АБДУРАУФИ ФИТРАТ «МУХТАСАРИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ» 3
БИНОИ МАСҶИД ВА ТАҲВИЛИ ҚИБЛА
Чун ҳазрат ба Мадина омаданд, аввалан дар Қубо ном деҳае аз деҳаҳои Мадина масҷиде сохтанд. Баъд аз он дар шаҳри Мадина ҳам як масҷиди дигаре бино карданд.
Ҳанӯз аз тарафи Илоҳӣ қиблае таъин нашуда буд. Мусалмонон дар ҳангоми намоз ба Байтулмуқаддас, ки қиблаи ҷуҳудон аст, рӯй меоварданд. Бинобар он қиблаи ин ду масҷид ҳам Байтулмуқаддас буд. Мусалмонон чанд вақт ҳамин тариқ намоз хонданд. Аз он вақт боз қиблаи мо, мусалмонон хонаи Каъба аст. Ҳамин мавқеъро дар таърихи ислом «таҳвили қибла» мегӯянд. Ҳар кадом аз амрҳои Илоҳӣ, чандин фойдаҳо ва ҳикматҳо дорад. Ҳамин амр – «таҳвили қибла» ҳам бисёр фойда кард. Муҳоҷирон баъд аз ин дар ҳар намоз рӯй ба Каъба меоварданд. Маккаро, ки ватани аслии ишон буд, ёд мекарданд. Ва аз ин сабаб ғайрату кӯшиш менамуданд, ки барвақтар қувват гирифта Маккаро аз дасти кофирон халос намоянд.
АМРИ ҶИҲОД
Дар боло хондем, ки воқеъаи таҳвили қибла, ба дили муҳоҷирони ислом муҳаббати ватан ҳосил кард. Баъд аз он доимо ҷанг кардан ва гирифтани Маккаро орзу менамудан. Соли дуввуми ҳиҷрат буд, ки амри Илоҳӣ нозил шуда, ҷиҳодро фарз гардонид. Баъд аз он аҳли ислом бо кофирон бисёр ҷангҳо карданд. Дар ҳар ҷанге, ки худи он ҳазрат ҳам рафта бошанд, ӯро ғазо мегӯянд ва дар ҷанге, ки лашкар фиристода, худашон нарафта бошанд, ӯро сарийя меноманд. Дар миёни мусалмонон қариб 20 ғазо ва 50 сарийя воқеъ шудааст. Машҳуртарини онҳо ғазаҳо: Бадр, Уҳуд, Хандақ, Хайбар ва фатҳи Макка мебошад. Баъд аз ин аз онҳо ҳам кам кам менависем.
ҒАЗОИ БАДР
Аввалин ғазоҳо ҷанги Бадр аст. Дар ин ҷанг он ҳазрат бо 313 нафар баромаданд, кофирони Макка қариб ҳазор кас ҷамъ шуда омаданд. Ду лашкар дар як мавзеъ, ки номаш Бадр буд, фуруд омада ҷанг карданд. Мусалмонон дар роҳи ҳақ якдила шуда, ҷанг карда лашкари кофиронро, ки се баробари асокири ислом буд, шикаст доданд. Дар ин ҷанг аз мусалмонон 14 кас аз кофирон 70 кас кушта гардид. Аз душманони калони ислом Абӯҷаҳл ҳам дар миёни куштагон буд. Ҳафтод каси дигар ҳам ба дасти мусалмонон асир уфтод. Он ҳазрат ба Мадина омада, баъзе асиронро пул гирифта, озод карданд ва баъзеҳоро, ки пул надоштанд, нигоҳ дошта ба ҳар кадоми онҳо даҳ бачаи мусалмонро супориданд, ки он асирон хату саводи ин бачаҳоро бароварда, баъд аз он озод шуда рафтанд. Ин ғазо дар соли дуввуми ҳиҷрат воқеъ шуд.
