БАЪЗЕ ҲУҚУҚИ ЗАНОН БАР МАРДОН
АЗ СИЛСИЛАИ ПОСУХҲОИ ЮСУФ ҚАРЗОВӢ
Суол:- Бо марде, ки беш аз бист сол аз ман бузургтар аст издивоҷ кардам ва агар ӯ бо чеҳраи хандон ва суханони дилнавоз муҳаббат ва сафое ба ман ҳадия мекард боиси фаромӯш шудани он тафовутҳои синнӣ миёни ман ва ӯ мешуд ва ҳаргиз эътиборе барои ин тафовути синнӣ қоил намешудам ва онро омиле барои дурӣ ва нафрати худам аз ӯ қарор намедодам, вале мутаассифона, шавҳарам аз тамоми он чӣ каён ва шахсияту занонагии як зан бадон ниёзманд аст, аз қабили: рӯи кушода, суханони ширин, авотифи зинда, муҳаббат ва маваддат, маро маҳрӯм сохтааст.
Шавҳарам аз бобати либос ва нафақаи ман, ҳаст намеварзад ва маро азият намекунад, вале инҳо тамоми ончӣ зан аз шаварҳараш мехоҳад, нест. Ман худамро дар назди шавҳарам ҷуз як учоқи хӯрокпазӣ, як мошини ҷӯҷакашӣ, як василаи комҷӯӣ ва ҳар вақт, ки бихоҳад аз ман коме биҷӯяд, эҳсос намекунам ва ин эҳсос мӯҷиби озор ва ранҷиши ман мебошад. Эҳсоси пӯче мекунам ва аз худам ва зиндагиям дилгирам, ба вижа ҳангоме, ки ба дӯстон ва рафиқони худам менигарам, ки чигуна бо шавҳаронашон як зиндагии саросар ишқ ва муҳаббату саодат доранд.
Як бор шикояти худро перомуни ин гуна рафторҳояш ба ӯ иброз доштам. Дар ҷавоб гуфт: магар дар иртибот бо ҳуқуқи ту кӯтоҳӣ кардаам? Оё то кунун аз бобати нафақа ва либоси ту бухл варзидаам?! Инҳо мавориде буданд, ки хостам мавриди пурсиш қарор диҳам то шавҳарон ва ҳамсарон бидонанд, ки оё ҳуқуқи шаръии зан, ки бар ӯҳдаи мард аст, фақат мунҳасир мешавад дар ҳамон рафъи ниёзҳои моддӣ аз қабили: хӯрдану нӯшидан ва пӯшоку маскан?
Ва шариъати ғаррои ислом ҳечгуна арзише барои ҷанбаҳои равонӣ ва отифии зан қоил нашудааст? Ман фитратан ва бо таваҷҷӯҳ ба маълумоти андаке, ки дорам чунин эътиқоде надорам. Аз шумо хоҳишмандам, ки дар иртибот бо зиндагии заношӯӣ ва ойини ҳамсардорӣ ба тавзеҳи ин ҷанбаҳо бипардозед, зеро таъсири басазое дар саодат ва хушбахтии хонаводаҳои мусалмону давом ва истиқрори онҳо дорад. Худованд шуморо маҳфӯз бидорад.
(Як зани мутааҳили мусалмон-давлати Аморот)
Ҷавоб:- Он чӣ, ки ин хоҳари мусалмони суолкунанда бо фитрати солим ва маълумоти худ дар ёфта, айни он чӣ шариъати ғаррои ислом баён медорад, мебошад.
Шариъат бар шавҳар воҷиб гардонидааст, ки хостаҳои моддии ҳамсарашро аз қабили: нафақа, либос, маскан, харҷи муолиҷот ва амсоли онро ба таносуби вазъияти зан ва шавҳар ҳамонтавре, ки Қуръон мефармояд «Билмаъруф» яъне дар ҳудуди урф бароварда намояд. Вале қатъан шариъат аз ниёзҳои равонӣ-, ки инсон ҷуз бадон инсон намегардад, ҳамонтавре, ки шоир гуфтааст: «Фаанта биннафси ло билҷисми инсону- Ту бо равон инсонӣ на бо ҷисм!» ғофил намондааст.
