МУСУЛМОНӢ ДАР АМРИКО АЗ НИГОҲИ ҲОҶӢ МИРЗО
Cӯҳбати ихтисосӣ бо Домулло Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, сархатиби масҷиди маҳаллаи «Ҳилоли Аҳмар»-и шаҳри Кӯлоб пас аз сафари ӯ ба Амрико. Мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо сафари шумо ба Амрико дар доираи кадом лоиҳа ва чӣ гуна сурат гирифт?Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим. Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва меҳрубон. Аз 9-уми май тариқи хатсайри Душанбе-Масков-Чикаго сафари мо ба Амрико оғоз ёфт ва он 21 рӯз идома дошт. Дар давоми 21 рӯз мо чандрӯзӣ ба 6 штати калонтарини Амрико, аз ҷумлаи Чикаго, Вашингтон, Лос-Анҷелос, Тексос, Детроийд, Нйю Йорк сафар доштем. Аз Тоҷикистон ба ҷуз банда чаҳор нафари дигар иборат аз имом-хатиби масҷиди Қазоқон, домулло Абдураҳим, муовини имом-хатиби масҷиди яккачинор домулло Абдураҳмон, имоми масҷиди Испечак Муродалӣ ва имом-хатиби масҷиди Истаравшан Саиднӯъмон Саидфазлулоҳ ҳамроҳи мо буданд.
Ин сафари мо дар доираи лоиҳаи шиносоӣ бо адён буд. Яъне, тамоми адён равияҳое, ки дар Амрико фаъолият доранд, мо бояд шиносоӣ пайдо менамудем. Ҳарчанд, ки дар Амрико равияҳои динии бешуморе вуҷуд дорад, ки имкони бо ҳамаи онҳо шинос шудан мушкил аст, вале ба ҳар ҳол маълумоте атрофи ҷараёнҳо ҳосил кардем.
-Муносибати ҳукумат, яъне ҳукумати Амрико бо пайравони адён ва равияҳои динии гуногуне, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, дар кадом сатҳ қарор дорад?
Ҳангоми шиносоӣ бо муассисаҳову дигар маконҳои динӣ ва аз сӯҳбат бо ашхоси мухталиф маълум шуд, ки дар Амрико 2 000 дину мазҳабу равияҳо вуҷуд дорад. Албатта, 21 рӯз хеле кам аст ва наметавон аз ин нигоҳ баҳогузорӣ намуд, вале зимни сӯҳбат худи католикҳову буддоиҳову исломиҳову сикхҳо изҳор медоштанд, ки давлат ба фаъолияту барномрезиҳои онҳо ҳеҷ пешниҳод ва дахолате намекунад. Ин нуктаро намояндагони адёни гуногун замони сӯҳбат бо мо изҳор медоштанд.
-Зимни ошноӣ бо масҷидҳои исломӣ кадом нуктаҳои барои худ муҳимро мушоҳида намудед?
-Дар ҳар як шаҳрҳое, ки дар ибтидо ном гирифтам, марказҳои исломӣ, мадрасаҳои исломӣ вуҷуд дошт ва дар ҳар кадом ҳамон марказҳо 600-700 духтару писарони нажоду миллаташон гуногун «Қуръон»-у ҳадису забонҳо инглисиву испаниву ва дар ҳамин баробар дигар илмҳоро меомӯхтанд. Дар сӯҳбатҳое, ки бо онҳо доштем изҳор медоштанд, ки шароити таълиму тадрис барояшон хеле хуб аст.
Дар ҳар як шаҳр масҷидҳои бешуморро мушоҳида намудан мумкин буд. Ҳатто дар як кӯчаи Детройт то панҷ масҷидро дидем. Хуллас, мо се намози ҷумъаро дар Амрико хондем. Ҷумъаи якумро дар Капитол гузоштем, ҷое ки сенаторҳо, қонунбарорҳои Амрико он ҷо нишастаанд ва ошёнаи якумаш барои намозгузорӣ дуруст карда шудааст. Дуввум намози ҷумъаро дар Лос-Анҷелес ва саввумиро дар Ню Йорк гузоштем.
-Миёни масҷидҳои Амрико ва Тоҷикистон чӣ тафовут дидед?
-Тафовут дар ин буд, ки дар масҷидҳо низоми хуб ҷорӣ карда буданд. Таҳоратхонаҳои хуб доштанд, ки аксарияти масҷидҳои мо аз ин маҳрум ҳастанд. Камбудии мост, ки чунин шароитро дар масоҷид омода намекунем. Ҷойҳои пойафзолмонии хуб буд. Масҷидҳо низ хеле бӯйи хуб доштанд. Тафовут танҳо дар тозагӣ буд, илло масҷид ҳамааш масҷид аст ва барои мардуми мусалмон аст.
Дар дохили масҷид низ чун аҳамият додем, касе ба гапи кӯчагӣ гуфтан машғул нест. Ҳамагон «Қуръон» мехонанд ё ибодат мекунанд ва вақте имом-хатиб омад ҳамагон ӯро бодиққат гӯш мекунанд. Тафовут дар ҳамин аст.
