ТӮРАҶОНЗОДА: "ШӮРОИ УЛАМО ШАРТҲОИ МОРО ҚАБУЛ НАКАРДАНД"
Шӯрои уламои дини Тоҷикистон шартҳои бародарон Тӯраҷонзода барои "оштӣ"-ро напазируфт. Ба ин тартиб, талоши додгоҳ барои оштӣ додани ду ҷониб бенатиҷа анҷом ёфт ва ҳамакнун муҳокимаи шикояти бародарон Тӯраҷонзода алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои ин кишвар, идома хоҳад ёфт.
Қарор буд рӯзи душанбеи 6 феврал оқои Абдулқодирзода дар ҳузури қозии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавзеъгирии худро нисбати пешниҳоди додгоҳ дар бораи дастёбӣ ба созиш бо бародарон Тӯраҷонзода эълом кунад. Баъд аз анҷоми суҳбат бо додгоҳ раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хабар дод, ки Шӯрои уламои дин пешниҳод барои "оштӣ"-ро напазируфтааст.
Оқои Тӯраҷонзода афзуд: "Мутаъассифона, тарафи мухолиф ба додгоҳ эълон кардаанд, ки гуё аъзои Шӯрои уламо нахостанд ҷамъ шаванд ва аз фикрашон ақиб гаштанӣ нестанд, аз хамин хотир ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор нашуд."
Ин мазҳабии саршиноси тоҷик аз он изҳори таъаҷҷуб кард, ки чаро раиси Шӯрои уламо барои баргузории ҷаласаи аъзои ин ниҳод даҳ рӯз муҳлат хост, вале дар натиҷа чунин ҷаласаеро баргузор накард. “Ин беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ ва ҳамаи мо аст.”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода афзуд, ки ба чунин посухи муфтии Тоҷикистон эътимод надорад, зеро “бо бештаре аз аъзои Шӯрои уламо ошно ҳастам ва онҳо изҳор доштанд, ки барои изҳори назари воқеъии худ омода ҳастанд.”
Бо ин вуҷуд, вай қасд дорад дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ аъзои Шӯрои уламои динро ба додгоҳ даъват карда ва назари онҳо дар қиболи баёнияи Шӯрои уламои дин алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаро бипурсад. Оқои Тӯраҷонзода ҳамчунон муътақид аст, ки ин баёния “тақаллубӣ” буда ва матни он аз сӯйи аъзои Шӯрои уламои дин таҳия нашудааст.
Шикояти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзода пас аз нашри баёнияе марбут ба ӯ аз номи Шӯрои уламо оғоз шуда буд. Дар баёнияи Шӯрои уламои исломӣ омада буд, ки бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода дар масҷиди таҳти назари худ дар ноҳияи Ваҳдат маросими "Ошӯро"-ро, ки хосси мазҳаби шиъаи ислом аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доштаанд дар миёни мусалмонон "фитна" ангезанд.
Дар пайи ин қазия Кумитаи дини Тоҷикистон фаъъолияти масҷиди зери назари бародарон Тӯраҷонзодаро маҳдуд кард. Гузашта аз ин, баъд аз пахши ин баёния гурҳе аз мақомот ҳамроҳ бо раиси Шӯрои уламои дин аз ин масҷид дидан карданд.
Аммо намозгузорон аз онҳо "хуш истиқбол накарда" ва хостанд, ки ин афрод масҷидро тарк кунанд. Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз чунин рафтор ба додситонии ноҳияи Ваҳдат шикоят бурд ва дар натиҷа додгоҳ бародарон Тӯраҷонзодаро дар “авбошӣ” муҷрим дониста ва ҷарима кард.
Бародарон Тӯраҷонзода дар навбаи худ ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ шикоят бурда ва оқои Абдулқодирзодаро дар тақаллубкорӣ муттаҳам карданд. Вале қабл аз оғози муҳокима барои оштӣ шудан шартҳое низ гузоштанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, онҳо “оштӣ”-ро дар сурати иҷрои ду шарти аслӣ аз сӯйи раиси Шӯрои уламо хоҳанд пазируфт. Яке ин ки қарори Шӯро дар бораи бародарон Тӯраҷонзода ботил шинохта шавад ва дигар ин, ки иҷозаи фаъъолият ба масҷиди марбут ба ин хонавода дар ноҳияи Ваҳдат содир шавад.
Ҳамакнун қарор аст, ки муҳокимаи шикояти бародарон Тӯраҷонзода алайҳи раиси Шӯрои уламои дин рӯзи чаҳоршанбеи 8 феврал баргузор шавад.
Би-Би-Си
-
22.03.2026 15:27
283
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
420
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
244
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:42
879
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1136
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1850
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
24.12.2025 15:30
796
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
807
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
757
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
24.12.2025 15:28
561
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1177
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2147
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
15.03.2026 21:06
126
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
123
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
28.02.2026 22:48
305
«Таҳкими қонуният мароми мост!»
-
19.03.2026 23:06
370
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
349
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 17:06
1178
Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
714
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1050
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
990
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2120
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2198
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3212
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
358
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1705
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1823
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
841
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1006
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
993
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
135
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1203
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1527
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4196
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4405
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4734
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































