Истиқбол аз моҳи шарифи Рамазон ва иди Фитр дар Афғонистон
Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ
Моҳи Рамазонро, ки соле як маротиба фаро меояд, наздик чаҳордаҳ сад сол аст, ки мусулмонон истиқбол мегиранд. Рамазон барои мардуми мусулмон моҳи Худо, моҳи тоату ибодат ва айёми хуҷистаи рӯзаву намоз аст. Рамазонро инчунин ба ҳайси моҳи покию озодагӣ ва ростию расткорӣ ва моҳи худоию хайрот гиромӣ медоранд ва пазиро мешаванд.
Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз ҷумлаи панҷ асли муҳими ислом буда, зимнан онро ҳар фарди мусулмон фаризаи худ медонад, ки дар моҳи мубораки Рамазон рӯза бигирад. Гирифтани рӯза дар бобати сиҳатмандӣ ва ҷиҳати ахлоқии инсонҳо нақши муҳиме мебозад. Донишмандони илми тиб имрӯз собит намуданд, ки ҳафтод дар сади амрози мавҷуда аз меъда бармехезад. Бинобар ин имрӯзҳо дар бархе аз шифохонаҳои кишварҳои пешрафта беморонро бо таҷвизи чанд рӯз рӯза гирифтан табобат менамоянд. Аҳамияти рӯза ва нақши он аз лиҳози ахлоқӣ бештар дар он аст, ки ҳар фарди мусулмон ва рӯзадор мукаллаф аст, то бо чашм, гӯш, забон ва ё қалби худ рӯза дошта бошад. Вай ҳамчунон, ки аз субҳ то ба шом обу нон намехӯрад, бояд назари бад ба касе накунад. суханони зиштро нашунавад, дурӯғ нагӯяд, бо дастони худ кори бадро анҷом надиҳад, пои худро дар роҳи нораво нагузорад ва ҳатто андешаи бадро дар қалби худ ҷо надиҳад.
Ба ақидаи мусулмонон Рамазон моҳе, аст, ки бо фаро расидани он дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дӯзах баста мешаванд ва шайтонҳо занҷирбанд мегарданд. Ин моҳ гуноҳҳои бандагонро маҳв сохта, манзалату дараҷаи онҳоро дар назди Худованд арҷ мегузорад. Аз ин ҷост, ки мусулмонон моҳи Рамазонро бо дастархонҳои пур аз нозу неъмат, бо азму иродаи росих, табъи хушу болида, ғанимат донистани ҳар дақиқаву сонияи он, бо анҷом додани тоату ибодат, аъмоли солеҳ ва расонидани ёрию кӯмаки хайрхоҳона ба бенавоёну барҷомондагон истиқбол мегиранд.
Дар гузаштаҳо рӯзаи моҳи Рамазон дар саросари дунёи ислом бо дидани ҳилол оғоз мепазируфт, яъне мусулмонон медиданд, ки ҳилоли моҳи Рамазон баромада аст, ба гирифтани рӯза шурӯъ менамуданд ва баъд аз сӣ рӯз бо дидани ҳилоли ид рӯзаро ба поён мерасониданд ва анҷоми моҳи Рамазонро, бо номи "Иди фитр" ид мекарданд. Ба ин муносибат шоире хитобан ба маъшуқааш гуфтааст:
Ҳилоли ид мебинам ман он пайваста абрӯят,
Муборак бод бар ту иду бар ман дидани рӯят.
Ва ё:
Ба лаби бом бароӣ, гӯшаи абрӯ бинамо,
Рӯзадорони ҷаҳон мунтазири моҳи наванд.
Анъанаи рӯияти ҳилолро дида рӯза гирифтан ва ба поён расонидани онро таҷлил кардан дар Афғонистон низ роиҷ буд. Масалан, дар замони салтанати Сироҷ-ул-миллат тибқи маълумоти мавҷуда дидани ҳилоли моҳи Рамазон тавре буд, ки номи рӯзе, ки фардояш ҳулули моҳи Рамазон ба вуқӯъ мепайваст, мардум-хурду калон ба шумули марду зан сайъ ба харҷ медоданд, то ҳилолро аввалтар аз ҳама бубинанд ва ба дигарон бинамоёнанд. Ба ин мақсад онҳо ба ҷойҳои муртафеъ, бештар болои бомҳо ва теппаҳо мебаромаданд. Ҳангоми ғуруби офтоб уфуқҳои равшаннамои мағрибро барои ёфтани моҳтоби Рамазон ҷустуҷӯ мекарданд.