ҒАЗОИ УҲУД
Кофирон аз ҷанги Бадр шикаст хӯрда ба Макка омаданд. Як моҳ азодорӣ карда, баъд аз он ба хаёли интиқом гирифтан саъйю кӯшиш намуданд. Соли дигар бо се ҳазор кас ба сӯи Мадина сафар карданд. Ҳазрати Пайғамбар омадани лашкари кофиронро шунида мӯътабарони асҳобро ҷамъ оварда маслиҳат карданд, ки «Лашкари душман бисёр аст. Мо дарвозаҳои шаҳро баста, ба дарун истода ҷанг кунем, хуб мешавад». Ҷавонони ғайратманди асҳоб ин маслиҳатро написандиданд. «Берун баромада, бо душманон рӯ ба рӯ шуда ҷанг мекунем» гуфтанд. Ҳазрат диданд, ки инҳо тарафдори берун баромадан ҳастанд, чизе нагуфта бо 700 нафар мусалмон баромаданд. Ба домани кӯҳи Уҳуд, ки дар беруни Мадина аст, бо душманон рӯ ба рӯ шуданд. Дар ҷониби чапи аскари ислом як дарае буд.Он ҳазрат панҷоҳ нафар тирандозро ҷудо карда гуфтанд, ки «Шумоён дар ҳамин дара истед, асло ба ҷои дигар наравед, ки агар душманон аз ин ҷо баромада, ба мо ҳуҷум кунанд, кор мушкил мешавад». Ҷанг сар шуд, мусалмонон ҳуҷум карданд, кофирон шикаст хӯрданд. Лекин ҳамон панҷоҳ нафар тирандоз фармони он ҳазратро аз хотир бароварда, барои гирифтани моли кофирон аз сари он дара ҷудо шуданд.
Чанд нафар аз лашкари душман ин ҳолро ғанимат дониста, аз он дара омада баногоҳ худро ба лашкари ислом заданд. Мусалмонон шикаст хӯрданд. Ҳафтод нафар аз мусалмонон шаҳид шуданд, ки амаки Пайғамбар – ҳазрати Ҳамза аз он ҷумла буданд. Худи он ҳазрат маҷрӯҳ шуданд, дандони муборакашон шикаст. Агарчи дар ин ҷанг кофирон мусалмононро шикаст доданд, лекин худҳошон ҳам «боз мусалмонон қувват гирифта, моёнро назананд» гуфта зуд кӯчида, ба роҳи омодаи худ рафтанд.
ҒАЗОИ ХАНДАҚ
Дар соли панҷуми ҳиҷрат аҳли Макка ба иттифоқи ҷуҳудон даҳ ҳазор кас ҷамъ карда, ба сӯи Мадина равона шуданд. Он ҳазрат ин хабарро шунида бо асҳоб машварат карданд. Аз рӯи машварати Салмони Форс бо се ҳазор кас берун омада, дар қарибии шаҳр фаромада, ба даври лашкари ислом хандақ канданд. Кофирон омада дар рӯ ба рӯи лашкари ислом саф бастанд. Лекин аз хандақ гузашта натавонистанд. Ночор аз ҳамон тарафи хандақ тирандозӣ карданд. Аҳли ислом ҳам аз ин тараф бо тир ҷавоб гуфтанд. Оқибат, лашкари душман бо сабаби беиттифоқӣ вайрон шуда гашта рафтанд. Мусалмонон музаффару мансур ба Мадина омаданд.
СУЛҲИ ҲУДАЙБИЯ
Дар соли шашуми ҳиҷрат он ҳазрат бо панҷсад нафар саҳоба ба нияти зиёрати Каъба баромаданд. Азбаски нияти ҷанг надоштанд, фармуданд, ки «Касе ғайр аз шамшер дигар асбоби ҷанг нагирад». Вақто ки ба наздикии шаҳри Макка омада, дар Ҳудайбия ном мавзеъе манзил карданд, элчӣ фиристода ба аҳли Макка нияти худро фаҳмониданд. Лекин онҳо бо сабаби кинаи дерина, он ҳазратро ба зиёрати Каъба рухсат надоданд, дарҳол одам ҷамъ карда ба фикри ҷанг шуданд. Қариб буд, ки миёни онҳо ва мусалмонон ҷанг шавад. Лекин баъзе одамон ғайрат карда, дар миён даромада сулҳ карданд ва аҳдномае тартиб доданд аз ин қарор, ки ҳазрат имсол Каъбаро зиёрат накарда мераванд, соли дигар омада зиёрат мекунанд. Мусалмонон то даҳ сол ба аҳли Макка ҷанг намекунанд. Ҳар кас аз Макка ба Мадина гурезад, мусалмонон ӯро ба Макка мефиристанд ва ҳар кас аз Мадина ба Макка гурезад, аҳли Макка ӯро ба Мадина намефиристанд. Ҳар ду тараф ҳамин аҳдномаро даст монданд. Он ҳазрат гашта ба Мадина омаданд ва соли дигар рафта Каъбаро зиёрат карданд. Ҳамин воқеаро сулҳи Ҳудайбия мегӯянд.
(Идома дорад)
-
22.06.2025 14:51
132
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
256
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
266
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
491
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
593
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
482
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
136
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
137
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
207
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
973
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1682
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3373
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
131
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
115
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
130
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
507
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
753
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
875
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
455
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
490
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
463
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
751
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1013
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1878
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
621
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
601
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1791
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2112
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2319
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
522
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
468
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
942
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3067
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3506
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3499
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
653
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
675
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
621
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?