ҲУКМИ ХУРДАН Ё ОШОМИДИНИ ШАХСИ РӮЗАДОР АЗ РӮИ ФАРОМӮШӢ
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: Инсон чӣ басо айёми моҳи рамазон ба вижа дар авоили он, аз рӯи нисён ва фаромӯшӣ, як левон (стакон) об, ё як сигор, ё ҳар чизи дигареро бардорад ва ба даҳонаш гузорад ва баъд аз хӯрдани миқдоре ғизо, ё нӯшидани қадрӣ об, ба ёд меоварад, ки рӯза аст, оё дар ин сурат метавонад рӯзаи худро ба итмом бирасонад?
Ҷавоб: Дар «Саҳеҳиҳайн» ба нақл аз Абӯҳурайра ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Ман насия ва ҳува соимун фаакала ва шариба фалйутимма савмаҳу фаиннамо атъамаҳуллоҳу ва сақоҳӯ»(ҳар шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад ва ё биошомад, рӯзаи худро тамом кунад, зеро (дар воқеъ) Худованди мутаъол ба ӯ таъому шароб додаст.
«Фаиннамо ҳува ризқун соқаҳул Лоҳу илайҳи ва ло қазоа ъалайҳӣ» (ин рӯзиест, ки Худованд ба ӯ арзонӣ фармуда ва қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест). Дорақутанӣ ва Ибни Хузаймаву Ибни Ҳаббону Ҳоким бо иборати дигаре овардаанд: «Ман афтар мин рамазона носиян фало қазоа ъалайҳӣ ва ло каффората» (Ҳар кас дар рӯзи моҳи рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор намояд, қазо ва каффора бар ӯ воҷиб нест).
Ин аҳодис ба сароҳат далолат доранд бар инки хӯрдану нӯшидани шахси рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ таъсире дар сиҳҳат ва дурустии рӯза надорад. Ин матлаб мутобии гуфтори Худованди мутоъол аст, ки мефармояд: «Раббано ло туохизно ин насина ав ахтаъна»(Парвардгоро! Агар фаромӯш кардем ё ба хато рафтем бар мо магир),{Бақара, ояи 286}.
Ва дар ҳадис собит шуда, ки Худованди мутаъол ин дуъоро пазируфт. Ҳамчунон, ки дар ҳадиси дигаре омадааст: «Иннал Лоҳа вазаъа ъан ҳизиҳил уммати алхатаъа ван нисёна ва мастукриҳу ъалйҳи» (Худованд хато ва фаромӯшиву изтирорро бар уммати ман бахшида аст).
Бинобар ин, шахс рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва бинӯшад, бояд бақияи рӯзро рӯза бидорад ва рӯзаашро ба итмом расонад ва шикастани рӯзаи он рӯз барои вай ҷоиз намебошад.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
06.01.2026 20:24
314
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
511
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
435
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
666
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
736
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1448
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
434
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
412
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
474
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
271
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
821
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1852
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
17.01.2026 11:42
275
“Дар тарбияи кӯдакон масъул бошем! „
-
17.01.2026 11:39
288
“Тазими ҷашну маросим дар соли 2025 дар вилояти Хатлон”
-
17.01.2026 11:37
268
Таҳлилу ҷамъбасти иҷрои қонунгузории нақлиёт дар Хатлон
-
12.11.2025 14:38
518
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
753
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
971
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
393
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
708
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
677
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1794
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1853
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2800
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1428
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1409
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2624
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
605
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
662
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
661
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1264
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1441
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1245
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3810
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3997
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4436
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
543
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
934
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
866
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































