ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-6
САЙИД ВА ПЕШВОЯМОН ҲУД (а)
ҶОЙ ВА МАКОНИ ОД
Дар ҷануби ҷазираи Арабистон қавме зиндагӣ мекард, ки исми он қавм Од буд ... Парвардигори тавоно барояшон неъматҳо ва хайротҳои зиёде ато фармуда буд. Сарзаминашон чашмаҳои зиёде дошт. Онҳо зироаткорӣ мекарданд, боғҳо ва заминкҳои киштбоби зиёд ва зебое доштанд. Болои ҳамаи ин Худованд ҷисмҳои бок;увват барои онҳо инъом карда буд.
Дигар қавмҳо ин бартариро надоштанд, ё кам доштанд. Дар ҳамин сарзамини сарсабз зин¬дагӣ мекарданд, некбахт буданду дар боғҳову киштзорҳо гашту гузор мекарданд. Шоду хуррам дар амонӣ ҳаёт ба сар мебурданд.
НОДОНӢ ВА БУТҲО
Бо вуҷуди ҳамаи ин неъматҳои фаровон ва қуввату зебогӣ як маротиб ҳам дар бораи зоте, ки офарандаи тамоми неъматҳост, фикр накарданд, накушиданд то офаранда ва холиқи ҳамин дунёро бишиносанд. Билохира ба ҷое расиданд, ки мувофиқи хоҳишу нафсашон ва нодониашон бут ва ҳайкалҳоеро, ки бо дасти худ месохтанд, Худо гирифтаву саҷда ва парастиш мекарданд.
Барои он бутҳо курбонӣ мекарданду бо ин васила гуё худро ба онҳо наздик месохтанд. Илова бар ин, ғуруру такаббурӣ мекарданд. Гурӯҳи боқувват ва сарватмандон тоифаи заиф ва камбағалро зулму шиканҷа ме¬карданд. Меҳру муҳаббат аз байни онҳо рафта буд.
Дар байни ҳамин қавм марде буд, ки Ҳуд (а) ном дошт. Барои хулқу рафтори некаш ҳамон қавм ӯро гиромӣ медоштанд. Ҳуд (а) ақлу идроки худро кор фармуд ва он чӣ ки қавмаш аз якдигарозорӣ ва беақливу нодонӣ доштанд, тарк карда буд. ӯ фаҳмид, ки ҳеҷ мумкин нест, ки бутҳо Худо бошанд, дуоҳои мардумро бишнаванду некӣ фиристанд ва зарару бадиҳоро аз мардум дур созанд.
Ҳуд (а) медонист, ки ранҷонидани заифон аз ахлоқи карима ва сутуда нест. Агар инсон хурд бошад ё камбағалу нодор маънои онро надорад, ки мо ӯро биранҷонем ва озор диҳем. Вай ҳам мисли мо инсон аст.
ӯ фикр мекард, ки дунёро кӣ офаридааст? Меандешид чӣ гуна заифон ба ҳаққи худ бирасанд. Билохира, роҳи наҷотро пайдо кард, ки он имон ба Худо, парвардигори оламиён аст.
АМРИ ТАБЛИҒ
Қавми Ҳуд (а) эҳтиёҷ ба раҳнамоӣ доштанд. Худованд ҳам онҳоро бе раҳнамо нагузошт ... Аз раҳмату меҳрубонии Худованд буд, ки Ҳуд (а) воситае бошад барои ҳидоят ва раҳнамоии қавмаш то, ки онҳо офаранда ва холиқи худ¬ро бишиносанду бе фоида будани парастиши бутҳоро баён кунад.
Парвардигори олам Ҳуд (а) -ро ихтиёр кард, то ӯ Пайғамбар ва расондаву таблиғкунандаи Ислом бошад, шояд аз ин ақлҳои гумроҳ ба сӯи имони дуруст роҳ пайдо кунанд.
