АБДУРАУФИ ФИТРАТ «МУХТАСАРИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ» 5
ХУЛАФОИ РОШИДИН
ХИЛОФАТИ ҲАЗРАТИ АБӮБАКР
То вақте ки он ҳазрати зинда буданд, ҳамаи мусалмонон тобеи фармони он ҷаноб буданд. Аммо баъд аз он ки аз дунё гузаштанд, албатта, мусалмононро сардоре даркор буд. Вақто ки ҳазрат аз дунё гузаштанд, асҳоб ба фикри сардор таъин кардан шуданд. Иҷтимоъ ва машварат карданд. Дар миёнашон андак ихтилоф баромад – наздик буд, ки кор ба низоъ анҷомад.
Ҳазрати Умар ғайрату чолокӣ карда, ҳазрати Абӯбакро ба сардории аҳли ислом номзад карда, аввал худашон ба он ҷаноб байъат намуданд. Инак, ба ҳамин тариқа, ҳазрати Абӯбакр халифа, яъне ҷонишини пайғамбар шуданд. Ба минбар баромада, дар миёни халоиқ нутқе карда, гуфтанд, ки «Эй мусалмонон! Бо вуҷуди он ки ман лоиқи халифагӣ набудам, дар миёни шумо мухолифат ва низоъ нашавад гуфта қабул кардам.
Агар баъд аз ин аз рӯи гуфтаҳои Худо ва расул рафтор кунам, ба ман ёрӣ диҳед ва агар аз гуфтаҳои онҳо бароям, ба ман итоат накунед». Ҳамин ки хабари вафоти ҳазрат ба ҳар ҷониб рафт, бисёр аз қабилаҳои араб муртад шуданд, яъне аз дини ислом баргаштанд ва чанд кас ба дурӯғ даъвои пайғамбарӣ карданд. Аҳли Мадина аз шунидани ин воқеаҳо ғамгин ва ҳайрон монданд. Ҳазрати халифа дар сари ғайрат омада, аввалан бо муртадҳо ҷанг карда, онҳоро парешон карданд. Баъд аз он лашкар фиристода, пайғамбарони дурӯғиро барҳам заданд.
ҶАМЪИ «ҚУРЪОН»
«Қуръон»- и Карим аз тарафи Илоҳӣ ба ҳазрати Пайғамбар кам - кам нозил мешуд. Он ҳазрат дар вақти зиндагӣ оятҳои «Қуръон»-ро ҷамъ накунонида буданд. Баъзе асҳоб ҳамаи оятҳои нозил шудагиро аз ёд медонистанд, ки онҳоро ҳофизони «Қуръон» мегӯянд. Боқимондагон баъзе оятҳоро ёд карда ва баъзашро навишта нигоҳ медоштанд.
Баъд аз халифа шудани ҳазрати Абӯбакр бисёре аз он ҳофизони «Қуръон» дар ҷанги муртадон шаҳид шуданд. Ҳазрати Абӯбакр диданд, ки агар ҳамин тариқ монанд, дар андак вақт ҳамаи ин ҳофизон аз дунё мегузаранд ва баъзе оятҳои қуръонӣ зоеъ мешавад. Бинобар он ҳамаи оятҳои нозил шудагиро ҷамъ карда як ҷо навиштанд.
ФУТӮҲОТИ ИРОҚ ВА СУРИЯ
Дар боло хонда будем, ки он вақтҳо дар дунё ду давлат буданд бузург: яке Ирон, дигаре Рум. Вақто ки тамоми мардуми Ҷазират-ул- Араб мусалмон шуданд, акнун аҳли исломро лозим буд, ки ба ин ду мамлакати бузург рафта, мардуми он ҷоро ҳам мусалмон намоянд. Инак, Абӯбакри Сиддиқ баъд аз ин ба фикри ҳамин мақсад шуда, Холид бинни Валидро сардори ҳаждаҳ ҳазор одам карда ба ҷониби Ирон ва Убайда бинни Ҷарроҳро бо лашкари бисёр ба сарҳади мамлакати Рум фиристоданд.
Ҷаноби Холид бинни Валид бо лашкари Ирон ҷангҳои сахт карда, Ироқи Араб ном вилояти васеъро гирифта, баъд аз он ба мадади Абӯубайда ал Ҷарроҳ омаданд. Ин ду сардори бузург бо иттифоқи якдигар бо лашкари бегарони Рум чанд майдон ҷанг карданд ва ҳар дафъа зӯр баромада, хеле шаҳрҳои онҳоро гирифтанд. Дар ҳамин ҳангом ҳазрати Абӯбакр бемор шуданд. Ҳазрати Умарро ба ҷои худ халифа карда, аз дунё гузаштанд. Синни ҳазрати Абӯбакр шасту се сол ва муддати халифаташон ду солу се моҳу даҳ рӯз буд.
