БОЗДОШТИ БУЛДОЗЕРҲОИ РОҒУН ДАР УЗБАКИСТОН
Масъулони ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти Узбакистон ҳудуди 400 вагони Тоҷикистонро, ки ҳомили маводи сӯхт ва таҷҳизоти фаннӣ барои сохтмони Роғунанд, иҷозаи убур надодаанд.
Дар ин бора Андрей Тропин, масъули бахши боркашонии ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тайи ду моҳи ахир ҷониби Узбакистон транзити қаторҳои Тоҷикистонро комилан манъ кардааст ва шумори вагонҳои манъшуда дар ҳудуди ин кишвар рӯз то рӯз меафзояд. Ҷаноби Тропин гуфт, аксари вагонҳои бандшуда ҳомили маводи сӯхт ва трактору булдозерҳо барои сохтмони нерӯгоҳи Роғунанд.
Зарари моддии чунин иқдоми Узбакистон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 5 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Баъзе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар банд мондани қаторҳои маводи сӯхт дар айёми киштукори баҳорӣ ба бахши кишоварзӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ҷониби Узбакистон сабаби манъи қаторҳоро ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳан ва банд будани қисмати роҳ дар минтақаи Талимарҷони Туркманистон рабт додааст.
Мушкили транзити қаторҳои боркаши Тоҷикистон тавассути хоки Узбакистон ахиран ба масъалаи доғи миёни ду кишвар табдил шудааст. Қаблан беш аз 1000 вагони молу маводи Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя боздошт шуда буд ва барои раҳо кардани онҳо Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Тошканд муроҷиат кард.
Таҳлилгарон бурузи мушкилот дар ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистонро пайомади танишҳои Душанбеву Тошканд дар робита ба масоили об ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун медонанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1979-2010-03-22-17-10-31.html
-
05.10.2026 08:36
339
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
269
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
194
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
797
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
767
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
748
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
116
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
175
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
161
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
04.10.2026 21:01
283
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
428
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
635
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
10.10.2026 12:39
126
Аз Қатъномаи СММ то Конфронси Душанбе-2027: Гузориши ҳайати Тоҷикистон дар САҲА
-
06.10.2026 23:47
240
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
173
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:21
237
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
395
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
362
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
283
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
395
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
203
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
17.09.2026 21:27
316
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
547
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
542
Таваллуди Паёмбар (с)
-
02.03.2026 23:37
838
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
932
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2296
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
602
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2426
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1490
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
06.10.2026 09:13
224
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
308
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
271
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
10.10.2026 12:52
326
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ
-
04.10.2026 20:56
320
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
292
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон










































