
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
601
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2425
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1489
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
06.10.2026 09:13
223
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
307
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
271
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
10.10.2026 12:52
326
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ
-
04.10.2026 20:56
320
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
290
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон










































