БАҲСИ ТАЪЛИМИ РАСМӢ ВА ҒАЙРИРАСМИИ ИСЛОМ
Мақомоти Тоҷикистон ахиран таълими Ислом дар хона ва мадрасаҳои сабтнашударо манъ эълон карданд, ки боиси нигаронии руҳониён шудааст. Онҳо мегӯянд, қонун таълими ғайрирасмии мазҳабиро манъ намекунад. Абдуумар Аҳмадов дар масҷиди деҳаи Понғози вилояти Суғд аз урфу одат ва ахлоқи исломӣ дарс медиҳад. Дар дарсҳои Аҳмадов, ки бегоҳиҳои шанбеву якшанбе баргузор мешавад, донишҷӯёни синнашон аз 8 то 16-сола ахлоқи исломӣ меомӯзанд.
Аҳмадов хатмкунандаи мадрасаи исломист ва барои таълим додан дар мактаби динӣ иҷозатнома дорад. Ин дарсҳои ӯ, ки дар масҷиди марказии деҳа доир мешавад, аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ расман сабт шудааст. Ҳукумати марказии Тоҷикистон, ки аксарияти умдаи аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳад, ба ин навъи таълими Ислом розӣ аст, ё агар саҳеҳтар гӯем, ҳукумат чунин дарсҳоро таҳаммул мекунад.
Мақомдорон дар нисбати таълими ғайрирасмии дини Ислом ва мадрасаҳои сабтиномнашуда мавзеи сахтгирона дорад. Ҳукумат манзилҳоеро, ки гумон аст дар онҷо дарсҳои ғайрирасмии исломӣ баргузор мешавад, мавриди бозҷӯиву тафтиш қарор медиҳад.
Тақвияти нуфузи Ислом дар ҷомеа
Бо вуҷуди манъ шудани чунин дарсҳо аз ҷониби ҳукумат мадрасаҳои ғайрирасмӣ аз байн нарафтааст. Дар воқеъ талабот ба як навъ маъорифати динии кӯдакон афзоиш меёбад ва нуфузи ислом ба ҳаёти ҷомеа низ тақвият ёфта истодааст. Бино ба натиҷаҳои назарсанҷии ширкати Галлуп, ки ду сол қабл доир шуда буд, наздик ба 76 дарсади ширкаткунандагони он дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки дин дар ҳаёти ҳаррӯзаашон нақши муҳим мебозад.
Амалиёти “Мадраса”
Мақомдорони Тоҷикистон моҳи ҷорӣ эълом намуданд, ки зимни амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ зери унвони “Мадраса” дар Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ғафуров ҳафт мактаби динии сабтиномношуда кашф шудааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки қариб ҳамаи ин мадрасаҳо дар манзилҳои хусусӣ ҷойгир шуда дар онҳо муллоҳо ё хатмкунандагони мадрасаҳо ба кӯдакони синни мактабхонӣ ба гуфтаи онҳо урфу одат ва ахлоқи ислом дарс медоданд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои динӣ ва овардани фишор ба ниҳодҳои мазҳабӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд. Бо вуҷуди ин мақомот иддао доранд, ки ин чораҳо бар муқобили хатари ифротгароии мазҳабӣ рйи даст гирифта шудааст.
Дар тӯли солҳои охир аз ҷониби мақомоти расмӣ садҳо масҷиду мадрасаҳои маҳрамона кашф ва баста шуд. Пӯшидани рӯсарии исломӣ дар мактабу биноҳои ҳукуматӣ манъ аст. Як замон вазорати маориф ҳатто донишҷӯёни мардинаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро маҷбур мекарданд, костюму гарданбанд бипӯшанду риши худро тарошанд.
Нигаронии рӮҳониён
Муҳаммадҷон Ортиқов, имоми масҷиди ноҳияи Ғафуров, гуфт, бими мақомот аз либоси исломӣ ва шубҳаашон аз дарсҳои мазҳабӣ вайро нигарон мекунад. Ӯ афзуд, ки чунин бархурд мусалмонони мӯътадилро аз ҳукумат дур мекунад. Фарзанди Ортиқов - Муҳаммадӣ барои таълим додани дарсҳои сабтиномношудаи мазҳабӣ ҷарима шуда буд. Бо вуҷуди ин Ортиқов таъкид дорад, ки фарзандаш бо дархости волидони кӯдакони ҳамсоя ба онҳо Қуръон меомузонд ва ягон ҳадафи дигар надошт.
