02:50:49 23-уми Сентябри 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АВВАЛИН НАШРИЯИ МАЗҲАБӢ ДАР ТОҶИКИСТОНРО КӢ ВА КАЙ БА НАШР РАСОНДААСТ?

 Соли 1985 кормандони хадамоти амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳини корҳои ҷустуҷӯӣ -оперативӣ нусхаи нашрияеро таҳти унвони «Ҳақиқати ислом» ба даст оварданд.

 

zubaydullo 250313Дар он давроне, ки давлат сиёсати атеистӣ, яъне сиёсати бехудоиро, сиёсати расмӣ эълон карда буд, пайдо шудани рӯзномае, ки дар он аз ҳуқуқҳои мазҳабии мардум дифоъ карда мешуд, мисли раъду барқе буд, ки дар осмони софу беғубор ғулғула меафканд. Ҳоло, ки ҲНИТ дар арафаи таҷлили ҷашни 40-солагии ҳизб аст, мо фурсатро ғанимат дониста, дар сӯҳбате бо Зубайдуллоҳи Розиқ, як тан аз собиқадорони матбуоти мазҳабӣ дар кишвар, раиси Академияи исломии ҲНИТ, мекӯшем то рӯи ин мавзӯъ бештар рӯшанӣ андозем.

 

- Мӯҳтарам Зубайдуллоҳи Розиқ, аз рӯи баъзе хабарҳо шумо аз нахустин муҳаррирони аввалин нашрияи мазҳабӣ дар кишвар ҳастед, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба таври пинҳонӣ ба чоп мерасид ва мунташир мешуд. Чӣ зарурат буд, ки дар он замон шумо даст ба чунин як кори хатарнок бизанед?

 

-Дар ҳақиқат, ба чунин кор даст задан, хатарҳое низ ба ҳамроҳ дошт. Вале мо дар фаъолияти пиҳонкории ҳизб ба марҳилае расидем, ки дигар сафи хешро бояд рӯз ба рӯз зиёд мекардем. Ин кор аз тариқи ба ҳалқаҳои дарсӣҷалб кардани шогирдон албатта сурат мегирифт, вале боз роҳҳои дигарро низ мебоист истифода мебурдем. Масалан тавассути нашрияҳо таблиғ карданро. Тавассути дарсҳо танҳо ба шогирдону толибилмони алоҳида метавонистем таъсир бигузорем, вале ба ҷамъият таъсир гузошта наметавонистем. Мо наметавонистем ҳисси исломхоҳиву истиқлолталабиро дар мардуми оддӣ бештар бикунем.

 

Аз ин рӯ мо ба ҳамин таъсис додани як нашрия даст задем. Аз ин кор ба ҷуз ман боз танҳо чанд нафари дигар огаҳ буданд. Албатта бо тавсия ва бо роҳбарии устод Нурӣ ин кор сурат гирифт. Нашрия бояд дар шакле ба табъ мерасид, ки касе моли кӣ будани онро натавонад пайхас кунад. Надонад, ки ин моли ҳаракат аст ё ҳизб аст. Аз тариқи ин нашрия мо мехостем афкори худро ба оммаи бештар матраҳ кунем. Мехостем, ки фикрҳои истиқлолталабиву мазҳабхоҳии мо аз доираи танги мо ба берун равад. Мо онро дар ягон матбаа чоп намекардем. Дар шакли маҷалла, дафтар, бо теъдоди маҳдуд онро мунташир месохтем. Дар аввалҳо то сад нусха чоп мешуд. Бештар дасти ба даст мерафт.

 

-Аммо феълан дар дасти мо бо номи «Ҳақиқати ислом» варақе ҳаст бузургтар аз як саҳифаи А-4, яъне оддӣ ва хурдтар аз саҳифаи А-3, яъне як саҳифаи ҳафтаномаҳои хусусӣ, ки бархе аз собиқадорони ҳизб бар ин назаранд, ки он соли 1983 ҳамагӣ як маротиба дар ҳамин шакл баромадааст, ва шумораҳои боқӣ дар ҳамон шакле шумо гуфтед, дар шакли маҷалла.

