«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-4
29.09.2014 09:06
1415
Илоҳо, ҳар кӣ Туро ҷӯяд, ин қадар растахезе бояд, ё ба теғи нокомӣ ӯро хунрезе бояд. Ҳар кӣ қасди Ту кунад, рӯзаш чунин аст, ё баҳраи дарвеш худ чунин аст?Илоҳо, ҳамагон дар фироқ месӯзанд ва дӯстдор дар дидор. Чун дӯст дидавар гашт, дӯстдорро ба шикебоӣ чӣ кор?
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-3
24.09.2014 09:21
1604
Илоҳо, рӯзгоре Туро меҷустам, худро меёфтам, акнун худро меҷӯяму Туро меёбам.Илоҳо, то аз меҳри Ту асар омад, дигар меҳри мо ба сар омад.Илоҳо, эй меҳрубони фарёдрас, азиз он кас, ки бо ӯ як нафас; нафасе, ки онро ҳиҷоб н-ояд аз пас.
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ – 2
24.09.2014 09:19
1609
Дар мактабу мадрасаҳои Ҳирот пас аз вабо дарс сар шуд. Нуриддини Ҷомӣ бо ҳамроҳии Камолиддин Ҳусайн, Шамсиддин, Низомиддин Довуд ва Муиниддин ном шарикдарсонаш таҳсили худро дар пеши Шаҳобиддини Муҳаммади Ҷоҷармӣ давом дода...
Намунаҳо аз ашъори Соима Саидова
24.09.2014 09:09
2713
Дил ба дидорат гирифторам , Худо,Ғайри ту дигар кй ҳам дорам, Худо?Холиқу Раззоқи рӯзиам Туйӣ,Бар дари нокас набигзорам, Худо.Аз Ту ҳар пешомади пешонаро,Ин қадар ҳам дӯст медорам, Худо.
Қаҳрамони ҳоитӣ аз Исфара
18.09.2014 21:45
1695
Ҳеҷ кас тақдиру қисмати худро намедонад. Ҳеҷ як инсон намедонад, ки ӯ кист, аз куҷост ва чи рисолате Худованд ба дӯши вай гузоштааст. Дар урфияти тоҷикӣ барҳақ мегӯянд, ки тухми инсон дар рӯйи ҷаҳон пароканда аст. Кас намедонад, ки киштии тақдир дар баҳри пурталотуми зиндагонӣ ӯро ба куҷоҳо мебарад. Ба ....
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ – 1
18.09.2014 21:41
1547
Дар миёни ҳамдарсони Нуриддин ҷавоне дӯстдоштанӣ ва самимӣ буд, ки Нуриддин бештари вақти худро бо ӯ мегузаронид. Нуриддин инак, як ҳамсуҳбат дошт, ки ҳаммонанди худи ӯ шеър мегуфт. ӮҲасаншоҳ, аҳли Ҳирот буд. Падараш дар бозори Ҳирот дукони атторӣ дошт ва он ду бештари вақт боҳам буданд ва мушоира мекарданд.
Марат Орипов: «Ман аз он дунё баргаштам»
18.09.2014 21:15
1593
Ҷиддияти мавзуоти рӯз Носир Саид ва ҳайати эҷодии ӯро сари иттифоқе овард, то дар ҷодаи синамо гоми дигаре бардоранд. Ин қадами тоза баъд аз «Қиёми рӯз» филми «Муаллим» аст, ки аз рӯзгори имрӯзи мардуми мо қисса мекунад.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-2
18.09.2014 21:02
1522
Илоҳо, ҳар кӣ Туро шиносад, кори у борик ва ҳар кӣ Туро нашиносад, роҳи ӯ торик. Туро шинохтан аз Ту растан аст ва ба Ту пайвастан аз худ гузаштан аст.Илоҳо, бар ман оростӣ, харидам ва аз ҳар ду ҷаҳон дӯстии ҳазрати Ту ро гузидам.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
13.09.2014 10:17
3927
Муштариёни арҷманди сомонаи «Рӯзгор» дар номаҳои сершумори худ аз мо хоҳиш кардаанд, ки «Муноҷотнома»-и орифи маъруфи асри 11 Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро барояшон дар шакли пуррааш ба табъ расонем. Мо хоҳиши онҳоро бо камоли майл иҷро мекунем.
Гиромидошти "Бонуи ғазал"-и Эрон дар Душанбе
29.08.2014 21:33
2044
Аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе бо баргузории маҳфиле хотираи тавонотарин бонуи ғазалсарои адабиёти форсӣ -- Симин Бебаҳониро гиромӣ доштанд.
Муҳаббати Юсуф: Наср осори ҳаёт аст
28.08.2014 22:53
1837
Наср бо нигориши моҳирона рухдодҳои ҳаётро метавонад воқеӣ иникос кунад. Муҳаббати Юсуфӣ тавониста дар ин ҷода гоми ҷиддӣ бардорад. Сӯҳбати мо бо Муҳаббат сари воқеияти асарҳои ӯст...
Фирдавсӣ ситоишгари ваҳдати динӣ
14.08.2014 09:37
1681
Дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар барномаи "Марворидҳои бесадаф" перомуни ҳунару халлоқияти Фирдавсӣ дар таълифи "Шоҳнома"-и безавол суҳбатиҲафиз Раҳмон бо адабиётшинос ва шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб доир гашт.
Қосим ҳамагӣ масти шароботи Илоҳ аст
12.08.2014 10:45
1827
Қосими Анвор ё Қосимуланвор аз шоирони нимаи дуюми асри 14 ва нимаи аввали асри 15 ба ҳисоб рафта, бо ашъори диловези худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик нақши намоёне гузоштааст. Хонандаи тоҷик ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бо намунаи осори ин шоири ориф тавассути ...
Ҳабиб Саид: Устоди Сталин дар назди шайхони тоҷик таълим гирифта буд
04.08.2014 22:13
1704
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" хабар дода будем, ки китоби адиби тоҷики муқими Русия Ҳабиб Саид бо забони русӣ дар Олмон чоп шудааст. Чанд рӯз пештар бо худи муаллиф иртибот гирифтем ва дар як суҳбати ихтисосӣ аз ӯ пурсидем ...
Модари Манижа: "То ҳол бароям норӯшан аст чаро тарки саҳна кард"
26.07.2014 10:08
1892
Наздикони Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик, ки қариб нӯҳ сол боз аз саҳнаи ҳунар канор рафтааст, аз фаъолияти ӯ дар бахши оҳангнависӣ хабар доданд.
















