20:29:00 14-уми Июни 2025 сол
АҶСОДИ ХАЛАБОНҲОИ ТОҶИКРО БА ДУШАНБЕ ХОҲАНД ОВАРД 14.02.2012 18:24 940
Аҷсоди 4 халабони тоҷике, ки рӯзи шанбе бар асари суқути чархболи онҳо дар вилояти Зобули Афғонистон ҳалок шуданд, дар рӯзҳои наздик ба Душанбе оварда хоҳанд шуд.
АНҶУМАНИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ХОҲАД ГУЗАШТ 14.02.2012 18:23 880
Рӯзҳои 26 ва 27 март дар Душанбе RECCA- анҷумани панҷуми ҳамкориҳои минтақавӣ бо Афғонистон доир хоҳад шуд.
ИДОМАИ РЕЗИШИ БАРФ ДАР ДАШТУ КӮҲСОРИ ТОҶИКИСТОН 14.02.2012 18:22 690
Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрӣ шуда, баъд аз зӯҳр ва шом барф меборад, аз 2 то 7 дараҷа сард мешавад.
БОЗДОШТИ ДУ ФАРДИ МАЗНУН БА ҚАТЛИ РАИСИ БОЗОРИ МАСТЧОҲ 13.02.2012 21:35 995
Кормандони умури дохилаи вилояти Суғд, аз боздошти ду фарди мазнун дар қатли як раиси бозор дар шимоли Тоҷикистон хабар доданд. Эшон Бузургов – раиси бозори ҷамоъати Палдораки ноҳияи Масҷоҳ чанд рӯз қабл аз тарафи афроди номаълум бо зарби ҷоқу кушта шуда буд.
ФАЪОЛИЯТИ ФУРӮДГОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА МУТАВАҚҚИФ ШУД 13.02.2012 21:34 921
Фурӯдгоҳи шаҳри Қўрғонтеппа ба хотири таъмир ва навсозӣ барои муддате аз фаъолият бозмондааст.
ПУТИН: МАН ВАЗЪИ ДЕМОГРАФИИ РУСИЯРО БЕҲТАР ХОҲАМ КАРД 13.02.2012 11:06 1076
Владимир Путин, сарвазири кунунӣ ва номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Русия дар интихоботи президентии чоруми марти соли ҷорӣ дар мақолаи навбатиаш, ки имрӯз дар рӯзномаи «Комсомольская правда» таҳти унвони «Бунёди адолат. Сиёсати иҷтимоии Русия» ба нашр ...
ПОЙТАХТИ ЮНОН ДАР ҲАЛҚАИ ОТАШ МЕСӮЗАД 13.02.2012 10:59 1227
Пойтахти Юнон боз ба оташ кашида шуд. Ҳаштод ҳазор нафар эътирозгор, ки дар аввал бо нияти нек, бо шиорҳои тағйироту дигаргунӣ ворид кардан ба сиёсати иқтисодии ҳукуматашон тазоҳурот карданд, инак даст ба оташсӯзии дӯкону мағозаҳо ...
МАРГИ 4 ХАЛАБОНИ ТОҶИК ДАР ЗОБУЛ 12.02.2012 21:15 992
Бар асари суқути як чархболе, ки дар Афғонистон барои нирӯҳои НАТО кор мекард, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Бино ба хабарҳо, ин чархболи мутааллиқ ба ширкати “Supreme Food”, ки аз сӯи халабонҳои тоҷик идора мешуд, дар ғарби вилояти Зобул, дар тақрибан...
"ИМОМХАТИБОНРО БАРОИ ИТОЪАТ НАКАРДАН БАРКАНОР КАРДАНД" 12.02.2012 11:13 1076
Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон мегӯяд, ду имомхатиби масоҷиди пойтахт, “ба хотири нахондани баёнияи Шӯрои уламо дар бораи Тӯраҷонзодаҳо” аз кор барканор шуданд.
МАРЗБОНҲОИ РУС БАРНАМЕГАРДАНД. ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД 11.02.2012 14:57 1152
Думаи давлатии Русия созишномаи ҳамкории Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои марзӣ ба тасвиб расонд. Ин санад 2-юми сентябри соли 2011 дар Душанбе аз тарафи президентҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба имзо расида ...
МУОВИНИ ДОДСИТОНИ ФАЙЗОБОД БОЗДОШТ ШУД 10.02.2012 19:18 1120
Бино ба хабари CA-NEWS, дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон Аслиддин Раҳматов-муовини додситони ноҳияро кормандони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод ба эҳтимоли гирифтани ришва боздошт кардаанд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАРҲИ НАВСОЗИИ ДУШАНБЕРО ПИСАНДИД 10.02.2012 19:17 1099
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи навсозии бархе аз ҷодаҳои асосии шаҳри Душанбе ва сохтмони биноҳои нав дар марказ ва қисматҳое аз пойтахти Тоҷикистон ошно гашта, хостори иҷрои зудтари бархе онҳо шуд.
ДАР ТОҶИКИСТОН СОХТМОНИ НИРУГОҲИ "ШӮРОБ" ПЕШБИНӢ ШУДААСТ 10.02.2012 19:15 989
Бино ба хабари “Авеста”, дар вазортаи энержӣ ва саноати Тоҷикистон тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии “Шӯроб” муаррифӣ шудааст.
САРМУРАББИИ НАВУ ХОРИҶИИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИК 09.02.2012 16:05 973
Кемал Алиспахичи босниягӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора ба мо Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ин мутахассиси 46-солаи босниягӣ муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад.
ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ 150 МУСОФИРБАР МЕХАРАД 09.02.2012 16:04 931
Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидории 150 микроавтобус музояда ё тендер эълон кардааст. Бино ба иттилои торнамои расмии шаҳрдорӣ, ин микроавтобусҳо бояд на камтар аз 12 ҷойи нишаст дошта, бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат кунанд. Илова бар ин, “стандарти экологии онҳо на камтар аз "Евро-3" буда, ба иқлими Тоҷикистон ҳам мувофиқ бошад."

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854