Қуръони карим зиндагии заношӯиро ба эътибор ин ки нишонае аз нишонаҳои Худованд дар ин ҷаҳони ҳастӣ ва неъмате аз неъматҳои ӯ бар бандагонаш мебошад, ба ёд оварда мефармояд: «Ва аз нишонаҳои Ӯ ин ки аз навъи худатон ҳамсароне барои шумо офарид то бадонҳо ором гиред ва миёнатон дӯстӣ ва раҳмат ниҳода оре, дар ин неъмат барои мардуме, ки меандешанд қатъан нишонаҳое аст» ( Рум, ояи 21).
Дар ин ҷо меёбем, ки оя аҳдофи зиндагии заношӯӣ ва лавозими онро ҳамон оромиши равонӣ, маваддат ва раҳмат миёни зану мард қарор додаст, ки тамоми инҳо ҷузъи аносири рӯҳӣ ва равонӣ ҳастанд ва моддӣ нестанд ва зиндагии заношӯӣ бидуни ин гуна мафоҳим ҳечгуна маънӣ ва арзише надорад, набояд зану шавҳар аз лиҳози ҷисм ба якдигар наздик, вале аз лиҳози рӯҳ дур аз якдигар бошанд.
Бисёре аз шавҳарони покдил ва салимуннафс, ки мепиндоранд тамоми вазоифи мард нисбат ба зан ҳамон нафақа, либос, маскан ва соири хостаҳои моддӣ аст ва ло ғайр, сахт дар иштибоҳанд. Инон фаромӯш кардаанд, ки занон ҳамонгуна, ки ба хӯрдану нӯшидан, либос ва хостаҳои дигари моддӣ, ниёзманд ҳастанд, бештари онон ба суханони зебо, табассумҳои ошиқона, навозишҳои бо муҳаббат, бӯсаҳои тавъам бо унсу улфат, рафтори бо маваддат, шӯхиҳои пок ва беолоиш ниёзмандтар ҳастанд, ки рӯҳ ва равони онон бо рафъи ин ниёзҳои маънавӣ нишот пайдо кунад ва боиси зудудани ғаму андӯҳ аз онон ва дастёбӣ ба саодати зиндагии заношӯӣ гардад.
Имом Ғазолӣ роҷеъ ба ҳуқуқи заношӯи ва одоби муошарат маворидеро баён кардааст, ки ҳаёти хонавода бидуни онҳо пойдор нахоҳад буд. Аз ҷумлаи ин одоб, ки Қуръону суннати Набавӣ бар онҳо тасреҳ медоранд, иборатанд аз:
Хушхӯӣ бо занон ва таҳаммули озори эшон, Худованди мутаъол мефармояд: «Бо эшон ба некӣ рафтор кунед» (Нисо, ояи19). Ва роҷеъ ба аҳамияти ҳуқуқи онон мефармояд: «Занони шумо бо шумо паймоне маҳкам бастаанд» (Нисо, ояи 19). Ва «ба ҳамнишини канори худ… некӣ кунед» (Нисо, ояи 36).
Баъзе муфассирон гуфтаанд: манзур ҳамсар аст.
Ғаззолӣ мегӯяд: бидон, ки хушхӯӣ бо зан, он нест, ки озори худро аз вай боздорӣ, балки ҳусни хулуқ ва некуӣ бо зан он аст, ки мутаҳаммили ранҷ ва озори ӯ гардӣ ва дар баробари сабуксарӣ ва хашми ӯ ҳилм варзӣ ва ба Расули Худо (с) иқтидо намоӣ, онҷо, ки ҳамсаронаш бо эшон яке ба ду мекарданд, ҳатто баъзе аз онон, субҳ то шаб аз он Ҳазрат ба унвони қаҳр фосила мегирифтанд!
