ИМКОНИ АФЗОИШИ АЪЗОИ ШӮРОИ УЛАМОИ ДИНИ ТОҶИКИСТОН
Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шумори аъзои худро афзоиш бидиҳад. Қарор аст рӯзи душанбеи 30 апрел ин мавзӯъ дар ҷаласаи Шӯрои уламо баррасӣ шавад.
Ба гуфтаи Аловуддин Қосимов, сухангӯйи раиси Маркази исломии Тоҷикистон, интизор меравад дар ин ҷаласа дар мавриди теъдоди аъзои Шӯрои исломӣ тасмими ниҳоӣ гирифта шавад. Вай гуфт: "Дақиқ нест, ки аъзои шӯро то чанд нафар афзоиш меёбад. Зеро, ин амр дар салоҳияти худи аъзои Шӯрои исломӣ аст ва дар ҷараёни ҷаласа онҳо худ дар ин замина тасмим хоҳанд гирифт."
Оқои Қосимов афзуд, ки Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, феълан дар сафаре дар Кувайт ба сар мебарад ва ба ин далел дарёфти иттилоъи бештаре дар бораи таҷдиди сохтори Шӯрои уламои исломӣ ғайримумкин аст.
Эшони Абдулбасир, муъовини раиси Шӯрои уламои дин, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки бо сафаре дар минтақаи Рашт қарор дорад ва аз пешниҳоди афзоиши теъдоди аъзои Шӯрои уламо ҳануз иттилоъ надорад.
Бо ин вуҷуд, вай гуфт, ки аъзои куҳансоли Шӯрои уламои дин аз узвияти худ маҳрум нахоҳанд шуд. Вай афзуд: "Онҳо афроде ҳастанд, ки аз эътибори зиёде дар ҷомеъаи Тоҷикистон бархурдоранд ва истифода аз донишу таҷрубаи онҳо дар ҳалли масоили мазҳабӣ бамаврид хоҳад буд."
Феълан 24 нафар аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабии Тоҷикистон аъзои Шӯрои уламои дин мебошанд. Дар гузашта гузориш шуда буд, ки чеҳраҳои саршиноси мазҳабие, назири бародарон Тӯраҷонзода, Ҳоҷӣ Мирзо, Мулло Раҳим ва ғайра узви Шӯрои уламои дин нестанд ва ин амр боъиси пойин рафтани эътибори ин шӯро дар миёни мусалмонон шудааст.
Бештари соҳибназарон мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди ихтилофи назарҳои ин афрод бо раиси Шӯрои уламои дин баъид аст, ки ин афрод ба узвияти шӯро пазируфта шаванд. Зимнан, дар ним соли ахир баҳсу ихтилофи байни раиси Маркази исломӣ ё муфтии Тоҷикистон бо бародарон Тӯраҷонзода ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз номи Шӯрои уламои дин бародарон Тӯраҷонзодаро ба баргузории маросими Ошӯро дар масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат ва "таблиғи ақоиди шиъа" муттаҳам кард.
Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва бародаронаш ин иддаъоро бепоя хонда ва ба додгоҳ шикоят бурданд, ки ин баёнияи Шӯрои уламои дин тақаллубӣ аст. Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, бархе аз аъзои ин шӯро ба ӯ гуфтаанд, ки дар бораи таҳияи чунин баёнияе огоҳ нестанд.
Додгоҳ дар ниҳоят шикояти бародарон Тӯраҷонзода алайҳи Маркази исломиро рад ва аз шикояти оқои Абдулқодирзода алайҳи бародарон Тураҷонзода ҳимоят кард.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дини давлати Тоҷикистон аз додгоҳи ноҳияи Ваҳдат хостааст, ки сарнавишти ояндаи масҷиди "Муҳаммадия"-ро, ки ба хонаводаи Тӯраҷонзода мутаъълиқ аст, рӯшан созад. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ин масҷид дар оянда бо ҳукми додгоҳ аз масҷиди ҷомеъ ба масҷиди панҷвақта табдил дода хоҳад шуд.
Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки дар чанд соли ахир Шӯрои уламои дини Тоҷикистон бо судури чанд мусавваба аз вуруди занон ва кӯдакон ба масоҷид ҷилавгирӣ кардааст, ки ба гуфтаи мунтақидони ин шӯро, ин амр муғойир бо аҳкоми шариъат аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин шӯро дар таҳияи феҳрасти маъвизаҳои ҳатмӣ дар масоҷид ва барканории бархе аз имом-хатибони саршинос нақш доштааст.
Би-Би-Си
-
06.01.2026 20:24
321
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
519
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
445
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
673
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
746
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1458
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
445
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
420
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
483
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
280
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
827
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1858
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
17.01.2026 11:42
284
“Дар тарбияи кӯдакон масъул бошем! „
-
17.01.2026 11:39
300
“Тазими ҷашну маросим дар соли 2025 дар вилояти Хатлон”
-
17.01.2026 11:37
277
Таҳлилу ҷамъбасти иҷрои қонунгузории нақлиёт дар Хатлон
-
12.11.2025 14:38
528
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
766
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
987
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
401
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
715
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
683
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1802
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1862
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2808
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1437
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1418
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2631
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
614
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
670
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
669
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1273
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1448
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1252
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3817
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4006
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4449
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
550
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
941
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
877
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































