САҲМИЯҲОИ РОҒУН БА ФУРӮШИ ТАКРОРӢ МЕБАРОЯД
Вазорати молияи Тоҷикистон саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро барои нахустин бор ба бозори фурӯши такрорӣ мебарорад. Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, фурӯши саҳмияҳо дар оянда аз тариқи бозори молиявӣ ё саҳҳом сурат хоҳад гирифт. Оқои Наҷмиддинов мегӯяд: “Дар фонди биржавӣ бозори озод мешавад. Он ҷо низ саҳмияҳоро ба муомилот мебарорем. Ин маъракаи яквақта нест, балки маъракаест, ки то сохтмони нерӯгоҳ давом дорад, идома хоҳад ёфт”.
Мақомоти вазорати молия мегӯянд, агар танҳо дар моҳи январи соли 2010 сокинон ба бештар аз 700 миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ карда бошанд, дар се моҳи баъдӣ ин рақам фақат ба 180 миллион сомонӣ баробар будааст.
Ҷамшед Шерматов, раиси бахши коғазҳои қимматноки вазорати молия, мегӯяд, дар бозори саҳҳом ё бозори молиявӣ афроди алоҳида ширкат накарда, ширкатҳои саҳҳомӣ ва афроди ҳуқуқӣ метавонанд, ки танҳо аз тариқи миёнаравҳо дар ин муомила ширкат намоянд: “Баробари муайян шудани миёнарав аз тарафи ҷамъияти саҳҳомии “Роғун”, ҳар як саҳмдор ва он саҳмияҳое, ки то имрӯз фурӯхта нашудаанд, тавассути биржа озодона хариду фурӯш мешаванд. Моҳияти биржаи фондӣ ҳам дар он аст, ки ҳамон маблағҳои озоде, ки дар иқтисодиёт аст, сарҷамъ мешаванд ва ба самте, ки бояд аз фурӯши саҳмия ба даст оварда шавад, ба ҳамон самт истифода мегардад”.
Баҳром Шарифов, коршинос дар умури бонкӣ, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, хариду фурӯши саҳмияҳои Роғун дар бозори саҳҳом тибқи “қонунҳои ин бозор” сурат хоҳанд гирифт ва арзиши саҳмияро низ бозор муайян хоҳад кард. Яъне, ба гуфтаи ӯ, агар талабот зиёдтар бошад, саҳмияҳо ба нархи гаронтар ва агар талабот камтар бошад, ба нархи арзонтар харида ё фурӯхта мешаванд.
Ӯ афзуд: “Он шахсоне бурд мекунанд, ки панҷ - шаш сол ё то ба итмом расидани сохтмон ё ҳадди ақал то гирифтани фоидаи аввал саҳмияро нигаҳдорӣ кунанд. Чунки одамон метавонанд ба ҳар гуна овозаҳо бовар карда, саҳмияро фурӯшанд ва бой диҳанд. Барои ҳамин тавсия медодам, ки агар ин гуна саҳмияро барои ҳамчун маблағгузории дарозмуддат истифода баранд, баъд ба мақсад мерасанд”.
Таблиғ ва фурӯши нахустин саҳмияҳо барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфт. Ин саҳмияҳо дар маҷмӯъ ба миқдори 6 миллиард сомонӣ таҳия шудааст. Қарор аст, ки давлати Тоҷикистон ба миқдори 4,5 миллиард сомонӣ саҳмияҳои Роғунро худаш харидорӣ карда, саҳмияҳои боқимондаро ба шаҳрвандони тоҷик бифурӯшад.
Мақомот мегӯянд, то ҳол саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба маблағи бештар аз 800 миллион сомонӣ фурӯхта шудааст. Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки аз маблағҳои ҷамъоваришуда аз фурӯши саҳмияҳои Роғун то кунун чӣ миқдори он сарф шудааст, чунин посух дод:
“Аз ҳисоби маблағҳои мардумӣ то имрӯз ба маблағи 76 миллион сомонӣ барои ду агрегати нерӯгоҳи Роғун аз ширкати Турбоатоми Украина таҷҳизот харидорӣ шудааст. Дигар маблағи боқимонда аз 814 миллион сомоние, ки аз фурӯшис аҳмияҳо аб даст омад, дар хизинаи вазорати молия ва ҳамчунин др хазираи бонкҳои тиҷоратӣ маҳфуз аст. Мувофиқи тарби муайяншуда баонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бидуни ҷизоаи вазоарти молия ба харҷи ин маблағҳо ҳақ налдранд”.
Вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин дар ин сӯҳбаташ бо хабарнигорон, қатъи маъракаи таблиғотии Роғун дар кишварро рад кард ва гуфт, ки “танҳо аз таблиғоти серхароҷот ва аммо камтаъсир худдорӣ шудааст”.
"Вазоратҳо маблағро ғайримақсад истифода кардаанд"
Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз харҷи ноҳадафмандона ё ғайримақсади маблағҳои буҷа дар баъзе аз вазорату корхонаҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ тибқи аудит ё бозрасии ин вазорат, бештар аз 1 миллион сомонӣ дар вазоратхонаҳо маблағ “гум” шудааст ё ғайримақсад истифода гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ахири Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон, ин рақам ҳудудан ба 10 миллион сомонӣ мерасад. Вазири молия дар сирқати маблағҳои буҷа вазоратҳои кишоварзӣ, энержӣ ва саноат, обу обёрӣ, меҳнат ва фарҳангро масъул донист.
Вай афзуд: “Аз он ҷумла дар вазорати кишоварзӣ 266 ҳазор сомонӣ ғайримақсаднок истифода шуда, камбуди дигар воситаҳои пулӣ дар ин вазорат ба 5 миллион сомонӣ мерасад. Ҳамчунин, дар вазорати обу обёрӣ 1 миллион сомонӣ, вазорати меҳнат 33 ҳазор сомонӣ, вазорати тандурустӣ 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ , вазорати нақлиёт 300 ҳазор сомонӣ, вазорати фарҳанг 1,9 миллион сомонӣ, вазорати энергетика 1,3 миллион сомонӣ камомади маблағ сабт шудааст”.
Вазири молия ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки ё масъулони ин камомадҳои маблағ ва ё ба истилоҳи дигар масъулони “гумшавии” маблағҳо то ҳоло муҷозот шудаанд, ё не, гуфт: “Инҳо ҳатман муҷозот мешаванд, муҳокима мешаванд. Дар вазорати молия муҳокима мекунем, дар бораашон ба ҳукумат менависем. Дар вазорати молия барои камомадҳо ду мудири ноҳияи Панҷ ва Зафарободро аз кор барканор кардем. Ва ҳамчунин ду корманди шӯъбаи аудити ин ду ноҳияро низ ба ҷазои маъмурӣ кашидем. Ин доим таҳти назорати мо аст”.
Мушкили қарзҳои хориҷӢ
Аммо муҳимтарин мушкиле, ки дар рӯ ба рӯи мақомоти Тоҷикистон қарор дорад, дарёфти қарз аз созмонҳо ва кишварҳои хориҷист. То ҳоло қарзи давлатии Тоҷикистон ба бештар аз 1 миллиарду 700 миллион доллар мерасад, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 34,9 дар сад мебошад.
Сафаралӣ Наҷмудинов, вазири молия мегӯяд, лимити Тоҷикистон барои дарёфти қаорзҳои хориҷӣ 40 дасадим аҷмуи маҳсулоти дохили будааст, ки ҳоло Тоҷикистон аз ин ҳисоб ҳамагӣ каме бешар аз 5 дарсадро дар ихтиёр дорад. Гуфта мешавад, бахши аслии ин маблағҳо ба бахшҳои энержӣ, коммуникатсия ва амнияти ғизоии кишвар сарф шудааст.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2198-2010-04-27-03-52-19.html
-
05.10.2026 08:36
338
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
269
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
193
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
796
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
765
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
747
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
116
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
175
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
159
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
15.09.2026 20:48
427
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
633
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
678
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
06.10.2026 23:47
240
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
172
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:15
212
Пойтахт «ҳушманд» мешавад: Аз чароғакҳои ҳушманд то гузаргоҳҳои дурахшандаи пиёдагард
-
06.10.2026 09:21
237
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
395
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
362
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
283
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
395
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
203
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
10.09.2026 22:44
547
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
542
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
636
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
02.03.2026 23:37
838
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
930
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2296
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
601
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2425
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1489
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
04.10.2026 20:51
307
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
270
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
23.09.2026 20:56
126
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
-
04.10.2026 20:56
320
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
289
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон
-
27.09.2026 20:06
241
Gazzetta di Mantova: Қадимтарин рӯзномаи Италия










































