14:19:20 14-уми Июни 2026 сол
Таъсири Ибни Сино ба Ҷомӣ дар мисоли достоне 05.05.2014 09:46 1538
Нигоранда дар ин мақолаи нисбатан кӯтоҳ дар садади ёфтани маъхази "Қиссаи он табиб, ки офатрасидаеро бе вуҷуди асбоб муолиҷа кард" дар дафтари саввум аз "Силсилату-з-заҳаб"-и Нуруддин Абдурраҳмон ибни Низомуддин Аҳмади Ҷомӣ (817-898 ҳ.қ./1414-1492 м.) буда ва кӯшидааст ...
Табъи хуршедии манро набувад деворе 30.04.2014 23:29 1650
Ҳафтаи гузашта дар Душанбе рӯнамоии китоби ашъори доктор Абдулғафури Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бо номи "Лабханди Худо" баргузор гардид. Дар он шоирон, нависандагон, олимону рӯзноманигорони тоҷику афғон ширкат доштанд.
Дар сарои бевафо дурӯза меҳмонем мо 30.04.2014 23:18 1662
Заробиддин Каримӣ зодаи деҳаи Навободи ноҳияи Бохтар буда, аз айёми ҷавонӣ ба адабиёти классикии форсу тоҷик дилбастагии зиёде дорад. Мавсуф осори гаронбаҳои шоирони бузурги форсу тоҷикро пайваста мутолиа карда, аз сеҳри сухани онҳо баҳравар гардидааст.
"Тоҷнома" ва худшиносии миллӣ 30.04.2014 23:16 1898
Соли сипаригашта бо ташаббуси раҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон нашри асари бисёрҷилдаи "Тоҷнома" (Силсилаи "Тоҷикон дар масири тамаддун") вориди нақшаи кории Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардид.
Доктор Санъатӣ: Барои эҷоди ошноии бештар бештар талош бояд кард 28.04.2014 14:24 1341
-Нахустин сафарҳои ман ба Тоҷикистон соли 2009 ба вуқуъ пайвастанд. Ба ин ҷо ба хотири идомаи корҳои илмӣ-пажуҳишиям сафарҳо мекардам ва умдатан бо аҳли таҳқиқу пажуҳиш аз ниҳодҳои Академияи Улуми Тоҷикистон, донишгоҳои таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳо дар иртибот будам.
Зиёиён парчамбардори маънавиёт 28.04.2014 14:22 1408
Чун анъана ҳар сол дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар мулоқот мекунад. Имсол низ мулоқоти Сарвари давлат бо равшанфикрони ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ сурат гирифт.
Дидадарою ба дидаҳо ҷо 28.04.2014 14:20 1724
Оре, ин сухани санъатшиноси шинохтаи соҳаи театр аст, ки ҳанӯз соли 1994 дар шаби эҷодии ҳаҷвнигори шинохта Ғайратҷон Ҳамроқулов дар ноҳияи Ашт пас аз тамошои шабии эҷодии ӯ гуфта буд. Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов аслан донишгоҳи аграриро хатм карда, мутахассиси соҳаи чорводорист.
Рисолати Донишномаи миллӣ таълими насли давронсоз аст 28.04.2014 14:15 1615
ЭНСИКЛОПЕДИЯИ ТОҶИК - шаҳкитоби китобҳои илмӣ-оммавӣ барои кулли мардуми тоҷик. Бо шарофати истиқлол, хушбахтона, мо тоҷикон соҳиби ин шаҳкитоби муқаддас шудаем, ки дар баробари байрақ, нишон ва суруди миллӣ гиромӣ дошта мешавад. Дуруст аст ки бо қарори КМ СССР аз соли 1969 ...
Ҳамоиши бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон 24.04.2014 12:14 1975
Бо ибтикори Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Саъдии Шерозӣ, ки ҳамасола ба рӯзи якуми урдубиҳиштмоҳ (21-уми апрел) рост меояд, дар яке аз толорҳои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ҳамоиши бузургдошти ин адиб ва мутафаккири оламшумулу забардасти форс-тоҷик баргузор гардид.
Сафарбеки Солеҳ: Ба Кумитаи радиову телевизион додани соҳаи синамо иштибоҳ буд 21.04.2014 12:07 1813
Бо Сафарбеки Солеҳ аз хеле замонҳо ошноям. Аммо боре ҳам иттифоқе науфтода буд, ки барои матбуот суҳбат кунам. Чун ҳамеша суҳбатҳои мо сарироҳӣ ва хеле зудгузар буданд. Кам воқеъ мешуд, ки муфассал сари мавзуе баҳс дошта бошем. Вале он чӣ бароям аз ӯ роҳатовар аст, кушодадилии ӯст.
Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ: Мушкилот ҳаст, аммо… 18.04.2014 22:32 1542
Фарзонаи Сафариён, донишҷӯи соли саввуми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба унвонии идораи ҳафтанома суҳбати кутоҳеро, ки бо Мирзоғанӣ Мирзорашидов, директори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар бораи фаъолияти имрӯзи аҳли ҳунари театри мазкур доштааст, фиристодааст.
Аз дида ба дилҳо рафтааст… 18.04.2014 22:26 1879
Дар дунёи беканори илм кам инсонҳоеро муяссар мешавад, ки номи худро битавонанд ҷовидонӣ дар дилу дидаҳо сабт намоянд. Зеро ин арсаи паҳновар олимону муҳаққиқони зиёдеро дидааст, аммо танҳо иддаеро бахт даст додааст, ки номбардор ва устоди кори худ бошанд.
Зи назми дилкаши Ҳофиз чакид оби ҳаёт 17.04.2014 12:50 1390
Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҳфили "Ҳофизхонӣ" ба кори худ шуруъ кард. Директори Китобхонаи миллӣ академики АИ ҶТ Носирҷон Салимзода дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиши алоқамандон ва дӯстодорони каломи маъруфтарин шоири форсзабони олам "Лисонулғайб" Ҳофизи Шерозӣ иброз дошт ...
"Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча" 12.04.2014 12:41 2066
Қурбоналӣ Раҳмонов аз ҷумлаи он ҳофизони насли калонсол аст, ки ҳамеша дар пайи эҷодкорист, дар пайи ҷустуҷӯҳост, дар пайи шод кардану ва аз ҳама муҳимаш дар пайи тарбия намудани мухлисони сершумори худ аст.
Таронаҳо 12.04.2014 12:31 1654
Паси тирезаҳои яхбастаи хонаи сарду танҳоям, гунҷишкаки болшикастаи муҳаббатам бемор аст. Оҳ, чаро боғи ишқамро фасли поиз оғуштааст? Чаро дили бо ман ноошно ҳамоно бо ту ошност? Оре, хабар аз бемеҳриат надорад…