17:15:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Суҳуфи Иброҳим ъалайҳис салом

Қариб аксари мусалмонон огоҳанд, ки китобҳои осмонии "Инҷил" барои Исо (а), "Таврот" барои Мӯсо (а), "Забур" барои Довуд (а) ва "Қуръон" барои Муҳаммад (а) тавассути ҳазрати Ҷабрайил (а) аз ҷониби Ҳақ таъоло ваҳй гардидааст. Ба ғайр аз ин китобҳо боз чанд саҳифае ба паёмбарони гуногун ваҳй гардидааст. Аз ҷумла қариб тамоми мусалмонон маълумот доранд, ки барои ҳазрати Иброҳим (а) чанд саҳифае нозил гардидааст, ки он бо унвони "Суҳуфи Иброҳим ъалайҳис-салом" машҳур аст.

masjid 456521212Вале мутассифона аз он, ки ин "Суҳуф" аз чи иборатанд, қисмати ками мусалмонон огоҳӣ доранд. Бинобар ҳамин ҳам, мо лозим донистем, ки дар мавриди он ба муштариёни арҷуманди ҳафтанома ва сомонаи "Рӯзгор" маълумот диҳем. Аслан бист саҳифа аз барои Иброҳим (а) нозил шудааст ва дар он аксар амсол ва мавъиза дарҷ ёфтааст ва аз ҷумлаи он 27 насиҳат дар ин нусха зикр мегардад:

Насиҳати аввал он, ки: Эй писари Одам, Ман хушнудам аз ту ба намоз ва ибодати рӯз ба рӯз, ту низ розӣ бош аз ман ба ризқи рӯз ба рӯз.

Дуввум он, ки Каъб-ул-ахбор (р) мегӯяд, ки аз "Суҳуфи Иброҳим" аст, ки таҳаммул кун эй фарзанди одам, ки қисмат щудааст ва ҳарис ноумед аст ва бахил бад аст ва ҳасуд ғамгин аст ва дунё нопойдор аст ва рӯзирасонанда Худованди меҳрабон аст.

Саввум он, ки: Эй писари Одам, пеш фирист он чи дорӣ аз барои он рӯз, ки дар пеш дорӣ.

Чаҳорум он, ки: Эй писари Одам, шукргузорӣ кун касеро, ки  дар бораи ту инъом фармуд ва инъом кун дар ҳаққи он, ки шукргузории туро намуд.

Панҷум он, ки: Эй писари Одам, ҳамаи умри худро дар талаби дунёи фонӣ сарф кардӣ, талаби охират кай хоҳӣ кард?

Шашум он, ки: Эй писари Одам ,ба дурустӣ, ки фармудаам аз барои чашмони ту пӯшише, ки иборат аз пилк аст, то чизе чун надидание дар пеши назари ту ояд, филҳол чашмони худро аз он бипушонӣ ва ҳамчунин аз барои даҳони ту табақае аз лабони ту тартиб кардаам то чун сухане нагуфтанӣ бошад, аз он лаб бубандӣ.

Ҳафтум он, ки: Эй писари Одам, аз онҳое мабош, ки талаби дунё кунанд ба тӯли амал (орзуи бисёр) ва орзуи уқбо баранд ба тақлили амал. Сухани эшон мувофиқи обидон бувад, фааммо амали эшон мутобиқи мунофиқон бошад. Агар атое наёбанд, қаноъат накунанд, ва агар муроде аз эшон боздоранд, сабр накунанд ва агарчи муомилот бад ин минвол гузарад, бидон, ки туро ба балое гирифтор гардонам, ки ҳамаи оламиён аз ту таҷриба бардоранд. 

Ҳаштум он, ки: Эй писари Одам, ҳар ки туро дӯст медорад, аз барои ту дӯст медорад. Савганд ба иззати Ман, ки туро Ман аз барои ту дуст медорам, зинҳор, ки худро аз Ман ба шумии бухл дур наяндозӣ.

Нуҳум он, ки: Эй писари Одам, дар гардани ту ду михлот (тубра) овехта, дар яке айби ту ва дар дигаре айбҳои мардум ва ту ҳамвора чашм аз айбҳои худ бардӯхта ва чашм ба айбҳои мардум андохта, ин на аз инсоф аст.