Якбор Паёмбар (с) ба Оиша фармуд: «Ман хашми туро аз хушнудият мешиносам». Оиша гуфт: чигуна? Фармуд: «Дар ҳоли хушнӯдӣ мегӯӣ: на ба Худои Муҳаммад! Ва аммо дар ҳоли хашм мегӯӣ: на ба Худои Иброҳим!».
Оиша тасдиқ кард ва гуфт: оре дар он мавқеъ аз бурдани номи ту эҳтироз меварзам!
Аз ҷумлаи дигар одоби муошират, ки Ғаззолӣ баён дошта ин аст, ки шавҳар илова бар таҳаммули озор ба фароху шӯхӣ ва нозу навозиш бо ҳамсараш низ бипардозад, ки дили занон бо ҳамин чизҳо ба даст меояд.Паёмбар (с) бо ҳамсаронаш мизоҳ мекарданд ва дар гуфтору рафтор ва кирдор ба сатҳи дарки фаҳми онон худро таназзул медод, то онҷо, ки ривоят шудааст, ки бо Оиша дар давидан мусобақа мегузоштанд.
Умар (р) бо он хушунате, ки дошт, мегуфт: мард дар миёни хонаводаи худ ҳамчун кӯдак бошад ва аз вай кадхудоӣ хоҳанд онгоҳ чун мардон ҷилва кунад.
Дар тафсири ин ҳадиси Набавӣ (с) фармудаанд: «Худованд душман медорад касеро ки бо ҳамсари худ сахтгир бошад ва бар ӯ такаббур варзад».
Яке аз ақвол дар маънои калимаи «утул» низ гуфтаанд он аст, ки шавҳар бо хонаводаи худ дуруштзабонӣ ва сангдилӣ кунад.
Намунаи олӣ дар ҳамаи ин гуна маворид, ҳамоно Паёмбари Худо (с) аст, ки бо вуҷуди он ҳама андешаҳо ва машоғили сангин аз қабили: нашри даъвати ислом, иқомаи дин, тарбияти уммат, таҳкими пояҳои дохилии ҳукумат, ҳиросат ва ҳифозат дар баробари душманони хориҷӣ, алорағми таъаллуқ ва иртиботе, ки бо Парвардгораш дошт, ки мудом ҳарис бар ибодат ва рӯзадорӣ ва шабзиндадорӣ ва тиловати Қуръону азкор буд, то он андоза, ки шабона он қадар мегирист, ки маҳосини муборакаш ҳис мешуд, мехоҳам бигӯям он Ҳазрат алорағми ин ҳама кор, аз ҳуқуқу вазоифи ҳамсаронаш низ ғофил намемонд ва ҷанбаҳои Раббонӣ эшонро аз ҷанбаҳои инсонӣ бо ҳамсарон ва тағзияи авотиф ва эҳсосоти эшон, ки тағзияи шикамҳо ва пӯшонидани либосҳои баданҳо ҷои онро нахоҳад гирифт, ба дасти фаромӯшӣ намесупурд.
Имом Ибнӣ Қаййим дар баёни намунаи рафтори Паёмбар(с) бо ҳамсаронаш мегӯяд: «Сираи он Ҳазрат (с) бо ҳамсаронаш муоширати неку ахлоқи нек буд. Духтарони Ансорро ба хонаи Оиша даъват менамуд то бо ӯ бозӣ кунанд, ҳар гоҳ ба чизе тамоюл медошт, ки дар он маҳзуре набуд, он ҳазрат тобеъи вай мешуд, ҳар гоҳ Оиша (р) аз зарфе об менӯшид, Паёмбар (с) зарфи обро аз ӯ мегирифт ва даҳонашро ҷои даҳони ӯ мениҳод ва об менӯшид, ҳар гоҳ Оиша (р) устухонеро, ки гӯшт рӯи он буд, мегазид ва мехӯрд, он Ҳазрат устухонро аз ӯ мегирифт ва даҳонашро ба ҷои даҳони ӯ мегузошт. Гоҳе он Ҳазрат (с) сари муборакашро дар оғӯши Оиша (р) мениҳод ва Қуръон мехонд, дар ҳоле, ки сараш рӯи синаи Оиша буд … ва гоҳе он Ҳазрат (с) дар ҳоли рӯза, Оишаро мебӯсид.