 

- Ин корро мо баъдҳо анҷом медодем. Дар аввал дар ҳамон шакле, ки ман гуфтам, дар ҳамон шакли маҷалла мо нашрияи «Ҳақиқати ислом»-ро мебаровардем. Яъне маводро дар мошинкаҳо чоп мекардем, баъд варақҳоро таксир мекардем, сипас дар шакли маҷалла медӯхтем, ё худ саҳифабандӣ мекардем. Бо истифода аз ҳарфҳои дар матбаа чопшуда баъдтар мақолаҳоямонро дар саҳифаҳои алоҳида шакл медодем.

 

Яъне калимаҳои алоҳидаи лозимиро аз рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо бурида пайи ҳам дар варақҳои сафед ширеш мекардем ё худ мечаспондем ва ба ҳамон тарз мақоларо пурра дар варақ бо истифода аз калимаҳои чопшуда «менавиштем», аниқтараш дар варақи алоҳида мечаспондем. Пас ҳамон варақҳои дар онҳо мақолаҳо часпондашударо дар ягон варақи калонтар ҷо ба ҷо мекардем. Пас он варақро аксбардорӣ карда дар ягон типография бо нусхаҳои зиёд чоп мекардем. «Ҳақиқати ислом»-е, ки шумо мегӯед, ба ҳамин тарз чоп шудааст.

 

-Заҳмати тоқатшикан мекашидаед?

 

-Дигар илоҷ набуд. Дар он замон ҳамаи мошинкаҳои чопӣ ба қайд гирифта мешуданд. Намунаи чопи ин мошинкаҳо дар дасти мақомоти дахлдор буд. Агар мавод нахуст дар мошинка чоп мешуд, мақомоти дахлдор муайян мекарданд, ки он дар кадом мошинка чоп шудааст. Соҳиби мошинкаро пайдо мекарданд ва ҳама хабарро метавонистанд тавассути ӯ бигиранд. Аввалҳо мо мақолаҳоямонро дар мошикаҳо чоп мекардем. Чун хатарро эҳсос кардем, аз ин кор даст кашидем.

 

ayomiddin-sattori-250313Аслан мо ин корро то соли 1986, то ҳамон рӯзе, ки бархе роҳбарони ҳизб аз сӯи мақомоти дахлдор боздошт шуданд, то ҳамон рӯз идома додем. Моҳи июни соли 1986 буд. Дар қатори хонаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба хонаи ман низ омада буданд, ҳамон мақомоти тафтишгар. Дар ҳайати онҳо чанд корманди милиса, ду корманди амниятӣ ва кормандони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ буданд. Дар вақти кофтуков аз миёни китобҳои ман як нусха ҳамон маҷаллаи «Ҳақиқати ислом» пайдо шуд. Аммо онҳо бисёр чуқур аз ман дар ин бора напурсиданд. Танҳо пурсиданд, ки инро аз куҷо гирифтӣ? Гуфтам, ки аз ҷумъабозор як китоб харидам. Дар байнаш ҳамин буд.

 

Дигар чизе нагуфтанд. Баъд аз он ки устод Нуриро ҳабс карданд, мо чопи нашрияро боздоштем. Баъди аз маҳбас баргаштани устод Нурӣ кори ба табъ расондани нашрия ба дӯши дигарон супурда шуд. Ба ман супориш дода шуда буд, ки дар ҷустуҷӯи як матбае бошам, ки дар оянда битавонем дар он нашрияи худро ба ҳамон тарзе, ки рӯзномаҳои давлатӣ чоп мешаванд, ба ҳамон тарз чоп кунем. Омодагиҳои чанд низ дар ин самт гирифтем. Чанд нафар шогирдонамонро махсус барои омӯхтани касби типографӣ ба омӯзишгоҳи касби-техникии шаҳри Душанбе фиристодем. Онҷоро хонда хатм карданд. Мо бисёр мехостем, ки чопхонаи пинҳонии худро дошта бошем. Се нафар ҳам мутахассис тайёр кардем. Вале баъдан масъулияти чопи нашрияи ҳизб ба ӯҳдаи дигар кас супорида шуд.

