ЭЪЛОМИ МУЗОЯДА БАРОИ ПАЖӮҲИШИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН
Масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» аз эъломи тендер ё музоядаи байналмилалӣ барои арзёбии заминаҳои молӣ ва бехатарии плотина ё сади нерӯгоҳи Роғу, ҷанбаҳои экологӣ ва таъсироти иҷтимоии он хабар доданд.
Маҳмадамин Аминов, масъули «Барқи Тоҷик», рӯзи чаҳоршанбеи 28 апрел дар нишасте ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки «мушовирони Бонки ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дидан карданд. Онҳо баъзе суолҳо доштанд ва мо хоҳиш кардем, ки ба таври хаттӣ суолҳояшонро матраҳ кунанд ва мо низ ба таври хаттӣ ба суолҳои онҳо ҷавоб хоҳем гуфт».
Ҳамчунин ҷаноби Аминов гуфт, ки бар иловаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистон ҳафт нафар мушовирони дигарро дар чаҳорчӯби муқаррароти ин бонк барои арзёбии молӣ ва фаннӣ ва ташхиси экологӣ ва таъсироти иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун ҷалб хоҳад кард. Ба гуфтаи вай ин мушовирони мустақил, «умдатан мутахассисони муҳандиси заминшинос ё геолог, муҳандисони плотина ё садд, экологҳо ва ғайра хоҳанд буд».
Ҷаноби Аминов афзуд, онҳо ба ду гурӯҳ тақсим хоҳанд шуд, ки яке масоили таҳияи лоиҳаи санади молӣ ва фаннӣ ва бехатарии плотина ва гурӯҳи дигар арзёбии экологии лоиҳаро анҷом хоҳанд дод. Тибқи иттилои Маҳмадамин Аминов, аз даҳ ширкате, ки дар музояда ҷалб шудаанд, ду ширкат интихоб хоҳанд шуд, ки масоил марбут ба таҳияи лоиҳаи санади фаннӣ ва молӣ ва ташхиси экологии нерӯгоҳро анҷом хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол имрӯз коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», аз маҳалли нерӯгоҳи «Норак» дидан карданд. Гурӯҳи коршиносон Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 20-уми апрел вориди Тоҷикистон шудаанд, ки ҳадафи аслии ин ҳайат дар ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон арзёбии ТЭО ё лоиҳаи санади фаннӣ ва молӣ ва ташхиси бехатарии плотина ва экологии нерӯгоҳи Роғун мебошад.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2218-2010-04-28-18-32-59.html
-
30.07.2026 11:01
408
Мулоқоти Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон
-
26.07.2026 12:30
535
Истиқлол ва Ваҳдат: Ду боли парвози Тоҷикистон ба сӯйи қуллаҳои ҷаҳонӣ
-
23.07.2026 12:56
407
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
-
06.05.2026 14:20
558
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
570
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
661
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
438
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1181
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1229
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
11.07.2026 11:51
441
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1075
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
972
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
21.07.2026 14:28
480
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
-
17.07.2026 15:54
418
“Садамаҳои нақлиётӣ – проблемаи рӯз!”
-
16.07.2026 12:03
473
«Истиқлолият рамзи олии Ватану ватандорист!»
-
14.06.2026 14:44
658
САДОИ ҶОВИДОНИ БУЛБУЛИ ШАРҚ: ДАР ДУШАНБЕ 80-СОЛАГИИ АҲМАД ЗОҲИРРО ТАҶЛИЛ НАМУДАНД
-
18.05.2026 19:35
353
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
428
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
22.12.2025 20:26
1159
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
1074
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1383
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
28.02.2025 13:34
2492
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2566
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3586
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
682
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2056
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2203
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
2176
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1262
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1148
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
28.07.2026 11:18
283
Чемпионати ҷаҳонии соли 1962
-
21.07.2026 14:07
341
Чемпионати ҷаҳонии соли 1958
-
20.07.2026 18:07
214
Ҷоми ҷаҳон 2026 ҷаҳонро муттаҳид кард
-
03.08.2026 10:28
297
Чеҳраҳои мондагор: Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ
-
01.08.2026 11:28
338
Фермаҳои амудӣ: Кишоварзӣ дар даруни баландошёнаҳо
-
30.07.2026 11:10
396
Айнакҳои AR: Оё смартфонҳо ба зудӣ аз байн мераванд?










