Агар яке аз бинандагон ба дидани моҳи нав муваффақ мегардид, бо шӯру ҳалҳала ва шодмонӣ онро ба ашхоси давру пеши худ тавассути ангушт нишон медод. Ҳамин, ки дидани моҳи нав таҳаққуқ мепазируфт, онҳое, ки моҳи навро дидаанд, ҳар кадом ба навбат дастҳоро боло карда барои саодати шахсӣ ва оилавӣ ва хешу ақрабо, ҳамчунин барои ободию оромии кишвари худ дуо мекард, барои бечорагон сарсабзии макон, ризқи фаровон металабид. Баъд аз ин онҳо шахсеро ба аспи тезпо ва чобукрафтор савор карда, рӯияти ҳилолро барои соири аҳолии қарияҳои ҳамҷавор мужда мерасониданд, то ба истиқболи рӯза омадагӣ бигиранд.1
Ҷустуҷӯ ва ёфтани моҳтоби шаби аввали Рамазон аз рӯзгорони қадим, яъне аз вақте, ки дини ислом дар байни мардум ҷорӣ гардид, дар тамоми ҷомеаи исломӣ маъмул буда, то кунун дар аксари кишварҳои мусолмонӣ ба асолати худ боқӣ монда аст.
Мегӯянд, ки замоне Шоҳ Ҷаҳон дар яке аз идҳо тибқи маъмул дар ҷустуҷӯи моҳи Нав шадидан мутаваҷҷеҳ шудааст ва тасодуфан нахустин шахсе, ки ҳилоли идро дида аст, Шоҳ Ҷаҳон будааст ва ӯ ба муҷарради дидани ҳилол фавран ин мисраъро ба забон овардааст: "Ҳилоли ид бар авҷи фалак ҳувайдо шуд."
Завҷааш Нурҷаҳонбегим, ки дар он маҳал ҳозир будааст, дар ҷавоби ин мисраъ бадеҳатан гуфтааст: " Калиди майкада гум гашта буд, пайдо шуд".
Аз ин мисол пайдост, ки дар мавриди дидани рӯияти ҳилоли Рамазон ва иди он на фақат намояндагони мардуми авом, балки ашхоси олимақоме аз табақаи болоии ҷомеа низ ширкат меварзидаанд.
Тартиби гирифтани рӯза ва риояи суннатҳои он дар Афғонистон ба ин қарор буд: шоми рӯзе, ки фардояш ҳулули моҳи Рамазон ба вуқӯъ мепайваст, мардум тибқи эъломи вуруди рӯза тавассути садои тӯб ба масҷидҳо мерафтанд ва нахустин намози таровеҳро мехонданд. 1 Шаби авввали Рамазон баъд аз адои намози таровеҳ мардум ба хонаҳояшон баргашта, хоб мерафтанд ва дар нимаҳои шаб, яъне соатҳои ду-се аз хоб бармехестанд ва барои таҳияи ғизои саҳар, ки онро "саҳарӣ" мегуфтанд, омодагӣ мегирифтанд.
Пас аз он, ки "саҳарӣ"-ро мехӯрданд ва дар мавқеаш намози субҳро мехонданд, дубора ба хоб мерафтанд ва то соатҳои ҳафт-ҳашт хоб мекарданд. Ришсафедон ва онҳое, ки аз кор фориғ буданд, зиёдтар хоб мерафтанд. Ҳамин, ки шом фаро мерасид ва азони намози шом шунида мешуд, ба ифтор мепардохтанд. Рӯзи аввали рӯза ба ҳамин шакл сипарӣ мегардид ва рӯзҳои мутабоқии он низ ба чунин сурат идома меёфт. Имрӯзҳо низ тарзи гузарондани рӯза ҳамин гуна мебошад.
Дар собиқ барои бедор кардани мардум саҳаргоҳон аз болои гумбади бузурги Нақорахона, ки дар майдони Пуштунистони Кобул эъмор гардида буд ва яке аз шоҳкориҳои меъморӣ дар Афғонистон ба шумор мерафт ва мутаасифона, имрӯз аз он ёдгарии бошукӯҳ ному нишоне боқӣ намондааст, дар шабҳои моҳи Рамазон нақора мезаданд. Нақора аз дуҳули мисӣ иборат буд, ки рӯи он бо пӯсти буз пӯшида мешуд ва тақрибан як метру бист сантиметр қутр дошт.
Шахси нақорачӣ наздикиҳои соати дуи шаб бармехест ва бо ду адад чӯби махсус нақораро ба садо дармеовард. Ҳамчунин саҳаргоҳон ашхоси алоҳида низ болои бомҳо баромада нақора ва дуҳули шахсии худро ба садо меоварданд. Дар баъзе рустоҳо афроде низ буданд, ки қабл аз намози бомдод бармехостанд ва барои ин, ки мардумро ба саҳарихӯрӣ бедор кунанд, кӯча ба кӯчаи деҳро мегаштанд ва садо менамуданд: "саҳар хез, саҳар хез!" Бо ин садо мардум бедор мешуданд ва ғизои "саҳарӣ"-ро мехӯрданд.