Офаридгори олам ба Ҳуд (а) илҳому ваҳйӣ намуд, ту паёмбар ва расули Парвардигори оламиён ҳастӣ, баъди ин, ки Худованд туро ба роҳи рост ва имон ҳидоят кард, пас бархез ва қавми худро бирасон, ки танҳо сазовори парастиш Аллоҳи ягона аст, на бутҳои сангин ҳамчуноне, ки шумо фикр мекунед.
ТАБЛИҒОТИ РИСОЛАТ ВА ПАЁМБАРӢ
Пешвоямон Ҳуд (а) барои иҷро кардан ва гузаронидани ҳамин вазифаи муҳиму муқаддас бе ягон дудилагӣ камари ҳиммат бастанд ва қавми худро ба роҳе, ки дар он некбахтӣ ва салоҳ аст даъват карданд.
Ҳуд (а) барои қавмаш гуфт:
- Ин сангҳое, ки шумо бо дастони худ ба шаклҳои гуногун метарошед ва боз онҳоро мепарастед чистанд? Оё дар онҳо ягон фоидае ё зараре ҳаст? Оё онҳо чашму гӯш доранд? Оё намебинанд, ки онҳо на зарар мерасонанд ва на фоидае меоранд. Оё намебинанд, ки онҳо намешунаванд ва намебинанд? Ин кори шумо ба бефикрию беидрокӣ далолат мекунад. Пас зарур аст Худои ҳақиқиеро, ки шумо ва тамоми мавҷудотро офаридааст ибодату парастиш намоед.
САРКАШИИ КОФИРОН
Ҳуд (а) суханҳояшро гуфт ва умед дошт, ки қавмаш ӯро мефаҳмад. Локин баръакс, дар қавмаш дилҳои сангшуда, гӯшҳои карру чашмони нобиноро дид. Онҳо чунин ҷавоб доданд:
- Он чизе, ки мо барои парастиш ва ибодат даъват мекунӣ чист? Ту аз мо мехоҳӣ, ки бутҳоеро, ки аҷдодонамон аз қадим парастиш мекарданд тарк гӯем. Чӣ гуна аз мо мехоҳӣ, ки Худои ягонаро парастш кунему ба ӯ шак наёрем? Эй Ҳуд, ин бутҳо ба он худое, ки ту даъват мекунӣ моро наздик месозанд ва моро дар назди Худо шафоату пуштибонӣ мекунанд. Моро ба ҳоли худамон гузор, ин бутҳоро падарҳои мо парастиш намуданд ва мо низ онҳоро парастиш ва ибодат мекунем.
ТӯҲМАТҲОИ АҲМАҚОНА
Ҳуд (а) суханҳо ва ҳарфҳои онҳоро рад карда гуфт:
- Худованд барои шумо наздиктар аз ҳама кас ва аз ҳама чиз мебошад, шуморо мешунавад ва мебинад, муҳтоҷ ба сангҳои кар нест ... Ягона ӯро парастиш намоед. Агар сангҳоро мепарстед онҳо шуморо ба Худо наздик намекунад, баръакс ин амал шуморо аз Худо дур мекунад, ки беақлӣ ва камхирадии шумост.
Дар ҳақиқат Ҳуд (а) онҳоро насиҳат мекард, локин саркашӣ карданд ва гуфтанд:
- Ту девонаию беақлӣ на каси дигар!!! Ту беақлӣ ва сабукфикрӣ! Ту дурӯғгӯ хастӣ, ту чӣ бартарӣ аз мо дорӣ, ки паёмбар ва набавӣ бошӣ? Чӣ тавре, ки мо мехӯрем ту ҳам мехӯрӣ, менӯшӣ, ҳеҷ имкон надорад, ки беҳтар аз мо бошӣ ...
Ҳамин тавр ӯро тӯҳмат ба бефикрӣ ва девонагӣ заданд. Ҳамаи ин барои он буд, ки намехостанд имон ба Худои ягона биёранд ва мусулмон шаванд.
