ГУЛРУХСОР: МАН ҲАРГИЗ ЗИДДИ СОХТМОНИ РОҒУН НАБУДАМ
Шоираи саршиноси тоҷик Гулрухсор зуҳри рӯзи 30-юми апрел меҳмони дафтари Радиои Озодӣ шуд ва ба суолҳои хонандагони сомонаи радио дар сӯҳбати онлайн посух дод. Ба ин сӯҳбат ҳудуди 150 суоли беш аз 70 хонандаи торнамои Озодӣ аз Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ирсол шуд. Бештари суолҳо ба сарнавишти нерӯгоҳи Роғун ва мавқеи Гулрухсор ба ин тарҳи азим рабт дошт. Иддае аз мардуми дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон Гулрухсорро ҳамчун яке аз мухолифони тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар даврони Шӯравӣ меноманд.
Вале зимни сӯҳбати мустақим ва чунин назарро беасос хонд ва иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ зидди бунёди ин нерӯгоҳ набудааст. Вай гуфт, дар замони оғози ин сохтмон мо танҳо масъалаи омӯзиши комили шароити кӯҳистон барои сохтани чунин сарбанди азим ва ба назар гирифтани манфиати сокинони атрофи обанборро пеш гузоштем.
Хонандагони торнамо ҳамчунин дар мавриди ҳаёт ва эҷодиёти шоира, вазъи занон дар кишвар, ҳаводиси солҳои 90-ум, сарнавишти кишвар ва мардуми Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳо ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Гулрухсор дар посухи ин суолҳо роҷеъ ба нақшу ҷойгоҳи занон гуфт: Дар бадтарин ва сахттарин рӯзҳое, ки даврони ҷанги бародаркушӣ, ки ба сари миллати мо омад, аввал ба сари занону духтарон рехт. Шавҳаронашонро куштанд, бародаронашонро куштанд, кӯдаконашонро куштанд, хонаҳояшонро хароб карданд. Ва ин зан тавонист, ки аз ҳамин як даҳшат сар боло кунад, боз хона обод кунад, ошиқ шавад, фарзанд ба дунё биёрад. Аммо ҳамаи ин дар маҷмӯъ як сухани шоирона аст.
Агар ба сари зиндагӣ баргардем, вазъе, ки зани тоҷик дорад, хеле вахим ва ташвишовар аст. Намешавад, ки зан ҳам кор кунад, ҳам бача тарбия кунад, ҳам хонадор бошад, ҳам зани хуб бошад. Ин борҳо ҳамааш дар гардани зани тоҷик аст. Ва он чи ки аз тарафи ҷомеа ва ҳукумат ҳамчун ваъда ба зан дода мешавад, кофӣ нест.
Имрӯз ҳам барномаи ҷиддие барои рушду нумуъ барои беҳсозии вазъи занон бояд рӯи кор биёяд ва ин барнома аз тамоми барномаҳои ҳукуматӣ ҷудо бошад ва дар он пеш аз ҳама бояд, ки ҷиҳати иқтисод, моддӣ ва фарҳангии занон ба назар гирифта шавад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2230-2010-04-30-19-54-21.html
-
23.10.2026 12:48
252
Субот ва амнияти минтақавӣ: Мулоқоти дипломатҳои Тоҷикистон бо роҳбарияти САҲА дар Душанбе
-
20.10.2026 15:48
220
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
-
20.10.2026 15:45
238
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
14.09.2026 04:00
330
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
839
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
799
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
24.10.2026 13:16
378
Аз Берлин то Душанбе: Ҳайати тиҷоратии Олмон бо технологияҳои нави коммуналӣ ва саноатӣ ба Тоҷикистон меояд
-
24.10.2026 13:14
388
Аз Душанбе то Батуми: Уфуқҳои нави тиҷорат, нақлиёт ва амнияти иқтисодӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон
-
24.10.2026 13:09
264
Хатлон — меҳвари ҷалби сармояи ҷаҳонӣ: Аз агрологистика ва занони деҳот то инқилоби нассоҷӣ
-
12.10.2026 00:59
469
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
365
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
460
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:14
327
Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард
-
21.10.2026 22:08
304
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
454
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
21.10.2026 22:17
423
Масъалаи хат ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ дар муқоиса бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон
-
20.10.2026 15:35
613
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
193
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
02.10.2026 13:53
338
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
324
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
436
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
12.10.2026 01:06
402
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
351
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
584
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
228
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
267
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
874
“Ранҷи модар”
-
12.08.2026 23:15
1065
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
637
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2459
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
19.10.2026 12:04
231
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
448
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
320
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
489
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
400
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
391
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































