Адибаи Азиз: «Падруди хуршед»
Хандаҳояш дар дили мо ҷо гирифт,
Оташе сар то сари саҳро гирифт.
Буд тӯфонӣ дигар эҳсоси ман,
Мавҷҳо аз домани дарё гирифт.
Сода будам, содаи шоирнамо,
Саркашу мағруру бошарму ҳаё.
Ман будам ошиқтарин шогирди ӯ,
Духтари рустоии фармонраво.
Қалби Султон дуртар аз кинаҳост,
Чашмҳояш чашмаи оинаҳост.
Даштҳои лолазорон сӯхтаст,
Ёди Султон дар мазори синаҳост.
Шаҳр холӣ гашта бе Султон дигар,
Рафтааст аз дидаҳо ҷону ҷигар.
Лаҳзаи падруди ӯ бо ин ҷаҳон
Рафтани хуршед буд пеши назар.
Адибаи Азиз: ЧИҲИЛ РӮЗИ БЕ СУЛТОНИ НОТАКРОР