САЛЛА, ДАСТОР, АММОМА. ЯК ПОРА МАТОЪ Ё РАМЗИ ИСЛОМ?
Мусулмонҳо бо бастани салла ё дастор аз одатҳои деринае, ки хоси дини Ислом аст, муроот мекунанд. Ҳоло ҳар нафаре, ки дар рӯ ба рӯ бо Шумо биистад ва дар сар салла ё аммома дошта бошад, бидуни андеша таъйин мекунед, ки ин нафар ба камияш мусулмони тақводор, ба бешаш як шахси рӯҳонӣ аст.
Агар яҳудиҳо бо арақчини гирд ва кӯчаке, ки дар тори сар мегузоранд, ва масеҳиҳои мазҳабӣ бо кулоҳи гунбазшакли сиёҳ фарқ кунанд, мусулмонҳо бо ҳамин дастор аз мусулмонии худ паём медиҳанд. Ҳарчанд дар фасли гармо мусулмонҳо ба ҷои дастор тоқии сафед ё ба истилоҳ арақчини сафед ба сар мегузоранд, вале муллоҳо ва имомхатибону намояндаҳои бо мартабаи мазҳабӣ ҳангоми намоз ҳатман салла мебанданд.
Ба сари писарбачагони синни хатна дар рӯзи сури онҳо гузоштани саллачаҳои ороста шояд аломати он бошад, ки ин навъи кӯлоҳ аз замонҳои қадим ба мардуми мо хос буд ва маънии комилан мазҳабӣ надорад. Бархе аз ҳайкалчаҳои моқабли Ислом низ бо навъе аз дастор сохта шудаанд.
Аҳмад Махдуми Дониш, файласуф ва рӯшангари садаи 19-и тоҷик, ки худ калла ва мутаносибан саллаи калон дошт, дар "Наводир-ул-вақоеъ" саллаи бадҳайбати бархе аз рӯҳониёнро зери тозиёнаи тамасхур гирифтааст ва таъбири машҳури "як нахӯд каллаву як ман дастор" ба ӯ нисбат дода мешавад.
Дар бораи ин ки чаро мардуми мусулмон аслан дастор мебандад ва ин чӣ фазилат дорад, назарҳо мухталифанд. Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршинос ва имом-хатиби масҷиди "Муҳамаддия", воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, мегӯяд, ки аммома дар даврони пеш аз Ислом дар миёни арабҳо маъруф буд ва арабҳо онро ба хотири ҳифзи чашмҳо аз хокбоди биёбонҳо мепӯшиданд.
"Дар даврони ҷоҳилият, яъне қабл аз Ислом мардуми араб барои ҳифзи чашму рӯ ва гӯшу биниашон аз регҳои тӯфонии биёбон дастор мебастанд. Яъне, қабл аз Ислом дастор истифода мешуд. Баъдан ин симои хоси мусулмонҳо шуд. Пайғамбари ислом ду навъи салла доштанд, ки дарозии яке аз он 12 газ ва дигарӣ 6 газ буд. Баъзан дасторҳо ду фаш дошт, дар баъзе вақт як фаш мекарданд ва аз зери манаҳ ба пушт меандохтанд. Дар Тоҷикистон фаши кӯтоҳтар аз ин, роиҷ аст",-афзуд ӯ.
Баъзе аз рӯҳониёни дигар дар мавриди фазилатҳои дастор ё аммома ба ин назаранд, ки вақте мусулмонҳо ба хотири ҷиҳоду юришҳо солҳо аз хонаҳои худ дар дуриҳо ба сар мебурданд, аз дастор гоҳе ҳамчун дастархон истифода мекарданд ва гоҳе ҳангоми фавтидани марди мусулмон дастор ҳамчун кафан истифода мешудааст.
Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз рӯҳониёни шинохта чанд хосияти дигари салларо бармешумурад, ки мусулмонҳо аз рӯи зарурат истифода мекунанд: "Дар фасли сармо барои ҳифзи сар аз сардиҳо ва ё дар фасли гармо ҳамчун соягии чашм ё ҳангоми кор дасторро дар миён мебанданд. Дар бораи хосияти салла дар миёни мардум ҳарфу назарҳои зиёд аст."
Бархе аз афроди ғайримусулмон ё мусулмонҳое, ки аз фазилатҳои дастор огоҳӣ надоранд, суол медиҳанд, ки оё тарзи бастани салла метавонад мушаххас кунад, ки соҳиби салла пайрави кадом мазҳаби Ислом мебошад?
Дар посух ба ҳамин суол Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, ки то андозае тарзи бастани салла маълум хоҳад кард, ки кӣ пайрави кадом мазҳаби Ислом аст: "Онҳоеро, ки танҳо дар гирди сар салларо тоб медиҳанду фаш намегузоранд, ба гумони ғолиб рофизӣ мегӯянд. Онҳоеро, ки дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон салларо бисёр калон мебанданд, аслан ҳанафӣ ҳастанд. Баъзе
афроде, ки дар Эрон худро аз авлоди пайғамбар медонанду ва онро исбот кардан мехоҳанд, саллаи сиёҳ ба сар мегузоранд."
Аммо баъзе аз рӯҳониёни дигар мегӯянд, ки рангу шаклу тарзи бастани дастор дар миёни мазҳабҳо чандон фарқе намегузорад, фақат ин ки фаши уламои ислом ва рӯҳониён дарозтар аз фаши дастори мардуми авом будааст.
“Агар ба ҳайси як имомахатиб ва ё пешнамоз бидуни салла адои намоз кардед намози шумо дуруст аст?” Ин суоли содда, вале хеле ҷиддӣ барои мардуми мусулмон ҳануз ҳам матраҳ аст.
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия" мегӯяд: "Ҳар нафаре, ки бо дастор намоз хонад, фазилаташ бисёр аз он намозе ҳаст, ки бидуни салла хонда мешавад. Вале ин ки мегӯянд, "бе дастор намоз гузоштем ё бе дастор имоматӣ кардем намози мо макруҳ аст", ин нодуруст аст. Сад дар сад қабул аст, танҳо аз савоби дастор маҳрум мешавем."
Ба фарқ аз панҷ соли қабл, ончуноне ки дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва дар намозҳои ҷумъа ба назар мерасад, мардум хеле кам дастор ба сар мегузоранд ва бо дастор мегарданд. Ба ҷои дастор аксари рӯҳониён тоқии сафедеро, ки умдатан ҳоҷиҳо аз Саудия меоранд, ба сар мегузоранд. Ҷавонҳо низ аз ҳамин навъ кулоҳ истифода мекунанд.
Ба назар мерасад, норӯшаниҳои фазилати дастору аммома ва боқӣ мондани назару андешаҳои мухталиф дар ин бора ҳанӯз роҳеро барои мӯди салла дар Тоҷикистон бозу ҳамвор накардааст.
Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
220
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
71
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
85
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
474
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
585
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?