ФАРЗАНДИ ШУМО ЧӢ ҚАДАР ВА ЧИГУНА МУТОЛИА МЕКУНАД?
Дар ҷаҳони муосир касе вуҷуд надорад, ки дарс хондан ва босавод будани фарзандашро нахоҳад. Махсусан, дар асри имрӯз, ки онро асри иттилоот меноманд ва ҳамаи мардуми дунё барои мутолиа ва хондан аҳамияти бисёр зиёде медиҳанд. Зеро ҳама медонанд ва ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо аз тариқи илму дониш метавонанд рушду пешрафт кунанд. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ҳатто кишварҳои дар ҳоли рушд ин чизро исбот намудааст.
Дар ҷомеаи мо низ мардум ба ин асли муҳим пай бурдаанд ва мехоҳанд барои фарзандони худ шароитеро фароҳам намоянд, ки дар роҳи касби илму дониш муваффақ шаванд. Ҳама инро мехоҳанд, вале баъзеҳо ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки амалан барои фарзандонашон коре кунанд. Баъзеҳои дигар тасмим гирифтаанд, ки бо роҳи иҷбору зӯрӣ фарзандонашонро дарсхон кунанд. Гурӯҳи дигар мехоҳанд бо роҳи насиҳат ва мисол задани худ барои фарзандонашон онҳоро ба хондану мутолиа ташвиқ кунанд.
Аммо оё кадоми ин равишҳо муассир хоҳад буд? Оё ҳамаи ин равишҳо таъсири яксон доранд? Ё инки барои ташвиқи фарзандон ба хондан ва мутолиа роҳҳои илмӣ ва беҳтаре низ вуҷуд дорад, ки метавон аз ин равишҳо ба осонӣ ба ҳадаф расид?
Дар маҳдудаи илми равоншиносӣ дар ин бора таҳқиқоти зиёде анҷом шудааст. Донишмандон бо равишҳои озмоишӣ ва мушоҳидавӣ таҳқиқоти мухталиферо барои интихоби равиши мутолиаи дуруст анҷом додаанд, ки хулосаи ин таҳқиқот баъдан аз тарафи донишмандони дигар ҷамъоварӣ шудааст. Донишмандони соҳаи улуми тарбиятӣ ва равоншиносӣ ба хулосае омадаанд, ки барои волидайн як қатор роҳнамоиҳоро пешниҳод кунанд. Мо ҳам инҳоро пешниҳоди шумо менамоем.
1. Муҳити хонаро барои мутолиа ва ёдгирӣ муносиб кунед. Вақти муносиберо барои мутолиа дар назар бигиред. Дар он вақт тамоми васоили халалрасон (радио, телевизор, кампютер ва ғайра)-ро хомӯш намоед. Шумо ҳам дар ин муддат ба навиштан ё мутолиа машғул шавед. Васоили зарурии мутолиа ва навиштан (қалам, ручка, ҷадвал, хатпоккун ва ғайра)-ро дар дастраси онҳо қарор диҳед ва як ҷойи муносиби хонаро, ки нури кофӣ дошта бошад, барои ин кор ихтисос диҳед.
2. Барои хондан ва ҳалли дарсҳои мактабу мутолиаи берунӣ барномаи дуруст танзим кунед ва онро дақиқ иҷро кунед. Барои дам гирифтан ва истироҳати фарзандонатон низ дар байни мутолиа барномаҳоеро дар назар бигиред. Ба ёд дошта бошед, ки ин кор назму тартибро дар вуҷуди фарзанди шумо шакл медиҳад.
3. Машқҳо ва вазифаҳоеро, ки фарзандатон анҷом додааст як бор мурур кунед. Ба ӯ кӯмак кунед, то фардо бо омодагии комил ба мактаб биравад. Ба ӯ ёд бидиҳед, ки вазифаҳои мушкилро ба бахшҳои майда тақсим кунад ва баъд онҳоро ҳал кунад. Ҳаргиз вазифаҳои ӯро шумо иҷро накунед.
4. Аз талоши фарзандатон қадрдонӣ кунед ва боварӣ ба худ ё эътимод ба нафси ӯро парвариш диҳед. Аз баёни суханони дилсардкунанда худдорӣ намоед. Ҳеҷ гоҳ ба ӯ нагӯед, ки ту алгебраро намефаҳмӣ, дар ёдгирии забон заиф ҳастӣ ва ғайра. Муҳаббати худро ба фарзандатон тавре иброз кунед, ки фаҳмад шумо ҳамеша пуштибони ӯ ҳастед. ӯро ҳеҷгоҳ бо дигарон махсусан бародару хоҳараш муқоиса накунед. Зеро сабаби ноумедӣ ва душманӣ байни онҳо мешавад.
5. Барои пешрафти фарзандатон ҳадафҳои воқеъбинона ва реалӣ интихоб кунед. Барои расидан ба ин ҳадафҳо барномарезӣ намоед. Фаромӯш накунед, ки фарзанди шумо тавони маҳдуд ва мушаххасе дорад, коре накунед, ки ӯ аз дарсу хондан мутанаффир шавад. Ба ӯ фишори зиёд ворид накунед, вале назму тартибро ба ӯ ёд бидиҳед.
