ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-5
ҚИССАИ ҲАЗРАТИ СОЛИҲ (а)
МЕРОС
Баъди он, ки Худованд қавми Одро ба сабаби қабул накардани таълимот ва дастуроти паёмбарашон Ҳуд (а) ҳалок сохт, пас аз ҳамаи ин давраи маданият ва пешрафти қавми дигаре зоҳир шуд, ки онҳо қавми Самуд буданд. Худованд барои онҳо неъматҳои зиёдтареро нисбати мардуми пешин инъом карда буд. Хонаҳо ва қасрҳои устувор бино намуда, дорои боғу бӯстон ва чашмаҳои зулол буданд.
Локин афсӯс, ки ақлашон аз мардуми пеш аз инҳо гузашта пурратару расотар набуд. Бутҳо ва ҳайкалҳои сангинро парастиш менамуданд ва гумон доштанд, ки зиндагӣ бо ин фаровониаш ва осу¬дагиаш ҳамин тавр барои онҳо боқӣ мемонад ва фано намешавад.
РИСОЛАТ ВА ПАЁМБАРӢ
Дар ҳолате, ки ин қавм бо куфру нодонӣ ҳаёт мебурданд, Худо¬ванд барои онҳо паёмбар фиристод. Номи ин паёмбари олиқадр Солиҳ (а) буд ва ӯ марди бузургу соҳиби ақли солиму олие буд. Ба Павардигори якто имон овард, пас Аллоҳи якто ӯро барои раҳнамоии ҳамин нодонони гумроҳ интихоб намуд. Ӯ мардумро ба сӯи ибодат ва парастиши Худои якто ва бемислу монанд хонда ваъда мекард, Худованд зотест, ки мардумро офаридааст, заминро барои онҳо обод кардааст ва неъматҳои фаровонро барои онҳо арзонӣ намудааст.
Сипас аз парастиши бутҳо ва ҳайкалҳое, ки бо дасти худашон месохтанд манъашон менамуд ва барои онҳо мефаҳмонид, ки ин бутҳо фоидаву зарар оварда наметавонанд ва Худованд ҳар чӣ хоҳад мекунад. Солиҳ (а) барои онҳо тазаккур медод, ки ӯ ҳам монанди онҳо инсон аст ва фоидаву нафъу некбахтии онҳоро мехоҳад. Онҳоро даъват намуд, то тавба намоянд ва аз Худованд талаби мағфират намоянд, Аллоҳи якто шунаво ва қабулкунандаи тавба аст. Тавбакунандагонро мебахшад.
САРКАШӢ
Локин гӯшҳо нашуниданд, қуфли дилҳо кушода нашуд ва чашмҳо надиданд. Қавм, паёмбар будани Солиҳ (а) - ро инкор кард ва даъваташро истеҳзо ва масхара карданд ва бо ин иктифо накарда барои ӯ гуфтанд:
- Эй Солиҳ … Дар ҳақиқат мо туро ҳамчун як шахси оқил ва рашид мешиносем. Дар зиндагӣ аз ту машварат ва маслиҳат мегирем, чӣ шуд туро ки имрӯзҳо суханҳои пасти бе фоида мегӯӣ? Он талаби бахшишу тавба чист, ки ту моро даъват мекунӣ? Дар ҳақиқат, мо он чизеро, ки падару бобоямон аз бутҳо ва худоён ибодат мекарданд парастиш менамоем. Мо аз гуфтаҳои ту дар шубҳа ҳастем ва омода нестем, ки суханони туро тасдиқ кунем ва аз пайравии аҷдоду авлоди худ барои ту шуда даст кашиданӣ нестем.
БИМ ДОДАН
Вақте, ки Солиҳ (а) аз қавмаш ин суханро шунид бо сабру таҳаммул ҷавоб дод:
-Эй мардум! Чизеро, ки ман барои шумо мегӯям ҳақ ва дуруст аст ва чизеро, ки шумо парастиш менамоед ботил ва нодуруст аст. Ман аз қаҳру ғазаби Худованд болои шумо метарсам. Баъди ин, ки барои шумо молу қасру боғҳои фаровон ато намуд, аз Худованд талаби бахшиш намоед. Ман паёмбари Худо ҳастам аз шумо молу раёсат талаб надорам, фақат мехоҳам шуморо ҳидоят намоям, ки роҳи росту дурустро ёбед ва фикр намоед. Аҷру мукофоти маро Парвардигори олам хоҳад дод. Агар шумо имон ва Исломро қабул на¬моед Худованд неъматҳояшро барои шумо зиёдтар мегардонад.