 

-Оё шумо ёд доред, ки нахустин шумораи расмии нашрияи ҲНИТ дар Тоҷикистон , кай ва дар кадом матбаа ба нашр расид, муҳаррири аввалинаш кӣ буд?

 

Ҳангоме, ки ҲНИТ тақрибан расмӣ шуд, рӯзномаи «Наҷот» расмӣ шуд, ман уммед доштам, ки устод ба ман супориш медиҳад, ки муҳарририи онро ба ӯҳда бигирам. Вале  бо розигии раёсати ҳизб, маслиҳати устод Нурӣ, ман вазифаи имом-хатибии масҷидеро, ки дар Уялӣ ҳаст, ба ӯҳда гирифтам. Кор дар ин вазифа хеле мушкил буд. Бояд масҷиди нав бунёд мекардем, мадраса бунёд мекардем. Мо аз пайи ин кор шудем. Масъулияти таъсис ва нашри рӯномаи «Наҷот»-ро устод ба ӯҳдаи мулло Айёмиддин Сатторӣ супорид. Барои ҳамин ҳам ман дар бораи чопи нахустин шумораи «Наҷот» чизе гуфта наметавонам. Дар ин бора мӯҳтарам мулло Айёмиддин ва Муҳаммадсиддиқ маълумоти дақиқ дода метавонанд.

 

- Тибқи иттилое, ки дорам, шумо ба навиштани китобҳои дарсӣ барои шогирдони ҲНИТ машғул будаед?

 

- Ман аз ҳамон аввал ба услуби дарсдиҳии мадрасаҳои Бухоро чандон розӣ набудам. Барои бачаҳои мо хеле мушкил буд, ки ба он тарз, ба он услуб дарсро тез аз худ кунанд. Як мушкили асосии бачаҳои мо ин пинҳон нигоҳ доштани ҳамин факти дарсхониашон аз атрофиён буд. Хулоса, мо бояд коре мекардем, ки мушкили ҳамин бачаҳоро осон мекардем. Барои ҳамин ҳам ман дар яке аз ҷаласаҳои роҳбарони ҳаракат пешниҳод кардам, ки китоби «Алифбо»-и форсиро ба тарзи нав тартиб диҳем. Ин корро ҳамон вақт шӯъбаи дар ноҳияи Кӯйбишев, (ҳоло Ғозималик ва Хуросон) будаи ҳизб ба ӯҳда гирифт.

 

Ин ба он хотир буд, ки банда низ дар ҳамон шӯъба будам ва падари Эшони Саид Қиёмиддин ҳазрати Эшони Саид Имомиддин, ки он кас ҳам соҳибқалам буданд, ва як бародари дигар буд дар шаҳрчаи Меҳнат зиндагӣ мекард, бародар Абдумуталлиб, дар мактаб муаллим буд ва бо қалам каму беш сару кор дошт. Мо се нафар нишастем ва ҳамин китоби «Заруриёти динӣ»-ро тартиб додем. Мақсади мо ҳамин буд, ки китоби «Заруриёти динӣ»- и ибтидоиро мо менависем ва дигар ҳамин хел барои ҳар як синф китоби дарсии «Заруриёти динӣ»- навишта мешавад.

 

Китоби мазкур аз чанд қисм иборат буд. Қисмати аввал «Алифбо» буд. Қисмати дуввум аз ҳикояҳои хурд -хурд ва панду насиҳатҳои тоҷикӣ иборат буд. Баъд аз он ки шогирд ҳарфҳоро мешинохтагӣ мешуд, хонданро ёд мегирифт, баъд омӯзиши Қуръон сар мешуд. Дар ин қисмат чанд сура аз Қуръон омӯхта мешуд. Баъд қисмати шеъру ҳикояҳо дар васфи Худову Расул буд, дар шинохти Худованд буд. Ин шеърҳо қариб ҳамаашон ба қалами эшони Саид Имомиддин тааллуқ доранд. Ҳамон вақт ба ҳазрати эшон гуфтам, ки бубинед, ки дар китобҳои мактабӣ чӣ гуна шеърҳои соддаву равон барои бачаҳо навишта шудааст:

 

Ман калон мешавам,

 

Қаҳрамон мешавам.