Дар он замонаҳо кӯчаҳо ва бозорҳо монанди имрӯз тавассути чароғакҳои барқӣ равшан набуданд, балки бо фонусҳое, ки аз тарафи ҳалабисозҳо сохта мешуданд ва дар дохили онҳо шамъро меафрӯхтанд, танвир мегардиданд. Саракҳо низ тавасути чароғдониҳое, ки дар фосилаи ҳар панҷоҳ метр болои пояҳои чӯбӣ насб буданд ва дар дохилашон ҷинчароғ мегузаштанд, равшан карда мешуданд.Ҳар сарак аз худ як чароғчӣ дошт. Фардо, ки рӯз равшан мешуд, чароғчиҳо омада чароғҳоро хомӯш мекарданд ва агар тели (карасони) кадоме аз чароғҳо кам шуда бошад, онро аз буталҳои тели хок, ки бо худ доштанд, пур мекарданд. Мардум дар партави чароғҳо муддате гаштугузор карда, баъд ба хонаҳояшон бармегарданд.
Як ҳодисаи қобили мулоҳиза ин аст, ки як рӯз қабл ҷашнгоҳи шаҳри Кобул, ки бо номи "Чамани ҳузурӣ" машҳур буд, зебу зинат меёфт. Дар ин ҷашнгоҳ подшоҳи давр Сироҷ-ул-миллат дар шабҳои Рамазон ба ифтихори ин моҳ бо номи "Ифтори шоҳӣ" зиёфатҳо меорост, Ҳар рӯз ҳангоми шом ба ин зиёфатҳо аз тарафи дарбор як идда мӯйсафедон ва калоншавандагони шаҳри Кобул ва мавзеъҳои гирду атрофии он даъват мешуданд, ки теъдодашон ҳар рӯз ба ду-сесад нафар мерасид . Аммо теъдоди касоне, ки бидуни даъват ба хони подшоҳӣ барои ифтор меомаданд, аз ҳазор нафар ҳам зиёд буд.
Дар "Ифтори шоҳӣ" зери хиргоҳ рӯи хони ориз дар лаъличаҳо хурмо, намак ва суроҳиҳои об гузошта мешуданд. Ҳамин, ки садои тӯпи ифторӣ ба гӯш мерасид, ҳозирон бо хурмову намак ва об рӯзаи худро мекушоданд ва баъд ба лаби ҷӯи назди масҷиди идгоҳ рафта вузӯ мекарданд ва намози шомро таври дастаҷамъӣ мехонданд. Сипас, гирди хони подшоҳӣ менишастанд ва ба сарфи таомҳои лазиз ва дигар хӯрданиҳо, аз қабили палав, қобулӣ, чалав, нонҳои ширӣ, кулчаҳои равғанӣ, кӯфтаи қурма, ҳалво, фирнӣ, сабзӣ, моҳут, мураббо, туршӣ ва … машғул мешуданд.
Устод Муҳаммад Карим, устод Валӣ Муҳаммад, устод Муҳаммад Расул, устод Муҳаммад Иброҳим, устод Ҷалолиддин, устод Муҳаммад Ҳаким, устод Абдураҳмон, устод Муҳаммад Набӣ, устод Тиллои Панҷшерӣ ва халифа Гурги Ҳазорагӣ аз таббохони машҳури дарбори Сироҷ-ул-миллат буданд, ки дар шабҳои "Ифтори шоҳӣ" дар хизмати меҳмонон қарор доштанд.
Баъд аз он, ки ифтор поён мепазируфт, мардум бо мақсади ба ҳазм расонидани таоми дар ифтор хӯрдаашон қадре гашту гузор мекарданд ва сипас ба хондани намози таровеҳ шуғл меварзиданд. Баъзе шабҳо, ағлаб шабҳои чаҳордаҳ ва бисту ҳафти Рамазон подшоҳ Сироҷ-ул-миллат низ дар ин ифтор иштирок карда, намози таровеҳро бо мардум як ҷо мехонд. Ҳатто баъзе шабҳо адои намози таровеҳ бо имоматии шахсии худи Сироҷ-ул-миллат сурат мегирифт.
1. Дар гузаштаҳо дар рӯзҳои Рамазон дар Кобул дар чаҳор вақт чаҳор тӯп файр (паронда) мешуд: тӯпи чошт, тӯпи шом, тӯпи таровеҳӣ ва тӯпи саҳарӣ. Тӯпи чошт ва саҳарӣ дар теппаи Бибимоҳрӯ насб буд. Аммо тӯпи шом ва тӯпи таровеҳ дар ҷашнгоҳи умумӣ-Чамани ҳузурӣ. Ин ҳодиса имрӯз ҳам идома дорад.
(идома дорад)
-
09.06.2025 13:12
192
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
193
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
249
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
424
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
529
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
404
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
09.06.2025 13:07
146
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
01.06.2025 19:16
221
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
183
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
14.10.2024 18:41
907
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1626
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3309
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
16.06.2025 22:49
107
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
15.06.2025 19:04
122
Баргузории ҷаласаи нахустини Комиссияи нави умумиаврупоӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ
-
15.06.2025 19:00
123
Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
449
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
707
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
822
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
390
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
426
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
401
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
677
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
956
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1809
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
566
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
535
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1734
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2048
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2264
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2942
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
446
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
407
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
888
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2996
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3445
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3425
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
596
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
622
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
565
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?