Даҳум он, ки: Эй писари Одам, на ҳар, ки калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд дар биҳишт дарояд, магар касе, ки бар он чанд амали дигар ҷамъ кунад. Яке тавозуъ намояд дар даргоҳи Ман ва умри худро бигузорад ба ёди Ман ва нафси худро аз муҳараммот боздорад аз барои Ман ва ғарибонро аз ҷавори худ ҷой диҳад ва бар ятимон раҳм намояд аз барои ризои Ман.

Ёздаҳум он, ки: Эй писари Одам, чун дар дили худ касовате (сахтдилӣ) ёбӣ ё дар бадани худ бемориеро мушоҳида кунӣ, ё дар рӯзии худ ҳирмоно мутолеъа намоӣ, ё дар амволи худ нуқсоне таваҳҳум (гумон) кунӣ, бидон, ки ҳамаи инҳо аз шумии суханони бемаъниву пуч аст, ки ба он такаллум намудаӣ.

Дувоздаҳум он, ки: Эй писари Одам, агар ту биҳиштро дӯст медорӣ, Худованди ҷалла ва ъало тоатро дӯст медорад. Ту амал кун ба он чӣ дӯсти Ман аст, яъне тоъат, то дарорам туро дар он чи дӯсти туст, яъне биҳишт. Ва агар ту макрӯҳ медорӣ дӯзахро, Худои ту низ макрӯҳ медорад гуноҳро. Ту тарк кун макрӯҳи Маро, яъне гуноҳро, то Ман нигоҳ дорам туро аз макрӯҳи ту, яъне оташи дӯзах.

Сездаҳум он, ки: Эй писари Одам, аз шубаҳот парҳез намой, то Маро бишносӣ ва гуруснагӣ пеша кун, то Маро бубинӣ ва худро аз барои ибодати Ман фароғ соз, то ба Ман восил гардӣ.

Чаҳордаҳум он, ки: мискин писари Одам, агар аз барои биҳишт он миқдор кор кунад, ки аз барои дунё кунад, Худованд субҳонаҳу ӯро беҳисоб дар биҳишт дарорад. Ва агар қаноъат кунад ба он чӣ Худои таъоло ӯро карам намуда, ӯро аз кулли халоиқ бениёз гардонад. Ва агар тарки ҳаром кунад, дини худро холис гардонад. Ва агар тарки дурӯғ кунад, аз ҷумлаи сиддиқон гардад.

Понздаҳум он, ки: Эй писари Одам, ҳар чи дорӣ аз муҳтоҷон боз магир, то Ман низ боз надорам аз ту раҳмати худро. Ва гиромӣ дор меҳмони Маро, чунон чи Ман меҳмони туро гиромӣ дорам.

Ҳазрати Иброҳим (а) гуфт: Худовандо, меҳмони ҳазрати Ту кист, то ӯро гиромӣ дорам? Ваҳй омад, ки: Ҳар фақири ҳақире ки назди ту ояд, бидон, ки ӯ меҳмони Ман аст.

Шонздаҳум он, ки ҳамеша шумо хатокоронед ва Ман ҳама ғуфрон. Ба Ман боз гард ва тавба кун то ҳар чӣ кардаӣ биёмурзам ва бок надорам.

Ҳабдаҳум он, ки: Эй писари Одам, Маро ёд кун дар вақте ки ғазаби ту муставлӣ гардад, то туро ёд кунам ба раҳмати худ дар вақте, ки ғазаби Ман зуҳур кунад.

Ҳаждаҳум он, ки: Эй писари Одам, ҳар кӣ аз Ман розӣ шавад аз камии ризқ, Ман низ розӣ мешавам аз камбудии амал.

Нуздаҳум он, ки: Эй писари Одам, се чиз аст: яке хосса аз они Ман ва яке хосса аз они ту ва яке миёни Ману ту. Он чи хоссаи Ман аст, он рӯҳ аст дар бадани ту. Ва он чӣ хоссаи туст, амали туст. Ва он чӣ миёни Ману туст, аз ту дуъо ва аз Ман иҷобат. Пас зинҳор, ки маҳҷуб нагардонӣ дуъои худро аз Ман ба луқмаи ҳаром.

Бистум он, ки: Эй писари Одам, ба он миқдор, ки дили ту майл кунад ба дунё, берун барам муҳаббати худро аз дили ту. Ба он миқдор, ки ҳирс варзӣ ба дунё, берун барам ҳаловати имонро аз синаи ту.