ФАЗОИЛИ ҲАЗРАТИ АБӮБАКР (Р)
Ҳазрати Абӯбакр ёри аввал ва соҳибмаслиҳати Пайғамбар буданд. Ба ҳиҷрат низ ҳамроҳӣ карданд. Аввал касе, ки аз мардон мусалмон шуд, ҳамин ҷаноб буданд. Ҳам шуҷоат, ҳам тавозӯъ ва мадоро доштанд. Дар замони он ҳазрат барои қувват гирифтани дини ислом бисёр меҳнат кашиданд ва тамоми молашонро дар ҳамин роҳ сарф карданд.
ХАЛИФАГИИ ҲАЗРАТИ УМАР ВА ҶАНГҲОИ ИРОН
Дар соли сездаҳуми ҳиҷрат ҳазрати Умар ба маснади хилофат нишастанд. Мусалмонон ин ҷанобро Амиралмӯъминин лақаб ниҳоданд. Амиралмӯъминин аввалан аз рӯи васияти ҳазрати Абӯбакр лашкари бузург тартиб дода, ба сардории Саъд ибни Ваққос ба Ирон фиристоданд. Ин лашкар бо ирониён бисёр ҷангҳо карда, хеле шаҳрҳоро гирифтанд.
Сахттар ва машҳуртарини ин ҷангҳо ҷанги Қодисия буд. Дар ин ҷанг лашкари ислом чиҳил ҳазор ва лашкари Ирон яксаду бист ҳазор кас буданд. Чаҳор рӯз ҷанг шуд. Панҷяки лашкари мусалмонон шаҳид шуданд. Оқибат, лашкари Иронро, ки Мадоин ном дошт, гирифтанд. Аз ин ҷангҳо бисёр мол ғанимат ба дасти мусалмонон уфтод.
ФАТҲИ ШОМ ВА ҚУДС
Дар вақте ки лашкари ислом ба Ирон ҷанг доштанд, ҳазрати Умар дар болои лашкаре, ки дар сарҳади мамлакати Рум ҳам ҷанг мекарданд, мадад фиристода, Абӯубайда бинни ал Ҷарроҳро амири кули лашкар таъин карданд. Лашкари ислом Шом ва Ҳалабро аз дасти лашкари Рум гирифтанд ва як қисми онҳо рафта шаҳри Байтулмуқаддасро муҳосира, намуданд. Худи ҳазрати Умар низ дар болои ин муҳосира омада, Байтулмуқаддасро ба сулҳ гирифта, дар ҳаққи насрониёни ин шаҳр бисёр адолату мурувват намуданд.
ФАТҲИ МИСР ВА ТАРОБЛИСИ ҒАРБ
Баъд аз он Амр бинни ал –Ос ном сардорро бо чаҳор ҳазор кас ба Миср фиристоданд. Онҳо омада ҷанг карда, Мисрро гирифта, ба Искандария омаданд. Се моҳ муҳосира карда, Искандарияро ҳам гирифтанд. Баъд аз он ба Тароблиси Ғарб гузашта, ин мамлакатро гирифтанд.
ВАЗЪИ ТАЪРИХ
Дар замони ҳазрати Умар шавкати мусалмонон бузург ва мамлакати ислом хеле васеъ шуд. Аз маркази хилофат ба ҳар тараф хатҳо ва супоришнома мерафт. Ба ин хатҳо ва супоришномаҳо як таърихи муайян навиштан даркор мешуд. Бинобар он ҳазрати Умар аз барои мусалмон як таърихи муайян ва умумӣ таъин карданӣ шуда, бо асҳоб машварат намуданд. Аз рӯи машварати ҳазрати Алӣ соли ҳиҷрати Пайғамбарро, ки моҳи муҳаррам буд, сари таърих эътибор карданд. Ин воқеа дар соли ҳафтаҳуми ҳиҷрат воқеъ шуд.
ШАҲОДАТИ ҲАЗРАТИ УМАР
Ҳазрати Умар ғайрат карда, ба ривоҷи дини ислом ва шавкати мусалмонон мекӯшиданд. Лекин дар соли 23 ҳиҷрат баногоҳ як рӯз як ғуломи насронӣ он ҷанобро ба корд зада шаҳид кард. Сини мубораки Амиралмӯъминин 63 ва муддати халифагиашон даҳ солу шаш моҳ буд.
