АБДУРАУФИ ФИТРАТ «МУХТАСАРИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ» 2
ТАРБИЯИ ҲАЗРАТИ ПАЙҒАМБАР (С)
Чунончӣ дар боло хондем, ҳазрати Пайғамбар ба дунё ятим омаданд. Падарашон мурда буд, бинобар он бобояшон Абдулмуталиб тарбияти он ҳазратро дар ӯҳдаи худ гирифт. Аҳли Макка як одати хубе доштанд, ки кӯдакони навзодро ба доягони саҳроӣ супурда, беруни шаҳр мефиристоданд. Абдулмуталиб ҳам он ҳазратро ба Ҳалима ном доя дода, ба саҳро фиристод. Чунончӣ дар боло хондем, ҳазрати Пайғамбар ба дунё ятим омаданд.
Падарашон мурда буд, бинобар он бобояшон Абдулмуталиб тарбияти он ҳазратро дар ӯҳдаи худ гирифт. Аҳли Макка як одати хубе доштанд, ки кӯдакони навзодро ба доягони саҳроӣ супурда, беруни шаҳр мефиристоданд. Абдулмуталиб ҳам он ҳазратро ба Ҳалима ном доя дода, ба саҳро фиристод. Ҳалима чанд сол ҳазратро тарбия карда, баъд аз он оварда супорид. Вақто ки ҳазрат шашсола шуданд, модарашон аз дунё гузашт ва дар ҳаштсолагӣ бобояшон вафот кард. Амакашон Абутолиб он ҷавонро ба ҳимояи худ гирифт. Вақто ки сездаҳсола шуданд, ҳамроҳи Абутолиб ба сафари Шом баромаданд. Дар ними роҳ Буҳайро ном як шахси насронӣ он ҳазратро дида, аз баъзе аломатҳо пайғамбари охирзамон буданашро донист ва ба Абутолиб гуфт, ки «Ин ҷавонро ба Шом мабар, ки яҳудон ӯро шинохта, зарар мерасонанд». Абутолиб сухани Буҳайроро қабул карда, гашта ба Макка омад.
ЗАН ГИРИФТАНИ ПАЙҒАМБАР (С)
Ахлоқу одоби ҳазрат бисёр мақбулу комил буд. Ҳаргиз дурӯғ намегуфтанд, ба касе хиёнат намекарданд, беинсофӣ, бемурувватӣ ва беҳаёӣ аз он ҷаноб асло дида намешуд. Бинобар он рӯз то рӯз эътибораш зиёд мегашт. Аҳли Макка он ҷанобро Муҳаммадамин мегуфтанд. Вақто ки 24 сола шуданд, Хадиҷа ном яке аз занони молдори Макка мол дода, ҳазратро ба Шом фиристод. Ин дафъа ҳам дар ними роҳ Настуро ном як шайхи насрониро диданд. ӯ аз сафари Шом маън кард. Бинобар он молҳоро дар ҳамон ҷо ба фоидаи бисёр фурӯхта, гашта омаданд. Хадиҷа аз он ҳазрат мамнун шуд. Дар синни 25 солагӣ Хадиҷаро ба никоҳи худ гирифтанд.
ПАЙҒАМБАР ШУДАНИ ОН ҲАЗРАТ ВА НУЗУЛИ ВАҲЙ
Дар боло андаке аз ахлоқи некӯи он ҳазратро хондем. Он ахлоқ ва одаташон рӯз ба рӯз зиёдтар мешуд. Он ҳазрат мисли мардуми Макка ба бутҳо ибодат намекарданд, онҳоро бад медиданд. Вақто ки ба 40-солагӣ расиданд, аз ҷониби Илоҳӣ ба воситаи Ҷабраил ояи каримаи «Иқраъ би исми раббика» нозил шуд ва се соли дигар ҳеҷ оят наёмада, баъд аз он ояти «Ё айюҳал Муддассир, Қум фаанзир» нозил шуд ва ҳазратро ба изҳори пайғамбарӣ амр кард. Он ҳазрат ин воқеаро аввалан ба ҳазрати Хадиҷа, баъд аз он ба ҳазрати Абӯбакр ва Алӣ фаҳмониданд. Аз баски дини ислом дини маъқул буд, мардумро ба покизагӣ ва худотарсӣ ва корҳои нек амр мекард, одамкӯшӣ ва корҳои беҳударо манъ менамуд, арабҳо ба ин дин рағбат кардан гирифтанд. Лекин баъзе калонҳои Макка, мисли Абӯҷаҳл ва Абӯсуфиён «агар мо мусалмон шавем, тобеъи Муҳаммад шуда, калониро аз даст медиҳем» гуфта мусалмон намешуданд. Одамони мусалмон шудагиро ҳам бисёр азоб медоданд, ба худи он ҳазрат ҳам бисёр азоб мерасониданд. Ҳазрат аз азоби кофирон асло дилгир нашуда, доимо амри Худоро барҷо меоварданд, яъне онҳоро ба дини ислом мехонданд.
