15:37:18 14-уми Июни 2026 сол
Фирдавсӣ ситоишгари ваҳдати динӣ 14.08.2014 09:37 1681
Дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар барномаи "Марворидҳои бесадаф" перомуни ҳунару халлоқияти Фирдавсӣ дар таълифи "Шоҳнома"-и безавол суҳбатиҲафиз Раҳмон бо адабиётшинос ва шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб доир гашт.
Қосим ҳамагӣ масти шароботи Илоҳ аст 12.08.2014 10:45 1827
Қосими Анвор ё Қосимуланвор аз шоирони нимаи дуюми асри 14 ва нимаи аввали асри 15 ба ҳисоб рафта, бо ашъори диловези худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик нақши намоёне гузоштааст. Хонандаи тоҷик ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бо намунаи осори ин шоири ориф тавассути ...
Ҳабиб Саид: Устоди Сталин дар назди шайхони тоҷик таълим гирифта буд 04.08.2014 22:13 1704
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" хабар дода будем, ки китоби адиби тоҷики муқими Русия Ҳабиб Саид бо забони русӣ дар Олмон чоп шудааст. Чанд рӯз пештар бо худи муаллиф иртибот гирифтем ва дар як суҳбати ихтисосӣ аз ӯ пурсидем ...
Модари Манижа: "То ҳол бароям норӯшан аст чаро тарки саҳна кард" 26.07.2014 10:08 1892
Наздикони Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик, ки қариб нӯҳ сол боз аз саҳнаи ҳунар канор рафтааст, аз фаъолияти ӯ дар бахши оҳангнависӣ хабар доданд.
Бобо Афзали Кошонӣ ва намунаҳо аз осори ӯ 14.07.2014 15:32 2105
Хоҷа Ҳаким Афзалуддин Муҳаммад Марақии Кошонӣ маъруф ба Бобо Афзали Кошонӣ тақрибан солҳои 582-597 ҳиҷрӣ (1186-1201 мелодӣ) дар қасабаи Марақаи назди Кошон ба дунё омадааст. Аз Бобо Афзал 45 рисолаи хурду бузург, мактубот, 6 ғазал, 1 қитъа, тақрибан 500 рубоӣ боқӣ мондааст.
Шаст соли худованди Сармаддеҳ 11.07.2014 11:50 1704
15-уми июн ба зодрӯзи яке аз маъруфтарин адибони муосири тоҷик Баҳманёр 60 соли пур мешавад. Баҳманёр аз ҷумлаи эҷодкоронест, ки ба адабиёт бо услубу шеваи навишти худ ворид шуд. То ӯ касе дар кишвар дар навиштани ҳикоя чирадаст набуд. Вай диди хосе ба зиндагӣ дорад.
Дар рӯзи бекасиҳо ёрони меҳрубон ку? 02.07.2014 09:14 1502
Устоди равоншод, Халилуллоҳи Халилӣ дар соли 1907 дар Кобул таваллуд ёфта, ягона шоир ва нависандаву сиёсатмадори машҳур ва маъруфи адабиёти даризабони муосири Афгонистон ба шумор меравад.
Муҳаққиқи ҷӯянда 02.07.2014 09:04 1502
Дар миёни мо шахсиятҳое арзи ҳастӣ доранд, ки аз ғояти хоксориву тавозӯъпешагӣ ҳунару истеъдоди эшон чун гавҳар дар садаф аз назарҳо пинҳонанд. Ин чеҳраҳо дар замири хеш олами рангинеро нуҳуфта медоранд, ки кашфи он на ба ҳар кас муяссар мегардад. Ҳамсуҳбати ман зиёиест, ки дар дил як олам роз дорад.
Мусоҳиба миёни ду нома 23.06.2014 11:22 1786
…Ҳикояи нахусти Абдурофеъ "Обхез"-ро хонда, хулоса намудам, ба адабиёт ҷавони боистеъдод ва хушсалиқа ворид гардида ва оянда ба насри мо нафаси тоза ва фаҳмиши дигар ворид карда тавонад…
Муаммои Шамси Қайс 23.06.2014 11:15 1558
Ҳар нафаре, ки ба мутолиаи асари безаволи Шамсиддин Муҳаммад ибни Қайси Розӣ " Ал-Муъҷам фи маъойири ашъор-ил-Аҷам" дода мешавад, аз таҳлилу мавод, андеша ва афкори танқидии ӯ ба ваҷд наомада наметавонад.
Баҳодур Рафӣ: "Зиндагӣ" идома дорад… 19.06.2014 11:57 1364
Соҳаи синамо баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ холигаҳиеро касб кард ва дар даврони пургирудор бозоре шуд ба ҳаёт носозгор. Имрӯз ҳам бозори синамои тоҷикро моли аврупову Туркиё дар даст дораду бегонагароӣ ба афкори ҷомеа таъсир мегузорад.
Ёде аз шоҳи ҷаҳони Ишқ 15.06.2014 11:36 1589
Имрӯз, 14-уми июн, чун ҳамасола инак 35 сол боз дар сар то сари қаламрави забони форсӣҷашне таҷлил мегардад, ки дар ягон кишвари форсигӯён онро расман дар қатори ҷашнҳои давлатии хеш эътироф накардаанд.
Театри давлатии ҷавонон бар зидди натсизм ва фашизм 13.06.2014 09:55 1466
Дар Театри давлатии ҷавонони пойтахт нахустнамоиши намоишномаи драматургони рус Александр Зак ва Игор Кузнетсов "Баҳори понздаҳум" баргузор гардид. Тарҷумаи ин пиеса ба қалами рӯзноманигори шинохта марҳум Одил Исломӣ тааллуқ дорад.
Намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон 12.06.2014 21:17 1369
Робитаҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сол то сол густариш меёбад. Ҳаҷми додугирифти ду кишвар тайи се соли охир аз 21 миллион доллар ба 100 миллион доллар расид.
«Ҳамешабаҳор» то тирамоҳ худоҳофизӣ кард 06.06.2014 10:18 1360
Ҷаласаи навбатии маҳфили адабии шоири шинохта Хайрандеш «Ҳамешабаҳор» ин дафъа на дар ҷойи ҳамешагии худ -яке аз толорҳои барҳавои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, балки дар пояи муҷассамаи бунёдгузори шеъри оламшумули форсӣ -дарӣ –тоҷикӣ Абӯ Абдуллоҳ Рӯдакӣ дар Боғе, ки номи ӯро ба худ ихтисос додааст, баргузор гардид.