ДАРГУЗАШТИ ДОМУЛЛО МУҲАММАДИИ ҚУМСАНГИРӢ
Шаби гузашта 21-уми ноябри соли 2012, яке аз рӯҳониёни бонуфузи кишвар, олими фақеҳ домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 87 солагӣ дар деҳаи Қизил Нишони собиқ колхози Коммунизми ноҳияи Қумсангир дунёи фониро падруд гуфта ба ҷавори Ҳақ пайваст.
Домулло Муҳаммадӣ писари шайх Сайид Аҳмад соли 1925 дар деҳаи Ҳоити минтақаи Қаротегин чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Ӯ дар ҷавонӣ дар назди олимони машҳури давр, азҷумла домулло Қозӣ Абдурашид, таҳсили улуми динӣ кардааст. Баъди хатми таҳсил худ низ ба таълиму тарбияи динии насли наврас машғул буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун ҳазорон шаҳрванди кишвар бо аҳли хонаводаи худ иҷборан ба давлати ҳамсояи Афғонистон ҳиҷрат кард. Дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми беандоза калон дорад.
Ӯ яке аз аввалин маъруфтарин донишмандони исломӣ буд, ки зарурати бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кардани қазияи Тоҷикистонро пешниҳод карда буд ва барои амалӣ шудани он талош мекард.
Баъди сулҳу салоҳ ва бозгашт аз ҳиҷрат ба таълифи рисолаҳои фиқҳӣ ва дигар китобҳои динӣ, ки феълан толибилмон аз онҳо дарс мегиранд, машғул буд. Рӯзи 20-уми ноябр хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо ҳамроҳии рӯзноманигорони мустақил Далер Шарифов ва Раҷабалӣ Қаландаров ба аёдати ин бузургвор рафта буд.
Бо иҷозати худи ӯ ва хешовандонаш акс ва чанд дақиқа насиҳати ӯро дар бистари беморӣ ба навор гирифтем. Иншоаллоҳ, онҳоро мо бо дигар матлаб дар бораи зиндагиномаи ин олими фақеҳ каме андактар пешкаши муштариёни гиромӣ хоҳем кард. Қарор аст ҷанозаи домулло фардо, рӯзи ҷумъа дар маҳалли зисташ баргузор гардад.
Худованд рӯҳи ӯро аз мо шоду хонаи охираташро обод гардонад ва ба пайвандонаш сабри ҷамил бидиҳад. Инно лилоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
«Рӯзгор»