Сайдбек Маҳмадуллоев, мутахассиси дин ва ҳуқуқ дар кумитаи давлатии дин, ба радиои Озодӣ гуфт, ки қонуни Тоҷикистон ширкат дар дарсҳои мазҳабиро манъ намекунад. “Ҳамчунон қонун ташкили мактабҳои мазҳабиро ба шаҳрвандон манъ намекунад. Ягона дархост ин аст, ки онҳо бояд аз мақомоти маориф барои ташкили чунин дарсҳо иҷозати расмӣ бигиранд”, - афзуд вай. Бино ба суханони Маҳмадуллоев, мақомоти маориф бояд аз муҳтавои барномаи таълимии ҳар як мактабе, ки бо кӯдакони наврас сарукор аст огаҳӣ дошта бошанд.
Барномаҳои динии мақомот
Барои посух ба талаботи мардум дар таҳсили ибтидоии динӣ вазорати фарҳанг ба тозагӣ мавзӯи навро барои мактабҳои миёна муаррифӣ намуд. Барномаи омӯзишии “Дониши Ислом” . Аммо аксари пешвоёни мазҳабӣ мегӯянд ки ин дарсҳо иттилои заруриро дар бораи дин таъмин намекунад. Онҳо чунин дарсҳоеро, ки ҳафтае як бор аз ҷониби муаллими таърих дарс дода мешавад, мавриди интиқод қарор медиҳанд.
Дар Тоҷикистон наздик ба 20 мадрасаи расман сабтиномшуда ва як Донишгоҳи исломӣ мавҷуд аст. Илова бар ин ҳар як масҷиди ҷомеъ ҳақ дорад дарсҳои мазҳабӣ ташкил диҳад. Масҷиди ҷомеъро мешавад танҳо дар ҷое сохт, ки аҳолиаш на камтар аз 15 ҳазор нафар бошад. Муллоҳои деҳот мегӯянд, ки барои посух ба талаботи афзоишёбанда дар мактабҳои мазҳабӣ шумораи мадрасаҳои расмӣ басанда нест.
Исломи мардумӢ
Давлатпочо Азизова, зани хонашин аз деҳаи Камароби ноҳияи Рашт, писари 14-солаашро барои омӯхтани Қуръон ва асосҳои ислом ба хонаи муллои маҳаллӣ фиристодааст. Азизова ва мулло ҳатто намефаҳманд, ки қонуншиканӣ мекунанд. Азизова иқрор мекунад, намедонист, ки барои дарс додан мулло ва дигарон бояд иҷозатӣ расмӣ дарёфт кунанд.
Хонум Азизова мегӯяд, сабаби он ки аксарияти волидон фарзандонашонро ба мадрасаҳои ғайрирасмӣ мефиристанд, дар он аст, ки онҳо масҷиди ҷомеъ ва ё мадрасаи сабтиномшуда надоранд. Дарсҳои Қуръон дар масҷидҳо ва манзилҳои хусусӣ дар аксари вақт маҷонианд ва дарсҳо дар онҷо рӯзҳои истироҳат баргузор мешавад.
Аммо 20 мадрасаи расмии кишвар пулакианд. Дар онҷо толибулмол 3 ё 4 сол пурра мехонанд ва илова ба таҳсили мазҳабӣ кӯдакон дар онҷо забони инглисӣ ва компютер меомӯзанд. Аҳмадов мегӯяд ки аксаррияти мадрасаҳои сабтиномношуда ягон барномаҳои махфи надоранд, аммо ба ҳама бовар карда намешавад ва шояд миёни муаллимон ягон нафарон бо мафкураҳои ифротӣ низ бошанд ва ба онҳо набояд иҷозат дода шавад мафкураҳои худро ба наврасон таҳмил кунанд.
Латифи Латифӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2798-2010-07-30-11-20-47.html
-
25.10.2025 14:45
421
«Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар демократикунонии ҳаёти ҷомеъа»
-
25.10.2025 14:42
406
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
465
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
26.09.2025 12:42
339
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
387
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1112
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
410
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
336
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
348
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1542
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1476
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2176
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:43
370
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
19.10.2025 11:37
406
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
274
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
24.09.2025 19:54
286
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
379
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
310
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
267
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
409
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
879
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1447
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1514
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2415
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1119
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1086
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2300
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
327
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
331
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
377
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
932
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1103
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
926
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3447
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3599
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4070
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
516
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
524
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
609
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