Аз ҷумлаи мавориди лутфварзӣ ва хӯи неки Паёмбар (с) ин буд, ки ривоят шуда ба Оиша иҷозаи бозӣ кардан медод ва бозии мардони ҳабаширо, ки дар масҷид бозиҳои размӣ мекарданд, ба ӯ нишон медод ва ба Оиша фармуд: мехоҳӣ бозии ононро бубинӣ? Оиша ҷавоб дод:
-Оре! Ва Оиша сарашро рӯи шонаи Паёмбар(с) ниҳод ва бозии ононро назорра мекард, ҳатто он Ҳазрат дубор бо Оиша мусобақа анҷом дод ва як бор низ вақте ки мехостанд аз хона бо ҳам хориҷ шаванд, ба ҳамдигар тана заданд!
Паёмбари Акрам(с) мефармуд: «Гузидатарини шумо некӯкортарини шумост нисбат ба ҳамсараш ва некӯкортарини шумоям нисбат ба хонаводаи худам».
Паёмбар (с) ҳамвора пас аз намози аср ба ҳамсаронаш менишасту ҷӯёи аҳволашон мешуд. Ҳангоми шаб ба хонаи ҳар як аз занон, ки навбати байтута (шабистӣ)-и он Ҳазрат назди ӯ буд, ташриф мебурд. Оиша мегӯяд: «Паёмбар (с) дар «қасм» яъне шаб мондан назди ҳамсарон ҳеч як аз моро бар дигаре тафзил ва тарҷеҳ (хубтару беҳтар) намедод, балки комилан мусовотро риоят мефармуд, камтар рӯзе пеш меомад, ки он ҳазрат ба ҳамаи мо саркашӣ нафармояд ва бидуни он ки ҳамбистарӣ кунад бо яко яки ҳамсарони худ менишаст то ба он яке аз мо мепурсид, ки навбаташ буд ва дар манзили ӯ байтута менамуд» (Зод-ул-Миъод: 1/78-79, чопи Ас-суннат-ул-Муҳаммадия).
Ҳар гоҳ ин раҳнамудҳои Паёмбар (с) нисбат ба рафтораш бо ҳамсарони худ, таваҷҷӯҳ намоем, дар меёбем, ки он Ҳазрат ба ҳамаи онон таваҷҷӯҳ менамуда ва аз аҳволи ҳамаи онон пурсуҷӯ мекарда ва бо ҳамаи онҳо менишастааст, вале Оишаро ба хотири духтар будан ва ҷавониаш бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор медодааст, зеро Паёмбар (с) ҳангоме, ки ӯ бокира ва духтарбача буд ва ҷуз он Ҳазрат марди дигареро нашинохта буд, издивоҷ намуд ва возеҳ аст, ки хостаҳо ва таваққуъоти чунин духтари ҷавоне аз шавҳараш бештар аз хостаҳои занони бева ва бузургсол ва шавҳардида аст.
Ниёзҳои зан мунҳасир ба нафақа ва либос ва ҳатто равобити ҷинсӣ нест, балки ниёзҳои равонӣ ва эҳсосоти қалбии зан бештар ва амиқтар аз ҳамаи инҳост ва ҷои ҳеҷ шигифтӣ нест, ки мо Расули Худоро меёбем, ки мутаваҷҷиҳ ингуна ҷанбаҳои ҳамсарони худ мебошад ва ҳуқуқи модӣ ва маънавии ононро адо менамояд ва бо вуҷуди он ҳама бори сангини вазоифу мушкилот монанди раҳбарии даъвати ислом, таквини уммати исломӣ ва барпойи давлату ҳукумати исломӣ, эшонро меёбем, ки аз ҳуқуқи модӣ ва маънавии занон низ ғофил намемонд. Худои карим фармудааст: «Қатъан барои шумо дар иқтидо ба Расули Худо сармашқе некӯст» (Аҳзоб, ояи 21) рост гуфтХудои бузург.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
165
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
75
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
94
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
419
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1840
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?