ФАЗОИЛИ ҲАЗРАТИ УМАР
Ҳазрати Умар бисёр қаноаткор, одил, низомпарвар ва боғайрат буданд. Ғайр аз адои вазифа ба ҳеҷ коре намепардохтанд. Бо вуҷуди он ки Ирон ва Рум аз ҳайбаташон меларзид, ҷомаи ямоқӣ мепӯшиданд. Дар мавриди сафари Байлутмуқаддас як уштурро бо ғуломашон ба навбат савор шуда рафтанд. Ҳатто вақте ки аз дарвозаи Байтулмуқаддас медаромаданд, аз рӯи навбат ғуломашонро савор карда, худашон дар ҷилави ӯ пиёда буданд.
ХАЛИФАГИИ ҲАЗРАТИ УСМОН
Ҳазрати Умар дар вақти бемории худ касеро халифа накарданд, балки аз калонони асҳоб шаш нафарро ҷамъ карда гуфтанд, ки «Шумоён аз миёни худатон кадоматонро, ки лоиқ бинед халифа кунед!». Ҳазрати Алӣ, Ҳазрати Усмон ва Абдурраҳмон бинни Авф аз ҷумлаи ҳамин шаш нафар буданд. Инҳо баъд аз дафни ҳазрати Умар дар як хона ҷамъ шуда, машварат карданд.
Ғайр аз Абдураҳмон бинни Авф дигар ҳамаи ишон толиби хилофат буданд. Ҳазрати Абдурраҳмон диданд, ки аҳвол дигаргун шудааст. Пештар ҳар кас аз халифа шудан метарсид, имрӯз ҳама толиб шудаанд. Бинобар он фикри дигаре карданд. Фардо, ки мардум ба масҷид ҷамъ омаданд, ҷаноби Абдураҳмон ба минбар баромада, аввалан ҳазрати Алиро ба назди худ оварда, ба овози баланд гуфтанд, ки «Ё Алӣ, ман туро ба халифагӣ меписандам, ба шарте он ки аз раҳе, ки ҳазрати Пайғамбар ва ду халифаи дигар рафтанд, қадаме берун намегузорӣ!». Ин шарт мушкил буд.
Ҳазрати Алӣ «Ман наметавонам» гуфта ҷавоб доданд. Ҷаноби Абдурраҳмон ин дафъа ҳазрати Усмонро оварда, ба ҳамин шарт халифагиро таклиф карданд. Ҳазрати Усмон қабул намуданд. Мардум ҳам байъат карданд.
ФУТУҲОТ
Дар замони ҳазрати Усмон низ лашкари ислом ба ҳар ҷониб музаффаррона пеш мерафтанд. Лашкаре, ки дар замини Ирон буданд, тамоми мамлакати Иронро гирифта, ба сарҳади Туркистон расиданд. Лашкаре, ки бо давлати Рум ҷанг доштанд, қитъаи Сурияро ба даст дароварданд. Дар ҷониби Офриқо ҳам мусалмонон ҳамин тариқа музаффару мансур мегаштанд. Дар замони ҳазрати Усмон мамлакати ислом бисёр васеъ шуд.
ҶАНГИ ДАРЁ
Аз замони ҳазрати Пайғамбар то вақти ҳазрати Усмон аҳли ислом ҳар ҷанге, ки карда бошанд, ҳамаро ба хушкӣ намуда, дар дарё ҷанг накарда буданд. Дар замони ин халифа лашкари ислом кемаҳои ҷангӣ дуруст карда омода, ҷазираҳои Радус ва Қибрисро гирифтанд. Импиротури Рум ин воқеаро шунида дар ғазаб шуд ва ҳама кемаҳои ҷангии худро тайёр карда, омада бо мусалмонон дар дарё ҷанги сахт кард. Мусалмонон зӯр баромада, импиратурро шикаст доданд. Аввалин ҷанге, ки аҳли ислом дар дарё карданд, ҳамин ҷанг буд.
ЗУҲУРИ ФИТНА ВА ШАҲОДАТИ ҲАЗРАТИ УСМОН
Баъд аз он ки ҳазрати Усмон ба маснади халифагӣ нишастанд, аксари волиҳои ҳазрати Абӯбакр ва Умар таъинкардагиро аз вилоятҳо бекор карда, ба ҷои онҳо хешони худро волӣ мекарданд ва ҳол он ки баъзеи ин хешони ҳазрати Усмон дар замони он ҳазрат гунаҳкор шуда буданд. Ба илова волиҳои тоза дар вилоятҳо зулм менамуданд.
