Домулло Ҳикматуллоҳ: Вақте фитна хест, ба даст шамшери чӯбин бигир!
Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар як мусоҳиба ҷанги Сурияро "фитна" номида, гуфтааст, ширкат дар ин "фитна" барои мусалмонон, аз ҷумла барои ҷавонони тоҷик, раво нест.
Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз маъруфтарин рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, дар мусоҳиба бо маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ҷанг дар Сурияву Ироқро “фитна” номида, бо такя ба як ҳадиси Паёмбар Муҳаммад(с) гуфтааст, барои мусалмонон ширкат дар ин ҷанг ва куштани ҳамдинони худ раво нест.
ДомуллоҳҲикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон нуфузи зиёд дорад, дар ин мусоҳиба муносибаташ ба даъватҳо ба “ҷиҳод” дар Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои мусалмоннишинро чунин баён кардааст: “Дар ҳадисе омадааст, “Агар миёни мусулмонон фитна ба вуҷуд омад, пас ба даст шамшери чӯбин бигир”. Яъне мурод аз “шамшери чӯбин бигир” ин аст, ки мо бар муқобили мусулмонон силоҳ ба даст нагирем, ё худ аслан муқобили бародари мусулмони худ ҷанг накунем. Пас, ҳаргиз раво нест, ки ҷавонони мусулмони тоҷик ба Сурия рафта, муқобили мусулмонони дигар ба даст силоҳ гиранду даст ба куштор зананд.”
ДомуллоҳҲикматуллоҳ ва "амри итоат аз подшоҳ"
ДомуллоҳҲикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки дар зодгоҳаш - ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт- аксаран дар узлат ба сар мебарад, дар тобистони соли 2014 баъди як сӯҳбаташ, ки дар сомонаи Кумитаи дин чоп шуд, дар сархати ахбори расонаҳо қарор гирифт. Ӯ дар ин сӯҳбат ба пуштибонӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “амри итоат намудан ба подшоҳ... дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад.” Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ барои тақвияти ҳарфҳояш аз Абӯҳанифа мисол овардааст: “Пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам шогирди худ Абуюсуфро насиҳаткунон мегӯяд, “подшоҳро эҳтиром намо ва манзалаташро гиромӣ дор.”
Ӯ дар он сӯҳбат аз мардум хост, дар охири ҳар намозашон дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон дуои хайр ё нек кунанд: “Дуо мекунем, Худои мутаол ҳамаи мардуми кишвари моро дар сояи раҳмати худ нигаҳ дорад, сулҳу ваҳдат ва суботу истиқрорро дар сарзамини мо абадӣ гардонад. Ба роҳбаронамон, бахусус ба Ҷаноби Олӣ, дуои сиҳатмандӣ ва тавфиқу баракат мекунем. Даъват мекунам аз ҳамаи мусулмонони кишвар, ки биёед, пас аз намозҳои худ дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуои нек кунем.”
Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои Тоҷикистон аст, ки дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ба сар мебарад. Ин рӯҳонии 73-сола таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз пайравони ДомуллоҳҲикматуллоҳ ба шумо рафта, дар ҳар сафараш ба водии Рашт бо ӯ алоҳида мулоқот мекунад.
“Ҷанги Сурия “ҷиҳод” нест!”
Шӯрои уламои Маркази исломӣ(муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон, ки домуллоҳҲикматуллоҳ низ узви ин Шӯрост, дар моҳи октябр бо судури як фатво барои мусалмонон фарз шудани “ҷиҳод” дар Сурияву Ироқро рад карда, гуфта буд, дар он кишвар мусалмонон бо мусалмонон вориди ҷанг шудаанд. Ҳамин тавр, рӯзи 7 январ Маркази исломӣ бо нашри як раддия бо номи “Қуръон ба қатли мусулмон иҷозат намедиҳад!” ҷангиёни тоҷики созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро, ки ба иддаои худи онҳо, аз “халифа”-и ин созмон Абӯбакри Бағдодӣ барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон иҷозат пурсидаанд, маҳкум кард. Маркази исломӣ, ки раҳбарии умури муассисаҳои расмии мусалмонӣ ва ҳам масъулияти судури фатво дар масоили исломиро бар ӯҳда дорад, ин ҷангиёни тоҷикро “ифротӣ” ва “хоин” номид ва гуфт, , “ҷиҳод”-и эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност.”
Ин раддияи Маркази исломӣ асосан посух ба матлаби “Дархости иҷозат барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон” аст, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд. Дар ин матлаб аз нашри навори видеоие дар Интернет сухан мерафт, ки дар он як ҷавони зоҳиран тоҷик бо номи Абӯ Умариён, ки ба иддаои худаш, дар Ироқ дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” меҷангад, мегуфт, ки онҳо азми “ҷиҳод” ва “куштани кофирону золимон” дар Тоҷикистонро ҳам доранд ва барои ин аз “халифа” Абӯбакри Бағдодӣ иҷозат пурсидаанд&
Абӯ Умариён дар ин навор аз ҷумла мегӯяд: “Мо аз амирони инҷо хоҳиш кардем, ки дар Тоҷикистони мо зулм бисёр аст, мо мехоҳем, ки муҷоҳидон ба Тоҷикистон равем. Рӯзе мо меравем ва ҳамроҳи муҷоҳиддини Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон ҷиҳод мекунем ва кофириро аз байн нобуд мекунем.” Аммо ба гуфтаи ин ҷавони ришдор ва зоҳиран зери 30-сола, “амироне, ки пайёми онҳоро ба Бағдодӣ мерасонанд, гуфтаанд, ҳоло сабр кунед.”
Маркази исломӣ дар раддияаш азми ин ҷангиёни тоҷикро маҳкум карда, менависад, “дар кишваре, ки зиёда аз 99%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна “муҷоҳид”-е (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад “ҷиҳод” бикунад? “Ҷиҳод” бо кӣ мекунанд? Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!. Агар онҳо аз асли дин огоҳ мебуданд, ҳаргиз ин суханро намегуфтанд!”
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳқаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис додаву Абӯбакри Бағдодиро, ки бино ба гузоришҳо, як афсари собиқи артиши диктатори пешини Ироқ Саддом Ҳусейн будааст, “халифа” эълон кард. Ин созмон мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.
Тайи ду соли ахир аз ҳузури садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия гузориш мешавад. Ба гуфта мақомот, ҳоло то 300 ҷавони тоҷик дар Ироқу Сурия меҷанганд, аммо худи ин ҷангиӣн дар шабакаҳои иҷтимоии теъдоди тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурияро то 1000 нафар мегӯянд.
«Озодӣ»
-
09.06.2025 13:12
226
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
231
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
285
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
451
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
561
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
445
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
104
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
171
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
175
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
945
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1652
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3343
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
81
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
98
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
140
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
482
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
730
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
850
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
424
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
464
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
435
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
713
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1846
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
592
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
571
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1764
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2078
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2291
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2971
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
485
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
435
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
916
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3035
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3480
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3462
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
622
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
648
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
595
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?