00:43:16 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАЗИЛАТИ РӮЗАИ ШАШ РӮЗИ ШАВВОЛ

Онҳое, ки дар ин як моҳи пурфайзи рамазон ба гунаҳои ибодат бо Парвардигори худ yнc гирифтаанд, худоҳофизӣ барояшон бо рамазон хеле гарон тамом шуд. Вале бояд донист, ки фурсати хуберо ҳол низ дар даст доранд, то подоши рӯзаи тамоми солро аз худ карда, саргарми ибодат  ва даст ёфтан ба қуллаҳои баландтаре дар зиндагӣ бошанд. АбӯАюби Ансорӣ аз Паёмбар (с) нақл карда мегӯяд, ки Расули Худо (с) гуфт: «Ҳар ки рӯзаи рамазонро бигираду шаш рӯзи дигар аз шаввол (гӯё), солро рӯза гирифтааст».

Дар ривояти Савбон омадааст, ки расули Худо гуфт: «Ҳаркӣрӯзаирамазонробигирадушашрӯзидагаразшавволбаъдазид, тамомисолрорӯзагирифтаастваҳаркӣякнекӣбиоварадбаӯдаҳнекӣдодамешавад». Яъне, Расули Худо (с) бо истинода ба ин   ояи карима: «Ҳар кӣ як некӣ биоварад ба ӯ даҳ некӣ подош дода мешавад» мегӯяд, ки рӯзаи рамазон баробар ба даҳ моҳи сол ва шаш рӯзи шаввол такмилдиҳандаи  шаст рӯзи дигар аз ҳамин сол аст ва бо рӯза доштани 36 рӯз кас метавонад савоби рӯзадории 360 рӯз- як солро дарёфт намояд. 

Ба қавли донишмандони мусалмон, хоҳишмандон метавонанд рӯзаи шаш рӯзи шавволро дар рӯзҳои мухталиф ба анҷом расонанд. Аммо, аз ҳадисҳои дар боло оварда шуда бармеояд, ки рӯза доштани шаш рӯзи шаввол мустаҳаб буда, пай дар пай гирифтани онҳо афзалтар аст. 

Занон ва рӮзаи шаш рӮзи шаввол

Заноне, ки дар моҳи Рамазон узри шаръӣ (ҳайз, нифос) доштанд, миқдори рӯзҳои бемории занона будаашон бояд рӯзаи қазоӣ бидоранд. Вале дар мавриди дарёфти аҷри  ин шаш рӯз бошад, ихтиёр доранд, ки аввал шаш рӯзи шавволро рӯза дошта бошанд ва баъд аз он рӯзҳои қазои худ дар рамазонро ба ҷо биоварнд, вале беҳтар он аст, ки аввал рӯзаи қазойи худро бигиранду баъд аз он рӯзаи шаш рӯзи шавволро.  

Фазилати рӯзаи шаввол аз он чи ки дар боло зикр шуд, зиёдтар буда, дар ҷое Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Паёмбари Акрам (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд: «Ҳар шахс Рамазонро рӯза дошта, баъд аз он 6 рӯзи моҳи Шавволро рӯза бидорад, монанди кӯдаки нав аз модар таваллуд ёфта аз гуноҳон пок мегардад». 

Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/3100-2010-09-13-05-16-28.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi