ҲУКМИ СӮЗАНДОРӮ ГУЗАРОНИДАНУ ИСТЕЪМОЛИ ДОРУ…
БАРОИ ТОЗА КАРДАН ВА ГУЗОШТАНИ ДОРУ ДАР ГӮШ ВА СУРМА КАШИДАН БАРОИ ШАХСИ РӮЗАДОР ЧӢ ГУНА АСТ?
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: Оё дар моҳи рамазон инсони бемор метавонад доруи танқия (клизма) истеъмол кунад? Ва оё бемори рӯзадор, ки гӯшҳояш дард мекунанд метавонад дору дар гӯши худ бигузорад? Ва ҳамчунин оё зан метавонад дар рӯзи моҳи рамазон чашмони худро сурма бикашад?
Ҷавоб: Дар посух ба ин ки роҷеъ ба истифодаи танқия (клизма) ё сӯзандорӯ гузаронидан дар моҳи рамазон мепурсанд, мегӯям: «сӯзандорӯ гузаронидан анвоъе дорад. Баъзе аз онҳо ба унвони дору ва дармон гузаронида мешаванд, хоҳ дар раг бошад ва хоҳ дар гӯшт, ё зери пӯст. Шаръи муқаддас ба ин навъи сӯзандору ҳеч гуна мухолифате надорад, зеро, ки на ба меъда мерасад ва на ба унвони ғизо истифода мешавад.
Бинобар ин, ин навъи дору муҷиби ифтори рӯза нест ва ҷои баҳсу гуфтугӯ надорад. Як навъи дигари сӯзандоругузаронӣ вуҷуд дорад, ки ғизобахш ва тақвиятдиҳандаи ҷисм аст. Монанди сӯзандоруи гулукоз, ки ҳаммонанди ғизо мустақиман вориди хун мегардад. Донишмандони муосир дар бораи ин навъи сӯзандору ихтилофи назар доранд, чунин сӯзандоруро уламои қадим намешинохтаанд, то дар муолиҷа ва мудовои беморон ба кор гиранд ва ҳамчунин аз Паёмбар (с) асҳобу тобеин ва мусалмонони садри ислом ҳеч ҳадису сухане дар ин бора ба мо нарасида аст, зеро ин навъи сӯзангузаронӣ ҷадид аст.
Ба ҳамин хотир , мавриди ихтилофи донишмандони муосир қарор гирифтааст ва назари баъзе аз онон бар ин аст, ки сӯзангузаронии чунин доруҳо муҷиби бутлони рӯза мебошад. Зеро ба охирин марҳила ҳазм ва ҷазби он ба хун мерасонанд. Назари баъзеи дигар бар ин аст, ки сӯзандору гузаронидан муҷиби бутлони рӯза нест, ҳар чанд, ки ба хун бирасад, зеро хӯрдан ва ошомидан дар сурате муҷиби бутлони рӯза мешавад, ки ба меъда бирасад ва инсон пас аз он эҳсоси серӣ ё серобӣ намояд. Дар ҳангоми рӯзадорӣ қарор бар ин аст, ки инсон аз хостаҳои марбут ба шикаму шаҳвати ҷинсӣ маҳрум гардад, яъне инсон эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ намояд, ба ҳамин ҷиҳат, раъйи ин донишмандон бар он аст, ки гузаронидани ин навъи сӯзандорӯҳои ғизобахш низ рӯзаро ботил намекунад.
Ман ҳар чанд ба ҳамин назарияи ахири гароиш дорам, вале эҳтиётро дар ҳар ҳол пешниҳод мекунам, ки мусалмони рӯзадор дар рӯзҳои моҳи рамазон аз гузаронидани сӯзандорӯҳои ғизобахш худдорӣ намояд, зеро вақти ин сӯзандорӯҳо маҳдуд нест ва метавонад баъд аз мағриб (шом) гузаронад.
Агар ҳам шахс бемор бошад, Худованд ифтори рӯзаро барои ӯ мубоҳ гардонида аст ва ин гуна сӯзандорӯҳо агар чӣ амалан ғизо хӯрдану ошомидан ба ҳисоб намеояд ва ҳар чанд инсон пас аз гузаронидани ин сӯзандорӯҳо эҳсоси рафъ шудани гуруснагӣ ва ташнагӣ намекунад, монанди замоне, ки мустақиман ғизо бихӯрад ва биошамад, дасти кам инсон эҳсоси навъе осоишу оромиш мекунад, ба хотири аз миён рафтани заъфу сустӣ, ки шахси рӯзадор маъмулан бо он мувоҷиҳ аст. Худованди мутаъол ирода карда аст, ки инсони рӯзадор ранҷи гуруснагӣ ва ташнагиро бикашад, то арзиши неъматҳои Худовандро, ки ба ӯ арзонӣ дошта аст, бидонад ва дарди дардмандонро эҳсос кунад ва гуруснагону бечорагонро аз ёд набарад…
Бинобар ин, мо бим дорем аз ин ки боби ин гуна сӯзандорӯ гузаронида кушода шавад ва баъзе аз сарватмандони сармоягузор дар рӯзҳои рамазон аз онҳо истифода намоянд. Ва ба ин васила тақвияту тағзия шаванд ва дар натиҷа дар рӯзҳои моҳи рамазон эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ нанамоянд. Ба ин тартиб, беҳтар аст шахси мусалмон гузаронидани ин гуна сӯзандорӯҳоро то баъд аз вақти ифтор ба таъхир биандозад.
Ин буд ҷавоби суоли аввал, аммо роҷеъ ба суоли дуввум ва саввум, яъне гузоштани дорӯ дар гӯш ва сурма кашидан дар чашм дар рӯзҳои моҳи рамазон ва ҳамчунин истеъмоли дору барои танқия (клизма) ва шаффофу амсоли инҳо, ҳамаи инҳо, имкон дорад ҷузъе аз онҳо вориди шикам бишаванд, аммо чун аз манофиз ва роҳҳои табиӣ вариди шикам намешаванд, ҳукми хӯрдану ошомиданро надоранд ва инсон пас аз истеъмоли ин чизҳо эҳсоси оромиш ва монанди он намекунад, бо вуҷуди ин, донишмандони қадиму ҷадид дар бораи ин маворид ба ду гурӯҳи сахтгиру осонгир тақсим шудаанд.
Баъзе аз донишмандон ҳукм кардаанд, ки ин маворид муҷиби бутлони рӯза мебошанд, баъзеи дигар аз донишмандон гуфтаанд: ба хотири ин ки ин чизҳо аз роҳҳои табиӣ ва одӣ вориди шикам намешаванд рӯзаро ботил намекунанд. Ва ман низ дар ҳақиқат муътақидам ба ин ки кашидани сурма ё рехтани қатра дар чашм ё дар гӯш ва ниҳодани марҳам ва монанди он дар мақъад барои касе, ки бавосир ва амсоли он аст ва ҳамчунин истеъмоли дорӯ барои танқия(клизма) барои касоне, ки дучори ябуст шудаанд, рӯзаро ботил намекунад.
Фатвои ман бар асоси назарияи Шайхул ислом Ибни Таймия дар фатвояш баргузида ва тарҷеҳ додааст. Эшон дар ибтидо мунозиъот ва муҷодилоти донишмандонро перомуни ингуна маворид баён дошта, сипас мегӯяд: азҳар он аст, ки ҳеч як аз ин маворид рӯзаро ботил намекунад, зеро рӯза аз ҷумлаи аркони дини ислом аст, ки мардумони хоссу ом нисбат ба огоҳӣ аз масоили он ниёзманд ҳастанд.
Бинобар ин, агар ин умур аз ҷумлаи муҳаррамоти Худо ва Паёмбар барои шахси рӯзадор мебуд ва бо истеъмоли онҳо рӯза ботил мешуд, бар Паёмбари Худо воҷиб мебуд, ки онҳоро баён фармояд ва агар онро баён мекард асҳоб бад-он огоҳӣ меёфтанд ва ба уммат иблоғ менамуданд, ҳамон тавре, ки дигар аҳком ва қавонини шаръиро иблоғ намуданд. Бинобар ин вақте ки ҳеч аҳли илме, ҳеч ҳадисе, саҳеҳ ё заъиф, муснад ва мурсал, дар ин бора барои мо нақл накардаанд, пай хоҳем бурд, ки дар ин бора матлабе баён нашуда аст. Вай мегӯяд: он ҳадисе низ, ки дар бораи сурма кашидан ривоят шудааст, заъиф аст ва Яҳё бини Муъин мегӯяд: ҳадиси сурма кашидан « мункар» аст.
