ХӮРДАНИ САҲАРӢ ҲАНГОМИ АЗОНИ СУБҲ
Аз силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ
Суол: Ҳар гоҳ инсон бидуни ихтиёр монанди ин ки ба хоб рафта бошад, саҳарӣ хӯрданаш ба таъхир уфтад ва ба ҳангоми шунидани азони субҳ, ҳамчунон ба хӯрдани саҳарӣ машғул бошад, оё лозим аст, ки бо шунидани азони субҳ фавран аз хӯрдану ошомидан даст бикашад, ё ин ки то поёни азон метавонад ба хӯрдану ошомидан идома бидиҳад?
Ҷавоб: агар инсон ба таври қатъ бидонад, ки азони субҳ, бар ҳасби тақвими маҳаллӣ шаҳре, ки дар он ҷо рӯза мегирад, дар мавъиди муқаррар гуфта мешавад, воҷиб аст, ки ҳангоми шунидани азон, билофосила аз хӯрдану нӯшидан иҷтиноб варзад ва ҳатто агар дар даҳонаш ғизое бошад, бояд онро берун андозад, то рӯзааш саҳеҳ бошад. Аммо агар бидонад, ки азон чанд дақиқа қабл аз тулӯъи фаҷр гуфта мешавад, ё дасти кам дар бораи соат ва вақти азон дар шакку тардид бошад, метавонад то замоне, ки аз тулӯъи фаҷр яқин пайдо накарда аст, бихӯраду биошомад. Имрӯза ташхиси қатъии замони тулӯъи фаҷр, бо вуҷуди ҷадвали соатҳои дақиқи ифтору саҳар, ки ҳеч хонае аз он холӣ нест, бисёр осон мебошад.
Марде ба Ибни Аббос (р) гуфт: ман ҳангоми хӯрдани саҳарӣ, ҳар гоҳ ба шакку тардид меуфтам, имсок (қатъ) менамоям. Ибни Аббос гуфт: замоне, ки шакки ту ба яқин табдил нашудааст, бихӯр ва биошом. Имом Аҳмад гуфтааст: инсон то замоне, ки ба яқин надонад, ки фаҷр тулӯъ кардааст, метавонад ба хӯрдану ошомидан идома бидиҳад.
Нававӣ мегӯяд: Шогиридони Имом Шофеъӣ иттифоқи назар доранд бар инки инсоне, ки нисбат ба тулӯъи фаҷр дар шакку тардид бошад, метавонад бихӯрад, ба хотири ин ки Худованди мутаъол хӯрдану ошомиданро дар шаб то интиҳои он яъне, то замони тулӯъи фаҷр, мубоҳ донистааст ва касе, ки дар шакку тардид бошад тулӯъи фаҷр барои ӯ қатъӣ нашудааст. Худованди мутаъол мефармояд: «Фал она бошируҳунна вабтағу мо катабал Лоҳу лакум ва кулу вашрабу ҳатто ятабайяна лакумулхайтул абязу минал хайти асвади минал фаҷр» (Пас ҳам акнун[дар шабҳои моҳи рамазон метавонед] бо ҳамсаронатон ҳамхобӣ кунед ва он чиро Худо барои шумо муқаррар дошта талаб кунед ва бихӯреду биошомед то риштаи сапеди бомдод аз риштаи сиёҳи шаб бар шумо намудор шавад), {Бақара, ояи 187}.
Аз ин ҷо барои мо равшан мешавад, ки имсок (худдорӣ) аз хӯрдану ошомидан, муддате қабл аз азони субҳ барои ҳамеша, фоқиди далел аз Қуръону Суннат мебошад, ва навъе ифрот дар дин башумор меояд ва бо мустаҳабб будани таъхири саҳарӣ, ки суннати Паёмбар аст, мунофот дорад. Вал Лоҳу аълам.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
165
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
75
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
93
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
419
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1840
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?