 

Бар Ватани худам,

 

Посбони мешавам.

 

Оё мо наметавонем бо ҳамин гуна лаҳн барои бачаҳо дар бораи Худову Расул, дини мубини ислом шеърҳо бинависем? Метавонем, гуфтанд ҳазрати эшони Саид Имомиддин ва дар байни як ҳафта чанд шеъри хуберо эҷод карданд, ки онҳо дар баробари васфи Худову Расул боз ба талабагон донишҳои ибтидоии диниро низ медоданд. Бачаҳо бо шавқ онҳоро азёд мекарданд. Ва ҳамаи ин бо ҳуруфи форсӣ буд. Бачаҳо худ надониста форсихон мешуданд. Хулоса, матбаи форсичопкунӣ, ки набуд, мо аз як хаттоти ҳизб хоҳиш кардем, ки китобро дастӣ нависад. Ӯ бо килк дар варақҳо навишт. Варақҳо таксир шуданд ва баъд саҳифабандӣ гардиданд. Китоб тайёр шуд.

 

Дар тамоми он ҷое, ки аъзои ҲНИТ буд, аз ҳамин китоб дарс мехонд. Дигар аз «Қоидаи Бағдодӣ» дарс намехонданд. Дар ноҳияҳои Хуросону Ҷомии имрӯзаву Ёвону Данғара масъули таълиму тарбия ман будам. Дар Қӯрғонтеппа масъули таълиму тарбия худораҳматии Абдуллоҳи хурдӣ буд, Абдуллоҳи Хаттоб. Мо шогирдони якдигарро имтиҳон мегирифтем. Мо ҳисобу китоби худро доштем. Ман медонистам, ки он кас чанд мударрис дошт. Ӯ медонист, ки ман чанд мударрис доштам. Мо сари ҳар шаш моҳ як комиссия шуда ба Вахшу Ёвон Данғараву Куйбишев рафта шогирдони якдигарро имтиҳон мегирифтем.

 

Имтиҳонҳо асосан баъди хатми як фанне сурат мегирифт. Мо барномаи махсуси таълимӣ доштем, ки тибқи он кадом китоб чанд муддат таълим дода мешуд маълум буд. Дар давоми ҳамин гуфтугӯҳо, баҳсу мунозираҳо дарсдиҳиҳо камбудиҳои китоби «Заруриёти динӣ» маълум шуд. Бо Абдуллоҳи Хурдӣ маслиҳат кардем, ки ин камбудиҳоро ислоҳ карда китобро аз сари нав менависем. Ҳамин тавр ҳам кардем. Қисмати «Алифбо» тағйир нахӯрд, қисмати шеърҳо тағйир нахӯрд. Дар қисмати оятҳои қуръонӣ мо тарҷумаи тоҷикии онҳоро илова кардем. Баъд фарзу ъайни тоҷикиро бо забони соддаи имрӯза илова кардем.

 

Инчунин дуъоҳои баъди намоз ва намози ҷанозаро ҳам овардем. Ин барои бачаҳои синфҳои 5-6 хеле мувофиқ буд. Баъд аз ворид кардани ин тағйиротҳо Абдуллоҳи хурдӣ китобро бурда ба устод Нурӣ нишон дод. Устод ин кори моро таъриф карданд ва розигӣ доданд, ки китоб оммавӣ шавад. Як шогирди Абдуллоҳи Хурдӣ бо номи мулло Муҳаммадӣ, ки хеле хушхат буд, онро хаттотӣ кард ва баъдан мо ба тариқи ксерокопия таксир намуда саҳифабандӣ кардем. Ин аллакай солҳои 90 буд. Соли 1992 Абдуллоҳи Хурдӣ, худо раҳматаш кунад шаҳид шуд. Шогирди ӯ намедонист, ки ин корро ба ҷуз аз мулло Абдуллоҳи Хурдӣ боз кӣ кардааст.