Бисту якум он, ки: Эй писари Одам, туро аз барои он наёфаридаам ки дунё ҷамъ кунӣ, балки аз барои ибодати худ офаридаам ва барои он, ки боздорӣ даъвати мазлумонро аз даргоҳи Ман. Ба дурустӣ, ки дуъои мазлумонро иҷобат мекунам агар чанд фурсате дар миён афтад.

Бисту дуввум он, ки: Эй писари Одам, ҳеҷ рӯзии ту кам нашавад, магар он, ки аз барои ту ризқе муҷаддад (нав) фиристам ва дар баробари он фариштагони Ман аз ту амали нописандидаи туро ба ҷаноби Ман биёваранд. Рӯзии Ман мехӯрӣ ва исёни Ман меварзӣ ва бо вуҷуди ин дуъо кунӣ, иҷобат мекунам ва ҳарчанд металабӣ, ато медиҳам ва туро ба биҳишт мехонам, иҷобат намекунӣ ва ин аз инсоф нест, ки бо Ман пеш мебарӣ.

Бисту саввум он, ки: Эй писари Одам, тақарруб ҷӯй ба Ман ба навофил ва ҷавори Ман ба даст ор ба иморати масоҷид ва ризои Ман талаб кун ба ҳамнишинӣ бо уламо ва дурӯғро ба куллӣ тарк кун, то малоикаи Ман ба мусофаҳаи ту тақарруб ҷӯйянд ва ғайбатро бигзор то биҳишти Ман ба ту муштоқ гардад ва баъд аз намози бомдод ва намози дигар соате маро ёд кун, то мобайни ин ду вақтро аз барои ту кифоят кунам.

Бисту чаҳорум он, ки: Эй писари Одам, аз дуъо малул машав, ки Ман аз иҷобат малул намешавам, ҳарчанд дар маъосӣ исроф карда бошӣ, ноумед машав аз раҳмати Ман ба дурустӣ, ки раҳмати Ман шомили ҳамаи чизҳост.

Бисту панҷум он, ки: Эй писари Одам,  бе саволу талабе туро ба фазли худ каромат кардаам, пас чӣ гуна бахилӣ кунам бо ту ба биҳишт бо вуҷуди ин ҳама саволу талаб.

Бисту шашум он, ки: Эй писари Одам, бипайванд бо касе, ки аз ту бибуррад ва ато кун бо касе, ки туро маҳрум гардонад. Сухан гӯй бо касе, ки забон аз ту боз дорад ва насиҳат кун ҳар кӣ дар бораи ту хиёнат кунад ва афв кун аз ҳар кӣ дар ҳаққи ту зулм кунад. Ва ҳар кӣ бо ту бади кунад ту дар ҳаққи он некӣ кун, то аз ҷумлаи собиқон бошӣ ба ҷаннат ва аз фоизон бараҳмат ва туро бо ин муомилот савоби ҳафтод пайғамбар каромат кунам.

Бисту ҳафтум он, ки: Эй писари Одам, равандаӣ, тӯшае ҳосил кун, ки сафари дароз дар пеш дорӣ ва бори худро сабук кун, ки ақибае дар раҳ дорӣ ва холис кун амалҳоятро, ки Худованди бино дорӣ.

Ва гӯянд ин насиҳати охирин буд аз насоеҳи "Суҳуфи Иброҳим ъалайҳис-салом".

Ва ривоят аст, ки Иброҳим (а) аз Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло савол фармуд, ки: Худовандо, чист ҷазои он бандае, ки рухсора ба оби дида аз тарси Ту тар кунад? Ҳақ таъоло ҷавоб фармуд, ки: Эй Иброҳим, ҷазои ӯ мағфирати Ман ва биҳишти Ман ва ризвони Ман аст. Гуфт: Худовандо чист ҷазои он кас, ки мутакаффили ятиме ва бевае бувад? Фармуд, ки: Эй Иброҳим, ҷазои ӯ он, ки ӯро дар сояи арши худ ҷой диҳам дар рӯзи қиёмат. Иброҳим (а) гуфт: Лакал-ҳамду Илоҳӣ.

Аз китоби "Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ"-и Иброҳими Наққош, фароҳамсоз Саидмурод Шарифов.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi