Ба оби тавба кун ҷурму гунаҳ пок...
«Барои гуноҳони худат ва гуноҳи мардон ва занони мусалмон мағфират бихоҳ».
Қуръони Маҷид, Сураи Муҳаммад, ояи 19.
“Дар тарафи Мағриб дарвозаи тавба дуруст кардаанд, ки паҳнои он ба андозаи масофати ҳафтодсола роҳ аст. Он дарвоза ҳеҷ вақт баста намешавд, то замоне, ки Хуршед аз тарафи Мағриб тулӯъ кунад”. Ҳадиси Расулаллоҳ (с), ки имом Тирмизӣ (р) аз Сафвон ибни Ассол (р) ривоят кардааст.
Аз ҷумлаи неъматҳое, ки Худованди бузург барои бандагонаш додааст, тавба аст. Парвардигор дар зоти худ тавбапазиру меҳрубон аст ва авфи гуноҳон бузуртарин сифатҳои худовандист, вале мушкил он аст, ки на ҳамаи бандагон аз ин хабар доранд. Тавба шабеҳи доруест, ки инсон гуноҳашро мудово мекунад ва дар пешгоҳи бахшиши Худованд қарор мегирад. Дар ривоятҳо чунин омадааст, ки вақто умматони пешин гуноҳе содир мекарданд, дарҳол дар ҷисми онҳо нависонда мешуд, ки фалонӣ чунин гуноҳе содир кардааст ва ҷазои ӯ чунин аст.
Аммо уматони охирзамонро Худои бузург он қадар имтиёз додаст, ки ҳар қадар гуноҳе содир кунанд, ягон гуноҳи онҳо зоҳир намешавад, ки ҳамаи ин аз баракати лутфи Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва салам аст. Худованди бузург барои бандагон ба он дараҷае ғамхор аст, ки инсон солҳо Худоро нофармонӣ мекунад, вале дар аввалин соате, ки рӯй ба даргоҳи Худо меорад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад.
Дар оятҳои 53 ва 54 сураи Зумар, ки онро донишманди тоҷик Иброҳими Наққош умедбахштарин оят дар Қуръони Карим медонад, Парвардигори ҷаҳониён мефармояд: “Бигӯ, эй бандагони ман, ки бар худ таҷовуз кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ, ки ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст. Ва пеш аз он ки азоб ба шумо биёяду сипас мадад карда шавед, ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва ӯро фармон баред”!
Албатта, мо бандагон вақте, ки Худои худро намешиносем, саргарми дунё ва корҳои дунявӣ шуда, солҳо аз ёди холиқи хеш ғофилем, дар аввалин лаҳзае, ки аз сидқи дил тавба мекунем, Худованд тавбаи моро қабул мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат инсон дар кадом ҳолат ва дар кадом мансабе набошад, бояд аз ин неъмати бебаҳои Худованд истифода барад.
Тавба ба забон, ба дил ва ба тан
Парвардигори тавбапазир дар ояи 31 сураи муборакаи «Ан-нур» мефармояд: «Эй мӯъминон ба даргоҳи Худо тавба кунед, ба таҳқиқ растагор мешавед, ба таҳқиқ наҷот меёбед». Албатта, тавба кардан аз ҳар гуноҳе, ки набошад ба даргоҳи Худо қабул мешавад, ба шарте, ки тавба ба забон, ба дил ва ба тан бошад. Тавбаи дил он аст, ки инсон вақте гуноҳе содир кард, дарҳол аз он пушаймон мешавад. Тавбаи забон он аст, ки банда ба забон изҳори пушаймонӣ ва надомат кунад. Тавбаи тан он аст, ки инсон баъд аз тавба ҷисми худро аз гуноҳ кардан боздорад. Вақте, ки инсон чунин тавбаи ҳақиқӣ кунад, чӣ қадар гуноҳе, ки содир карда бошад. Худованди меҳрубон мавриди авф қарор хоҳад дод. Аз он ки фармудаанд:
Зи чанголи гунаҳ кун бонгу ошуб,
Дари раҳмат ба дасти тавба мекӯб.
Ба оби тавба кун ҷурму гунаҳ пок,
Ки заҳр омад гуноҳу тавба тарёк.
Худои бузург дар ояи ҳаштуми сураи муборакаи «Аттаҳрим» мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, тавба кунед ба сӯи Худованд, тавбаи холисона ва содиқона ба таҳқиқ Худованд ба сабаби тавба гуноҳони шуморо мебахшад ва шуморо дохили ҷаннат мегардонад».
Албатта, аз лутфу марҳамат ва караму бахшиши Худованд ҳеҷ кас дур намемонад. Зеро лутфу марҳамати Худо васеътар аз хашму ғазаби ӯст. Худои бузург агар бихоҳад куфри садсоларо дар як лаҳза мебахшад. Аз ҳамин ҷиҳат вақте бандаи мӯъмин гуноҳе содир кард, бояд ноумед нашавад. Ҳамон тавре шоир мефармояд:
Гар тавбаи ту нусӯҳ бошад,
З-он тавба туро футӯҳ бошад.
Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о
Пайғамбари гиромӣ ва меҳрубон (с) дар як ҳадиси муборакашон мефармоянд: Худованд тавбаи бандаро қабул мекунад то он даме, ки рӯҳаш ба ҳулқум нарасидаст. Ба дигар маънӣ дари тавба барои банда то охирин лаҳазоти умраш боз аст. Дар ин маврид ҳикояти ҷолибе омада, ки бомаврид медонем арз кунем: Шахсе аз солеҳе аз ин ҳадис суол мекунад ва мепурсад, ки ту дар ин бора чӣ мефармоӣ? Он шахс гуфтааст, ҳадис дуруст ривоят шуда, аммо ту чӣ пеша дорӣ?
Гуфт: Ман марде хайётам ва ҷомаҳо медӯзам. Пурсид: Дар касби ту кадом кор аз ҳама осон аст? Посух дод: Бо қайчӣ буридани матоъ. Суол кард: Чан сол аст, ки ин корро мекунӣ? Гуфт: Сӣ сол шуд. Гуфт: Дар он вақт, ки ҷон ба ғарғара расид, тавонӣ, ки ҷомаро бурӣ? Посух дод: Не. Он бузург фармуд: Коре, ки муддате дар вай заҳмат кашидаӣ, то омӯхтаӣ ва муддати сӣ сол ба осонӣ мекардӣ, дар он вақт натавонӣ, ки бикунӣ. Тавба, ки дар ҳама умр накарда бошӣ, дар он вақт кай тавонӣ? Тавба имрӯз кун, ки метавонӣ, ки шояд он дам натавонӣ тавба кард”.
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,
Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.
Ин даргаҳи Мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
Аз ҳамин ҷиҳат бояд ҳар яки мову шумо аз ёди он Худованде, ки ин қадар меҳрубону бандапарвар аст, ғафил набошем. Ҳазрати мавлавӣҶунунӣ мефармоянд:
Ҳар банда, ки лоиқи фазли Худо шавад,
Аз байни гумраҳони ҳалокат ҷудо шавад.
Дарди гуноҳи хеш даво чун намекунӣ,
Рав тавба кун ба сидқ, ки дардат даво шавад.
Эй ошиқи гадо, ба дари шоҳ зора кун,
То раҳми Подшоҳ ба ҳоли гадо шавад.
Чанд фармудаи дигар аз Парвардигори ҷаҳониён дар бораи истиғфор ва тавба
«Парвардигоратро бо ҳамд ва покӣ ёд кун ва аз вай омӯрзиш бихоҳ, ки ҳароина ӯ таъолло бисёр тавбапазир аст» Сураи Наср, ояи 3.
«Касе, ки муртакиби бадӣ шавад ва ё бар худаш зулм кунад ва баъд аз он аз Худованд мағфират талаб кунад, Худовандро омӯрзанда ва меҳрубон меёбад» Сураи Нисо, ояи 110.
«Ва касоне, ки чун муртакиби фаҳшо шаванд ва ё бар худ зулм намоянд, Худовандро ёд кунанд ва ба гуноҳонашон мағфират бихоҳанд ва кист, ки ғайр аз Худо гуноҳонро мағфират кунад. Сураи Оли Имрон, ояи 135.