6. Як қисми вақтатонро ба фарзандатон ихтисос диҳед ва ҳамроҳи ӯ бошед. ӯро ба парк баред ва бо ӯ гардиш кунед. Рафтан ба ҷойҳои таърихӣ, музей, театр ва сиркро низ фаромӯш накунед. Дар ин фосила бо ӯ дар бораи мактаб гап бизанед ва дар бораи мактабхонии худ ҳам нақл кунед, ба гунае ки дар дили ӯ муҳаббату шавқи мактаб ва дарс бештар шавад.
7. Таҷриба собит кардааст, ки ҳар шахсе дар замони хоссе беҳтар ёд мегирад, як нафар дар саҳар, як нафар дар аср ва як нафари дигар дар шаб. Ба ҳамин хотир волидайн набояд фарзандони худро маҷбур кунанд, ки дар замони хоссе кори муайянеро анҷом диҳанд. Балки ба фарзанд ин озодиро бидиҳанд, ки вақтеро, ки худи ӯ беҳтар медонад, барои мутолиа интихоб кунад.
8. Инсон бо фосила гузоштан миёни замонҳои мутолиа беҳтар ёд мегирад. Набояд замони зиёде фард фақат машғули мутолиа бошад. Дарс тайёр кардан ва мутолиа корҳои фикрӣ ҳастанд ва эҳтиёҷ ба истироҳат доранд. Истироҳат метавонад варзиш, қадам задан, бозии футбол ва ё дигар анвои бозиҳо бошанд.
9. Дар рӯзҳои имтиҳон мавзӯъҳои дӯстдоштаи фарзандатонро матраҳ накунед. Ба кино наравед ва барномаҳои мухталифро тамошо накунед, ки зеҳни фарзандатон ба он тараф кашида мешавад ва ин парешонӣ ёдгирии ӯро хеле коҳиш медиҳад. То ҳадди имкон аз даъват кардани меҳмон ва ба меҳмонӣ рафтан худдорӣ намоед, зеро ин ҳам сабаби парешонхотирии фарзанди шумо хоҳад шуд.
10. Барои фарзандатон китоб бихонед ва коре кунед, ки ӯ шуморо дар ҳоли мутолиа ва китобхонӣ бубинад. Зеро "дусад гуфта чун ним кирдор нест". Агар фарзандатон шуморо дар ҳоли мутолиа бинад ва ё шумо барои ӯ китоб бихонед, ӯ ба шумо пайравӣ хоҳад кард. Аввалин намунаи ҳамаи кӯдакон падару модаронашон ҳастанд. Агар шумо чигуна намунае бошед, фарзандони шумо низ ҳамонгуна хоҳанд буд. Пас пеш аз ҳама худро тарбият кунед, то бо рафтори худ ояндаи фарзандатонро бисозед.
Аммо барои беҳтар роҳнамоӣ кардани фарзандон волидайн бояд дар бораи равишҳои дурусти мутолиа низ огоҳии лозимаро касб кунанд. Ба ҳамин хотир мо баъзе аз вижагиҳои равиши мутолиаро низ ба таври хулоса баён мекунем. Равиши мутолиаро мутахассисони улуми тарбиятӣ ба таври хулоса чунин баён кардаанд.
МАРҲАЛАИ ПЕШХОНӢ
Дар ин марҳала китоб ба таври хулоса ва иҷмолӣ мурур карда мешавад. Мундариҷаи китоб, сарфаслҳо, хулосаи фасл, тасовир ва ғайра ба таври сареъ ва сарсарӣ мурур карда мешавад. Ҳадаф аз ин марҳала пайдо кардани як диди куллӣ нисбат ба китоб ва иртибот додани бахшҳои мухталифи китоб бо якдигар мебошад.
МАРҲАЛАИ САВОЛ
Баъд аз мутолиаи сареъ ва иҷмолии мавзӯот ва нукоти аслии китоб, дар бораи мавзӯот ва сарфаслҳо фикр намоед ва савол матраҳ кунед. Ин кор сабаби афзоиши диққат ва тамаркузи фикр мешавад ва ёдгириро осон месозад.
Марҳалаи хондан
Дар ин марҳала китобро бо диққат бихонед. Зеро ҳадаф фаҳмидани куллиёт ва ҷузъиёти матолиб ва посухгӯӣ ба саволҳои марҳалаи қаблӣ мебошад. Дар ин марҳала барои фаҳми беҳтари мавзӯъ метавон аз ёддоштбардорӣ, хулосанависӣ, аломатгузорӣ ва хаткашии зери ҷумлаҳо истифода кард.
Марҳалаи тафаккур
Дар ин марҳала ҳангоми хондан дар зеҳни худ саволҳо бисозед ва байни мавзӯоти китоб ва донистаҳои худ робита барқарор намоед. Маъноҳои зеҳнатон ва китобро бо ҳам иртибот дода, онҳоро густариш диҳед. Ин кор барои беҳтар фаҳмидан ва бештар дар ёд мондан ба шумо кӯмак мекунад.