 

Барои ҳамин ҳам вақте, ки соли 1994 бори дигар Муҳаммадии хаттот ин китобро аз дигар хаттотӣ кард, дар ҷои муаллиф танҳо исми Абдуллоҳи хаттотро навишт. Аз ин кор фарзандони ҳазрати эшони Саид Имомиддин хафа шуданд, ки номи падари онҳоро дар ин китоб ҳамчун муаллиф нанавиштанд. Зеро фарзандони ҳазрати эшон аз кори дуввумбораи мову худораҳматии Абдуллоҳи Хурдӣ хабар надоштанд. Онҳо норозигӣ карданд, ки ин китобро падари мо бо ҳамроҳии домулло Зубайдуллоҳ навиштанду инҳо бошад ба номи худ гузаронидаанд. Ман бо онҳо сӯҳбат карда аз асли кор онҳоро воқиф сохта қаноатманд кунондам.

 

Мо инчунин дар дунболи тартиб додани китоби дарсии фиқҳӣ будем. Аз «Мухтасар-ул виқоя»-ву «Шарҳ-ул-виқоя»-ву «Шарҳ-ул-ҳидоя» ҳазрати эшони Саидамир бо забони классикӣ тарҷума мекарданду мо онро ба забони соддаи имрӯза мегардондем. Он кас бо услуби «Гулистон»-и шайх Саъдӣ менавиштанд. Ман онҳоро тоҷикии мактаббачафаҳм мекардам. Барои донишмустаҳкамкунӣ саволу ҷавоб тартиб медодам. Афсӯс ки ин чизҳо дар дафтарҳо монданду ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Мо ҳиҷрат кардему дафтарҳо монданд дар хонаҳо. Баъди баргаштан дигар ному нишоне аз онҳо пайдо накардем.

 

-Ҳоло ҳам бачаҳои хурдсол аз рӯи ҳамин китоб алифбои форсӣ ва донишҳои ибтидоии диниро меомӯзанд ва ё китоби дигар тартиб дода шудааст?

 

- Ҳоло ҳам аз рӯи ҳамин китоб таълим мегиранд.

 

-Танҳо бачаҳои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ё ҳамаи онҳое, ки таълими динӣ мегиранд, аз ҳамин китоб меомӯзанд?

 

-Дар аввал «Заруриёти динӣ»-ро ба ҷуз аз аъзои ҲНИТ дигарон қабул надоштанд. Вале чун бартариҳои ин китобро фаҳмиданд, ҳоло ин китоб китоби ҳамаи он хурдсолоне шудааст, ки ба омӯзиши динӣ оғоз мекунанд. Онро ҳамчун китоби дарсии хуб қариб ҳама эътироф кардаанд. Талабот зиёд аст ба ин китоб. Масалан бино ба иттилои як манба як чопхона ду сол пеш ин китобро аз мо пинҳонӣ ба теъдоди 10 ҳазор нусха чоп карда фурӯхт.

 

-Шумо барои чопи ин китоб ҳаққи муаллифӣ доред?

 

-Не, надорем. Пеши роҳи чунин чопхонаҳоро гирифта намешавад.

 

-Дигар то ҳоло ба тарзи ҳамон дастхати Муҳаммадии хаттот чоп шуда истодааст?

 

-Не, ҳамин охирон касе онро чоп кардааст, матни китоб дар компутар бо ҳуруфи форсӣ чинда шудааст ва дар ҳамон компутар саҳифабандӣ шудааст. Дар матбаа чоп шудааст. Вале як чиз таскинбахш аст, ки шояд баъди ин баҳсҳо бошад, ки ба сифати муаллифони китоб дар ин чопи охирини «Заруриёти динӣ»- номи ману номи ҳазрати эшони Саид Имомиддинро илова кардаанд.

 

-Ташаккур барои сӯҳбати хуб

Мусоҳиб Султони Ҳамад 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1