МУСТАЗЪАФИН ВА КАМБАҒАЛОН
Дар ҳар қавм, эй бародаронам, мардуми боақле ёфт мешаванд, ки насиҳатҳоро дӯст медоранд.
Дар қавми Самуд нафари каме аз мустазъафин буданд ва мефаҳмиданд, ки бойгарӣ фоидае надорад. Онҳо фаҳмиданд, ки суханҳое Солиҳ (а) мегӯяд дуруст ва ҳақ мебошад, бут ва ҳайкалпарастӣ фоида надорад, агарчанде, ки падару бобоҳо онҳоро парастиш карда бошанд.
Дилҳои ин нафарҳо ба сӯи дини нав кушода шуд ва Исломро қабул карданд ва имон оварданд. Ҳамин тариқ ба Солиҳ (а) баъзе қавмаш имон оварданд ва гувоҳӣ доданд, ки нест Худое ҷуз Худои якто ва Солиҳ (а) фиристодаи Худост.
САБР ВА КӮШИШ
Аммо касоне, ки такаббурӣ ва калонӣ карданд, ба куфру саркашии худ идома доданд, бутпарастӣ мекарданд ва ба Солиҳ (а) гуфтанд:
- Дар ҳақиқ,ат туро шайтонҳо ҷоду кардаанд ва ту девонавор ҳарф мезанӣ, аз дини аҷдодӣ ва бобоӣ рӯ гардондаӣ. Локин ӯ дар муқобили фиребу найранги онҳо сабр ва даъваташро идома дода гуфт:
- Эй мардум, агар ман дини ҳақро тарк кунам ва мисли шумо бе дин шавам шумо азоби Худоро аз ман дур карда наметавонед ва локин агар шумо имон оварда дар Ислом дохил шавед, Худованд шуморо рӯзи қиёмат дохили ҷаннат мегардонад.
- Эй мардум, шумо беҳудагӯӣ мекунед, ақлҳоятонро кор намефармоед ва хоҳишоти нафсонии худро пайравӣ менамоед, бинобар ин аз зумраи кофирон шудаед.
ТАРСУ БИМ
Вақте мардум имону боварӣ ва устувории Солиҳ (а) - ро дар ақидааш диданд, сарватмандон ва мансабдорон бим аз он карданд, ки рӯзе мӯъминон зиёд мешаванду қувват мегиранд. Онҳо аз молу матоъ ва мансабҳои худ тарсиданд ва дар андешаи он шуданд, ки бо баробари зиёд шудани мӯъми¬нон чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард?
Кофирон дар фикри ҳалли мушкилот шуданд. Бинобар ҳамин ба қароре омаданд, ки аз Солиҳ (а) чизеро талаб намоянд, ки ӯ аз ӯҳдааш набарояд. Дар он сурат мардум дар атрофаш ҷамъ нахоҳанд шуд ва ӯ сусту нотавон хоҳад гашт.
ТАЛАБИ МӮЪҶИЗА КАРДАНД
Кофироне, ки имон намеоранд онҳо мехоҳанд мардум ба амсоли онҳо бошанд ва аз имону Ислом дур бошанд, то сафи эшон зиёдтар шавад. Онҳо гумон доштанд, ки агар чизеро аз Солиҳ (а) талаб кунанд ва аз ӯҳдаи он кор набарояд, мақсади онҳо ҳосил мешавад, яъне мардум дигар ба суханонаш гӯш нахоҳанд дод.
Кофирони қавми Солиҳ (а) ба наздаш омада, аз ӯ талаби мӯъҷиза намуданд, то ин мӯъҷиза ба паёмбар ва Расули Худо будани вай далолат намояд.
Ба Солиҳ (а) гуфтанд: Агар хоҳӣ, ки даъвати туро қабул намоем ва имон оварем, пас мӯъҷиза биёр то мо туро бовар намоем... Дар акси ҳол агар мӯъҷиза нишон надиҳӣ мо чун бутпараст ва ҳайкалпараст боқӣ хоҳем монд.
ШУТУР
Солиҳ (а) бо иҷозати Худованди бемислу монанд наметавонист он чизеро, ки онҳо талаб доштанд, иҷро намояд. Чӣ гуна ӯ метавонист мӯъҷиза биофарад, дар ҳоле, ки ӯ низ мисли онҳо башар аст?
