Дило, дар рӯза меҳмони Худоӣ
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ
Аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: "Бо нафси худ ба василаи гуруснагӣ ва ташнагӣ мубориза кунед, зеро подоши он монанди подоши муҷоҳидин дар роҳи Худост. Ва амале назди Худованд маҳбубтар аз таҳаммули гуруснагӣ ва ташнагӣ нест".
Чашминтизорӣ барои фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Ба номи Худованди ҷону хирад.
Воқеан чашминтизорӣ барои фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ва иштиёқи афзун барои дидор ва дарк ва истифодаи комил аз он моҳи пур файзу баракат дар зиндагии мӯъминон ва мусалмонони ҳақиқӣ ҳамвора ошкор ва ҳувайдо аст. Дар ривоёт фаровон нақл шуда аст, ки ин моҳи муборак ва шариф моҳи Худо аст ва Худованди Карим онро ба худ нисбат дода ва подош ва аҷрашро низ худ мепардозад.
Дар маҳзари пур файзи ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир (р), суҳбат аз Рамазон мекарданд, он ҳазрат фармуданд: "Нагӯед ин аст Рамазон, ё рафт Рамазон, ё омад Рамазон; чун Рамазон исми Худованди Азза ва Ҷалла аст ва Худованд на меравад ва на меояд. Рафту омад марбут ба умури муваққатӣ аст, пас шум; бигӯед: моҳи Рамазон".
Моҳи Рамазон, баҳори Қуръони Карим
Дар миёни фаслҳо беҳтарин, зеботарин, муаттартарин ва нарму латифу шодбахши рӯҳу дил, фасли баҳор аст. Дар байни моҳҳои сол низ моҳи инсонсоз ва зудояндаи ғуборҳои олуда ва хабосатҳои рӯҳу қалб моҳи Рамазон аст. Қуръони Карим, китоби Худо ва раҳоварди Рамазон аст ва бузургтарин нишонаи бартарии моҳи Рамазон, нузули ин китоби осмонӣ ва суруши малакутӣ аст.
Арзиши инсонҳо низ метавонад ба миқдори рӯҳи латифи Қуръони Карим дар онҳо бошад. Ин китоб бо ҳақоиқи олӣ ва мутаолӣ омехта шуда, дар ҳар замон ва маконе машғули нур афшонӣ аст. Ҳазрати Паёмбари гиромии Ислом (с) мефармоянд: "Дар ин моҳ бисёр Қуръон бихонед".
Аз ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир (р), нақл аст, ки фармуд: "Баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст". Ва дар дигар гуфторҳои исломӣ омада аст: Агар касе дар ин моҳ (Рамазон) як оя аз Қуръон тиловат кунад, савобаш монанди касе аст, ки дар ғайри моҳи Рамазон, як хатми Қуръон карда бошад.
Моҳи Рамазон моҳи бозгашт ва истиғфор
Хотам ва нигини сафирони Илоҳӣ (с) мефармоянд: "Моҳи Рамазон, моҳи Худои Азза ва Ҷалла аст,... моҳи тавба ва баргашт ба сӯи Худо, моҳи мағфират ва омурзиш, моҳи озодӣ аз оташ ва моҳи дастёбӣ ба биҳишт аст". Он ҳазрат (с) дар ривояти дигаре мефармоянд:" Худро бо истиғфор муаттар созед то боғи тааффуни гуноҳон шуморо расво насозад".
Дар моҳи зиёфати Илоҳӣ, дар баробари анбуҳи гуноҳон ва кудуратҳо ва ҳамоқатҳои инсонӣ, дарҳои тавба гушуда шуда аст. Шахси мӯъмин, ҳамеша бо тарсу бимнокӣ аз аъмоли хеш, набояд аз раҳмати густурдаи Парвардигори худ ноумед бошад, ки Худованди Раҳмон мефармояд: Аз раҳмати Худо ноумед нашавед, ки Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад.
Рӯзаи ҳақиқӣ ва воқеӣ
Паёмбари воломақоми ислом (с) дар хутбаи маъруфи Шаъбония мефармоянд: "Эй мардум! Дар моҳи Рамазон, забонатонро аз гуноҳ ҳифз кунед. Чашмҳоятонро аз он чи назар кардан бар он ҳаром аст, бипӯшонед. Гӯшҳоятонро аз ҳар чизе, ки шунидани он ҳалол нест, боздоред".
Яъне, рӯза гирифтан фақат гуруснагӣ ва ташнагӣ нест, ин як қисми рӯза мебошад. Бояд, ки дар ин моҳи муборак, забон аз ғайбат, туҳмат, буҳтон, дашном ва ғайра дур бошад. Қадамҳо аз рафтан ба ҷойҳое, ки гуноҳ дар он ҷо вуҷуд дорад, ҳаракат накунад. Гӯшҳо аз шунидани суханони лаҳву лаиб ва мусиқиҳои барангезанда ва ҳаром барҳазар бошад. Чашмҳо аз нигоҳи номаҳрам ва нигоҳҳои ҳавасолуд ва шаҳвонӣ, пӯшида бошад. Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: "Чӣ бисёр касоне, ки рӯза мегиранд ва аз рӯзаи худ ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ суде намебаранд".