Марҳалаи азёд гуфтан ё нақл кардан
Дар ин марҳала бояд китобро пӯшида мавзӯи хондашударо барои худ аз ёд нақл кунад. Саволҳои матраҳ кардаи худро дубора матраҳ кунад ва ба он саволҳо ҷавоб диҳад. Матлаби ёдгирифтаро бояд тавре калимабандӣ ва ҷумласозӣ кунад, ки роҳаттар бифаҳмад ва ба ёд биёрад. Дар ғайри ин сурат бояд китобро дубора бихонад. Агар марҳалаи аз ёд гуфтан дар охири ҳар фасл анҷом гирад беҳтар хоҳад буд, зеро бо омодагии беҳтар вориди фасли баъд мешавад.
Марҳалаи мурур кардан ё озмун
Ин марҳала низ дар поёни ҳар фасл анҷом мешавад. Дар инҷо ба баррасии матолиби муҳим ва нукоти аслӣ мепардозад ва ба суолот посух медиҳад. Агар дар мавзӯъ ибҳом ё нофаҳмие вуҷуд дошта бошад, бояд ба матни аслии китоб муроҷиат кунед, ё ба дигар марҷаъҳо ва манобеъ руҷӯъ намуда, ишколро бартараф намоед. Маъмулан, дар бисёр китобҳои дарсӣ ва донишгоҳӣ дар охири фасл суолоте матраҳ шудаанд, ки посух гуфтан ба ин саволҳо дар ин роҳ ба шахс кӯмаки бузурге мекунад.
Марҳалаи дақиқхонӢ
Ҳадаф аз ин марҳала он аст, ки матолиб комилу дақиқ дарк карда шавад ва барои дар ҳофиза мондан мураттаб ва муназзам гардад. Барои дақиқхонӣ метавон из ин корҳо истифода кард.
А) Хулосабардорӣ. Ҳангоми мурур кардан иборот, мафоҳим ва мавзӯоти калидиро дар варақ тавре нависад, ки ҳамаи матолиби хондашударо ёдоварӣ кунад.
Б) Созмондеҳии матолиб. Ин равиш сабаби афзоиши дарк, тезтар ёд гирифтан ва осон шудани бозёбии матолиби ёдгирифташуда мегардад. Барои созмондеҳӣ бояд 3 бахш аз матни аслӣ шиносоӣ ва муайян карда шавад.
- мавзӯи аслӣ. Мавзӯе, ки ҳамаи матолибро дар бар мегирад ва бақияи матолиб дар гирду атрофи он мечарханд.
- нуктаҳои аслӣ. Андешаҳо ва афкори муҳиме ҳастанд, ки дар маҷмӯъ мавзӯи аслиро месозанд ва аз равшании бештаре бархӯрдор аст.
- нуктаҳои ҷузъӣ. Иттилооти ҷузъитаре ҳастанд, ки ба сурати мисолҳо, намунаҳо ё тасвирҳо баён карда мешаванд.
В) Аломатгузорӣ дар матн. Дар ин равиш ба зери ибораҳо хат кашидан ё ҳошиянависӣ метавон амал кард, вале ин кор бештар ба салиқаи ҳар як нафар вобаста аст. Аммо бояд фаромӯш накунед, ки аломатҳо барои мавзӯи аслӣ, нукоти аслӣ ва мавориди ҷузъӣ фарқ дошта бошад.
Г) Дурӣ аз хаёлпардозӣ. Баъзе падару модарон ба фарзанди худ афкору хаёлотеро тазриқ мекунанд, ки ҳангоми хондан онҳо бештар ба хаёлпардозӣ машғул мешаванд. Коре накунед, ки кӯдак ҳангоми хондан ба рафтори муаллим, баҳо ё пулдор шудан фикр кунад. Баръакс коре кунед, ки ин афкор ҳангоми мутолиа аз зеҳни ӯ дур шаванд ва ӯ бо тамоми вуҷуд ба мутолиа бипардозад.
Хулоса, ончи дар боло зикр кардем шаммае аз таҳқиқоти донишмандони соҳаи улуми тарбиятӣ ва равоншиносӣ буд. Таҳқиқоте, ки дар давоми солҳо анҷом шудааст ва дар бораи онҳо китобҳо ва мақолоти зиёде ба чоп расидааст. Бақияи кор дар дасти худи шумост. Агар тасмим бигиред метавонед бо ин равишҳо аз тариқи китобҳо ва интернет бештар ошно шавед ва ба пешрафти фарзандатон суръат бахшед. Ба ҳар ҳол орзуи мо пешрафти ҳар як фарди тоҷик ва дар маҷмӯъ кишвари зебое ба номи Тоҷикистон аст. Бо орзуи расидан ба он рӯз.
Бобоҷони ҚАЮМЗОД
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/3846-2010-12-12-16-51-40.html
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
220
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
71
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
85
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
474
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
845
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
585
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?