«Марги бегуноҳ» - филме дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ
Имрӯзҳо дар «Кохи Ҷомӣ»-и Душанбе намоиши филми ҳунарии «Марги бегуноҳ» бо ширкати тамошобинони зиёде идома дорад. Ин филм аз рӯйи романи ҳамноми Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллои Мирзо таҳия шуда, филмномаи онро Асадулло Раҳмонов, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ва Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон навиштаанд.
Ба иттилои Асланшоҳ Раҳматуллоев, коргардони филм, онҳо наворбардории филмро шаш моҳ қабл оғоз кардаву онро дар муддати кутоҳ, яъне давоми 56 рӯз дар мавзеъҳои Мағмуруд, Қиблаӣ ва Қаротоғ сабт кардаанд. Хабарнигори сомонаи www.ruzgor.tj Аҳмадшоҳи Султон аз маросими нахустнамоиши ин филм бо усули чандрасонаӣ гузорише омода кардааст, ки ҳамакнун онро пешкаши шумо, муштариёни гиромӣ мегардонем.
Хабарнигори ҳафтаномаи «Рӯзгор» Баҳман бошад, баъди тамошои нахустнамоиш аз Кароматуллоҳи Мирзо, муаллифи романи «Марги бегуноҳ», Асланшоҳи Раҳматуллоҳ, коргардони филм, бозигарону санъатшиносон ва тамошобинони оддӣ дар бораи ҳусну қубҳи ин филм пурсон шудааст, ки Худо хоҳад он дар шумораи 14-уми ҳафтаномаи «Рӯзгор», ки рӯзи 4-уми сентябри соли 2013 ба нашр мерасад, рӯи чоп хоҳад омад.
«Рӯзгор»