Махдуми Муҳаммадикром дар зодгоҳаш дафн шуд
Ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикроми Муҷахарфӣ, як рӯҳонии маъруф дар водии Рашт рӯзи 27 феврал дар зодгоҳаш - деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод - ба хок супурда шуд.
Ҷанозаи рӯҳонии шинохта Махдуми Муҳаммадикром (ҳамчунин маъруф ба Махдуми Муҳаммадкиром), фарзанди рӯҳонӣ ва шоири маъруфи ибтидои асри 20 Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, рӯзи 27 феврал дар зодгоҳаш - деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод, воқеъ дар 130-километрии шимолу шарқи пойтахти Тоҷикистон - ба хок супурда шуд. Ин рӯҳонии маъруфи суннатгаро баъд аз зӯҳри 26 феврал дар Муҷахарф дар синни 99 баъд аз бемории тӯлонӣ даргузашт.
ҲоҷӣҲисорӣ Саломов, яке аз муридони Махдуми Муҳаммадикром, ки рӯзи 27 феврал бо мо тавассути телефон аз Муҷахарф сӯҳбат мекард, гуфт, ҷанозаи ин рӯҳониро дар гӯристони нави воқеъ дар теппаҳои болои деҳаи Муҷахарф ба хок супурданд. Ба гуфтаи ҲоҷӣҲисорӣ, азбаски шумораи ҷанозахонҳо ба чанд ҳазор мерасиду ягон масҷиди дараи Муҷахарф тавони гунҷондани ҳамаи онҳоро надошт, намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикромро дар як майдони васеъ дар соҳили дарёи Муҷахарф хонданд.
ҲоҷӣҲисорӣ Саломов гуфт, ба ҷуз аз раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки бо сафаре дар хориҷқарор доштааст, тақрибан ҳамаи дигар аъзои Шӯрои уламо ширкат доштанд.
Суннатуллоҳ Саидов, як сокини дараи Муҷахарф ба мо гуфт, рӯҳониёни шинохтае, чун Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ва Эшони Абдулвоҷиб, писари эшони Абдураҳмонҷон, аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои Тоҷикистон, дар маросими видоъ ва намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикром ширкат доштанд. Суннатуллоҳ Саидов гуфт, аз Муҷахарф то Зорон, деҳае ки дар саргаҳи дараи Муҷахарф қарор дорад, дар тӯли 2 километр кӯчаҳо пури эътиқодмандҳоест, ки аз манотиқи мухталиф барои видоъ бо Махдуми Муҳаммадикром омадаанд.
Намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикромро Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кардааст. Махдуми Муҳаммадикром ва Домулло Ҳикматуллоҳ аз нигоҳи равиши мазҳабӣ ва дидгоҳашон ба меъёрҳои мазҳаби Ҳанафия ҳамеша хеле ба ҳам наздик буданд.
Наздиконаш мегӯянд, Махдуми Муҳаммадикром, тайи қариб 6 моҳи охир бемори бистарӣ буд. Ӯ ба иллати қариб 10 соле ки дар даврони Шӯравӣ дар Сибир дар бадарға ба сар бурда буд, аз бемории диққинафас азият мекашид ва ин беморӣ билохира вайро аз пой афканд.
ҲоҷӣҲисорӣ Саломов, яке аз муридони Махдуми Муҳаммадикром, шоми 26 феврал ба мо гуфт, Махдуми Муҳаммадикром соати тақрибан 15 аз олам чашм пӯшид, вале хабари марги ин рӯҳонии мӯҳтарам аллакай даҳҳо тан аз пайравону муридон ва пайвандони ӯро аз гӯшаҳои мухталифи кишвар ба Муҷахарф овардааст. Ба гуфтаи ӯ, намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикром рӯзи ҷумъа, 27 феврал баъди адои намози ҷумъа хонда шуда, ӯро дар оромгоҳи Муҷахарф ба хок месупоранд.
Махдуми Муҳаммадикром аз рӯҳониёни суннатгарои Тоҷикистон аст, ки дар байни аҳли дин дар ин кишвар эътиқодманду пайрави зиёде дошт. Ин хонаводаи рӯҳонӣ бахусус дар дараи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод (Комсомолободи собиқ) нуфузи зиёд ва ҳамчунин дар навоҳии дигари водии Рашт ва дар водиҳои Ҳисору Вахш ҳам пайрав дошт.
Махдуми Муҳаммадикром фарзанди Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим, як рӯҳонӣ ва шоири маъруфи ибтидои асри 20 дар водии Рашт аст. Гуфта мешавад, аҷдоди ӯ аз Даҳбеди Самарқанд омада, дар Муҷахарф муқим шудаанд.
Дар соли 1930, баъди омадани Артиши Сурх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, ки он замон 63 сол дошт, ҳамроҳи писари калониии он замон сисолааш бо туҳмат дар Оби Гарм ҳамчун "унсури аксулинқилобӣ" ба қатл маҳкум шуданд. Домулло писараш Абдуфаттоҳро аз боздошт гурезонд ва ӯ баъдан ба Афғонистон ва баъди ҳамлаи нирӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Аммо худи рӯҳонӣ ва шоири маъруф Абдулҳайи Муҷахарфиро соли 1931 дар синни 64 -солагӣ, бино ба бархе манбаъҳо, дар маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе, ки он замон як қатлгоҳи мақомоти амниятии Шӯравӣ шуда буд, куштанд.
Аз Абдулҳайи Муҷахарфӣ чандин китоб, аз ҷумла “Муфизу-л- анвор», «Далоилу-л- салотин», «Муфиду-л-мўъминин», «Канзул-маъовиз» ва «Девони ашъор» то имрӯз боқӣ монда, аз китобҳои дигараш, чун Гулзори таҳрир», «Ойинаи шавқ», «Тахмисот» танҳо номаш дар ёд мондааст.
Ҷони писари дигари Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ Муҳаммадикромро дар соли қатли падараш танҳо ноболиғ будани ӯ харид. Вале боз ҳам ӯву аъзои дигари ин хонаводаи обрӯмандро барои 10 сол ба Сибир бадарға карданд. Махдуми Муҳаммадикром танҳо баъди 60 соли ҷудоӣ, дар оғози солҳои 90, вақте Шӯравӣ шикаст хӯрду роҳи сафари Ҳаҷ барои мардум боз шуд, тавонист ба Арабистони Саудӣ сафар карда, бародараш Абдулфаттоҳро дубора бубинад.
«Озодӣ»
-
06.01.2026 20:24
496
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
699
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
609
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
760
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
913
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1620
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
601
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
569
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
590
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
404
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
984
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2010
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
177
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
404
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
358
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
642
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
879
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1158
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
554
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
868
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
829
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1944
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1991
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2967
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1586
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1550
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2788
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
725
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
818
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
811
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1382
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1597
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1387
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3984
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4165
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4583
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
711
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1073
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1017
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