Ин буд фатвои Шайхулислом Ибни Таймия, ки бар ду асл бино ниҳода шудааст:
Асли аввал инки аҳкоме, ки мавриди ниёз ва ибтилои умум аст ва тамоми мардум бояд бад-онҳо огоҳӣ ёбанд, бар Расули Худо ваҷиб буда аст, ки он аҳкомро барои уммат баён фармояд, зеро ки он Ҳазрат табйинкунандаи он чизе аст, ки бар ӯ нозил шудааст, барои мардум, Худованди мутаъол мефармояд: «Ва анзално илайказ зикра литубаййина линноси мо нуззила илайҳим» (Ва ин Қуръонро ба сӯи Ту фурӯ овардем то барои мардум он чиро ба сӯи эшон нозил шуда аст тавзеҳ диҳӣ),{Наҳл, 44}.
Бар уммат низ воҷиб аст, ки пас аз баёни он Ҳазрат, ба он амал кунанд, ин як асл.
Асли дуввум ин аст, ки сурма кашидан в рехтани қатра дар гӯш ва амсоли он, ки мардум пайваста аз дер боз онро истиеъмол менамудаанд ва ба сурати як ниёзмандии умуми даромада аст, ҳукми он ба монанди ҳукм ғусл кардан, равған молидан ва бухуру истеъмоли атр ва амсоли он аст ва агар чунин чизҳое рӯзаро ботил мекарданд, Паёмбари Акрам(с) ҳамон тавре, ки мавориди дигарро муҷиби бутлони рӯза мешуд, баён доштаанд, ин маворидро низ баён менамуданд, бо ин тартиб, вақте ки матлабе дар ин иртибот баён нафармудаанд, дармеёбем, ки он маворид низ аз навъи истеъмоли атру бухур ва равғани мӯ ва монанди он мебошад.
Ибни Таймия мегӯяд: бухур маъмулан ба интиҳои бинӣ суъуд меёбад ва дохили мағз мешавад ва равғане, ки молида мешавад ба бадан нуфӯз пайдо мекунад ва дохили бадан мешавад ва бад-он нерӯ мебахшад, ҳамчунин бадан бо истеъмоли атру бӯи хуш нерӯ ва қувват ба он даст медиҳад. Бинобар ин, вақте ки шахси рӯзадор аз ин гунна мавориди наҳй нашуда аст, ин матлаб далолат дорад бар ин ки истеъмоли атру бухур ва равғану сурма кашидан ҷоиз мебошад.
Аз ҷумлаи матолибе, ки Ибни Таймия дар зимни фатво баён карда, инаст, ки сурма қатъан ғизо ба ҳисоб намеояд ва на аз тариқи бинӣ ва на аз тариқи даҳон вориди шикам намегардад, ҳамчунин дору барои танқия қатъан ғизобахш нест, балки мадфӯъаҳои баданро тахлия мекунад. Ҳамон тавре, ки инсон доруҳои мусаҳиллро бӯ кунад ва ё дар асари қабз ва кор накардани шикам ё куллияҳо лозим бошад. Барои осон шудани дафъ, чизе дар ақаб ё ҷилав (пасу пеш) истеъмол намояд ин чунин чизҳое ба ҳеч ваҷҳ вориди меъда намешаванд…
Ин як нигариши зебо ва фаҳми амиқ аст нисбат ба фиқҳи исломӣ, ки мо низ онро интихоб мекунем ва бад-он фатво медиҳем. Ва бил Лоҳит тавфиқ.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
22.06.2025 14:51
132
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
256
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
266
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
491
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
593
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
482
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
136
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
137
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
207
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
973
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1682
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3373
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
131
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
115
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
130
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
507
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
753
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
875
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
455
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
490
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
463
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
751
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1013
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1878
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
621
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
601
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1791
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2112
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2319
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
522
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
468
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
942
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3067
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3506
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3499
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
653
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
675
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
621
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?