РӮЗА ГИРИФТАНИ КӮДАКОН АЗ ЧӢ СИННЕ ВА ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: Кӯдакон ва навҷавонони писар ё духтар аз чӣ синне бояд рӯза бигиранд? Ва оё шаръан барои рӯза гирифтани онон синни муайяне вуҷуд дорад?
Ҷавоб: Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: «Руфиъал қаламу ъан салосин: ъанис сағир ҳатто якбара ва ъанин ноими ҳатто ястайқиза ва ъанил маҷнуни ҳатто юфиқа» (Се гурӯҳ таклиф надоранд: 1. Тифл то болиғ нашавад. 2. Хуфта то бедор нашавад. 3. Девона то беҳбуд наёбад),{Аҳмад, Абӯдовуд, Насоӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким ин ҳадисро аз Оиша (р) ба санади саҳеҳ ривоят кардаанд. Ҳамчунин Аҳмад, Абӯдовуд ва Ҳоким ин ҳадисро аз Алӣ ва Умар бо ибороти наздик ба ҳам аз чанд тариқи мутаъаддид, ки якдигарро тақвият мекунанд, овардаанд}.
Бардошта шудани қалам яъне, мукаллаф набудан, ҷуз ин ки ислом дине аст, ки муроъоти табиати башарро мекунад ва мехоҳад, ки фарзандон дар даврони кӯдакӣ барои анҷоми ибодот ва тоъот тамрин ва муморасат кунанд. Аз Паёмбари Худо (с) дар бораи намоз ривоят шуда, ки мефармояд: «Мурӯ авлодакум бис салоти лисабъин ваз рибӯ ъалайҳо лиъашрин» (Фарзандонатонро ба хондани намоз дар синни ҳафтсолагӣ дастур диҳед ва дар даҳ солагӣ ба хотири тарки намоз ононро таъдиб кунед), {Аҳмад, Абӯдовуд ва Ҳоким ин ҳадисро аз Абдуллоҳ бини Амр бини Ъос ривоят кардаанд}.
Рӯза ҳам монанди намоз як ибодати воҷиб аст, бинобар ин, бояд фарзандон барои адои он тамрин дода шаванд, вале ба далели ин ки рӯза аз намоз сахттар аст ва ба тоқату тавоноии кӯдакону навҷавонон низ бастагӣ дорад, бо ин тартиб, ҳар гоҳ падару модар эҳсос карданд, ки фарзандашон тавоноии рӯза гирифтанро дорад, ҳар чанд ибтидо ҳар моҳ фақат чанд рӯз битавонад рӯза бигирад, бояд ононро ёрӣ кунанд то тамрини рӯза гирифтанро бикунанд ва ҳар сол бар теъдоди рӯзҳо изофа гардад, барои мисол, соли аввал се рӯз ва соли баъд як ҳафта ва соли дигар ду ҳафта ва билохира дар соли баъд ҳамаи рӯзҳои моҳи рамазонро рӯза бигирад, дар ин сурат ҳангоме, ки кӯдак ба синни булуғ ва ҳадди таклиф бирсад, ба хотири ин тамрин ва муморасат, гирифтани рӯза барои ӯ машаққате нахоҳад дошт. Ин аст тарбияти исломии кӯдак дар синни кӯдакӣ ва навҷавонӣ бояд ба одоб ва воҷиботи исломӣ хӯ бигирад то дар бузургӣ ба онҳо амал намояд. Шоъир чӣ накӯ гуфтааст:
«Ва янфаъул аҳдосу фи сиғарин ва лайса янфаъу ъиндаш шибатил адабу, Иннал ғусуна иза қаввамтаҳа иътадалат ва лан талина иза қаввамтаҳал хашабу».
Таъдиб (адаб додан) дар кӯдакӣ судманд аст, вале дар миёнсолӣ ва пирӣ нафъе намерасонад, шохаи тозаро метавон рост кард ва чӯби хушкро ҳаргиз натавон рост кард.
Бинобар ин, бар падарону модарон ва авлиёи писарону духтарон воҷиб аст, ки ононро ба адои намозу рӯза одат ва тамрин диҳанд. Омӯзиши намозро дар ҳафт солагӣ ва таъдиб ба хотири тарки онро дар даҳ солагӣ шурӯъ кунанд ва рӯза гирифтанро ҳамзамон бо эҳрози тавоноии кӯдак, ҳатто баъд аз ҳафт солагӣ ё бештар, падару модар бояд ба ӯ дастӯри адо ва анҷоми онро бидиҳанд.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
06.01.2026 20:24
576
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
755
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
663
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
782
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
971
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1677
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
656
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
625
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
611
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
460
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1035
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2045
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
222
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
478
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
402
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
669
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
903
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1198
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
608
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
923
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
881
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1994
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2052
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3033
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1623
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1586
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2831
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
749
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
874
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
873
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1404
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1652
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1439
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
4038
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4230
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4608
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
766
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1123
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1071
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