Ва боз ҳам аз аҳодиси Пайғамбар (с) бихонем:
Аз Абуҳурайра (р) ривоят кардааст, ки гуфт: Шунидам, ки Расулаллоҳ (с) мегуфт: «Ман дар як шабонарӯз зиёдтар аз ҳафтод бор аз Худо мағфират хоста ва ба вай тавба мекунам» (Ҳадис аз Бухорӣ)
Аз ибни Аббос ривоят аст, ки Расулаллоҳ (с) фармуд» «Касе истиғфорро лозим гардонад, Худованд барояш аз ҳар тангӣ наҷотгоҳ ва аз ҳар ғаму мусибат кушоише пайдо мекунад ва ӯро аз ҷойе рӯзӣ медиҳад, ки фикру гумон намекард» (Аз Абудовуд)
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулаллоҳ (с) фармуд: Қасам бад-он, ки нафси ман дар яди қудрати ӯст, агар шумо гуноҳ накунед ва боз тавба ва истиғфор нанамоед, Худованд шуморо аз байн мебарад ва ба ивази шумо қавмеро меоварад, ки гуноҳ мекунанд ва аз Худованд мағфират мехоҳанд ва Худованд ишонро мағфират мекунад. (Мақсуд аз ин ташвиқ ва амр ба тавба аст, на ташвиқ бар гуноҳ кардан). (Ҳадисро Муслим овардааст)
Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Мо дар як маҷлис сад бор ҳисоб мекардем, ки Расулаллоҳ (с) мегуфт: Эй Худо, маро бубахш ва тавбаи маро қабул кун, ҳароина ту тавбапазир ва меҳрубон ҳастӣ. (Абудовуд)
Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Расулаллоҳ (с) пеш аз марг зиёд мегуфт: «Субҳоналлоҳи ва биҳамди астағфуруллоҳ ва ъатубу илайҳ»
Пайғамбари гиромӣ (с) фармуд: Ҳароина ман гоҳе парокандадил мегардидам ва ҳароина дар як рӯз сад маротиба аз Худованд мағфират мехоҳам. (Ҳадис аз Бухорӣ)
НИЁИШ БА ДАРГОҲИ ДӮСТ
Дубайтиҳои Мулло ҳабибуллоҳи Кошонӣ
Саҳаргоҳе дилам бо сӯзу оҳе,
Равон шуд сӯи даргоҳи Илоҳӣ.
Ҳамегуфтам: Илоҳӣ ё Илоҳӣ,
Ба уммеди ту кардам ман гуноҳе.
***
Ҳабибо, дар раҳат сад гуна дардаст,
Нагардад аз раҳат он кас, ки мард аст.
Зи гулшан гар гуле хоҳӣ бичинӣ,
Ҷафои хор бо ту дар набард аст.
***
Худовандо! Дилам кардӣ ду пора,
Чу бастӣ бар рухам дарҳои чора.
Рафиқонам зи ман кардӣ канора,
Худовандо! Қабулам кун дубора.
***
Ғами олам ҳама андар дили ман,
Худовандо! Ту бикшо мушкили ман.
Ба ҷуз кӯи туам манзил набошад,
Сиришти меҳр худ андар дил набошад.
***
Аз шаш ҷиҳатам чу чорае нест,
Фарёдрасе ба ҷуз Худо кист?
Ё Раб, ту ба ман инояте кун,
Аз ман ту мапурс тоатат чист.
***
Эй он ки зи ҳасти хеш ҳастам кардӣ,
В-аз ҷоми муҳаббат ту мастам кардӣ.
Нафси бади ман, ки бутпа растӣ мекард,
Аз марҳаматат худопарастам кардӣ.
***
Намедонам, намедонам куҷоӣ,
Ҳамедонам, ки андар ҷони моӣ.
Ман аз ишқи ту сӯзонам чу Маҷнун,
Намедонам чунин бо мо чароӣ.
***
Намехоҳам зи ту мулку сипоҳе,
На ҳашмат, на ҷалолеву на ҷоҳе.
Ҳамехоҳам зи ту, ки гоҳ – гоҳе,
Ба сӯи ман кунад лутфат нигоҳе.
***
Илоҳӣ, раҳм кун ба ин шикаста,
Ки роҳи чорааш ҳар сӯш баста.
Надорад чорае ҷуз даргаҳи ту,
Ки ҳастӣ марҳами ҳар чони хаста.
Таҳияи Бобоҷони Шафеъ
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
220
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
71
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
85
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
474
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
845
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
585
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?