САРНАВИШТИ НОРАВШАНИ 200 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ РОҒУН
Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон омода нестанд, ки ҳудуди 200 миллион доллари ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба даст оварда, ба муомилот бигузоранд. Ин дар ҳолест, ки бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон барои ғанисозии сандуқи қарздиҳии худ аз бонкҳои хориҷӣ ва Бонки миллӣ қарз мегиранд. Пас суоле матраҳ аст, ки ба чӣ далел бонкҳои кишвар намехоҳанд пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои Роғунро истифода баранд?
Фоизҳои гарони Вазорати молия
Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, бонкҳо аз фоизи баланди қарзҳои Вазорати молия метарсанд. Аммо бархи дигари коршиносон бар инанд, ки бонкҳо аз нотавонии худ ва дар мавриди зарурӣ баргардонида натавонистани ин қарзҳо дар ин кор худдорӣ мекунанд.
Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, далели дигари худдории бонкҳо аз маблағҳои нерӯгоҳи Роғунро чунин тавзеҳ дод: «Маблағҳое, ки бонкҳои тиҷоратӣ феълан дар гардиш дорад, нисбат ба талабот зиёд аст. Ва ба ҳамин далел бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳоли ҳозир ба пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳо ниёз надоранд. Ба ҳамин хотир аз ширкат дар музоядаҳои Вазорати молия даст кашидаанд».
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 миллион доллар аз фурӯши аз саҳмияҳо дар хазинаи Вазорати молия қарор дорад. Ва бархе аз киршиносон ин маблағро «капитали мурда» унвон кардаанд. Ба ин далел, ки ин 200 миллион доллар аз гардиш ё муомилот бозмондааст.
Комиссиюни ҷамъиятӢ дар рӮи когаз
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон барои шаффофияти ҷараёни фурӯши саҳмияҳо ва масрафи ин маблағҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ комиссиюни ҷамъиятӣ ташкил карда буд. Ҷуз Масъуд Собиров, раиси бахши иқтисоди Донишкадаи иқтисод ва узви ин комиссиюн, дигар аъзои он ҳозир нашуданд, ки дар бораи сарнавишт ва масрафи ин пулҳо бо радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд. Масъуд мобиров гуфт, ки ин комиссиюн пас аз ташкилшавӣ фаъол нест. Дар ҳоле, ки тибқи аснод, ин комиссиюн моҳе як бор бояд масъалаи масрафи пулҳои нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кунад.
Масъуд Собиров қаблан пешниҳод карда буд, ки барои масрафи пули ба даст омада аз фурӯши саҳмияҳо як бонки ҷадид бо номи Энергобонк ташкил шавад ва ба ҳамин шева ин пулҳо дар муомилот қарор бигиранд. Ҷаноби Собиров дар ҳоли ҳозир низ чунин назарро ҷонибдорӣ мекунад. Вай гуфт: «Ин 200 миллион доллар бо ном дар ихтиёри вазорат аст. Дар асл пора-пора дар бонкҳо маҳфуз аст. Кӣ тазмин медиҳад, ки ин пулҳо аллакай дар гардиш нестанд?»
Зарари аҷала дар фурӮши саҳмияҳо
Ба гуфтаи профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, агар давлат ҳамон тавре, ки коршиносон тавсия дода буданд, дар фурӯши иҷбории саҳмияҳо талошу аҷала намекард, ин 200 миллион доллари мардум дар муомилот метавонист ба мардум даҳҳо миллион доллари дигар фоида биёрад.
Масъуд Собиров низ ба ҳамин назар аст. Вай гуфт, ки аҷалаи давлат дар фурӯши иҷбории саҳмияҳо ба нокомӣ дар иқтисод боис шуд. Ҷаноби Собиров афзуд: «Бубинед, рушди иқтисод поён омад. Корхонаҳои хурде, ки маҷбуран саҳмия хариданд, аз рушд бозмонданд. Бархе аз онҳо варшикаста шуд. Бозори тиҷорат коста шуд. Тиҷорати мардум окҳиш ёфт ва тавони харидории мардум заиф шуд».
Дар сурате ки бонкҳои тиҷоратӣ омода нестанд, пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳоро ба муомилот бигзоранд, пас сарнавишти пулҳои мардум ва саҳмияҳои онҳо, ки бояд ба дорандагони саҳмияҳо фоида биёрад, чӣ хоҳад шуд?
Пешниҳоди ташкили бозори саҳмияҳои Роғун
Масъуд Собиров ба унвони узви комиссиюни ҷамъиятии давлат, гуфт, ягона роҳи нигоҳдорӣ ва кам нашудани қиммати ин пулҳо ивази он ба арзи хориҷӣ ва ташкили бозори дуввумдараҷаи харидуфурӯши саҳмияҳо дар бозори молист.
Вале бархи дигари коршиносон баид медонанд, ки давлат дар бораи афзун кардани 200 миллион доллари саҳмияҳои Роғун иқдоми ҷиддӣ кунад. Ба ин далел, ки норавшанӣ ва беназмӣ дар бозори саҳҳом ва кундии фаъолияти комиссиюни ҷамъиятӣ ба нафъи Вазорати молия ва давлат аст. Ва дар мавриди масрафи ин пулҳо ҳарчиро раво бинанд, ҳамонро хоҳанд кард.
Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2620---200---.html
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
200
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
321
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
175
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
209
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
437
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
183
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
195
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
172
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
247
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
232
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
415
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































