ҲАЁТИ МОЛОМОЛ АЗ РУҲОНИЯТ ВА ТАҚВОВУ АДОЛАТ
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Ҳамватанони гиромӣ!
Реҳлати ҷонгудози ҳазрати Домулло Муҳаммаддиро, ки рӯзи панҷшанбеи 22.11.12 дунёи фониро падруд гуфт, ба яко яки шумо, аҳли хонадон ва пайравону мухлисони ишон тасаллият баён мекунам. Ҳазрати Домулло яке аз сутунҳои дину имон, илму маънавиёт ва қавитарин такягоҳи андешаҳои муътадилу солими исломӣ дар кишвари азиз буданд.
Ин бузургтарин талафотест дар ин солҳои ахир дар ҳавзаҳои илму тариқат, андеша ва фиқҳ, ки ишон дар он нақши калидӣ, ҳатто роҳбар доштанд. Ҳазрати Домулло бо илми васеъу амиқ, рафтори хоксорона ва зиндагии содда, дидгоҳҳои муътадили хеш таҷассумгари чеҳраи воқеъии як олими исломӣ ва нишонае аз он уламо буд, ки Паёмбари акрам (с) дар ҳоқи ишон фармуд: «Ал уламову варасатул анбиёи" - уламо ворисони паёмбарон мебошанд.
Ҳазрати домулло Муҳаммадӣ ҳаёти пурбаракати хешро дар хидмати дин, илм ва миллат вақф карда буд ва дар зиндагии хеш танҳо Қуръон, Суннат, ризоияти Парвардигор ва манфиъати мардумро мизони мавкеъгирӣ ва фатвоҳояш қарор медод.
Имрӯз миллати мо на танҳо як олими асилро аз даст дод , балки шахсиятеро аз даст додем, ки ҳеҷ қудрате, гурӯҳе, ҷамъияте натавонист ӯро зери таъсири хеш қарор бидиҳад, балки ишон бо имони росих, устуворӣ дар мавқеъ ва эътидол дар андеша дигаронро водор мекард, ки ба ҷойгоҳу мавқеъи як олими исломӣ эҳтиром қоил бошанд.
Ӯ ҳеҷ гоҳ назди мансабдоре, ҳокиме, сармоядоре нарафт, таҳти ҳеҷ омиле алайҳи фармудаҳои Худованд ва манфиъати мардум назар надод ва исбот кард, ки имон, илм ва акида болотар ва қавитар аз моли дунёву мақомҳои расмӣ мебошанд. Ҳазрати Домулло иҷозат надод, ки касе ному обру ва ҷойгоҳашро дар ҷомеъа ба нафъи худ истифода барад.
Бо ҳама шахсияту доираҳо, гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабӣ фосилаи баробарро ҳифз мекард. Вале, ҳамзамон самимияту муҳаббати хешро ба он шахсият доираҳое, ки амалкарди онҳо дар хидмати миллату мазҳаб мебошанд, ҳеҷ гоҳ пинҳон намедошт.
Насиҳатҳои падарона ва устодонаи худро аз ҳама шахсияту гурӯҳҳои хидматкунанда ба дину миллат дареғ намедошт ва аз ҳар ҳарфи ӯ самимият ва хулуси ният ҳувайдо буд. Ҳамин омил сабаби аслии муассир будани ҳарфҳояш байни ҳама қишрҳои ҷомеъа гашт.
Зиндагӣ ва амалҳои ҳазрати Домулло барои ҳар як мусалмон, ба хусус шахсиятҳое, ки даъвои пешвоӣ ва роҳбарии мусалмононро доранд, намунаи ибрат ва пайравист. Ҳар олиму пешвое ва ҳар мусалмоне агар бихоҳад, ки сарбаландии дуне ва охиратро дошта бошад, бояд зиндагиеро мисли ҳазрати Устод сипарӣ намояд, зеро ҳаёти ӯ моломол аз руҳоният ва тақвову адолат буд.
Ҳеҷ гоҳ ризоияти шахсе, мансабдоре ва гурӯҳро барои худ меъёр қарор надода буд ва қудрату тавонмандии он Ҳазрат ҳам дар хамин буд. Ба ҷуз Худованди муқтадир аз касе натарсид, ҷуз Паёмбар (с) касеро пайравӣ накард ва ҷуз Қуръону Суннат сарчашмае барои фатвову назарҳои хеш надошт. Обру ва иззатро аз Худованд медонист, на аз мансабу қудратхоҳии бепоя. Ҳамин буд, ки Парвардигор ӯро байни миллаташ соҳибиззат ва бозгашти шарафмандонае барояш насиб гардонид.
Шаке нест, ки Худованд бо илми азалии хеш бо реҳлати чунин шахсиятҳо касони дигарро ҷойгузини ишон хоҳад кард, вале ҷойи ҳазрати Домулло байни уламо ва пешвоёни мазҳабии кишвари азиз холӣ мемонад.
Худованд насиб накард, ки бо бардоштани пояи тобути ҳазрати Домулло Муҳаммад (а) ҳамроҳи бародарон охирин хидмати фарзандиро анҷом диҳaм. Вале, чун дуъои сафарро ҳузуран ин марди шариф ва устоди арҷманд дарёфта будем, иншоаллох, ки равони покашон аз мо розӣ бошанд.
Худованд марҳумро тариқи раҳмати хеш ва дар қатори анбиёву шуҳадо маҳшур бигардонад ва ба бозмондагону мухлисонаш сабри ҷамил ато намояд.
Бо арзи тасаллият, Муҳиддин Кабирӣ, фарзанди ҳазрати домулло Муҳаммадӣ
МАСҶИДИ ҶОМЕАИ НОҲИЯИ ҚУМСАНГИР ДАР РӮЗИ ҶАНОЗАИ ДОМУЛЛО МУҲАММАДӢ
«Рӯзгор»
-
06.01.2026 20:24
498
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
700
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
610
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
760
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
914
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1621
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
602
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
570
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
590
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
405
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
985
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2011
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
177
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
405
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
358
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
642
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
879
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1158
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
556
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
869
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
830
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1945
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1993
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2968
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1587
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1551
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2789
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
725
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
819
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
813
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1382
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1598
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1388
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3986
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4166
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4584
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
712
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1074
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1020
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































