ТАЪСИРИ ГУНОҲОН БАР РӮЗА
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: Ҳукми касе, ки дар моҳи рамазон рӯзадор бошаду муртакиби гуноҳе монанди ғайбат, дурӯғ, нигоҳи шаҳвонӣ ба номаҳрам ва … бишавад, чист? Оё рӯзаи ӯ саҳеҳ аст? Ё ин ки бо иртикоби чунин маъосӣ, рӯзааш ботил мешавад?
Ҷавоб: Рӯзаи судманд ва мақбул он аст, ки нафсро пероста гардонад ва иродаи шахсро дар ҷиҳати корҳои нек нерӯ бахшад ва тақвои мазкур дар ин ояро ба бор орад: «Ё айюҳал лазина оману кутиба ъалайкумус сиёму кама кутиба ъалал лазина мин қабликум лаъаллакум таттақун» (Ай касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо муқаррар шудааст ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд муқаррар шуда буд, бошад, ки парҳезгорӣ кунед),{Бақара, ояи 183}.
Бар шахси рӯзадор воҷиб аст, ки аз ҳар гуна гуфтору кирдоре, ки бо рӯза мунофот дошта бошад худдорӣ кунад, мабодо баҳраи вай аз рӯза фақат гуруснагӣ ва ташнагию маҳрумият бошад. Дар ҳадис омадааст: «Ассиёму ҷуннатун, фаиза кона явму савми аҳадикум фало ярфуса ва ло ясхаб, фаин соббаҳу аҳадун ав қоталаҳу фаляқул иннӣ соимун»(Рӯза ба масобаи сипар аст [дар муқобили дӯзах ё гуноҳон], чун яке аз шумо рӯзадор бошад, бояд носазо нагӯяд ва фарёд накашаду бо касе даргир нашвад ва агар касе ӯро дашном дод ва бо ӯ сари ҷанг дошт, бояд бигӯяд: ман рӯзадорам), {Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим}.
Ва низ Паёмбар (с) мефармояд: «Рубба соимин лайса лаҳу мин сиёмиҳи иллал ҷуъу ва рубба қоимин лайса лаҳу мин қиёмиҳи иллас саҳар» (Ай басо рӯзадоре, ки аз рӯзааш ҷуз гуруснагӣ баҳрае оиди ӯ намегардад ва ай басо шабзиндадоре, ки аз шабзиндадориаш ҷуз хастагӣ баҳрае надорад), {Насоӣ, Ибни Моҷа, Ҳоким низ гуфтааст: бино ба шарти Бухорӣ саҳеҳ аст}.
Ва низ Паёмбари Акрам (с) мефармояд: «Ман лам ядаъ қавлаззури вал ъамала биҳи фалайса лиЛоҳи ҳоҷатун фи ан ядаъа таъомаҳу ва шаробаҳу»( Касе, ки сухани дурӯғ ва амал ба онро тарк накунад, бояд бидонад, ки Худованди мутаъол ниёзманди он нест, ки хӯрдану ошомидани худро тарк кунад), {Асҳоби суннан}.
Ибни Арабӣ гуфтааст: муқтазои ин ҳадис он аст, ки аз рӯзадориаш савобе намебарад, ба ин маъно, ки дар мизони амал, савоби рӯза дар баробари гуноҳи дурӯғ гуфтан ва он чӣ ҳамроҳи он баён шуд, вазне надорад. Ибни Ҳазм муътақид аст, ҳамонгуна, ки хӯрдану ошомидан рӯзаро ботил мекунад, ин гуна гуноҳон низ рӯзаро ботил мекунанд. Аз баъзе асҳоб ва тобеин низ чунин бардоште ривоят шуда аст.
Мо, агар қоил ба раъйи Ибни Ҳазм нестем, вале бар ин боварем, ки ин гуноҳон самараи рӯзаро зоеъ ва мақсуду манзур аз ташреъи рӯзаро фосид мекунанд, ба ҳамин хотир, салафи солеҳ, ҳамон тавре, ки нисбат ба худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан эҳтимом меварзидаанд, нисбат ба худдорӣ аз ҳаром ва ёвагӯиву суханони лағв низ эҳтимоми хоссе доштаанд.