САБРИ ПАЁМБАР
Ҳуд (а) дурӯғу суханҳои бофтаи қавмашро таҳаммул кард. Ва гуфт: Ман беақлу бехирад нестам, девона ва аҳмақ ҳам нестам, дурӯғгӯ ҳам нестам. Ман мисли шумо инсонам, ҳеҷ аҷиб нест, ки Худованд маро паёмбар интихоб намудааст ... Аҷаб он вақт мешуд, агар Худованд шуморо бе паёмбару раҳбар мегузошт ...
Эй қавми ман! Аз хурдӣ то ҳозир дар байни шумо ба воя расидам ва бузург шудам, дидед, ки ман ягон маротиб дурӯғ гуфта бошам? Аз ман девонагӣ ва ё беақлӣ дидед? Оё дар ягон амали ман сабукфикриро мушоҳида кардед?
Ба ҳар ҳол ман аз имон ва боварии шумо ноумед нестам ва бар он чӣ, ки мегӯед парвое надорам.
ИСТИМРОР ДАР ДАЪВАТ
Даъваташро Ҳуд (а) идома медод ва таблиғ мекард ... ӯ барои қавмаш мегуфт:
- Ба ин дунёи аҷоиб ва тартиботи нозук бингаред, ба сӯи осмон, ситорагон, замин ва кӯҳҳо як назар андозед. Ва имон ба зоте биёред, ки ҳамаи инҳоро офаридааст. Ба ӯ бовар кунед ва талаби бахшиши гуноҳон намоед.
Барои шумо неъматҳояшро фаровон мекунад, молу қуввататонро зиёд мегардонад. Бидонед, ки ягона Худованд сазовори парастиш асту бас. Эй мардум, харфҳои маро гӯш намоеду бифаҳмед ва ба он зоте, ки шуморо офаридаасту неъматҳои фаровон ва хайроти бисёр додааст кофир нашавед... Эй қавми ман: Итоат намоед Худо ва паёмбари ӯро.
Эй қавми ман: Ҳар касе аз шумо, ки Худованд ва расули ӯро итоат мекунад ва дар Ислом дохил мешавад барояш зараре намерасад, баъди ҳисобу китоб касоне, ки кофир мешаванду саркашӣ мекунанд, Худованд онҳоро ба оташи дӯзах мебарад.
Эй мардум: Аз Худое, ки шуморо халқ кардааст битарсед. ӯ зотест, ки ҷонҳои шу¬моро мегирад, боз рӯзи қиёмат зинда мегардонад. Чӣ тавре, ки бори аввал шуморо офарида буд. Сипас ба сӯи ҷаннат ё ба сӯи дӯзах: Локин қавмаш даъвати ӯро напазируфтанд ва имон наёварданд, магар иддае каме аз қавмаш имон оварданд.
АБР ДАР ОСМОН
Ҳуд (а) дид, ки аз қавмаш ҷуз саркашию куфр умеде нест, ӯ ҷаҳд ва даъваташро идома дод. Рӯзе бо онҳо сӯҳбат дошт, ки лаҳзае пас абри сиёҳ дар осмон пайдо шуд. Қавмаш хурсанд шуданд ва гуфтанд:
- Ана борон меборад...
Локин Ҳуд (а) фаҳмид, ки абри сиёҳ борон нест, баръакс офатест аз ҷониби Худо то, ки ҳамин кофирҳоро азоб диҳад.
Сипас Ҳуд (а) барои онҳо гуфт:
- Эй қавми ман ин абр болои шумо шамоли сахтеро меорад ва он азобест бароятон, зеро, ки сухани ҳақро гӯш накардед ва ҷаҳлу нодониро пеша кардед. Пас азобу ҳалокатро мунтазир бошед.
Дар ҳақиқат ин азобе буд барои кофирон. Ҳуд (а) суханонашро тамом накарда буд, ки Худованд барои мӯъминон ваҳй ва илҳом намуд, ки аз кофирон ҷудо ва дур шаванд.
Болои кофирон шамоли сахте вазид, ки чорпояшонро мекушт, либосу матоъҳоро ба ҳаво бардошта мебурд. Кофиронро тарсу ҳарос фаро гирифт ва ба сӯи хонаҳояшон гурехтанд. Гумон доштанд, ки дар хонаҳоя¬шон аз шамол наҷот меёбанд. Ҳайҳот, гумони онҳо хато баромад. Шамол тамоми ҷоро фаро гирифта буд, сангҳои саҳроро болои хонаҳояшон мерехт. Ҳафт шабу ҳашт рӯз пайи ҳам шамол вазидан гирифт, манзили онҳоро хароб кард. Шамол хонаю чорпоён ва ҷисмҳои онҳоро аз рӯи замин нобуд сохт то аз онҳо асаре намонад.
ОНҲО БА ХУДАШОН ЗУЛМ КАРДАНД
Худованд онҳоро зулм накард, балки худашон кофир шуданд ва бар нафсҳои худ зулму ситам карданд ва ҷазои кофирон ҳамин аст. Азоб накард онҳоро магар ки аввалан барои онҳо паёмбар фиристод.
Ҳуд (а) -ро фиристод, бас таблиғ кард онҳоро барои онҳо роҳи росту дурустро нишон дод.
(«Ҳар ойина ман таваккул кардам бар Худо - Парвадигори ман ва парвардигори шумо нест ҳеҷ ҷунбандае магар Худо, ба даст гирифтааст мӯи пешонии ӯро ҳар ойина Пар¬вардигори ман бар роҳи рост аст. Пас агар рӯ гардон шавед заррае ба ман оид нест ҳар ойина расонидам ба шумо пайғомеро, ки фиристода шудам ҳамроҳи он ба сӯи шумо ва ҷонишин созад Парвардигори ман қавмеро ба ҷуз шумо ва ҳеҷ зиён натавонад расондан Худоро, ҳар ойина Парвар¬дигори ман бар ҳама чиз нигаҳбон аст». Сураи Ҳуд, ояи 56-57).
Каломест дар вай фоидаи бузург барои касе, ки мехоҳад панд ва ибрат бигирад. Хуш ба ҳоли касе, ки ибрат гирад.
ҲАҚ ҒАЛАБА МЕКУНАД
Касоне, ки имон оварданд ва бовар кар¬данд ҳамроҳи Ҳуд (а) наҷот ёфтанд, оқибати кор ва муборизаро байни ҳаққу ботил диданд ва фаҳмиданд ... Кофирон мурданд ... Ва мо онҳоро зулм накардем, валекин худи онҳо буданд, ки бар нафсҳои худ зулм карданд. Ҳамин тариқ эй бародарони пахлавонам шумо дидед, ки чӣ гуна имон бо сабру суботкорӣ инсонро фоида мебахшад. Агар сабру пуртоқатӣ ва даъвати бардавоми Ҳуд намебуд ... ниҳояти кор ғалаба аз мӯъминон намешуд.
Худованд кӯмак ва зафар намедиҳад магар касонеро, ки имон овардаанд ва бовар кардаанд...
Худованд дар Қуръони Карим мегуяд: «Агар ёрӣ диҳед (дини) Худоро ӯ шуморо кӯмак ва нусрат мебахшад».
(идома дорад)
-
06.01.2026 20:24
308
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
506
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
431
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
658
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
733
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1441
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
430
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
406
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
467
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
266
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
816
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1846
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
17.01.2026 11:39
280
“Тазими ҷашну маросим дар соли 2025 дар вилояти Хатлон”
-
17.01.2026 11:37
262
Таҳлилу ҷамъбасти иҷрои қонунгузории нақлиёт дар Хатлон
-
17.01.2026 11:34
240
«Қонун иҷро мегардад!»
-
12.11.2025 14:38
512
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
742
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
963
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
388
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
701
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
669
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1787
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1847
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2793
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1423
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1403
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2619
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
599
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
655
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
658
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1259
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1437
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1241
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3804
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3989
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4426
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
540
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
929
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
859
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