Худованд медонист, ки кофирон бо вуҷуди дидани мӯъҷиза имон намеоранд, локин барои ботил сохтани куфру қасди онҳо уштури аҷиберо барои онҳо (чун мӯъҷиза) фиристод.
Мӯъҷиза буданаш аз он ҷо маълум мешуд, ки рӯзе об менӯшид ва рӯзи дигар наменӯшид, то ки мардум аз чашма истифода баранд.
Пешвоямон Солиҳ (а) ба мардум гуфт:
Худованд ин шутурро ҳамчун мӯъҷиза фи¬ристод, як рӯз шутур аз чашма об менӯшад ва рӯзи дигар шумо бо навбат, эҳтиёт бошед, шутурро зарар нарасонед ва ин тартибро ҳам вайрон накунед.
ТАРСУ БИМ АЗ КОФИРОН
Солиҳ (а) медонист, ки кофирон аз ин мӯъҷиза (шутур) метарсанд ва қасди куштанаш мекунанд, бинобар ҳамин борҳо ба назди мардум рафта ба онҳо мегуфт: Шутурро зарар нарасонед, ки ба азоби Худованд гирифтор мешавед.
Локин кофирон диданд, ки ин мӯъҷизаи ошкор аст ва аз паёмбарии Солиҳ (а) далолат мекунад, бими он доштанд, ки сафи мӯъминон зиёд гаштаву дигарон имон овардаву бовар мекунанд. Онҳо дигар аз Солиҳ мӯъҷиза нахоста дар фикри дигаре шуданд.
МАСЛИҲАТ
Кофирон хавф аз он шутур доштанд, ки мардум ба ин мӯъҷиза бовар менамоянду давлату бойгарӣ аз дасти онҳо хоҳад рафт. Ҳама фикру зикри худро пайи он равон намуданд, ки чӣ гуна ин мӯъҷизаро аз худ дур созанд ва ягона роҳи халосиро дар куштани шутур диданд. Ва оқибат ба хулосае омаданд, ки вақти аз обхӯрӣ омадани шутур ӯро дар роҳ куштаву аз ин мӯъҷизаи барои онҳо хавфнок наҷот хоҳанд ёфт.
КУШТАНИ ШУТУР
Як гурӯҳи кофирон барои куштани шутур баромада дар вақти аз обнӯшӣ баргаштанаш яке аз онҳо ӯро бо найза зада дигарҳо болои шутур ҳамла мекунанд ва сарашро аз тан ҷудо менамоянд. Сипас назди Солиҳ (а) омада мегӯянд: Мегуфтӣ, ки агар шутурро осебе расад болоятон азоб меояд, ҳамчунон, ки шутурро овардӣ биёр ин азобҳоро. Мо шутурро куштем ва парвои ту ва азобе надорем.
Паёмбар Солиҳ (а) ба онҳо гуфт: Пеш аз азобу шиканҷа хуб мастӣ кунед… ман шуморо огоҳ намудам, ки ба шутур осеб нарасонед ва ӯро накушед, шумо бошед ба суханони ман гӯш надодед, пас мунтазири азоб шавед.
ҶИСМҲОИ БЕҶОН
Солиҳ (а) суханашро идома дода гуфт: Дар ҳақиқат ваъдаи Худо ҳақ аст… Азобаш наздик аст ва имрӯз ё фардо хоҳад омад. Кофирон бошанд масхара мекарданду мегуфтанд: Зудтар азобро биёр, ку бубинем.
Онҳо қасд карданд, ки Солиҳ (а) ва аҳли оилаашро дар ҳолати хоб ба ҳалокат расонанд. Локин Худованд паёмбар ва дигар мӯъминонро, ки ҳамроҳи ӯ буданд фаромӯш накард.
Азоби Худовандӣ нимашаб болои кофирон омад. Раъду барқ ва садои даҳшатнок ҳамаҷоро фаро гирифт ва кофирон ба ин азоб тоб наоварда ҳама ба ҳалокат расиданд.
Чун субҳ Солеҳ (а) аз хоб бедор гашт, фаҳмид, ки Худованд кофиронро ҳалок сохтаву ӯ ва дигар мӯъминонро аз он азоб наҷот додааст. Баъдан ба ҳамроҳонаш рӯ оварда гуфт: Эй мардум, дар ҳақиқат ман рисолати Парвардигорамро ба шумо расондам ва шуморо насиҳат кардам. Локин шумо насиҳаткунандагонро дӯст намедоред…
(идома дорад)
-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
165
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
76
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
94
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
420
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1840
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?