-Зиндагии амрикоиён, умуман мусалмону ғайримусалмон аз нигоҳи шумо.
-Ростӣ, зиндагии мо ва онҳо бо далелҳои гуногун муқоисанашаванда аст. Амрико давлати калон аст ва 300 миллион нафар аҳолӣ дорад. Бале, мо шароитҳоеро миёни амрикоиҳо мусалмон ва ғайри мусалмон мушоҳида кардем. Ҷолиби диққат ин буд, ки оилаҳои сарватмандеро дидем, ки телевизион тамошо намекунанд. Онҳо изҳор медоштанд, ки телевизион вақти зиёди моро мегирад ва аз ин дида мо ба интернет машғул шуда, хабарҳои дунё ва чизҳои муҳими дигарро дастрас намоем, беҳтар аст. Дар умум зиндагии бад надоранд, аммо аз нигоҳи рӯҳонӣ мо ҳамеш мардумро ба он тарғиб мекунем, ки ҳар чи бар шумо худованд муқадар кардааст, бояд қаноат кунед. Албатта Худо меҳрубон аст.
-Дар бештари кишварҳо афроди либоси исломи ба бар намуда таъқиб мешаванд. Оё ин дар Амрико мушоҳида мешуд?
- Дар Амрико вақте мо пурсидем, гуфтанд, ки ҳафт миллион мусалмон зиндагӣ мекунад. Аммо мо гумон мекунем, ин адад бештар аст ва шояд онро пинҳон мекунанд. Дар бештари муассисаҳое, ки мо сӯҳбат доштем, мегуфтанд, мусалмонҳои зиёде дар Амрико зиндагӣ мекунанд, ки бо сабабҳои номаълум мусалмон буданашонро пинҳон медоранд. Аз ин рӯ мо хулоса кардем, ки шумораи мусалмонҳо бештар аст. Вале таваҷҷӯҳе, ки мо доштем, маълум шуд, дар масъалаи пушидани либос ҳеҷ гуна фишору таъқиб дида намешавад.
Ҳатто бачаҳои мо дар баъзе мактабҳои давлатии Амрико, ки духтарони мусалмон таҳсил мекунанд, ин масъаларо суол низ карданд. Дар идораи корҳои хориҷӣ ҳам вақте рафтем, зани сиёҳпӯстеро дидем, ки бо либоси исломӣ фаъолият мекунад. Аз ӯ суол кардем, ки дар берун барои ҳиҷоб шуморо касе чизе намегӯянд, тааҷҷуб намуданд. Аз ҷониби давлат низ сахтгирие дар масъалаи ин либос мушоҳида накардем.
-Ташаккур, аммо давоми сафар дар Амрико шумо худро дар кадом ҳолат эҳсос мекардед?
-Дар ислом қасами «валлоҳӣ» ҳаст. «Валлоҳӣ», ки ҳамон рӯзи аввал бароям қабул набуд рафтани Амрико. Ба хотире, ки сиёсати берунаи Амрико, тавре ба ҳамагон маълум аст, хеле таҷовузҳои зиёд дар ҳаққӣ мусулмонҳо кардаанд, хеле мушкилотҳои зиёд дар дунё эҷод кардаанд ва карда истодаанд, ба ҳамин хотир дили банда хеле нороҳат ҳам буд, хоҳиш ҳам надошт, вале вақте фаҳмидам, ки чаҳор домуллои дигар ҳамроҳ ҳаст, каме майл пайдо шуд, ки рафта сайёҳат мекунам. Сайёҳат, ки ҷаҳде дар роҳи худост ва фаҳмишҳои зиёде ба бор меорад, ба ҳамин хотир розӣ шудам. Вақте, ки 12-соат парвоз доштем ва дар Амрико расидем, рӯи диламонро як торикиву сиёҳӣ фаро гирифт, вале барномаҳо, ки шавқовар буд ва чизҳои аҷиб мешунидем, ба ҳар ҳол тоқат кардем.
Чизе, ки дили моро дар Амрико мегирифт, ин ҳамон фисқу фасод буд. Дар кӯчаҳо либосҳои норҳаткунандаи хилофи исломӣ ба бар менамуданд. Тавре шоҳид будем, ҷавонони амрикоӣ шиме, ки дар бадан доштанд, 50 фисади аз миён поёнашонро мепӯшонду халос. Ҷавонон дар сари роҳ бо ишқварзиву бо якдигарро канор гирифтан ва дигар амалҳои ношоям машғул буданд, ки аз дидани онҳо хеле дилсиёҳ мешудем. Дар намози ҷумъа низ гуфтам, ки ҷавонони азиз мо аз Амрико ақида нагирем, ахлоқ наомӯзем, вале дар илм ва тараққиёте, ки Амрико кардааст, бояд тақлидкорӣ кунем. Бояд мо ватанамонро бо илм, бо дониш, бо садоқату муҳаббат обод кунем. Дар шаҳрҳои зебое ҳам будем, вале ба худо қасам, ки ҳеҷ гоҳ бе ёди ватан набудем ва доим худо мегуфтем, ки зудтар моро ба ватан расонад.
Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
220
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
71
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
85
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
474
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
845
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
979
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
585
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?