Бинобар он мусалмонон ин корҳои ҳазрати Усмонро бо ҳамун шарте, ки аввал карда буданд, мухолиф дониста фитна бароварданд. Мардуми Мисру Куфа ва Басра гурӯҳ – гурӯҳ ба Мадина омада, ҳазрати Усмонро дида гуфтанд, ки «Шумо ба шартатон вафо накардед. Акнун халифагиро тарк кунед. Мо ягон каси дигарро халифа менамоем». Ҳазрати Усмон қабул накарданд. Мардум ба хонааш ҳуҷум оварда, он ҷанобро шаҳид карданд. Инак, ҳамин фитна барои мусалмонон бисёр бад буд.
Сабабу решаи фитнаҳои дигар ҳамин аст. Баъд аз ин аҳли ислом ба фитнаҳои дохилӣ машғул шуда, аз ҷаҳонгирӣ бозмонданд. Агар ҳамин фитна сар намезад ва мусалмонон мисли аввал иттифоқ карда, ба нашри ислом мекӯшиданд, имрӯз тамоми олам мусалмонобод мешуд. Муддати халифагии ҳазрати Усмон даҳуним сол аст.
ҶАНГИ САФИН
Агарчи ҳазрати Алӣ дар ҷанги Ҷамал музаффар шуданд, лекин ҳанӯз кор дар пеш буд. Зеро Муъовия, ки волии Шом буд, банни Умаяро ба даври худ ҷамъ карда буд. Инҳо ҳазрати Алиро кушандаи ҳазрати Усмон гуфта, хилофаташонро қабул намекарданд. Муъовия ҳам аҳолии Шомро дар ҳаяҷон оварда, оқибат худашро халифа эълон намуд. Ночор ҳазрати Алӣ ба болои ӯ лашкар кашиданд. Дар Сафин ном мавзеъ ду лашкари ислом рӯ ба рӯй шуда, навад рӯз ҷанг карданд. Аз ду тараф хуни ҳаштод ҳазор мусалмон рехта шуд.
ТАЪИНИ ҲАКАМ
Ҳазрати Алӣ қариб зӯр баромада буданд, ки лашкари Муъовия ҳила карда, сулҳталаб шуданд. Ду лашкар даст аз ҷанг кашиданд. Аз барои ҳал кардани масъалаи хилофат аз ду тараф ҳакам, яъне ду оқсақол таъин карданӣ шуданд. Ҳазрати Алӣ Абӯмӯсо ал- Ашъариро, Муъовия Амр бинни Ал- Осро таъин карданд. Ин ду оқсақол як ҷо нишаста машварат намуданд. Амр бинни ал-Ос Абӯмӯсоро фиреб дода, баромада, дар миёни ду лашкар ҳазрати Алиро бекор ва Муъовияро халифа таъин кард. Тарафдорони ҳазрати Алӣ аз ин ҳодиса ғамгин шуданд ва ҳамроҳи он ҷаноб ба Куфа омаданд.
ЗУҲУРИ ХОРИҶИЁН ВА ШАҲИД ШУДАНИ ҲАЗРАТИ АЛӢ
Баъзе аз тарафдорони ҳазрати Алӣ ба сабаби ин ки дар воқеъаи Сафин фиреб хӯрданд, бисёр ғамгин шуда, ба худи ҳазрати Алӣ кина гирифтанд. Дар шаҳри Наҳрвон ҷамъ шуда, бо худи ҳазрати Алӣ ҷанг карданӣ буданд. Амиралмӯъминин ин хабарро шунида, ба сари онҳо рафта, ҷанг карда шикаст доданд.
Аз ин воқеъа онҳо дар ғазаб шуда, то рафтар ба ҳазрати Алӣ душмантар шуданд. Ҳамин ҷамъомад: хориҷӣ ва ё хавориҷ мегӯянд. То дар соли чиҳилуми ҳиҷрат Абдурраҳмон бинни Мулҷам ном яке аз онҳо дар масҷиди Куфа ҳазрати Алиро шаҳид кард. Мусалмонон ҳамин чаҳор хилофаро хулафои рошиддин мегӯянд.
ИМОМ ҲАСАН
Баъд аз шаҳодати ҳазрати Алӣ тарафдоронаш имом Ҳасанро халифа карданд. Лекин имом Ҳасан диданд, ки бо Муъовия баробарӣ карда наметавонад, аз баҳри халифагӣ гузашта, ӯро ба Муъовия тарк карданд.
(идома дорад)
-
01.06.2025 19:19
168
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
220
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
173
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
393
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
496
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
363
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:16
195
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
159
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
202
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
14.10.2024 18:41
858
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1569
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3258
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
09.06.2025 13:03
106
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
03.06.2025 16:17
146
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
-
01.06.2025 19:11
141
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
410
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
642
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
771
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
359
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
388
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
375
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
634
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
900
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1729
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
493
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
476
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1687
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2011
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2213
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2900
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
406
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
369
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
824
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2951
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3390
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3380
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
565
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
589
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
533
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?