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Шахси рӯзадор бояд на фаҳш бигӯяд ва на каломи лағв, агар касе ӯро дашном диҳад ва бо вай ҷанг кунад, бояд бигӯяд, ки ман рӯзадор ҳастам".
Осор, ҳикматҳо ва фалсафаҳои рӯза
Худованди Мутаол Ҳаким аст ва ҳеҷ фармон ва дастураш қатъан ва яқинан холӣ аз ҳикматҳо нест. Яке аз он фармонҳо ва дастуроти Илоҳӣ амр ба гирифтани рӯза (ташнагӣ ва гуруснагӣ), дар моҳи Рамазон аст, ки саросар ҳикматҳои маънавӣ, фардӣ, иҷтимоӣ, иқтисоди ва ғайраро доро мебошад. Дар поён ба баъзе аз онҳо хулосавор ишора мекунем.
1. Саломатӣ ва тандурустӣ
Рӯза аз назари беҳдошти ҷисм ва саломатии бадан ва абъоди дигар дорои фавоиди фаровоне аст, рӯза дар саломатии меъда ва поксозии он аз анвои ғазоҳо, ки муҷиби анвои бемориҳост асароти фавқулоддае дорад. Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Меъда марказ ва хонаи ҳар дарде аст ва парҳез ва иҷтиноб (аз ғазоҳои номуносиб ва зиёд хурдан) асос ва раъси ҳар доруи шифобахш аст». Дар ҷои дигар он Ҳазрат (с) мефармоянд: рӯза бигиред то солим бошед.
Қарнҳо пас аз ин ривояти дурахшон, дониши навини пизишкӣ кашф кард, ки рӯза маводи зоиде аз чарбӣ ва ғайраро, ки дар ёздаҳ моҳ дар бадан ҷамъ мешавад ва боқӣ мондаи он дар бадан, муҷиби бемориҳои гӯногуне мегардад, дафъ мекунад. Дар ҳадиси дигаре, Амиримӯъминин ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: "Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рӯза аст".
2. Осори фардӣ
Ислоҳи ҷомеа, аз ислоҳи фард шурӯъ мешавад. Вақте фард- фарди ҷомеа ислоҳ шуд, тақвопеша шуд ва аз ҳар гуна олудагиҳо ва хабисиҳо пок гашт, дар натиҷа он ҷомеа, ҷомеаи солим ва солеҳ хоҳад буд. Дар ин бора Худованди Ҳаким дар Қуръони Карим мефармояд: "Умед аст, ки ботақво шавед". Шахсе, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирад ва фармони Худо ва Расули Худо (с)-ро дар ин моҳ иҷро кунад, зоҳир ва ботини ӯро тақво иҳота мекунад.
3. Осори иҷтимоӣ
Рӯза, муҷиби таҳзиб ва эҷоди рӯҳия, ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ, баробарӣ ва бародарӣ миёни мусалмонон мешавад, ҳамдардиро падидор месозад ва пояҳои фазоили иҷтимоиро истеҳком мебахшад. Паёмбари Акрам (с) ва пешвоёни бузургвори дин, дар ривоёт ва дуоҳо, моҳи Рамазонро "моҳи мувосот", номидаанд, ки мақсуд, саҳим сохтани якдигар дар ризқ ва рӯзӣ аст. Барангехтани ҳисси ҳамдилӣ дар мавриди мустамандон ва ҳам касони тангдаст, яке аз натиҷаҳои боаҳаммияти рӯза аст; чунон, ки яке аз имомони бузургвор дар ҷавоби номае менависанд: "Худои Мутаол рӯзаро воҷиб кард то сарватманд лаззат ва мазза ва таъми гуруснагиро ламс кунад, ба он умед, ки бар фақир тараҳҳум намояд".
4. Осори иқтисодӣ
Рӯза, садди муқовим дар баробари исроф аст ва муҷиби адами табъиз ва шикофи табақотӣ аз назари иқтисодӣ мешавад. Ин фаризаи Илоҳӣ мусалмононро аз ғарқ шудан дар моддигароӣ ва ҳирсу оз барои лаззатҳои фонӣ ва шаҳвонӣ ва саробӣ мераҳонад, ононро ба зистан бо масрафи кам ва дурӣ аз масрафи бе равия савқ медиҳад, ва худкафоӣ ва худбасоӣ ва вобаста набудан ба бегонагонро ба армуғон меоварад.
Дуо
Худовандо, тамоми мусалмонони ҷаҳонро ба иззат ва шарафи ин моҳи муборакат аз тамоми мушкилот ва заҳмат ва гирифториҳо халос намуда ба растагорӣ ва хушӣ ва шодмонии дунё ва охират моро бирасон!
Парвардигоро, хусусан бар миллати ранҷдида ва заҳматкашидаи миллати мусалмони Тоҷикистонӣ улфат, оромӣ, камоли шодӣ, фарохдастӣ, саломат ва саодатро ҳадя бифармо!
-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
165
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
76
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
94
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
420
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1840
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?