МУСАЛМОН ШУДАНИ ҲАЗРАТИ ҲАМЗА ВА ҲАЗРАТИ УМАР
То ки ба баракати суботи он ҳазрат, ҷаноби Ҳамза ва Умар, ки баҳодурони номдори араб буданд, мусалмон шуданд. Дили мусалмонон қувват гирифт. Ба далолати ҳазрати Умар, он ҳазрат бо ёрони худ ошкоро ба масҷиди Каъба рафта намоз хондаанд. Мардумро ба мусалмонӣ даъват намуданд, мардум як- як , ду-ду омада мусалмон мешуданд.
ҲИҶРАТИ ЁРОНИ НАБӢ БА ҲАБАШ
Дар соли панҷуми пайғамбарии он ҳазрат адади мусалмонон ба сесад расид. То адади мусалмонон бисёр мешуд, кофирон зулму ҷаври худро бисёртар мекарданд. Он ҳазрат тараҳҳум карда ба ёрон гуфт, ки ҳар кас хоҳад, ба мамлакати Ҳабаш ҳиҷрат намояд. Чанде аз асҳоби киром кӯчида ба Ҳабаш рафтанд, аз подшоҳи он ҷо навозиш диданд, то қувват гирифтани дини ислом дар он ҷо монданд, баъд аз он ба хидмати ҳазрат омаданд.
ҚАТЪИ МУНОСИБАТ ВА ВАФОТИ ХАДИҶА ВА АБУТОЛИБ
Кофирон диданд, ки изо ва ҳақорат ба мардум таъсир намекунад, ҳар рӯз чанд кас мусалмон шуда исодааст, чанде аз калононашон ҷамъ шуда, машварат карданд, ки бо пайғамбар ва ёронаш қатъӣ муносибат намоянд. Ҳама иттифоқ карда, аҳднома навиштанд, ки баъд аз ин ҳеҷ кас ба мусалмонон зан надиҳад ва аз онҳо зан нагирад, ба онҳо салом надиҳад, сухан накунад ва харидуфурӯш нанамояд. Аҳдномаро даст монда, ба дари хонаи Каъба овехтанд. Ин Аҳднома се сол ҷорӣ буд, мусалмонон бисёр сахтӣ мекашиданд. Оқибат, кофирон диданд, ки ин ҳам фойда надорад, худашон аҳдномаи мазкурро дарронида партофтанд ва аҳли ислом ҳам халос шуданд. Дар соли даҳуми пайғамбарии он ҳазрат завҷаашон Хадиҷа ва амакашон Абӯтолиб аз дунё гузаштанд. Аҳли Макка мурдани Абӯтолибро ғанимат дониста, ҷавру ҷафои худро бисёртар карданд. Дар ҳамин вақтҳо меъроҷи расули акрам воқеъ шуд, ки он ҳазрат аз олами моддӣ ба олами маънавӣ сафар карданд. Панҷ вақт намоз дар шаби Меъроҷ фарз шуд.
ҲИҶРАТИ ОН ҲАЗРАТ АЗ МАККА БА МАДИНА
Чун ҷафои кофирон аз ҳад гузашт, расули акрам гоҳо ба беруни шаҳр мебаромаданд, ки мусофирони аз атроф меомадагиро ба дини ислом даъват карда, тарафдории худро бисёртар намоянд. Соли дувоздаҳуми пайғамбарӣ, як рӯз беруни шаҳр баромада буданд, чанд одами аз Мадина омадагиро мусалмон карданд. Онҳо гуфтанд, ки агар шумо ба Мадина биёед, моён молу ҷони худро ба роҳи муъовинати шумо фидо мекунем. Ҳазрат қабул карда, дар ин маънӣ аз онҳо байъат гирифтанд. Ин мулоқот дар Ақаба ном мавзеъе воқеъ шуд, бинобар он ӯро байъати Ақаба мегӯянд. Соли дигар ҳам чанд нафар аз калони Мадина омаданд ва боз дар Ақаба байъати соли гузаштаро тоза карда рафтанд. Кофирони Макка ин хабарро шунида, ҷавру зулми худро бисёртар карданд. Ҳазрат асҳоби худро фармуданд, ки акнун ба Мадина ҳиҷрат кунед. Асҳоб як-як, ду-ду кӯчида ба Мадина рафтанд.
Дар Макка аз ёрони ҳазрат ғайр аз Абӯбакр ва Алӣ каси дигаре намонд. Кофирон ин танҳоии пайғамбарро ғанимат дониста машварат карданд, ки шаб ба хонаи ишон ҳуҷум карда ҳазратро қатл намоянд. Он ҳазрат аз ин машварати кофирон хабар ёфта, ҳазрати Алиро ба ҷои худ монда шабошаб ҳамроҳи ҳазрати Абӯбакр аз Макка баромада рафтанд. Кофирон алассабоҳ аз рафтани пайғамбар хабар ёфта, бисёр кофтанд, асаре наёфатанд. Он ҳазрат ҳамроҳи ҳазрати Абӯбакр сиҳату саломат ба Мадина расиданд. Рӯзи омаданашон мардуми Мадина бисёр шодмонӣ карданд. Ҳазрати Алӣ баъд аз се рӯз расида омаданд. Ҳиҷрат соли чаҳордаҳуми набувват ба санаи 622 исавӣ воқеъ шудааст. Мусалмонон соли ҳиҷратро сари таърих эътибор кардаанд.
(Идома дорад)
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3351
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
858
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3047
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?