Умар (р) мегӯяд: «Рӯза фақат худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан нест, балки иҷтиноб аз дурӯғу ботил ва ёвагӯӣ низ мебошад».Ва аз Алӣ (р) низ ривояте ба ҳамин мазмун низ омадааст. Аз Ҷобир (р) ривоят шуда аст, ки мегуфт: «Ҳар гоҳ рӯза гирифтед, бояд гӯши шумо ва чашми шумо ва забони шумо низ аз дурӯғ ва гуноҳони дигар рӯзадор бошад, аз азияту озори хидматкор ва зердаст дурӣ гузинед ва дар ҳолати рӯзадорӣ виқору матонати хешро ҳифз кунед, мабодо айёми ифтори шумо бо айёми рӯзадории шумо мусовӣ бошанд! Абӯзар ба Тулайқ бини Қайс мегуфт:
«Вақте рӯза гирифтӣ дар ҳадди тавон худро маҳфӯз бидор!». Тулайқ низ ҳар гоҳ рӯза мегирифт, дохили манзили худ мешуд ва ҷуз барои намоз берун намерафт. Абӯҳурайра ва ёрони ӯ ҳар гоҳ рӯза мегирифтанд, дар масҷид менишастанд ва мегуфтанд: «Рӯзаи худро поку пероста медорем». Аз Маймун бини Меҳрон низ ривоят шудааст, ки мегуфт: «Нозилтарин сатҳи рӯза имсок аз хӯрдану ошомидан аст». Ба ҳар ҳол, рӯза аҷру подоши хоси худро дорад ва ғайбату дурӯғ ва монанди он назди Худованд муҷозот ва кайфаре хосси худро доранд.
«Куллу шайин ъиндаҳу биқимдорин»(Ҳар чиз назди Худованд андоза дорад. Ва ҳар амале ҳисоб ва мизони худро дорад),{Раъд, ояи 8}. «Ло язиллу раббӣ ва янсо» (Парвардгорам на хато мекунад ва на фаромӯш менамояд),{Тоҳо, ояи 52}.
Бо тааммул дар ин ҳадиси Набавӣ ва диққат дар муҳосабаи Парвардгор дар рӯзи қиёмат, ҷавоби кофирро роҷеъ ба ин суол ва ду суоли қаблӣ хоҳед ёфт. Имом Аҳмад ва Тирмизӣ аз Оиша (р) ривоят кардаанд, ки гуфтааст: «Яке аз асҳоб назди Расули Худо нишаст ва гуфт: Ай Расули Худо, ман ду бардаи зархарид дорам, ки бо ман лаҷбозӣ ва аз ман нофармонӣ мекунанд ва ман ба хотири ин рафторашон онҳоро мавриди зарбу шатм қарор медиҳам. Вазъияти ман дар қиёмат чӣ гуна аст?».
Паёмбар (с) фармуд: « Йуҳсабу мо хонука ва ъасавка ва каззабука ва ъиқобука ийёҳум, фаин кона ъиқобука ийёҳум дуна зунубиҳим, кона фазлан лака ва ин кона ъиқобука ийёҳум бақадри зунубиҳим, кона кафофан, ло лака ва ло ъалайка ва ин кона ъиқобука фавқа зунубиҳим уқтусса лаҳум минкал фазлул лазӣ бақия қибалака» (Хиёнату нофармонӣ ва такзиби онон нисбат ба ту бо муҷозот ва танбеҳи ту нисбат ба онон муҳосаба мешавад, агар муҷозоти ту камтар аз гуноҳони онон бошад, ту бар онон бартарӣ дорӣ ва агар муҷозоти ту ба андозаи гуноҳон ва нофармонии онон аст суду зиёне мутваҷҷиҳ ту намешавад ва агар муҷозоти ту бештар аз гуноҳон ва нофармонии онон бошад ба андозаи он изофагӣ бар гардани ту боқӣ монда, ту қасос ва муҷозот хоҳӣ шуд).
Дар ин ҳангом марди суолкунанда назди Паёмбар ба гиряву зорӣ уфтод, Паёмбар(с) фармуд: «Мо лаҳу яқрау китобал Лоҳи: «Ва назаъул мавозинал қисти лиявмилқиёмати фало тузламу нафсун шайъан ва ин кона мисқола ҳаббатим мин хардалин отайна биҳо ва кафо бино ҳосибин».( Чаро ин мард Қуръон намехонад, ки Худованд мефармояд: Ва тарозуҳое дар рӯзи растохез қарор медиҳем ва ҳеч кас дар чизе ситам намебинад, ҳатто агар амале ба андозаи донаи хардал бошад онро меоварем ва кофӣ аст, ки мо ҳисобрас бошем),{Анбиё, 47}. Мард гуфт: Ай паёмбари Худо! Ҷуз ҷудоӣ аз ин бардагон ҳеч чизе барои ман беҳтар нест, инак гувоҳ бош, ки ҳамаи онон дар роҳи Худо озод бошанд!».
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
09.06.2025 13:12
226
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
231
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
285
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
451
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
561
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
445
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
104
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
171
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
175
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
945
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1652
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3343
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
81
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
98
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
140
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
482
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
730
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
850
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
424
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
464
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
435
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
713
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1846
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
592
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
571
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1764
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2078
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2291
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2971
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
485
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
435
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
916
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3035
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3480
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3462
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
622
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
648
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
596
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?