ҲУКМИ ИСТИФОДА АЗ МИСВОК ВА ХАМИРИ ДАНДОН БАРОИ ШАХСИ РӮЗДОР
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: Ҳукми мисвок задан, ба хусус бо хамири дандон барои шахси рӯзадор чист?
Ҷавоб: Мисвок задан қабл аз тулӯъи фаҷр мустаҳабб аст, ихтилофи фуқаҳо дар мисвок задан баъд аз тулӯъи фаҷр аст. Баъзе гуфтаанд: барои шахси рӯзадор мисвок задан баъд аз вақти зуҳр (пешин) макрӯҳ аст ва далели онон ин ҳадиси Паёмбари Акрам(с) аст, ки мефармояд: «Вал лазӣ нафсӣ биядиҳӣ лахалуфу фамис соими атябу ъиндал Лоҳи мин риҳил миск»(Савганд ба он, кӣ ҷони ман дар дасти Ӯст, ҳамоно бӯи даҳони шахси рӯзадор дар назди Худованд аз бӯи мушк хушбӯтар аст),{Бухорӣ аз Абӯҳурайра ривоят кардааст}.
Паёмбар (с) мӯътақид аст, чунон чӣ бӯи даҳони мусалмони рӯзадор назди Худованд мақбул ва маҳбуб аст, бинобар ин, сазовор нест, ки он бӯро ба васила мушку абир бар тараф кунад ва зоил намудани он бӯ назди он Ҳазрат макрӯҳ аст. Ин ҳаммонанди вазъият шаҳиди ғалтида дар хун аст. Паёмбар(с) роҷеъ ба шаҳид мефармояд: «Заммилуҳум бидимоиҳим ва сиёбиҳим фаиннама йубъасуна биҳа ъиндал Лоҳи явмал қиёмати, аллавну лавнуд дам вар риҳу риҳул миск» (Шуҳадаро бо ҳамон сурати хунин ва бо либоси худашон дафн кунед, зеро онон ҳангоме, ки дар рӯзи растохез дар пешгоҳи Ҳаққ таъоло ба по мехезанд рангашон ранги хун ва бӯяшон бӯи мушку абир аст).
Ба ҳамин хотир аст, ки бояд шаҳидро бо ҳамон либоси хунини худ боқӣ гузошт ва ғусл надод ва набояд асари хун аз бадану либоси ӯ пок гардад.
Ин донишмандон бӯи даҳони шахси рӯзадорро бо хуни шаҳид муқоиса намудаанд ва аммо ин сухан саҳеҳ нест ва чунин қиёсе раво намебошад, зеро шаҳид ҷойгоҳ ва мақоми хосси худро дорад. Яке аз асҳоб мегӯяд: «Раайтун набийя сал Лоҳу ъалайҳи ва салам ятасавваку мо ло йуҳсо ва ҳува соим» (Паёмбар(с)-ро дидам, ки бо забони рӯза чандин бор мисвок мезад), {Насоӣ ва Ибни Хузайма дар Саҳеҳи худ онро ривоят кардаанд ва Бухорӣ сурати муъаллақ ва маҷзуми онро баён дошта аст}.
Бинобар ин, мисвок задан дар ҳоли рӯза ҳама вақт, чӣ аввали рӯз ва чӣ охири рӯз мустаҳабб аст, ки Паёмбари Худо(с) бад-он суфориш намуда, мефармояд: «Ас сивоку матҳаратун лилфам ва марзотун лир рабби» (Мисвок задан муҷиби покиза нигаҳдоштани даҳон, зиёдии хушнӯдии Парвардгор аст). Паёмбар(с) барои ин кор дар замони рӯзадор будан ё рӯзадор набудан фарқе қоил нашудаанд.
Аммо роҷеъ ба хамири дандон, эҳтиёт дар истифодаи он беҳтар аст, мабодо чизе аз он ба даруни гулӯи инсони рӯзадор фурӯ равад, зеро он чӣ ба ҳалқи инсон фурӯ равад, назди бештари уламои исломӣ мубтили рӯза аст. Бинобар ин, шоиста аст, ки инсони мусалмон аз он парҳез кунад ва истифода аз хамири дандонро ба замони баъд аз ифтор ба таъхир андозад, вале ҳар гоҳ шахси рӯзадор ҳангоми истифода аз хамири дандон эҳтиётро риъоят бикунад ва дар айни ҳол, бидуни ихтиёр андаке аз он ба ҳалқи ӯ фурӯ равад, мавриди афву бахшиши Худованди мутаъол қарор хоҳад гирифт, чунонки мефармояд: «Ва лайса ъалайкум ҷуноҳун фимо ахтаътум биҳи ва локин мо таъаммадат қулубукум» (ва дар он чӣ иштибоҳан муртакиби он шудаед бар шумо гуноҳе нест, вале дар он чӣ дилҳоятон амд дошта аст масъулед),{Аҳзоб, ояи 5}.
Ва Паёмбар(с) мефармояд: «Руфиъа ъан умматӣ алхатаъу ван нисёну ва мас тукриҳу ъалайҳи» (Хато, фаромӯшӣ ва изтирорро бар уммати ман намегиранд). Вал Лоҳу аълам.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
25.10.2025 14:42
393
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
455
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
11.10.2025 12:48
444
Изҳороти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
26.09.2025 12:42
327
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
373
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1101
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
397
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
327
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
339
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1532
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1467
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2164
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:37
396
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
262
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
12.10.2025 18:35
226
«Муроҷиатҳо зери назоратанд!»
-
24.09.2025 19:54
276
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
367
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
299
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
256
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
399
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
869
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1436
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1502
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2402
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1108
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1077
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2290
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
318
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
323
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
365
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
921
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1091
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
916
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3436
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3588
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4060
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
508
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
511
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
597
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































